Дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи 5500-солагии Саразм сохтмони наздик 30 иншооти гуногун ҷараён дорад

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди иншооти ҷашнӣ дар Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” шинос гардид.

Бояд зикр кард, ки айни замон дар ҳудуди шаҳраки қадимаи Саразм бунёди иншооти гуногун аз қабили осорхонаи “Саразм”, меҳмонхона, дӯконҳо барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон, рамзи 5500-солагии Саразм, дарвозаи мамнуъгоҳ, панҷарабандии атрофи мамнуъгоҳ, мумфаршкунии роҳҳо идома дорад.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар осорхонаи “Саразм” ва меҳмонхона ба итмом расонида шуда, айни замон бомпӯшкунии иншоот ҷараён дорад. То имрӯз ҳамзамон сохтмони девори дарвозаи мамнуъгоҳ қариб ба итмом расида, аторфи мамнуъгоҳ ба масофаи 1300 метр панҷарабандӣ карда шудааст.

Корҳои роҳсозиву сафолакчинии пайроҳаҳо низ муташаккилона идома дошта, роҳҳои пиёдагард ба масоҳати 1340 м2 сафолакпӯш гардидааст.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини бахши сохтмон барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон 5500-солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент сохтмони наздик 30 иншооти гуногун ҷараён дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh