Гулҳо - зеби Гулистон

Дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву кабудизоркунӣ бомаром ҷараён доранд. Роҳҳои асосӣ, кӯчаву хиёбонҳо, назди биноҳои баландошёна ва дигар минтақаҳои шаҳри Гулистон хеле зебову гулзор шудааст, ки ин амали шоиста бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр рӯи кор омадааст.

Бино ба иттилои директори корхона Шарифӣ Фирӯз Шарифзода, баҳри вусъати корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ нақшаи чорабиниҳо омода гардида, як қатор корҳо ба сомон расидаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

- Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунӣ ва гулзоркунӣ аз тарафи корхонаи мо тамоми гӯшаву канори шаҳри Гулистон гулпӯш шудаанд. Аз даромади шаҳр то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хиёбону гулгашт, назди муассисаҳо, ҳамчунин, ду тарафи роҳи мошингард ва пиёдагард сабзпӯш аст, - изҳор дошт мавсуф.

Ҳамзамон, зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳр аз тарафи корхона ба миқдори 2100 бех дарахти ороишӣ, 22 ҳазор бех садбарг, 26 ҳазор гулҳои ороишӣ ва 30 ҳазор пиёзаки лола шинонида шуда, кӯчаҳои марказӣ ва роҳҳои протоколӣ ободу зебо гардидаанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh