Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Муҳтарам аҳли қалам!

Ҳар сол чун анъана дар оғози фасли зебои баҳор аҳли қалам Рӯзи матбуоти тоҷикро ботантана таҷлил мекунад. Ҳамаи кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, хушиҳои рӯзгор ва комёбиҳои тозаи эҷодиро таманно менамоям.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, журналистикаи тоҷик ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид, ки дар натиҷа он тадриҷан ба муҳофизи воқеии манофеи миллӣ табдил ёфт.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият, дар даврони истиқлол тадриҷан рушду такомул ёфта, имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он софдилона ва содиқона хизмат менамояд”.

Воқеан, дар ҷаҳони муосир саҳми воситаҳои ахбори омма дар таҷассуми воқеаву рӯйдодҳо, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тарғиби расму ойинҳо, ғояҳои инсондӯстӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа нақши назаррас дошта, бар асоси таъсири матлуби он дар рўзгори ҷорӣ мардум бо таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ маҳз тавассути ин дастгоҳи тавонои хабариву таҳлилӣ ошно мегардад.

Дар мамлакат фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин ва танзим мекунанд. Воситаҳои ахбори омма маҳз бо истифода аз шароите, ки аз тарафи давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда шудааст, баҳри таъмини фазои иттиолоотии кишвар хизмат мерасонанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо воситаҳои ахбори омма, новобаста аз шакли моликият, ҳамкории хубу самаранок дорад ва барои ҳалли масоили иҷтимоӣ аз нерӯи зеҳнии журналистон истифода бурда, мунтазам аҳли қаламро дастгирӣ менамояд. Ташкилу баргузории озмунҳои гуногун миёни рӯзноманигорон ва ба ин васила дарёфт ва таҷассуми муаммоҳои мавҷудаи ҷомеа, инчунин мусоидат дар ҳаллу фасли онҳо дар чанд соли охир худ гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.

Боварии комил дорам, ки аҳли матбуоти вилоят чун дигар қишрҳои ҷомеа барои бо армуғонҳои баланди меҳнатию эҷодӣ истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста гузошта, дар инъикос ва густариши корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру деҳоти вилоят бо камоли садоқат хидмат хоҳанд намуд.

Бори дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоятро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва илҳоми саршор таманно мекунам.

Ид муборак, аҳли қалами вилоят !

Add comment


Security code
Refresh