Таъсисёбии шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр
- Details
- Published on Friday, 08 November 2019 16:47
Нусхаҳои хаттӣ баёнгари таъриху фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд моҳи апрели соли 2015 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр таъсис ёфт. Кормандони шуъба аз замони таъсисёбӣ то имрӯз зиёда аз 400 китоби дастнавис ва чопи сангӣ харидорӣ ва ҷамъоварӣ кардаанд.
Барои ҳаматарафа рушд кардан ва пешрафти кори шуъба ҷамъоварии китобҳои дастхат, чопи сангӣ идома ёфта, дастхатҳои маҳфуз дар бойгонии осорхона мавриди омӯзиш қарор дорад.
Аз байни ин китобҳо нусхаҳои нодире ҳастанд, ки аз арзишмандтарин осори ниёгони мардуми тоҷик мебошад. Дар ин радиф метавон китобҳои “Асрору-л-фотиҳа”, “Маъориҷу-н-нубуват”, “Мавоҳибу-н-алия”, “Захирату-л-мулук”, “Тазкирату-ш-шуаро” ва чандин китобҳои дигарро ном бурд. Аз ҷониби ходимони илмии шуъба то ин дам маълумотнома доир ба ҳар як китоби маҳфузбуда омода шуда, бархе аз онҳо, ба монанди: “Маъориҷу-н-нубуват”, “Мирвоҳу-л-арвоҳ”, “Девон”- и Алишери Навоӣ, “Тӯтинома”, “Дурру-л-аҷоиб” дар рӯзномаҳои маҳаллӣ ба табъ расидаанд.
Шуъба нақша дорад, ки феҳрасти нусхаҳои хаттии харидро пурра нашр намояд.
Мавҷуда Бойматова
Корманди илмии шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”