САРАЗМ: ТАМАДДУНИ НИЁГОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Саразм оғози тамаддуни халқи тоҷик аст. Замоне буд, ки ниёгони мо ориёиҳову суғдиён дар сарзамини Мовароуннаҳр аввалин шуда, маданияти кишоварзӣ, чорводорӣ ва шаҳрсозиро ҷорӣ карданд. Синаи кӯҳҳои Зарафшону Туркистонро шикофта, тилло, нуқра, сурб, қалъагӣ, мис ва дигар маъданҳоро дарёфт ва иқтисодиёту маънавиёти худро ғанӣ гардонидаанд.

Бозёфтҳои бостоншиносии шаҳраки Саразм, Гӯрхонаи Дашти қозӣ, Зардчахалифа, Ӯрдакон, Чорбоғ, Бедак зинаҳои тамаддуни маданияти диёрамонро ба оламиён чун оина равшан намудаанд. Агар мо имрӯз бо бурҳону далелҳои баҳсноталаб деҳшаҳри Саразмро гаҳвораи тамаддуни Мовароуннаҳри бузург шуморем, пас аҷдодони мо - суғдиён бевосита гаҳвораҷунбони таъриху фарҳанги ин сарзамин мебошанд.

Ниёгонамон ба мардуми Осиёи Миёна ва беруни марзи он нозукиҳои маданияти шаҳрсозиву ҳунармандӣ, иқтисодиёту тиҷорат ва илму фарҳангро омӯзониданд. Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд мебошад.

Зиёда аз 50 сол аст, ки бостоншиносон осори маданияти моддӣ ва маънавии ниёгонамонро аз харобаҳои Панҷакенти қадим ҷустуҷӯ доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори аҳди қадим - Саразм таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, Фармони махсус дар бораи мамнӯъгоҳи таърихӣ эълон шудани он ба тавсиб расидааст. Ҳамчунин, соли равон бевосита бо ҷаҳду кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат 5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ ба рӯихати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид шуда, он дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

М.Мамадҷонова,

мудири шуъбаи таърихи

“МФТ Қалъаи Хуҷанд”

Add comment


Security code
Refresh