Озарахш: пур - пур аз муҳаббат ҳастам, пур – пур аз таронаҳои нав

Чандест бемор шудани Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона тамоми мардуми кишварро нигарон сохта, ҳаводорону мухлисони шеъри ноби форсиро андӯҳгин сохта буд. Хушбахтона, имрӯз бо талошҳои табибони ҳозиқ ҳоли ҳарду хуб аст.  Фарзона аз беморхона мураххас шудаву фардо ба Озарахш ҳам иҷозати ба хона рафтанро медиҳанд.

Аз шунидани ин паёми хуш хушҳол шудем ва бо устод Озарахш, ки айни ҳол дар беморхонаи ноҳиявии рақами 3, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарианд ва қарор аст фардо мураххас шаванд суҳбати телефонӣ доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон ва ҳаводорон месозем.

- Салому дуруд устод! Хеле хушҳолам, ки овозатонро мешунавам. Тамоми мардум, дӯстон аз дохилу хориҷи кишвар барои Шумову бону Фарзона салому паёми пурмеҳр мефиристанд ва дуогӯи ҳамешагии Шумоянд.

- Салом бонуҷон! Ман ҳам хушҳолам, ки садои дӯстонро мешунавам. Воқеан аз муҳаббатҳои дӯстон, аз дуову дурудҳои кулли дӯстон сарбаланд ҳастем. Худованд дард медиҳад ва дармон ҳам, шукри беадад имрӯз хуб ҳастем. Фарзона ба хона рафтанд ва ман ҳам бояд ба  наздикӣ мураххас шавам, албатта табобатро як муддат дар хона идома медиҳам, аммо алҳол хеле -хеле беҳтарам.

Заҳматҳои табибонро хоса таъкид мекунам ва сипос мегӯям ба ҳар кадомашон. Воқеан, табибон дар ин рӯзҳо қаҳрамон ҳастанд, қаҳрамони замон! Шабу рӯз дар сари болини мо  буданд ва талошҳояшон барои ҷони беморон сутуданист!

Мехоҳам аз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳам бигӯям, барояшон сипосу дуруд расонам, чун аз оғоз дар канори хонаводаи мо буданд ва дар канори мардум ҳастанд. Чанд боре, ки сӯҳбат мекардем аз садояшон эҳсос мешуд чиқадар барои мо ва мардуми кишвар нигарон ҳастанд. Пайваста аз вазъи саломатии мо  пурсон мешаванд. Миннатдорам!

Аз якояки дӯстон, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва  берун аз он барои мо дуо гуфтанд ва шифои комил  хостанд, сипос мегӯям ва салом мерасонам. Саломи моро ҳатман расонед! Мо хубем.

Ба дӯстон, мухлисону ҳаводорон бирасонед пур – пур аз муҳаббат ҳастам, пур – пур аз таронаҳои нав, пур – пур аз зиндагӣ! Насиб ба давлати дидори ҳам мерасем, ҳамааш хуб хоҳад шуд.

Аз тамоми дӯстон хоҳиш мекунам, ки худ ва наздиконашонро эҳтиёт кунанд.

-Сипос устод. Шумо ҳам худро эҳтиёт кунед!

Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh