Оила - рукни муҳим

Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву усутвории оила таъкид намудааст. Ин омил дар талоши пайваста барои баланд бардоштани мақому манзалати зан ва ҷалби занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ марҳалаи тозаеро боз намуд. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз замони пайдоиши аввалини муносибатҳои никоҳ ва оила ба танзими муносибатҳои оилавӣ, муқаррар намудани аслу насаби кӯдак, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайн ва дигар аъзои оила таваҷҷуҳ намуда, дар мақомоти давлатӣ мавқеи муҳиму назаррасро ишғол менамояд.

Файззода Лолахон Азиз зани боэътимоду донандаи хуби кори хеш санаи 24 - уми феврали соли равон сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин гардид. Мо тасмим гирифтем, аз фаъолияти корӣ, нақшаи минбаъда барои пешбурди соҳа ва боз ҳам ҷоннок намудани самти фаъолият бо ӯ ҳамсуҳбат гардем.

Таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, фарҳангию маърифатии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон корро ҷоннок намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа саҳми назаррас гузорам.

- Ҳамчун мутахассиси соҳа сабаби пошхӯрии оиларо дар чӣ мебинед?

 - Дар баромади хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «Оилаи солим омили муҳими пойдории давлат аст, фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азиз расида, номбардори сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд». Оилае, ки тарбияи солиму саводнокии комил дорад, барои бунёди оилаи солим ба фарзандон мафҳуми оиладорӣ, эҳтироми калонсолон, падару модари тарафайн ва умуман инсондустӣ дида мешавад. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд. Бекор гардидани ақди никоҳ дар ҷомеа яке аз омилҳои номатлуб ба ҳисоб рафта, бевосита он барои имрӯзу оянда таъсири манфии худро мерасонад. Оилаи солим аз тарбияи хуб маншаъ мегирад.

Хушунати оилавӣ, якдигарнофаҳмӣ, муҳоҷират, пинҳон доштани бемории тарафайн, хурофоту бегонапарастӣ, тақлид намудан ба расму оини бегона ва дар баъзан ҳолат сабабҳои ночиз боис гардидааст, ки оилаҳо пош хӯрда истодаанд.

- Фаъолияти асосии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ кадом аст?

- Дар ҳамаи шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии вилоят, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва муқаррароти муносибатҳои он ба роҳ монда шудааст. Қонуни мазкур тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби ташкил намудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиб ва муҳлати нигоҳ доштани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (китобҳои аснод) ва вазъи ҳуқуқии мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, танзим мекунад.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, баҳри сазовор гардидан дар фаъолияти худ кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту фарҳанги бегонапарастӣ ва тақлид ба расму оини бегона корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ба халқу Ватани хеш содиқона иҷро намоем. Ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии худкушӣ ва зӯроварӣ дар оила, кам кардани шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар байни оилаҳои ҷавон, коста гардондани сафи муҳоҷирати занон ба дигар давлатҳо ва дигар масъалаҳое, ки дар ҷомеа ба мушоҳида мерасанд, азму талош намоем.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ! Дар ҷодаи фаъолият муваффақиятҳои беназирро таманно дорем!

Шаҳноза Ҳомидова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh