Китоби нав - «Ҷаҳоннома»
- Details
- Published on Tuesday, 19 November 2019 15:33
Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” дар канори нашри осори илмӣ-адабӣ ва таҳқиқ перомуни Камоли Хуҷандӣ, нашри осори таърихӣ-ҷуғрофиро низ ба роҳ мондааст. То имрӯз китобҳои “Маноқиби Шайх Маслиҳатдин”, “Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” интишор ва дастраси хонандагон гаштааст. Нашри асари ҷуғрофии дигар бо номи “Ҷаҳоннома”идомаи ин силсила аст.
Матни “Ҷаҳоннома”-ро корманди ҷавони Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Фирӯзахон Қодирова, бо муқаддима, тавзеҳот ва феҳристҳои лозима омода намудааст.
Бино ба иттилои директории Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов «Ҷаҳоннома» аз зумраи осоре мебошад, ки аз ҷониби ҷуғрофидон ва харитасози замони Хоразмшоҳиён – Муҳаммад ибни Наҷиби Бакрон таълиф шудаааст. Мақсади асосии муаллиф аз навиштани ин асар тасвиру шарҳи нақшаи олам – «Ашколи ақолим» ва зикри маълумоти дақиқ аз вазъу ҳолати як қатор минтақаҳо будааст.
Мавсуф қайд мекунад, ки бо вуҷуди ҳаҷми кӯчак «Ҷаҳоннома» имрӯз дар навъи худ бемисол аст ва дар таърихи осори ҷуғрофиёӣ ҷои муҳиммеро ишғол намуда, як намунаи гӯёи сатҳи баланди нақшакашӣ дар машриқи Эрони қарни ХIII аст.
Асар бори аввал бо хати сириллик дастраси хонандаи тоҷик мегардад. Маълумоти асар дар соҳаҳои гуногуни илм, аз қабили ҷуғрофия, экология, этнография, зоология, маъданшиносӣ, гиёҳшиносӣ, тиб(б), забоншиносӣ аҳаммияти назаррасе дорад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»