Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ – ахтари илми нуҷум

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва Планетария дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ муштариён ва хонандагон ба идораи рӯзнома занг зада, хоҳиш намуданд, ки роҷеъ ба шахсияти ин донишманд ва ихтироъкори бузург мавод ба табъ расонем. Мавриди зикр аст, ки чанде қабл дар саҳифаи рӯзнома маводе таҳти унвони «Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мешиносем?» («Ҳақиқати Суғд», №42) ба нашр расида буд. Маводи зер низ дар бораи ин донишмаманд ва ихтироъкори барҷаста аст, ки пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Муаррихон ва адабиётшиносон муайян намудаанд, ки дар тӯли қарнҳои Х-ХI дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик исми тақрибан 200 нафар донишманди забардасти соҳаи илмҳои дақиқро номбар кардан мумкин аст, ки бо мероси илмии гаронбаҳо ва ихтирооташон ба пешрафти илмҳои дақиқ, аз ҷумла ахтаршиносӣ, физика ва риёзиёт саҳми босазое гузоштаанд. Олимон на танҳо ба масъалаҳои бунёдии назарӣ мароқ зоҳир мекарданд, балки худ натиҷаҳои асосии назариявӣ ба даст овардаанд, ки ба инкишофи минбаъдаи илм дар асрҳои ХV-ХVII таъсири бағоят бузург расониданд.

Яке аз онҳо донишманди барҷаста, ихтироъкор ва тарроҳи забардасти қарни Х Абӯмаҳмуд Ҳомид ибн Хизри Хуҷандӣ буд. Зодгоҳаш Хуҷанди бостонӣ буда, дар ҷаҳон аз аввалин нафарест, ки дар улуми нуҷум ва риёзӣ корҳои мондагореро ба сомон расонидааст. Ҷуғрофидон ва мунаҷҷим, яке аз поягузорони давлати Оли Сомон Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ дар «Ашкол – ул - олам» Хуҷанди аҳди Сомониёнро ҳамчун шаҳри ободу зебо ва яке аз марказҳои илму маърифат тасвир намуда, онро макони «ахтарони илми нуҷумшиносӣ» номидааст. Пас аз Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз мунаҷҷимони маъруф Абӯҷаъфар Муҳаммади Хуҷандӣ (асрҳои Х-ХI), Абдуҷаббори Хуҷандӣ, Рафиқи Хуҷандӣ ва дигаронро метавон ном бурд, ки дар равнақи минбаъдаи нуҷум ва риёзиёт саҳмгузор буданд.

Саромади ин зумраи донишмандон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ буд, зеро бо номи ин олими забардасти Машриқзамин таърихи ҳазорсолаи илму фарҳанг ва маданияти Хуҷанди куҳан оғоз мегардад. Солҳои ҷавонӣ ва таҳсили Абӯмаҳмуд дар зодгоҳаш гузашта, сипас, эҳтимолан майли такмили дониш ва касбу камоли истеъдод ӯро ба шаҳри Рай ва ба дарбори амир Фахруддавла меорад.

Ҳаёт ва фаъолияти минбаъдаи илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо шаҳри Рай вобаста буд, байни донишмандони ин шаҳр обрӯю эътибори хоса пайдо кард ва фаъолияташ дар ҳамкорӣ бо онҳо ба миён омад. Баъдан бо ташаббуси Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва супориши амир дар наздикии шаҳри Рай, дар болои кӯҳи Таборак расадхонае бино гардид, ки олоти асосии он Судси Фахрӣ (бо истилоҳи ҳозира Секстант) ба ҳисоб мерафт, он низ аз ихтирооти худи олим Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ буд, ки ба шарафи амир Фахруддавла номгузорӣ шудааст. Бояд таъкид кард, ки аксари ситорашиносони маъруфи асрҳои IХ-ХV тарроҳ, мухтареъ ва созандаи олоти нуҷумӣ буда, рисола ва китобҳои махсусе ба олоту афзори нуҷумӣ таълиф намудаанд. Аз ҷумлаи онон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар ихтироот ва сохтани олоти нуҷумӣ «нобиғаи даврони худ» буда, таълифоти ба мо маълуми ӯ «Китоб-ул-олот-аш-шомила», «Рисола ал - саҳифа ал - фалакийа ал - мусаммо ал - ҷомеа» ва «Китоб ал - амал биз - зарқола» ба сохт ва чигунагии тарзи истифодаи олоту афзори мушоҳидаҳои нуҷумӣ бахшида шудаанд. Бартарии фаъолияти олим дар ин соҳа назар ба гузаштагону ҳамзамононаш дар он аст, ки ӯ таҷҳизоти нав ба нави то он замон номаълумро ихтироъ кард.

Ихтирои Хуҷандӣ – секстанти Фахрӣ, бо андоза ва саҳеҳии натиҷаи мушоҳидаҳо бо он ки кулли мунаҷимон ва риёзидонони Шарқи исломиро ҳайратзада кард, минбаъд дар фосилаи ҳашт қарн яке аз олоти асосии расадхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Дар баробари мухтареи секстант Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ якчанд олоти дигари нуҷумро ихтироъ намудааст, ки яке аз онҳо «зарқола» ном дошт. Фарқияти ин олот аз устурлобҳои маъмули қарнҳои пешин дар он аст, ки он «саҳифаи зарқола» ном дошта, барои тамоми уфуқҳо, дар ҳамаи арзҳои маҳал қобили истифода буд. Ҳол он ки дар устурлобҳои маъмулӣ ба ҳар як арзи ҷуғрофии маҳал саҳифаи алоҳидаро тақозо мекард, яъне ҳамон як устурлоб дорои чанд саҳифа буд.

Яке аз комёбиҳои назарраси риёзидонии замони Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ исботи тоза ва бо назарияи мутафаккирони дунёи қадим, иловаи ғояи муҳиму нав аст. Дар асрҳои IХ-Х тригонометрия ҳамчун банд риёзиётро бо нуҷум алоқаманд менамуд. Аз ин рӯ, ҷойгоҳи тригонометрия ва мураттаб сохтани ҷадвалҳои тригонометрӣ дар фаъолияти олимони Машриқзамин қобили таваҷҷӯҳ буд.

Тафсири мухтасари фаъолияти риёзидонии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз рӯи рисолаҳои то ба мо расидаи ӯ ва ҳамзамононаш далели он аст, ки олим бо тамоми соҳаҳои риёзиёти замони худ шуғл варзидааст. Бо назардошти он, ки ӯ худро байни ҳамзамонон ва наслҳои оянда чун бузургтарин ихтироъкор ва созандаи олоти нуҷумӣ нишон додааст, метавон Абӯмаҳмуди Хуҷандиро аз зумраи забардастони риёзидони замонаш донист.

Осори илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ чанд аср китоби рӯимизии донишмандони марказҳои илмии Мароға (аcри ХII) ва Самарқанд (асри ХV) қарор дошта, баъдан ғояҳои нуҷумию риёзии олим ба туфайли «Зичи Элхонӣ» ва «Зичи ҷадиди Курагонӣ» ба Аврупо ворид гардида, дар равнақи илмҳои дақиқ таъсири муҳиме гузошт. Аз ин рӯ, бори дигар гуфтанием: - Ҳақ ба ҷониби аллома Абӯрайҳони Берунӣ, ки устоди худро «Ягонаи аср дар санъати устурлоб ва дигар олоти нуҷумӣ» номидааст.

Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки чунин абармардони илм боиси ифтихори ҳар давру замон буда, ҳамеша фарзонагони миллати тоҷикро бояд арҷ гузошт, то насли оянда идомабахши кору пайкори чеҳраҳои намоёни миллат бошанд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh