Китоби нав - «Ушшоқи Ватан»

Китоби нави шоири маҳбуби тоҷик Абдуфаттоҳ Кулолӣ «Ушшоқи Ватан» тариқи нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд дастраси ҳаводорини шеъри ноб гашт. Китоб зери назари Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ба нашр расида, шомили манзумаҳо, маснавигунаҳо, сурудҳо, ғазалҳо ва рубоиёту дубайтиҳои шоир аст, ки дар тараннуму ситоиши ватану ватандорӣ суруд шудаанд.

Маҷмӯаи «Ушшоқи Ватан» идомабахши тазминоту истиқболияҳои Кулолӣ аз Шайх Камоли Хуҷандист ва маҳаки онро муҳаббат ба Ватан ташкил медиҳад.

Устод Абдуфаттоҳ Кулолӣ адибест, ки аз мағзу моҳият ва равиши мактабу ҳавзаҳои суханвари тоҷикиву ҷаҳонӣ  огоҳ аст.

Дар пешгуфтори китоби мазкур номзади илмаҳои филологӣ Баҳром Мирсаидов қайд мекунад, ки «аз шеър то шеъри дигар дар «Ушшоқи Ватан» ғурури ватандӯстии устод Кулолӣ боло мегирад. Шоир «нерӯи имони ватан»-ро дар дили хонанда қувват мебахшад, хокашро чун зартӯда бозтоб медиҳад ва «гарди домон» - и намоди дунёии онро биҳишти минӯӣ мешуморад» (Ушшоқи Ватан,8с.). Аз назари ин муҳаққиқ  «дар маркази лирикаи ватанпарваронаи  китоби мавриди назар ҷаҳони андеша ва бебокии муаллиф барои хонанда уфуқҳои навро боз мекунад» (ҳамон ҷо, саҳ10).

Воқеан, вақте нигоштаҳои шоир «Гуфтугӯ бо ватандор Куруши Кабир», «Ашкро дар дида бишкастам, Ватан», «Муколама бо сарбози Ватан», «Ватанро саҷдагул борад зи анҷум», «Тоҷикистон - Ватан», «Эй Ватан, ту маъбдаи мо бар намоз», «Хоки поки Ватан чӣ некӯяст», «Ишқи Ватан савдои мо», «Дар фироқи Самарқанду Бухоро» ва амсоли инҳоро мехонем аз муҳаббату самимият ва садоқати ватандории шоир огоҳ мешавем. Муҳимтар аз ҳама, шоир тавониста, ки ҳамин самимияти хешро тавассути шеър ба хонанда интиқол диҳанд. Пайванди муҳаббати Ватан дар дили насли наврас муҳмитарин рисолати ватандорист, ки ин амалро Кулолӣ ҳунармандона ба иҷро расонидааст.

 Китоби «Ушшоқи Ватан» ҳидоятномаву муҳаббатномаи хубест дар тақвияти ватандорӣ хоса муҳаббати  насли наврас.

 Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh