Озодагӣ ва ободкорӣ файзбахши дилҳост!

Имрӯзҳо дар саросари кишвар корҳои созандагиву ободонӣ давом дорад. Инчунин, дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дошта, тибқи нақшаи чорабиниҳо, то рӯзи баргузории ин санаи таърихӣ мавриди истифода қарор додани 510 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. То 1-уми апрели соли равон 350 иншооти ҷашнии хурду бузург бо харҷи 600 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, беш аз 1500 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Воқеан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзии моҳи марти соли равон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ташриф оварда, дар шаҳр чанд иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Хуҷанд - Агро”, маркази ташхисӣ - табобатии “Дармонгоҳи Хуҷанд”, корхонаи муштараки ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, ҶДММ корхонаи муштараки тоҷикӣ - туркии “Афранг пластик”, маркази хизматрасонии “Мавҷ” ва иншооти дигари ҷашниро мавриди истифода қарор доданд, ки ба шаҳр ҳусни дучанд афзуд. Чун ҳамеша сафари навбатии Сарвари давлат низ пур аз файз, дилбардориву рӯҳнавозии аҳолӣ ва ҳидоят ба корҳои созандагию ободонӣ буд ва ба мардуми шаҳр басо илҳоми тоза бахшид, - изҳор дошт зимни суҳбат намояндаи мақомоти шаҳри Хуҷанд М.Юсуфов.

Дар партави ҳидоятҳои Роҳбари давлат оид ба тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ошёнаи 9 - уми бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр китобхона таъсис ёфт. Дар он асарҳои Пешвои муаззами миллат, осори шоирону нависандагони классик ва муосири тоҷик, донишномаву луғатҳо, китобҳои сиёсӣ, илмӣ ва бадеӣ гирд оварда шудаанд.

Баҳри рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ расадхонаи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, амфитеатр, боғи фарҳангию фароғатии дорои шаҳраки афсонавӣ, нуқтаи фурӯши обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд гардиданд.

Инчунин, дар ин давра дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 646 лампаву фурӯзонакҳои каммасраф, чароғакҳои гуногун ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 4 ҳазору 340 метр ноқилу симҳои барқӣ насб карда шуда, 36 бинои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 1 ҳазору 298 метри мураббаъ боми бино, 30 даромадгоҳ, 4 лифт ва 344 метр қубури обу ташноб таъмир ва иваз шуданд.

Дар самти таъмини устувории экологӣ ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 419 дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 738 ҳазору 900 дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ, ба монанди буттагули садбарг, хризантема, виола, кана, тагатес ва 471 ҳазору 200 дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Илова бар ин аз тарафи корхонаву ташкилотҳо, мактабу донишкадаҳо ва соҳибкорон дар маъракаҳои шанбегӣ 810 дарахтони ороишӣ, 8 ҳазору 125 бех гули ороишӣ ва 5000 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуданд.

Алҳол бо мусоид будани обу ҳаво корҳои мумфаршкунӣ низ оғоз гардидаву то ин давра 7,8 километр роҳ аз таъмир бароварда шуданд, ки аз он 1,5 километр таъмири асосӣ мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh