Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Саразм

25 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва рафти кишти зироатҳо аз шаҳру деҳоти Панҷакент боздид намуд.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашнҳои таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Аз ҷумла, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм дар Ҷамоати деҳоти Саразм сохтмони осорхона, дарвозаи пойгоҳи бостоншиносӣ, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон, меҳмонхона, мумфаршкунии роҳҳо, ташхисгоҳ ва панҷарабандии атрофи мамнуъгоҳ идома дорад.

Осорхонаи “Саразм”, меҳмонхона ва дарвозаи пойгоҳи бостоншиносӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва паймонкор ҶСШК “Панҷакентсоз” мебошад. Тавре дар аснои боздид мушоҳида гардид, корҳои асосии сохтмонӣ ба итмом расида, айни ҳол сохтмончиён ба ороиши намои берунаи иншоот ва пардоздиҳӣ машғуланд.

Бунёдкорони ҶСШК “Матбааи Панҷакент” бошанд то имрӯз бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр атрофи пойгоҳи бостоншиносиро ба масофаи 1300 метр панҷарабандӣ намуда, тасмим доранд дар 480 метри боқимонда низ корҳоро ба сомон расонанд.

Мумфаршкунии роҳи даромадгоҳи пойгоҳ низ босуръат идома дошта, дар канори роҳ дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуда, 10 адад сутунпоя барои чароғонкунӣ насб гардид. Шуморе аз сохтмоничиён ба навсозии роҳравҳо сафарбар гардида, дар нақша аст, ки дар кутоҳмуддат роҳравҳо низ пурра омода карда шавад.

Дар баробари мақомоти давлатӣ соҳибкорон низ дар иҷрои корҳои ободонӣ саҳм гузошта, ба бунёди дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон камари ҳиммат бастаанд.

Дар ин мавзеъи таърихӣ, ки макони дидании сайҳони дохиливу хориҷӣ маҳсуб меёбад, панҷ адад дӯкони фурӯш ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик ва армуғонҳои гуногун ба фурӯш гузошта мешавад.

Зимни сафар Раиси вилоят барои иҷрои босифати корҳо, дар сатҳи баланд омода намудани иншооти ҷашнӣ, тозаву озода нигоҳ доштани мавзеъ ба роҳбарияти шаҳр дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh