…КИ МАЪНӢ ДАР ДИЛ АВВАЛ ХУН ШАВАД, В-ОН ГАҲ СУХАН ГАРДАД…

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи матбуот, ки ҳар сол 11-уми март таҷлил мегардад ва ба ифтихори 90-солагии нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят-«Ҳақиқати Суғд» дар толори Муассисаи давлатии «Кохи матбуот»-и маркази вилоят мулоқоти собиқадорони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» бо донишҷӯёни бахши журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Мухтор Абдуллоев ба чорабинӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуд, давоми навад соли мавҷудият рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», ки тайи ин муддат чандин маротиба бо номҳои гуногун интишор шудааст, доимо- дар давраи коллективонии хоҷагии қишлоқ, солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, барқароркунии баъди ҷангӣ, сохтмони иншоотҳои бузурги аср, корхонаҳои азими саноатӣ, ҳамчунин давраи ноил гардидан ба соҳибистиқлолӣ, баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба даст омадани сулҳу суббот ва Ваҳдат рисолати хешро ҳамчун ҳамроҳу ҳамрози мардум ва дар роҳи баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа сарбаландона баҷо меовард.

Дар идораи рӯзнома зумраи қаламкашоне фаъолият бурдаанд, ки минбаъд сиёсатмадорони варзида, адиб, олим, инсонҳои барӯманди диёр гардиданд. Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, нависанда Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ ва даҳҳо дигарон аз зумраи онҳоанд. Сипас сармуҳаррири рӯзнома иштирокчиёни мулоқот Аюби Кенҷа, Абдулмаҷиди Бобоҷониён, Файзулло Атохоҷаев, Мавлуда Шарифова, Карим Шариф, Маҳмудҷон Ҳусейнзода, Рафоат Мӯъминова, ки солҳои тӯлонӣ дар идораи рӯзномаи вилоятӣ фаъолият бурда, бо эъҷози қалами худ дар рушду нумӯи журналистикаи тоҷик саҳм гузоштаанд, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Аз номи Раёсати Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Карим Шариф иштирокчиёни чорабиниро ба истиқболи иди кормандони соҳаи матбуот ва 90-солагии нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Ҳақиқати Суғд» муборакбод намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳадаф аз доир намудани ин мулоқот, яъне вохӯрии ду насли рӯзноманигорон он аст, ки рӯзноманигорони ҷавон аз сирру асрор, нозукиятҳои пешаи интихобнамудаи хеш бохабар бошанд, аз мактаби собиқадорони соҳа баҳри фаъолияти минбаъдаи хеш омӯзанду сабақ бигиранд.

Дар мулоқот журналистони хушсалиқа Аюби Кенҷа, Абдулмаҷиди Бобоҷониён, Файзулло Атохоҷаев, Мавлуда Шарифова, Маҳмудҷон Ҳусейнзода аз фаъолияти хеш нақлҳо намуданд.

Сипас донишҷӯён бо матбуотчиёни собиқадор суолу ҷавоб доир намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар мулоқот ҳамчунин рӯзноманигорон аз нашрияҳои вилоятии «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» ва устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иштирок намуданд.

Р.НЕЪМАТОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh