ОМИЛИ МУҲИМИ РУШД - ҲАМОҲАНГСОЗИИ ИЛМ БО АМАЛИЯ

Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат

Дар мулоқот бо олимони кишвар, ки дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз, санаи 18 марти соли равон дар Кохи Борбади пойтахти мамлакатамон доир гардид, Президенти мамлакат ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти Академияҳои илмҳо, муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкории Академияи илмҳои кишоварзӣ бо бахшҳои кишоварзӣ ва ба ин васила ноил гардидан ба дастовардҳои навтарин дар ин самт ва мусоидат ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-амнияти озуқаворӣ дастуру ҳидоятҳо доданд. Зикр гардид, ки дар ин раванд 78 қитъаи таҷрибавӣ таъсис дода шуда, дар онҳо омӯзиши усулҳои муосири селексия, бунёди боғхои интенсивӣ, усулҳои мубориза бо касаливу зараррасонҳо ба роҳ монда шудааст.

Яке аз минтақаҳои таҷрибавӣ дар ҳудуди «Боғи миллии Ваҳдат» воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амал мекунад. -Ҳадаф аз таъсиси ин минтақаи таҷрибавӣ,-изҳор дошт муовини директори ин муассиса Абдуқаҳҳор Воҳидов,- ин татбиқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муаррифӣ намудани анъанаҳои боғдории мардуми кишварамон мебошад, ки ҳини ташрифашон супориш доданд. Дар ин минтақа, ки тақрибан дар 90 садяк тӯл кашидааст, парвариши навъҳои беҳтарин ва ояндадори меваҳои кишварамон, аз ҷумла зардолу, шафтолу, гелос, биҳӣ, анҷир, ҳамчунин навъҳои маҳаллии қандаки санҷид – ҷигда, дарахтони челон ва мурч ба роҳ монда шудааст. Нигоҳубини ниҳол ва дарахтони ин қитъаи таҷрибавӣ ба таври махсус ба роҳ монда шуда, баъди ба даст овардани навъҳои беҳтарин ниҳоли ин меваҳо дар ҳудуди боғ афзун карда мешаванд.

- Аслан, бояд зикр намоям, ки умуман бунёди «Боғи миллии Ваҳдат» низ бо эҳтимоми Пешвои миллат сурат гирифтааст,-мегӯяд А.Воҳидов,- зеро, ба қавле, як муддат, тӯли чанд сол ба роҳ мондани таъсису парвариши боғоти меваҳои ватанӣ аз назарҳо дур монда буд. Зардолузорҳои навъи қандак, ки ба ҷуз ғизои нерудиҳанда будан ҳамчунин шифоӣ низ мебошанд, қариб ба нестӣ расиданд. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат дастур доданд, ки дар ин минтақа боғе аз навъҳои шаҳдбору хушлаззати меваҳои биҳиштии Ватани азизамон бунёд карда шавад. Ва инак, давоми бештар аз ёздаҳ сол инҷониб бо эъҷози дастони деҳқонону боғпарварони навоҳии вилоят ин мавзеъ, дар ҳақиқат, ба боғи меваҳои шакарину содиротӣ табдил ёфт.

Умуман, дар маҷмӯъ «Боғи миллии Ваҳдат» 631 гектарро ташкил намуда, аз ин дар 510 гектар дарахтони мева, аз ҷумла зардолу, олу, нок, себ, биҳӣ, гелос, бодом, чормағз ва токи ангурҳои навъи ватанӣ шинонда шудааст. Аз ин ҳисоб бештар аз 340 гектарро боғоти дарахтони зардолу ташкил менамояд.

Солҳои аввал парвариши дарахтони боғ бо усули анъанавӣ- реҷаи 7х8, 10х10 ва 8х6 метр ба роҳ монда шуда, дар ин сурат дар як гектар наздик 250 бех дарахтони қоматбаланд парвариш меёфт. Имрӯз, тибқи дастури Пешвои муаззами миллат, бо дарназардошти талаботи замон парвариши боғҳои интенсивиро тадриҷан ба роҳ монда истодаем. Яъне шинондани ниҳоли дарахтони мева тариқи технологияи нигоҳубини замонавӣ бо усули риояи байни қатор 3 метр ва байни дарахтон 1-1,5 метр ба роҳ монда шуда, дар 1 гектар бештар аз 2,5 ҳазор бех ниҳол шинонда мешавад. Феълан дар чанд марҳала ба масоҳати 4,8 гектар, 1 гектар ва ду маротиба 1,3 - гектарӣ, дар маҷмӯъ дар бештар аз 8 гектар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд намудем.

Дар ин боғҳо инчунин обёрии қатравиро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб ба он ноил гардидем, ки нисбат ба усули пешина об 4-5 маротиба камтар сарф карда шавад. Бартарияти дигари усули обёрии қатравӣ дар он аст, ки нуриҳои минералӣ ба об ҳамроҳ карда шуда, он бевосита ба решаи дарахт меравад.

Мутахассисон ва боғпарварони боғ алҳол баҳри он талош доранд, ки ба дастархони мардуми кишвар ва меҳмонони аз дуру наздик ба сарзамини мо ташрифоварда навъҳои болаззат ва хушсифати меваҳоро пешкаш намуда, бо ҳамин анъанаҳои боғпарварии ниёгонамонро шоиста муаррифӣ кунанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh