АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ

Ҳамасола санаи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бахусус, доираҳои фарҳ­ангии кишвар ва аҳли қалам ботантана таҷлил мегардад.  Ба ҳамагон маълум аст, ки матбуот барои мардум ҳамчун маводи ниёзи аввал аҳамияти бештар касб намуда, рӯзноманигорон нуфузи бештареро дар ҷомеа соҳибанд.  Намояндагони васоити ахбори омма кӯшиш доранд, бо навиштаҳои хеш дар қалби ҳар хонанда ҷой дошта бошанд.  

Тантанаҳои иди матбуот имсол шукуҳу шаҳомати махсус доранд. Зеро аз рӯзи нахустин барориши рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф», ки таърихи матбуоти тоҷикро асос гузошт, беш аз сад сол гузашта бошад ҳам, қаламкашон бо қалами буррои хеш, бо суханҳои арзишманду мақолаҳои хонданӣ ва барномаҳои рангин мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ, корнамоиҳо баҳри обод намудани диёр сафарбар менамоянд. Давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол ба ин бахши муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма диққати аввалиндараҷа медиҳанд.

Бо иқдом ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Иттифоқи журналистони вилоят аёдати собиқадорон дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик сурат гирифт.  

Раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён,  Раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоят Мунира Раҳимова ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «ҳақиқати Суғд» Мухтори Абдулло собиқадорони соҳа: Аюб Кенҷа, Тӯҳфа Расулӣ, Мазбут Воҳидов, Амонҷон Сатторов, Муҳаббат Мирсаидова, Абдуалӣ Халилов ва дигаронро аёдат намуда, бо ин санаи фархунда аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва созмони журналистони   вилоят табрик гуфтанд.

Собиқадори соҳа Аюб Кенҷа миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонда, иброз дошт, ки рӯзноманигорон ҳамавақт нерӯи зеҳнӣ ва қобилияти ақлонии хешро баҳри ҳадафҳои созанда, татбиқи ҳаёти сиёсати хирадмандона ва ғояҳои хештаншиносӣ равона кардаанду ин нуктаро рисолати азалии хеш меҳисобанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh