Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

Санаи 11 – уми марти соли 2020 дар толори «Кохи матбуот» - и маркази вилоят Рӯзи матбуоти тоҷик мутантан таҷлил гардид. Чорабиниро мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят Музаффар Юнусов ифтитоҳ намуд. Муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ карда, кормандони воситаҳои ахбори умуми вилоят ва табъу нашрро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табрику таҳният гуфт.

Мавриди зикр аст, ки таърихи матбуоти тоҷик аз нашри нахустшумораи “Бухорои шариф”, ки 11 марти соли 1912 нашр гардида буд, сарчашма гирифта, бо ташаббуси тоҷири бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир, сайёҳ, публитсист Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп шуда буд. Муҳаррири рӯзнома адиб ва ҷурналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода буд. Рӯзномаи “Бухорои шариф” хонандагони худро бо забони шевои оммафаҳм аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ ва мардумро ба маърифату худшиносӣ даъват мекард.

- Соли равон ба таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ 108 сол пур шуд ва матбуоти тоҷик бештар аз як аср аст, ки ҷомеаро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия менамояд, - зикр дошт муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода.

Ҳамзамон, мавсуф гуфт, ки матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардидаанд ва нақши онҳо дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеияти рӯзгор барҷаста ифода меёбад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд. Бо ибтикори Пешвои миллат ҳанӯз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҷумҳурӣ бори нахуст таҷлил гардида, фаъолияти ВАО тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо риояи озодии сухан роҳандозӣ шудааст.   

Қабули як қатор қонунҳои марбут ба соҳа, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», Фармону Амри Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии васоити ахбори омма», «Оиди ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» ба рушди воситаҳои ахбори омма мусоидат намуданд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ теъдоди зиёди телевизиону радио дар вилояти Суғд мавҷуд аст, ки гувоҳи рушди соҳа мебошад. Алҳол дар қаламрави вилоят 17 шабакаи телевизионӣ (аз ҷумла 1 телевизиони давлатӣ), 15 шабакаи радиоӣ (аз ҷумла 1 радиои давлатӣ), беш аз 50 ҳафтанома (аз ҷумла 21 ҳафтаномаи давлатӣ), 6 маҷалла (аз ҷумла 1 маҷаллаи давлатӣ) дар тақвияти фазои иттилоотӣ фаъолият мебаранд.

Таъкид гардид, ки соли равон ба нашри нахустин шумораи нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” 90 сол пур мешавад.

Воқеан ҳам, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори зарурӣ зоҳир менамоянд.

Дар чорабинӣ ба як гурӯҳ кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Сипосномаи Раёсати вилоятии Иттифоқи ҷурналистони вилоят тақдим ва ба ғолибон ҷоизаи вилоятии ба номи Ҳоҷӣ Содиқ супорида шуд.

Хабарнигори

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh