РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт ва чароғи равшани ҳар як хонадонанд

4 марти соли 2020 дар Қасри маданияти Арбоб бахшида ба Рўзи Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ кулли модарон ва занону духтарони иззатманди вилоятро ба муносибати Рўзи Модар табрик гуфта, ба онҳо саломативу хотирҷамъӣ, хушбахтӣ, рўзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуд.

Қайд карда шуд, ки модар азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мўъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт мебахшад, аз ҳастии модар ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, чароғи равшани ҳар як хонадонанд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати тибқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ гардидани он пайваста талош меварзанд.

Дар даврони истиқлолияти кишвар бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд як силсила санадҳои зарурӣ қабул гардиданд, ки мақсад аз он   арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши Зан-Модар дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти густурдаи занону бонувон мебошад.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба мавқеъ ва ҷойгоҳи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Сарвари давлат чун ҳамеша, занонро неруи созандаи ҷомеа дониста, бо ишора ба нақши фаъоли онҳо дар ҷомеаи имрўза, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо чунин баён доштанд: “Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд”.

Натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ то рафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

Дар вилояти Суғд занону бонувони хирадманд баробари адо намудани рисолати модарии худ, яъне тарбияи насли ояндасоз баҳри пешрафту ободии диёри маҳбубамон ҳамчун сиёсатмадору олим, роҳбару эҷодкор, омўзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, коршиносу соҳибкори муваффақ фаъолияти босамар доранд.

Дар вилоят бештар аз 1 миллиону 315 ҳазор нафар занону духтарон умр ба сар мебаранд ва аз онҳо  6 ҳазору 733 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунандава 1 ҳазору 267 нафарашон дармақомоти давлатӣ фаъолият мебаранд.

Алҳол, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 1 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо буда, 23 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва 210 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ нисбатан зиёд мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар вилоят 6 нафар зан соҳиби унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, 236 нафар қаҳрамонмодар, 561 нафар дорандаи ордену медалҳо, 153 нафар  барандаи унвону ҷоизаҳоидавлатӣ, 51 нафар дорандаи «Медали шоиста», 139 нафар варзишгари номвар ҳастанд, ки аз иштироки фаъоли занон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шаҳодат медиҳад.

Саҳми устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз ҳисоби занон, ки дар тарбияи маънавию ташаккули зеҳнии ҷомеа нақши бориз доранд, шоистаи таҳсин аст. Онҳо бо тафаккуру таҷрибаи нав ба кори илмию эҷодӣ пар-дохта, дар партави сиёсати маориф-парваронаи роҳбарияти олии кишвар рисолати хешро ба анҷом мерасонанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 16 доктори илм ва 308 номзади илм аз ҳисоби бонувон фаъолият дошта, аз 25 ҳазору 360 нафар заноне, ки дар соҳаи маориф кор мекунанд, 686 нафарашон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки занону бонувони соҳибкору меҳнатқарини вилоят бо саъю талоши комили хеш дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, татбиқи амалии эълон гардидани  солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба ин васила эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъмин намудани занону духтарон бо ҷойҳои корӣ, таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дўстиву рафоқат, ватанпарастӣ ва дар маҷмўъ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузоранд.

Сипас, аз тарафи аҳли фарҳанг барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh