«САФЕД – ДАРА»: ТАБИАТИ НОДИРУ ДИЛФИРЕБ

Субҳи Сафед – дара

Субҳ фаро расид. Субҳи Сафед – дара. Ин мавзеи биҳиштосоро ба тавлиди инсон шабеҳ додам, зеро лаҳзаи дамидани субҳ бароям хеле дилрабо, вале асрорангез буд. Ба самти офтоббаро нигаристам. Пиндоштам, дар баробари барфи лаклакӣ хуршед ҳам ташнаи дидори манзараи дилфиреби Сафед - дара бошад. Гӯиё офтоб ба қуллаҳои кӯҳи осмонбӯс, ки дар иҳотаи барф ба мисоли пири нурониву хирадманде «ҷомаи сафед» ба бар карда буд, назар дошту аз чунин манзараи зебо хуршед низ гӯиё дилташна бошад, медурахшид. Оҳиста - оҳиста офтоб рух мекушоду барфи дар қуллаи кӯҳбуда аз рухи шамс масрур гардида, чун нуқра ҷило мебахшид. Бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки кишварам дар бағали биҳишт мулки афсонавиро мемонад, ки ҳам меваи лаззатбор дораду ҳам мавзеи дилфиреб худро хушбахттарин инсони рӯи олам шуморидам.

Сафед – дара дар баландии 2100 то 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, 50 километр дар шимоли Душанбе ҷойгир шудааст. То дирӯз онро Сафеддорак меномиданд ва соли 2015 ин мавзеъро ба пуррагӣ таъмир намуда, Сафед – дара гуфтаанд.

- Сафед - Дара қаблан Сафедорак ном дошт. Ва макони ноободро мемонд. Барои ободонӣ ва таъмири он беш аз 80 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст, - қайд кард маъмури ҶДММ «Сафед - дара» Музаффар. Роҳи танобӣ ва майдони яхмолакбозие, ки сохтаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона аст. Майдони яхмолакбозӣ дар 57 - умин километри шимолу шарқии Душанбе, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, онро Ширкати россиягии «ТехноФрост» бунёд намудааст. Роҳи танобиаш бошад, дар дарозии ду километр қомат афрохта, дастандаркорони он мутахассисон оид ба роҳи танобии Ширкати австриягии «Doppӯimayқ» мебошанд. Ширкати номбурда дар шаҳри Сочии Федератсии Россия ва истироҳатгоҳи лижаронии куҳии «Чимбулоқ» - и кишвари Қазоқистон низ роҳи танобӣ сохтааст.

Роҳи танобӣ дорои 32 кабина бо ғунҷоиши ҳашт нафар буда, он метавонад, дар як соат то ҳазор нафарро савор кунад. Муҳлати роҳи танобӣ аз нуктаи А то Б ҳафт дақиқаро дар бар мегирад.

Дар ин макон инчунин меҳмонхона барои сад нафар ва шаҳрчаи коттеҷдор қомат афрохтааст. Истиқоматкунандагони шаҳрчаи Такоб дар ин мавзеъ ба лижаронӣ машғуланд. Дар фасли баҳор дар ин ҷо лагери тобистона барои бачагон, сайругашт дар кӯҳҳо бо асп ва гаштугузори кӯҳнавардон ташкил мешавад. Кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сайёҳонро ба ин макони афсонавӣ бештар ҷалб намоем. Роҳи автомобилии шаҳрчаи Такоб, ки хеле ҳоли табоҳ дошт, аз таъмир бароварда, то 10 метр васеъ карда, таъмини неруи барқ низ беҳтар гардид. Алҳол наздик 600 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд, ки 90 фоизи онон мардуми маҳаллӣ мебошанд. Инчунин, аз мардуми таҳҷоӣ мо озуқаворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ мехарем. Ин усул имкон медиҳад, ки мардуми Такоб ба Душанбеву Варзоб маҳсулоти хешро набурда, дар ҳамин ҷо фурӯшанд. Инчунин, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, майдончаҳои футбол ва волейбол, кинотеатри хурд, конфронсзалҳои хурду калон ва минтақаи ярмаркавии «Афсонаи Сафед – дара», ки мағозаи туҳфаҳо ва хӯрокҳои тезпаз дорад, амал мекунад, - гуфт ҳамсуҳбатам.

Аз рӯи нақли сокини он Муҳаммад Зокиров, қаблан ин мавзеъ Сафед – дорак ном доштаасту дорои беш аз 90 хоҷагӣ буда, мардумаш аз ҳар мавзеъ - аз ноҳияи Айнӣ ва Яғноб гирд омадаанд. Ҳанӯз бобоям ҳаминро мегуфтанд, шояд дусад сол қабл ба ин ҷо кӯч баста бошанд. «Дасти одам гул офарад» гуфтаанд, инро бинед, чанд сол муқаддам чӣ аҳвол дошту айни ҳол ба гулистон бадал гашт. Дар ин ҷо боз ду деҳаи дигар ҳаст, ки ҳар дуяш ҳам Роғ ном дошта, аҳолиаш аз Қаротегин омадаанд. Дар пушти теппа боз ду деҳа Яман ва Гароб ҳаст, - гуфт ҳамсуҳбатам қуллаи кӯҳро нишон дода, - мардуми он ҷойҳо асосан кӯлобиҳоянд. 70 – 80 хоҷагӣ дорад. Ин ду деҳа 2,5 километр аз ин ҷо дур буда, дар баландии 2090 километр ҷойгир шудааст.

- Аз ҳамон соле, ки ба фаъолият оғоз кард, ман дар ҳамин ҷо кор мекунам. Раҳмат ба он нафароне, ки ин ҷойро обод кардаанд. Дар ин ҷо бозиҳои варзишии намудҳои гуногун ҳаст, ба монанди лижаронӣ, яхмолакбозӣ ва аспсаворӣ, - мегӯяд Муҳаммад.

Мактаби лижаронӣ дар Тоҷикистон

- Дар Мактаби махсуси лижаронии кӯҳӣ беш аз 260 нафар наврасу ҷавон бо варзиш машғул буда, ду соли охир ба бозиҳои байналмилалие, ки дар давлатҳои хориҷ, аз ҷумла дар Покистон баргузор мегардад, фаъолона ширкат меварзанд, - гуфт зимни суҳбат варзишгар ва мураббии мактаби мазкур Баҳриддин Ғоибов. Мактаби номбурда мутааллиқи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Зиннатулло Саидов роҳбарии онро ба уҳда дорад.

Мактаби лижаронӣ аз соли 1976 инҷониб фаъолият бурда, соли 2015 пурра таъмир гардид.

Гарчанде ин намуди варзиш серхароҷот аст, аммо бо дастгирии Пешвои муаззами миллат таҷҳизоти варзишии муосир аз Ассотсиатсияи миллии варзишгарон ва давлатҳои хориҷ, аз ҷумла Франсия харида шудааст. Дар ин муддати кӯтоҳ варзишгарон аллакай дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар анҷоми суҳбат Баҳриддин изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик варзишгарони беҳтарин аз дастаи мунтахаб - Низомиддин Эшонов, Алишер Қудратов, Ҷаҳонгири Киромиддин, Нуралӣ Мақсудов ва дигарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, шаъну шарафи ҷумҳуриро дар арсаи байналхалқӣ мебардоранд.

“Барфи ин ҷо олами дигар…”

Истироҳаткунандагони ин мавзеъро менигаристаму ба ҳайрат меомадам. Се нафар истироҳаткунандагон - Парвиз Маликов, Владимир Петровский ва Бахтиёр Саидов аз Федератсияи Россия омадаанд.

Онон дар Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғул буда, Бахтиёр ва Парвиз Владимирро ба зодгоҳи худ таклиф намудаанд. Аз Владимир дар бораи таассуроташ аз кишвари мо пурсон шудам.

- Россия ҳам барф дорад, аммо барфи Тоҷикистон гӯё олами дигар аст,- мегӯяд ӯ аз гирду атроф чашм наканда.

- Мо гарчанде худамон аз Тоҷикистон ҳастем, солҳост, ки дар Россия фаъолият мебарем. Соли пеш аз шабакаи интернетӣ огоҳ гардида, барои истироҳат ба ин ҷо омадем. Имсол бошад, аз таърифи мо Владимир ҳам хоҳиши ба Сафед – дара омаданро кард, - гуфт Парвиз, ки аслан аз ноҳияи Данғара будаасту тӯли беш аз даҳ сол дар Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғул аст.

Аз Владимир сабаби ба кишвари мо омаданашро пурсон шудам, зеро Россияро бе барф наметавон тасаввур кард, аммо мухтасаран мегӯяд: - Барфе, ки дар Сафед - дара ҳаст, дар дигар макон нест!

Донишҷӯ, истиқоматкунандаи ҳамин мавзеъ - Меҳрдод Нозиров иброз медорад, ки аз соли 2015 инҷониб ба сифати варзишгар дар ҳамин ҷо кор мекунад. Аз кораш ва маошаш қаноатманд аст.

Зебо Мағзиева бошад, давоми чор сол аст, ки ҳамроҳи оилааш дар Сафед – дара истироҳат дорад. Бароям беҳтарин мавзеъ аст, - гуфт зимни суҳбат Зебо набераашро ба оғӯш гирифта.

Субҳ тавлид шуд…

… Боз дар ин биҳиштмакон субҳ ноаён тавлид шуд. Ба табиати нуқрапӯш менигарам: дар назарам асрорангез асту дилфиреб, зебо асту афсонавӣ, оҳиста - оҳиста хуршед нур мепошаду кӯҳҳои ҷомаи сафед ба бар аз он ҷилои тоза мегиранд. Ба худ гуфтам: - Равшании субҳи содиқ кулли мавҷудоти зиндаро ба ҷунбиш овард.

Истироҳаткунандагон як – як аз хонаашон мебаромаданду аз табиати афсункор чашм намеканданд. Гуфтам: «Табиати афсонавӣ», зеро офтоб рух кушода истода буду барф мерехту насими форам вазидан дошт. Сафед – дара бедор мешуд…

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh