КИТОБ: ПОСДОРИИ МЕРОСИ НИЁГОН

Имрӯз таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба китобу китобдорӣ ва таъсиси он аз иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Пешвои муаззами миллат дар ҳар суханронӣ ва мулоқоти хеш таъкид месозанд, ки «Мо бояд ба қадри арзишҳои олии маънавиамон бирасем ва онро ба насли оянда расонем». Ин нукта метавонад аз тақозои фаъолияти китобхонаҳо низ шуморида шавад, зеро китобхона яке аз ниҳодҳои пурқудрати илмиву амалӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб меравад ва он дар баландбародории донишу маънавиёти инсон, рушди ҷаҳонбинӣ, забономӯзӣ, меҳанпарастиву инсондӯстӣ, ташаккули ҳувияти милливу хештаншиносӣ, инчунин зеҳни инсонро обутоб ва равнақ медиҳад.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои миллӣ ва мероси бойи ниёгон, китобу китобдорӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз намуданд, ки: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Баҳри дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо ташаббус ва дастгирии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода китобхона бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосири иртиботиву замонавӣ таъсис шудааст.

Бино ба гуфти мутахасиси пешбари Маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳанги вилоят Моҳинисо Қурбонова бо ибтикори Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода китобхона бо шароити хубу замонавӣ таъсис ёфтааст. Дар он гӯшаи махсус бо 64 нусхаи адабиёт аз асарҳои Пешвои миллат, осори шоирону нависандагони тоҷик ва китобҳо доир ба таърих, фарҳангу тамаддуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарҳангҳо, китобҳои бадеӣ фароҳам омадааст. Дар маҷмӯъ, 1500 нусха китоб бо забонҳои русиву тоҷикӣ ҳамчунин, маҷаллаву рӯзномаи хориҷиву ватанӣ низ ҷой дода шудааст. Имрӯз аз ин махзани маърифат дӯстдорони китобу маънавиёт, илму адаб ба таври васеъ истифода мебаранд.

Шаҳноза Ҳомидова,
Суратгир Иномҷон Рабиев,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh