Сабақомӯзии роҳи зиндагӣ

Чанде қабл, пас аз иштирок дар ҷашни Раҳим Ҷалил бо Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона вохӯрдам. Он кас ба ман тавсия намуданд, ки бо маҷаллаи ”Паёми Суғд” ҳамкорӣ кунам ва мақолаҳоямро орам. Суроғаи ин идораро ҷуста, ба «Кохи матбуот» омадам. Маро дар утоқи корӣ кормандони маҷалла хуш пазируфтанд. Анвар Олимов ва сармуҳаррири ин маҷалла Озарахш маро хайрамақдам гуфта, ба маҳфиле, ки ба муносибати 90 - солагии рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” барпо мешуд, даъват карданд. Озарахш дар бораи ин рӯзнома ва кормандони он ҳарф зад.

Сармуҳаррири «Ҳақиқати Суғд» Мухтор Абдуллоев аз таърих ва кормандони рӯзнома маълумот дод, аз хотираҳояш лаҳзаҳои ҷолибро ба ёд овард. Номи ашхоси бузург, аз ҷумла аллома Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, Озод Аминзода, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Баҳром Фирӯз, Норинисо, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аъзам Сидқӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Атахон Сайфуллоев, Абдуманнони Насриддин, Шамсӣ Собир ва ғайраро номбар карда, ҳамкории онҳоро бо рӯзнома қайд намуд. Чанде аз хотираҳои худро дар бораи ин бузургон хостам, ба қалам диҳам...

… Дар шаҳри Душанбе паҳлӯи кӯчаи Умари Хайём ҳавлии наттоқи машҳури радио Файзулло Арабов мавҷуд аст. Он ҳангом камина тахминан 5 – 6 сола будам. Дар паҳлӯи он кас писархонди падарам, раиси як базаи савдои бузурги ҳамонвақта Турсунхӯҷа Сатторов хона сохта буд. Азбаски модари ӯро дӯст медоштам, аз модарам хоҳиш кардам, ки маро ба назди очаам Энаҷон барад. Ҳамсари Ф.Арабов хоҳари аллома Бобоҷон Ғафуров - Зебуннисо буд. Борҳо шудааст, ки очаам Энаҷон ману модарамро ба ҳавлии Файзулло Арабов мебурд.

Ин ҳамон вақт сурат мегирифт, ки модари Зебуннисо - шоира Розия Озод аз Хуҷанд ба меҳмонӣ меомад. Ҳамчунин, Бобоҷон Ғафуровро низ аз наздик дидаам ва симои ҷиддию оқилонаашон аз пеши назарам дур намеравад...

 Устод Айнӣ нисбат ба адабиёт ва навиштаҳои худ хеле сахтгир ва мулоҳизакор буд. Дастнависҳояшро танҳо аз назари шоир Абдусалом Деҳотӣ ва адабиётшинос Раҳим Ҳошим мегузаронид. Ҳангоми навиштани “Ёддоштҳо” ӯ Абдусалом Деҳотиро даъват менамояд. Деҳотӣ дастнависро хонда, ба як ҳикоя, ки он «Духтари ноком» унвон дошт, эрод мегирад. Айнӣ аз рӯйи эроди Деҳотӣ ҳикояро бо ислоҳаш мехонад.

Дар таҳрири нав ҳикоя хеле ҷолиб мебарояд. Аз ин устод хурсанд шуда, кафи дастонашро ба сари синааш бурда, ”Айнӣ, ба шумо ташаккур!» гуфтан мегирад. Деҳотӣ аз ин рафтори Айнӣ дар тааҷҷуб мемонад. Айнӣ мегӯяд, ки камбудиро шунида, қабул карда, ислоҳ карда тавонистан ҳам ҷасорат аст.

… Басо ифтихормандам, дар маҳаллае, ки мунодии сулҳ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода истиқомат дошт, ба дунё омадаам. Садои ҷарангосӣ ва чеҳраи кушоди пуртабассумаш аз хотирам ҳеҷ гоҳ дур намеравад... Аввалҳои соли 1977 буд. Тариқи нашриёти Маскав китоби шеърҳо ба забони русӣ “Хранителҳнқӣ огня” чоп шуд. Устод аз кормандони нашриёт гила намуданд, ки ҳамин гуна куитобро дар Тоҷикистон чоп накарданд. Инро шунида, шодравон Ҷумъа Одина ба камина супориш дод, ки зуд шеъру достонҳои ба занҳо бахшидаро ҷамъоварӣ намуда, аз пайи чопаш гардам.

Дар муддати кӯтоҳтарин китобро бо номи “Посбони оташ” аз чоп баровардем. Рӯзе ба нашриёт шодравон Юсуфҷон Акобиров омад. Ҳамон шабу рӯз Мирзо Турсунзода дар беморхонаи ҳукуматӣ табобат мегирифтанд. Нусхаи аввали китоби навро ба Юсуфҷон дода, хоҳиш намудем, ки ба устод расонад. Дере нагузашта, устод ин ҷаҳонро падруд гуфт. Қаноатманд аз он будам, ки дар лаҳзаҳои охирини умр ба устод хурсандӣ бахшида тавонистам...

Соли 1969, пас аз хатми курси якуми шуъбаи журналистии Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) мо панҷ нафар ҳамсабақонро барои таҷрибаомӯзӣ ба рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”) фиристоданд. Моро дар утоқи кории муҳаррир, шодравон Усмонҷон Тоҷибоев ҷамъ оварда, ҳар якамонро ба кормандони редаксия вобаста карданд. Шодравон Неъмат Шариф гуфта буд, ки журналист бояд, пеш аз ҳама, мушоҳидакор бошад.

Шоду мамнунам, ки дар ҷашни 90 – солагии рӯзномае, ки аввалин сабақи рӯзноманигориро ба ман омӯзондааст, андешаҳоямро гуфта метавонам. Шукр мегӯям, маро Худо ба ин рӯзи саид расонид.

Ҷашни бошукӯҳи навадсолагии рӯзномаро ба ҳама мухлисону кормандони он табрику таҳният гуфта, саломатӣ, сухани бурро, қалами тез ва комёбию мартабаҳои баландро таманно менамоям.

 Тӯҳфа Расулӣ,

узви ИЖ Тоҷикистон

 

Add comment


Security code
Refresh