Ҳамқадаму ҳамрози мардум

- Соли равон барои кормандон ва алоқамандони рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" таърихӣ ва хотирмон аст. Зеро ба таъсиси рӯзномаи мазкур 90 сол пур мешавад, - бо чунин суханон ба маҳфили навбатии "Меҳмонсаро" ҳусни оғоз бахшид сармуҳаррири маҷаллаи "Паёми Суғд" Толиб Карими Озарахш ва афзуд, ки бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ мо ба маҳфиламон чанд тан аз собиқадорон ва кормандони эҷодии рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд"-ро бо сарварии сармуҳаррири он, рузноманигори хушсалиқа ва соҳибтаҷриба Мухтори Абдулло даъват намудем ва дар оғоз аз ӯ хоҳиш менамоем то аз дирӯзу имрӯзу фардои ин нашрияи соҳибмақом ва сернуфузтарини вилоятӣ ба тариқи мухтасар маълумоте баҳри хонандагон пешкаш карда бошад.

-Мухтори Абдулло: -Аввало мехоҳам барои даъват ва пазироии самимона ба чунин як маҳфили бошукӯҳ, ки бо ҳузури адибону соҳибқаламони номвар дар маҷаллаи дӯстдоштаамон "Паёми Суғд" мегузарад, изҳори сипос намоям. Рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" таърихи басо бою рангин дорад. Боиси сарфарозист, ки он дар ҳамаи солҳои мавҷудияташ рисолати худро ҳамчун воқеънигор ё худ инъикоскунандаи ҳаёти вилоят, таблиғгари ғояҳои ояндасоз ва ғановатбахши маънавиёт, тарбияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва дӯстию рафоқати мардум адо карда, дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишварамон саҳми назаррас мегузорад. Кору фаъолияти садоқатмандона ва таҷрибаи кормандони рӯзнома, дар ҳақиқат, ибратомӯз ва шоиста аст ва рӯзномаро метавон як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи миллат номид. Шумораи нахустини рӯзнома моҳи марти соли 1930 бо номи "Колхозчӣ" ба табъ расонида шуд. Нахуст муҳаррири нашрия, шунавандаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Москва Муҳаммадҷон Ҳасанов буд. Рӯзнома то гирифтани унвони кунуниаш шаш маротибаи дигар табдили ном кард, яъне бо номҳои: "Роҳи колхозчӣ", "Пролетари Хуҷанд", "Болҳшевики Хуҷанд", "Бо роҳи ленинӣ", Стахановчӣ" ва аз соли 1948 бо номи "Ҳақиқати Ленинобод" дарҷ шуд. Солҳои соҳибистиқлолӣ рӯзнома "Ҳақиқати Суғд"ном гирифт ва ҳамеша ба рисолати худ-ҳақиқатгӯиву воқеънигорӣ содиқ монд…

Аъзами Хуҷаста: -Даргоҳи рӯзномаро "Қадамҷои бузургон "низ меноманд…

-Бале, ин албатта, бесабаб нест. Дар саргаҳи таъсис ва рушду такомули рӯзнома як зумра фардони маъруф меистоданд ва даҳҳову садҳо бузургони илму адаб, ходимони барҷастаи ҳизбию давлатӣ маҳз қадамҳои нахустини худро ба ин даргоҳ гузошта, соҳиби мақому мартабаҳои баланд шуданд. Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки Қаҳрамонони Тоҷикис-тон, академик Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум низ аз созмондиҳандагон ва мухбирони фаъоли ҳамин рӯзнома буданд. Академикҳо Шариф Раҷабов, Муҳаммад Осимӣ,нависандагон Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, адибону рӯзноманигорон Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Аминзода, Курбон Баҳлулзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдуҷалил Воситзода, Озод Аминзода, Абдумалик Баҳорӣ, Додоҷон Раҷабӣ, Махкам Пӯлод, Анвар Олим, Ғайрат Ҳаким, Сайидамин Ҷило, Мавлуда Шарифова ва даҳҳо дигарон фаъолияти меҳнатиашонро дар идораи рӯзномаи номбурда оғоз карда, то ба пояҳои баланди адабӣ қадам гузоштаанд. Боиси сарфарозӣ ва ифтихори аҳли қалами рӯзнома аст, ки Шоирони Халқии Тоҷикистон, барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзона ва Аҳмадҷони Раҳматзод низ дар ин рӯзнома фаъолият доштанд ва шеърҳои нахустини худро дар он нашр мекарданд.

Насимбек Қурбонзода: - Аз нақши равоншод, Нависандаи Халқии Тоҷикистон устод Раҳим Ҷалил дар тарбияи қаламкашон ва табъу нашри рӯзнома нақл мекардед…

 Файзуллохоҷа Атохоҷаев: - Устод Раҳим Ҷалил бо идораи рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" ва аҳли қалами он пайванди ногусастанӣ доштанд. Аввалан, аз он ҷиҳат, ки ҳуҷраи кории устод ҳамеша дар паҳлуи идораи рӯзнома қарор дошт. Дигар ин, ки он кас то охири умр дар қайди ташкилоти ҳизбии идораи "Ҳақиқати Суғд" меистоданд ва моҳе як маротиба, албатта барои супоридани ҳақки аъзогӣ ба коргоҳи мо меомаданд, Бо ҳар яки мо гарму ҷушон ҳолпурсӣ мекарданд. Бо ташрифи устод коргоҳамон гӯё нуру зиёи тоза пайдо мекард. Ҳама хушҳолона атрофашонро печонида мегирифтем. Бобати мазмуну мӯҳтавои рӯзнома, маводҳои он андешаҳои худро иброз медоштанд. Устод Раҳим Ҷалил ҳазлу мутоибаҳои ширин доштанд, дар ҳама ҳолат қаламкашонро ҳимоя мекарданд. Боре сари калимаи "мавлуд" аз мақомоти боло эроди ҷиддӣ гирифта, мехостанд, ки барои истифодаи калимаи" динӣ" дар рузномаи партиявӣ муҳаррирро ҷазо диҳанд. Устод худашон назди шахси аввал даромада, исбот карданд, ки ин калима бо дин ягон алоқамандӣ надорад ва ҳамин тавр ҷони муҳаррирро аз ҷазоҳо халос карданд. Умуман, устод Раҳим Ҷалил шахси ниҳоят бообрӯ, соҳибмақом ва босалобат буданд ва на ҳар кас ҷуръат мекард сухани он касро бе эътибор гузорад. Маҳз ба шарофти бузургии устод Раҳим Ҷалил меҳмонони воломақом, шоирону нависандагоне, ки чӣ аз дохилу чӣ аз хориҷи кишвар ба вилоят ташриф меоварданд, аввал ба назди устод меомаданд ва ҳамзамон бо мо, рӯзноманигорони "Ҳақиқати Суғд" низ мулоқот меоростанд. Мо аз файзи дидору сӯҳбат-ҳои дилпазири устодони каломи бадеъ Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мавҷуда Ҳакимова, Гулрухсор, Кутбӣ Киром ва бисёр дигарон бо инояти устод Раҳим Ҷалил баҳравар гаштаем. Рӯҳу равонашон шод ва чароғи ёдашон ҳамеша фурӯзон бод!

Толиби Луқмон:- Рӯзнома дар инъикоси Иҷлосияи16-уми таърихии Шӯрои Олӣ чӣ саҳм гузошт?

-Нақши "Ҳақиқати Ленинобод" дар ҳифзи сохти конститутсионӣ ва инъикоси Иҷлосияи тақдирсоз назаррас буд. Рӯзноманигорон ҳар як рӯзи Иҷлосияро воқеъбинона инъикос мекарданд, ҳамагонро аз қарорҳои он огоҳ месохтанд. Он чиз бароямон боиси ифтихор шуд, ки баъди анҷоми Иҷлосия Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 6 декабр моро дар толори Ҳукумати вилоят ба ҳузур пазируфтанд,ташаккур изҳор карданд ва гуфтанд: "Ман ба "Ҳақиқати Ленинобод" бовар дорам".

Матлуба Ёрмирзоева: - Вазъи рӯзнома дар замони соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷӯҳ ба кадрҳои ҷавон чӣ гуна аст?

- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ вазъи ҳам рӯзнома ва ҳам қормандони он хеле рӯ ба беҳбудӣ овард. Мушкилоти моро, ки аз нарасидани мутахассисони ҷавон танқисӣ мекашидем, таъсис ёфтани шӯъбаи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷума дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бартараф кард. Ҳоло ҳайати кормандони мо аз ҷумлаи ҷавонони соҳибистеъдоду боғайрат Сурайё Ҳакимова, Шоира Каримзода, Маъмурахон Самадова, Нодир Турсунзода ва дигарон афзун гашта, онҳо анъанаҳои устодонро гиромӣ медоранд ва барои пешбурди ҷомеа ҳиссаи назаррас мегузоранд. Бо қаноатмандӣ мегӯям, ки баҳри ҳайати эҷодии рӯзнома шароитҳои хуби корӣ фароҳам оварда шудаанд. Музди маоши кормандон низ назар ба пешин хеле боло рафтааст.

Тӯҳфа Расулӣ: Ба чунин маҳфили гарму пур аз хотираҳои ширин тасодуф меҳмон шудаму хеле шоду мамнун гаштам. Барои ман ва ҳамсари зиндаёдам адиб ва рӯзноманигори маъруф Абдураҳмон Расулӣ рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ниҳоят азиз аст. Зеро мо ҳам чакидаҳои нахустини эҷодиёти худро маҳз дар ҳамин нашрия дарҷ кардаем.

Маҳваш: - Лутфан мехостем дар бораи худ ва нақшаҳои эҷодиатон бигӯед.

-Аввало мехоҳам шукри сарнавиштро кунам, ки маро бо рӯзномаи мӯътабари "Ҳақиқати Суғд" пайваст. Зеро он солҳо ба кор қабул шудан ба ин рӯзнома кори саҳлу осон набуд. Ман соли 1984 баъди хатми мактаби миёна ба бахши ҷурналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда,сипас тибқи озмун барои таҳсил дар факултаи ҷурналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург роҳхат гирифта, онро соли 1991 бомуваффақият хатм намудам ва худи ҳамон сол бо ҳидояти рӯзноманигори варзида устод Файзуллохоҷа Атохоҷаев фаъолияти кориамро дар рӯзномаи вилоятӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ оғоз намудам. Баъд то соли 1999 дар вазифаҳои мухталиф кор кардам. Минбаъд ба ҳайси устоди кафедраи ҷурналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, мухбири махсуси нашрияи "Садои мардум" дар вилояти Суғд, сардори Дафтари матбуоти маркази "Тоҷикстандарт", мудири шӯбаи иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд низ фаъолият доштам. Аз моҳи ноябри соли 2014 тибқи қарори Раиси вилоят сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" таъин гаштам. Ният дорам маҷмӯаи мусоҳибаҳоямро бо адибони номвар ва дигар ашхоси мӯътабар, ба амсоли Аъзам Сидқӣ, Шамсӣ Собир, Атахон Сайфуллоев, Абдулманнон Насриддинов ва дигарон ба шакли китоб ба нашр омода созам…

Ҳамчунин мехоҳам маҷмӯаи ашъори худро низ тартиб диҳам ва аз ин силсила шеъри худро, ки ба академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, ҳоло баҳри шумо қироат мекунам:

Хирадмандони миллатро ту устодӣ,

Ки нахли ақлу донишро ту бар додӣ.

Туро андар хирад устод Фирдавсӣ!

Камоли ҳикмату андарзу панди ту,

Ҳакими маъруфию арҷмандӣ ту,

Адаб парвардаӣ аз ҳикмати Саъдӣ!

Ба даври ту нагардид Инқилоби давр,

Фузун мекард бодӣ дар сари ту ҷавр,

Туро аз бандагӣ бедор кард Айнӣ!

Туро «Шоҳнома» ибрат гашт дар ирфон,

Туро шуд «Маснавии маънавӣ» имон.

Туро рӯҳи бузургон шуд ҳидоятгар!

Ту эҳёи Аҷамро тозатар кардӣ,

Зи Машриқ оламеро бохабар кардӣ,

Паямбарвор пайки «Тоҷикон» додӣ!

Намудӣ во дар таърихи миллатҳо,

Туӣ сардафтари таърихи миллатҳо,

Китоби халқи дунё «Тоҷикон» имрӯз!

Ту дар таърихи Одам зинда хоҳӣ монд,

Ба қалби мо абад поянда хоҳӣ монд,

Нахустин қаҳрамони Тоҷикистонӣ!..

Толиб Карими Озарахш: - Барои сӯҳбати самимиву пурмазмун ба шумо ва ҳамаи кормандони рӯзномаи соҳибҷашн ташаккур мегӯям. Итминони комил дорам, ки минбаъд низ қаламкашони рӯзнома баҳри иҷрои Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

  Таҳияи Мавлуда Шарифова

Add comment


Security code
Refresh