Иштироки Раиси вилоят дар ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ

3 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози ҷаласа таъкид кард, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Тибқи қарорҳои ба тасвибрасида ва бо назардошти аҳмияти ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон соли равон 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад ва барои таҷлили шоистаи ин ҷашн дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад.

Сипас, дар ҷаласаи кумитаи тадорукот раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода доир ба рафти корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр маълумот дода, қайд кард, ки ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бунёди наздик 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

-Ба истиқболи ҷашн бунёди бинои нави беморхонаи марказии шаҳр, бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрӣ, биноҳои истиқоматии 5, 6 ва 9 ошёна бо марказҳои савдову хизматрасонӣ, мактабу синфхонаҳои нав, бинои маъмурии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Зарафшон, меҳмонхонаҳои муосир, коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, таҷдиду мумфаршкунии роҳҳо ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст, - илова кард Ислом Зиёзода.

Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи омодагиҳо ба масъулин дастур дод, ки барои бо сифати баланд бунёд сохтани иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла осорхона, меҳмонхона, чойхона, истгоҳу дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, панҷарабандии атрофи мамнуъгоҳ табдирҳои зарурӣ андешанд.

Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ бо тарҳрезии нақшаҳо барои фаъолият дар давраи минбаъда ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh