Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

Чӣ хеле, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат эътибори ҷиддӣ диҳем ва онҳоро баҳри китобдориву китобхонӣ ҷалб намоем.

Дар ин раванд дар китобхонаи марказии кӯдаконаи ноҳияи Деваштич Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» баргузор гардид. Дар он намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, масъулони клубу китобхонаҳо, шоирон, навқаламон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории фестивал баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар ҷомеа, сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷалби кӯдакону наврасон ба хониш, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва пайгирӣ намудани анъанаи пурарзиши китобдӯстӣ мебошад.

Аз ашъори шоирон шеърҳо дар васфи китоб, модар, Ватан, устод бо ҳисси баланди ватандӯстӣ қироат карда шуд.

Барномаи консертии ҳаваскорони ноҳия шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид. Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои ҲХДТ ва бахши фарҳанги ноҳия сазовор гардиданд.

 Н.НОСИРОВА,

 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh