ЧИЛ КОКУЛИ ТУСТ ДОНА – ДОНА…

«Майдабофӣ карда модар шуста тори кокулонат» ва ё «Чил кокули ту дона – дона, бо тоқиву мӯйи майдабофат» ҳамин мисраъҳо ба хотир омаданд, вақте саҳни ҳавлӣ духтаракони гесӯвони дароздошта порае аз ҳаёти оилавии тоҷиконро ҳангоми баргузории фестивал – озмуни вилоятии «Чакомаи гесӯ», ки дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят доир гардид, намоиш доданд.

Пас аз ба тасвиб расидани қарори Раиси вилоят оид ба баргузории фестивал – озмуни вилоятии «Чакомаи гесӯ» бо мақсади муаррифии сару либоси миллӣ, ороишу парвариши мӯй, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, намоиши гесӯи дароз, суруду рақс, таронаҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ ва эҳёи эҷодиёти даҳонии халқ бахшида ба солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир карда шуда, дирӯз даври вилоятии фестивал-озмун бо ширкати занону бонувон аз шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Дар воқеъ, тавре дар чорабинӣ ҳам таъкид сохтанд, дар замони соҳибистиқлолии кишвар тавассути дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои мардумӣ, ба монанди мӯйбофӣ, оинабинон, рӯйбинон, оростани мӯй бо тарзи миллӣ аз нав эҳё шуданд, ки ҳамаи ин арҷгузорӣ ба мероси аҷдодии мост.

Дар лаҳзаҳои ҳассос занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, ҷонфишониҳои Гурдофариду Нигина, Шаҳзодаи тоҷбарсар, ки духтаракони зебосанам буданд, ба хотир овардан мумкин аст.

Баҳри баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллии тоҷикӣ, ороишу парвариши мӯй дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи маросимҳои анъанавии мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва намоиши гесӯи дарози тоҷикона бонувони гесӯвони дароздошта бо либоси миллии дӯхти гуногун саҳнаро зеб мебахшиданд. Аслан урфу одати қадимаи халқи тоҷик аст, ки модарону бибиҳо мӯйҳои духтараконро майдабофӣ менамуданд.

Дар саҳна духтарону бонувони синну соли гуногун баробари намоиши мӯйи дароз, инчунин аз таърихи гесӯи дароз, ки ба олами афсона ва зебоӣ шабоҳат дошт, ҳусну малоҳат ва таровати мӯй ба таври бадеӣ дар асоси ривоятҳои халқӣ ва асарҳои классикӣ бо бадеҳахонӣ аз таърих, аз ҳаёти занони тоҷик ва даврони қадим ёдовар гардиданд. Тавре гуфта шуд, гесӯ чун рамзи покиву назокат ва ҳусну малоҳат шинохта шудааст.

Оростану перостани мӯй таърихи куҳан дошта, дар замони гузашта низ машшотаҳо, ороишгарон худи занон буданд. Одатан то ба воя расидани духтаракон модарон гесӯвони пайвандонашонро шуставу ороста, инчунин оид ба анъанаҳои ниёгон, тарзи нигоҳубини мӯй, мӯйбофию зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ, кокул, пилтатобӣ, пилтатобии бадахшӣ, пӯпак ва дигар намуди ороиш, тозаву озода нигоҳ доштани хона, дӯхтани куртаву ҷома ошно месохтанд ва минбаъд ҳангоми ба воя расидан ва оиладор гардидан, албатта, дар оилаву хонадорӣ ба мушкилот дучор намегардиданд. Хушбахтона, ороиш ва бофтани мӯй алҳол анъанаи хос ва устувор гардида, то имрӯз ташаккулу такмил ёфта истодааст.

Фестивал - озмун аз рӯйи чор бахш - беҳтарин ороиш ва мӯйбофии қадима, ороиши мӯй дар олами афсонавӣ, ороиш ва мӯйбофии замони муосир ва гесӯи дарозтарин доир гардид. Дар анҷоми чорабинӣ аъзои ҳакамон ғолибонро муайян намуданд.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ иштирокчиёни фаъолро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард. Дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh