Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Details
- Published on Friday, 04 October 2019 11:02
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 5 - уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат, кулли сокинони вилоятро аз самими дил табрику таҳният гуфта, хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои беназир орзу менамоям.
Боиси таъкид аст, ки забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шевотарини дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони дунё эътироф гардида, барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллати тоҷик нақши муҳим дорад.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули забони миллӣ пайваста тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд, то ки забони миллии мо ба ниёзҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ҷавобгӯ ва дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба мақом ва ҷойгоҳи ин рукни муҳими давлатдорӣ чунин гуфтаанд: «Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст».
Шоистаи зикр аст, ки забони тоҷикӣ ба ҳайси муҳимтарин рукни муқаддасоти миллӣ ва ёдгории маънавии халқи тоҷик дар тӯли таърих суфтаву устувор гардида, ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикоскунандаи гузаштаи бою рангини халқамон мебошад. Маҳз, тавассути осори арзишманду нотакрори бузургони илму адаби тоҷик забони тоҷикӣ асолати худро эмин нигоҳ дошта, шевою пурғановат боқӣ мондааст.
Дар замони ҷаҳонишавӣ эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин рукни муҳими миллатсоз, эҳёи арзишҳои маънавии миллӣ, таъмини рушди ҳамаҷониба ва ҳимояи забони тоҷикӣ, истифодаи он дар тарбияи маънавии инсонҳо, риояи меъёрҳои забони адабӣ, муаррифӣ, таблиғи забони давлатӣ ва ҳифзи истиқлоли фарҳангӣ вазифаи аввалиндараҷа ва рисолати дар як соҳибзабон аст.
Боварии комил дорам, ки таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар замони пурзӯр гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ вазифаи асосӣ маҳсуб меёбад, ба ҳар сокини кишвари азизамон дар роҳи шинохти асолати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!