СӮҲРОБ ШЕХОВ: ТЕАТР ҶОИ МУҚАДДАС АСТ

Ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, аз аввалин Фестивали байналмилалии Театрҳои касбӣ таҳти унвони “Abish Alimi”, ки дар шаҳри Актау-и Ҷумҳурии Қазоқистон, санаҳои 11-15-уми октябри соли равон баргузор гардида буд, сарбаландона ба Ватан баргаштанд, аз дастовард ва натиҷаи ин сафари хотирмону рӯҳбахш мо бо саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзур менамоем.

Сӯҳроб Шехов зодаи шаҳри Астрахани Федератсияи Русия буда, минбаъд баъди аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргаштани волидайн дар шаҳри Конибодом умр ба сар бурдааст. Дар мактаби миёнаи №3 таҳсил карда, аз синни 14 солагӣ ба студияи навраси Театри ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом шомил гаштааст.

Баъди хатми мактаби миёнаи шаҳри Конибодом, соли 2005 барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, ба шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 2006 тариқи квота ба шуъбаи коргардони театрии факултаи театри Академияи фарҳанг ва санъати шаҳри Челябински Федератсияи Русия шомил мешавад ва то соли 2011 таҳсилро бомуваффақият идома медиҳад.

Соли 2012 дар фестивали «Нигоҳи нав» барои  намоишномаи  «Бахт», аз рӯи асари Л.Разумовская сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон»- гаштааст.

Соли 2017 саркоргардони Театри давлатии русии драма ва  мазҳакаи ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон таин шуда, аз моҳи декабри ҳамин сол саркоргардони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Соли 2013 барои таҳияи намоишномаи бачагона «Зебаки ширинкор» аз рӯи асари Ш.Қиёмов С.Шехов сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин коргардони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Давоми фаъолияти эҷодии худ ӯ чандин намоишномаҳои ҷолибидиққат таҳия намудааст, ки «Бахт»- и Л.Разумовская, «Гарданбанд ва номзад»- и Ш.Солеҳ, «Зебаки ширинкор»- и Ш.Қиёмов, «Мотами сафед»-и Бен Алфред Моузли, «ҳоли падар хуб аст»- и М.Куновская, «Блиндаж»- и В. Ткачёв, «Ба ҳаммааш муҳаббат айбдор аст»-и Олим Салимов,  «Табиби паррон»-и Молер аз ин шуморанд.

 - Сафар ба хайр! Бори дигар ин муваффаққиятро ба аҳли ҳунари театр шодбош мегӯем. Умедворем, бо кӯлвори пури шодӣ ва муваффақиятҳову бардоштҳои нав ба нав ба Ватан баргаштед. Сафари хунарӣ чигуна буд ва чӣ хотиротеро бо худ овардед?

-Чанд соли охир Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо сафари ҳунарӣ ба хориҷа набаромада буд. Хушбахтона, соли равон ба мо ду дафъа имкон пеш омад, ки дар фестивалҳои байналхалқӣ иштирок кунем. Мақсад ва талошҳои мо ҳам ҳамин буд, ки театрамонро дар хориҷа муаррифӣ кунем. Ин ҳоло қадамҳои аввалин аст, мо, ҳунармандони театр аз як гиребон сар бароварда, кӯшиш ба ҳарҷ медиҳем, ки моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз беҳтару бештар шиносанд.

 Яке аз сабабҳои ба намоиш гузоштани «Табиби паррон» ҳам дар ин буд, ки ин асар метавонад ҷавобгӯ ба талаботи фестивал бошад. Намоиш аз рӯи асари Молер ба саҳна гузошта шуда, дар тамоми дунё машҳур аст. Мо хостем ин асари машҳурро бо тарз ва нигоҳи тоҷикона ба саҳна гузорем. Боварӣ доштем, ки ба тамошобини кишварҳои дигар ин виҷагии намоишнома писанд меояд, зеро метавонанд, ки асари Молерро бо тарзи тоҷикона бубинанд. Дар фестивали Қазоқистон низ аъзои ҳакамон қайд карданд, ки «мо намоишномаи классикии Молерро интизор будем, вақте дидем, ки шумоён ин намоишномаро тамоман тоҷикӣ пешниҳод намудед, писанд омад, бисёр хуб аст, ки ба намоишнома обуранги миллӣ бахшидед. Тавонистед, ки асарро бо нигоҳи нав муаррифӣ кунед».

 Дар фестивал қайд шуд, ки ин намоишномаро бояд тамоми дунё бинад. Ин боиси ифтихору сарбаландии мо буд.

 Намоишномаи «Табиби паррон» аввалин намоиши ба саҳна гузоштаи ман дар театри Камоли Хуҷандӣ аст. Мо, ҳунармандони театр моҳи июн ба шаҳри Қазони Федератсияи Русия сафар доштем. Дар он ҷо фестивали давлатҳои туркзабон баргузор шуда буд. Номи фестивал, ки «Наврӯз-2019» буд, моро ҳамчун ҳунармандони давлате, ки ватани Наврӯз аст, даъват карда буданд. Аз ҳамин фестивал оғоз шуд муаррифии санъати театри мо барои ҷаҳониён. Дар Қазон намоядагони даҳ давлат буданд ва ба кори мо бисёр баҳои баланд доданд. Вақте мо аз Қазон омадем, ба фестивалҳо дар давлатҳои  Канада, ИМА ва Қазоқистон  даъват шудем. Пас аз ин фестивали Қазоқистон низ чанд пешниҳод барои иштирок дар фестивалҳои байналхалқӣ шуд, ки  аз ин мо хеле хушҳол ҳастем.

- Аз фестивал, барои худатон чӣ гирифтед?

-Умуман хар як фестивали байналмилалӣ ҷаҳонбинии ҳунармандон, бахусус ҳунарманди ҷавонро васеъ мегардонад.  Дар ин фестивал пеш аз ҳама эътимод ба худамон зиёд шуд, зеро мо тавонистем хешро дар сатҳи ҷаҳонӣ шиносем, бо ҳунарнамоии  даҳ кишвари ҷаҳон ҳунари хешро муқоиса кунем. Ва бояд гуфт, ки сатҳи намоишномаи мо, нақшофарии хунармандони мо аз ҳеч намоишномаҳои дигар камӣ надошт. Яъне мо мутмаин шудем, ки воқеан, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳунарварӣ карда метавонем. Вақте кас мехоҳад ва талош мекунад ҳама корро метавонад. Масалан, вақте мо дар Қазон миёни бисту нӯҳ театр аз дувоздаҳ давлати ҷаҳон баромад кардем ва вақте ҳафт намоишномаи беҳтаринро интихоб карданд, «Табиби паррон» дар ин шумор буд, ки боиси сарфарозӣ аст. Театри моро бо намоишномаи “Табиби паррон” дар ин фестивал хеле хуб пазируфтанд.

-Шумо қайд кардед, ки ба ин намоишнома виҷагиҳои тоҷикона ворид карда шуд. Лутфан мегуфтед, ки вақте махсусиятҳои миллӣ ба намоишнома ворид шуд, чӣ чизҳо муқаддамтар аз ҳама ба эътибор гирифта шуд?

- Азбас ки солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, пеш аз ҳама хостем сару либоси миллии тоҷиконаро  истифода кунем, ки муаррифгари санъат ва таърихи либоспӯшии мардуми тоҷик аст. Асбобҳои мусиқии тоҷиконаро истифода кардем, Оҳангҳои миллиро ба кор гирифтем. Образҳо симо ва хислатҳои тоҷиконаро муаррифӣ мекард. Мо талош намудем дар баробари мӯҳтавои асари Молер санъат ва фарҳанги тоҷикро муаррифӣ созем. Ба образҳо зарбҳои қалби пурхуруши тоҷикона ворид кардем. Яъне одоб, ахлоқ, анъанаҳои миллии тоҷикона ба инобат гирифта шуд.

- Воқеан, намоишнома дар ду фестивали байналхалқӣ иштирок кард ва чуноне қайд кардед, тамошобинони хориҷӣ онро хеле хуб пазируфтанд. Дар ҳамин маврид мехоҳам аз мавзӯе, ки хеле дардовар аст, пурсон шавам. Дар мавриди ҳузури тамошобинон дар театрҳо  суҳбат кунем.  Бештар бар ин назаранд, ки дар театрҳо намоишномаҳои хуб ба саҳна гузошта намешавад, аз ин хотир таваҷҷуҳ ба театр кам аст. Аммо  чуноне ки мебинем, намоишномаҳои мо дар сатҳи байналхалқӣ баҳои баланд гирифта меояд, пас ба андешаи Шумо чаро ба намоишномаҳои «эътирофшуда» низ тамошобин кам аст?

- Ман фикр мекунам, ки тамошобини мо дар айни ҳол тайёр нест, зеро вақте мо дар Қазоқистон будем, толоре, ки мо баромад кардем 700 ҷойи нишаст дошт. Толор пур буд. Бар замми ин то охири намоиш толор хомӯш ва тамошобин мутаваҷҷеҳи намоишнома буд. Одоби тамошо риоя мешуд. Тамошобини қазоқ новобаста ба он, ки забонро намефаҳмад, давоми  як соату бист дақиқа бо тамоми вуҷуд ба намоиш дода шуда, мехост барои хеш ғизои маънавӣ гирад. Онҳо ба санъат нигоҳи дигар доранд. Мутаассифона, ман ҳамин чизро дар толори театри худамон мушоҳида намекунам.

 Воқеан, имрӯз дар бештари маврид театр ва ҳунармандро гунаҳкор мекунанд, ки намоишномаи хуб ва тамошобин надоранд. Аммо бояд як нуктаро қайд намоям, ки тамоми театрҳои ҷаҳон дар асоси як мактаб тарбия ёфтаанд. ҳам ҳунарманд ва ҳам коргардонҳо. Мо дар фестивалҳои байналхалқӣ иштирок карда, ба ҳунар ва маҳорати ҳунармандон бори дигар боварӣ ҳосил кардем. Ман дар ҳамон ҷо ба худам ҳамин суолро додам, ки чаро дар давлатҳои дигар моро қадр мекунанд, вале дар Ватан моро ба тамошо намеоянд? Ба натиҷа расидам, ки гап дар сари театр ва намоишнома нест, гап дар тамошобин ва тарбияи фарҳангӣ аст. Пештар мардуми тоҷик театрдӯст буд, аммо ҳозир бо мурури замон  ҷавонон аз театр дур шуда истодаанд.

- Дар ин маврид чанд омилҳои иҷтимоиро метавон паси ҳам чид, ки боис шуд, то тамошобини тоҷик як андоза аз театр дур шавад, аммо, ба андешаи Шумо, пас чӣ бояд кард, ки тарбияи фарҳангии мардум боло шавад, муҳаббати тамошобин ба театр дубора зинда гардад? Ин аз суолҳое ҳаст, ки ҳамеша миёни ҷомеаи фарҳангии мо матраҳ мешавад.

- Масалан, солҳои 70-80-уми асри гузашта мардум бисёр театрдӯст буданд. Ман дар ёд дорам, ки  падару модарони мо тез- тез ба театр мерафтанд. Бо хоҳиши худашон мерафтанд, касе онҳоро маҷбур намекард. Имрӯз бошад, ҷаҳонбинӣ, нигоҳу назарҳои ҷавонон тамоман дигар шудааст. Имрӯз арзишҳои зиндагӣ дигар шудааст. Пештар  ғизои маънавӣ хеле арзиш дошт, аммо ҳоло ин тавр нест. Албатта, вазъи иҷтимоӣ, ноҷӯриҳои зиндагӣ ба ин омил таъсир мегузорад, аммо инро мо баҳона  пеш оварда наметавонем. Зеро аз таърих огоҳем, ки дар ҳар вазъият мардумон ба театрҳо, ба музейҳо мерафтанд. Тараққиёти технология ҷавононро аз китоб дур кард. Аз китоб дур шудан аз театр дур шудан аст.

Мо тамоми талошамонро ба он равона сохтаем, ки намошномаҳои мо ба тамошобинони тоҷик писанд ояд. Дар ҳама ҷанрҳо намоишнома омода мекунем. Мо гуфта наметавонем, ки ҳама як хел аз театр дур шудаанд, албатта ин тавр нест, аммо теъдоди мардуми театрдӯст хеле кам шудааст. Ба андешаи ман бояд аз синфҳои поёнӣ муҳаббати театрро дар дили наврасон ҷой кардан лозим аст. Бояд маданияти театрравӣ аз синфҳои ибтидоӣ ба фарзандони мо тарбия дода шавад. Бояд омӯзем, ки тетар ҷои муқаддас аст. Ман мехостам, ки муҳассилини  ҳар мактаб ақаллан дар як моҳ як маротиба ба театр оянд ва толибилмон доир ба намоишномаи тамошокардаашон, иншо нависанд. Ин тарбияи дуруст шуда метавонанд, зеро як намоишнома баробари як китоб ва, ҳатто, бештар  аз он аст.  Агар ҳамин анъана ҷорӣ шавад, ман боварӣ дорам, ки муҳаббати наврасон ба театр зиёд мешавад ва онҳо дар оянда ҳамин муҳаббатро ба фарзандони худ дода метавонанд.

-Албатта, дар баробари ин ҳайати эҷодии театр низ бояд талош намояд, ки намоишномаҳои беҳтаринро пешкаши тамошобин созад. Дар ин росто мехостам суол кунам, ки Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ давоми ду соли охир кадом намоишномаҳоро ба саҳна гузошт ва басаҳнагузории кадом намоишномаҳо дар назар аст?

-Давоми ин ду сол  дар театр намоишномаҳои «Камоли Хуҷандӣ», «Исёни арӯсон», «Табиби паррон», «Қалби зан», чанд намоишҳои бачагона ва солинавиро ба намоиш гузошта шуд. Айни ҳол ду намоишнома омода  шуда истодааст, ки яке аз рӯи асари драматурги рус Денис Смирнов «Паёмак», дигаре аз рӯи асари драматурги қалмоқ Алексей Балакаев «Дили модар» мебошад.

Намоишномаи «Паёмак» аз ҳаёти оилаҳои ҷавон гирифта шуда, барои тарбияи дурусти ҷавонон равона шудааст. Мушкилоту камбудиҳое, ки дар зиндагии оиладории ҷавонон мушоҳида мешавад, маҳз бо воситаи ҷанри мазҳака инъикос мешавад.

Нақша дорем, ки намошномаҳои нав ба нав ба саҳна гузошта Тоҷикистон ва Театри мазҳакаи мусиқии Камоли Хуҷандиро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем.

-Ба наздикӣ бо ҳунарманди шинохтаи Ӯзбекистон Убайдуллои Амон суҳбате доштем. Он кас гуфтанд, ки моҳҳои март-апрели соли 2020  театри Бухоро бо сафари ҳунарӣ ба Хуҷанд омаданист. Оё тетари Камоли Хуҷандӣ ҳам дар назар дорад, ки ба ҷуҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом диҳад?

-Дар нақша дорем, ки ба шаш шаҳру навоҳии Ӯзбекистон- Намангон, Фарғона, Андиҷон, Бухоро, Самарқанд, Тошканд, бо ду- се намоишнома  сафари ҳунарӣ намоем. Дар ин ҷода дар сатҳи Вазорати фарҳанги ҳар ду кишвар  низ гуфтушунидҳо ба анҷом расида, омодагиҳо ҷараён доранд.

- Ба мухлисони чӣ таманно доред?

- Таманно мекунам, ки тамошобинони тоҷик театрро дӯст доранд. Театр ягона санъатест, ки дар худ чандин санъати дигарро муттаҳид мекунад. Дар ин ҷо ҳунар ҳаст, мусиқӣ ҳаст, санъати либос ҳаст, маҳорати сухан гуфтан ҳаст. Театр санъати зинда аст. Эҳсос кардани нафаси ҳунарманд кайфияти дигар дорад. Ба чашми ҳунарманд нигаристан ва дар симои  ӯ дарду шодии хешро дарёфтан тамоман таъсири дигар дорад. Театр кино нест, инҷо ҳама чӣ зинда аст. ҳунарманд вақте ҳар бор як нақшро иҷро мекунад, ҳар бор нақш такмил меёбад. Инро фақат эҳсос кардан мумкин аст.

Мехоҳам хонаашон обод, хотирашон ҷамъ бошад ва ҳамеша фарҳангдӯсту ҳунарпарвар бошанд. Аз ҷавонон бисёр хоҳиш мекунам, ки пайрави гузаштагони хеш бошанд. Аз пайи ғизои маънавӣ шаванд. Орзу мекунам, ки ҷавонони мо мақсад дошта бошанд, орзу дошта бошанд ва барои расидан ба мақсадҳои хеш талош намоянд.

-Ташаккур барои суҳбати хуб.

Суҳбаторо Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh