БУНЁДИ БОF ВА БУЗУРГДОШТИ ПОЯГУЗОРИ ИЛМИ НУҶУМ

Хушхабари бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз нав ободу барқарорсозии боғи «Дӯстии халқҳо» мардуми вилоят, бахусус сокинони маҳаллаҳои №№ 31, 32, 33 - юми шаҳри Хуҷандро шод гардонид. Ҳамагон аз ин иқдоми роҳбарият бениҳоят хушнуд гардида, умедвор буданд, ки боғ шуҳрати пешинаи худро барқарор месозад.

Бале, имрӯз бобати эҳёи суннатҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги таърихи куҳанбунёди кишвар пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Роҳи шафати тарабхонаи «Очил» моро ба сӯи боғ ҳидоят мекард. Намуди зоҳирии боғ нисбат ба солҳои пешин дигаргун гашта буд. Нахуст диққати моро иҳотаи панҷарабандии боғ ба худ кашид. Чанд сол қабл ин мавзеъ макони бесоҳибон буд. Даврони Шӯравӣ дӯстдоронро дар нишастгоҳҳои хиёбони боғ медидеду бузургсолон барои ҳавои тоза гирифтан аз пайроҳаи шафати дарахтон қадам мезаданд. Ҳаёҳӯйи кӯдакони машғули бозӣ ба фалак мепечид. Дар ҳақиқат боғ ифодагари дӯстии халқҳо буд. Дар ҳудуди микроноҳияҳои №№ 31, 32, 33 - юми шаҳри Хуҷанд одамони халқу миллатҳои гуногун: тоҷикону ӯзбекҳо, русу тотор, украину осетин муқимӣ буданд. Гузашта аз ин, аҳлу тифоқ барои ободии атрофи маҳал якҷоя ҷидду ҷаҳд доштанд. Ҳудуди наздик ҳаштгектараи боғ солҳои 1960 - 1970 майдони холӣ маҳсуб меёфт. Даврони Шӯравӣ ин маконро ба боғ табдил дод ва минтақаи сабзи махсусмуҳофизатшавандаи шаҳри Хуҷанди куҳанбунёд дониста шуд. Мардум махсусан, донишҷӯёни макотиби олии шаҳр камари ҳиммат баста, барои ободии он кӯшиш карданд. Дарахтони сояафкану ороишии булут, шумтол, сафораи ҷопонӣ, сехора, чинор, опокио, каштан, ардач, сарвинози шарқӣ, санавбар, тут, сада шинониданду мехостанд дар сояи он нишаста, ҳаловат баранд. Ҳамин тавр ҳам буд…

Суҳбати мо атрофи вазъи пешина ва имрӯзаи боғ бо сокини ин мавзеъ Исомаддин Бобоҷонов сурат гирифт. Маълум гардид, ки ӯ аз соли 1992 инҷониб бо аҳли оила дар наздикии бинои атрофи боғ зиндагӣ дорад. Ҳарчанд ҳамасола дар гирду атрофи боғ дар ҳамкорӣ бо идораи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд, раёсати ҳифзи муҳити зист, муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии №№ 8, 10,13, тарабхонаи «Очил» шанбегӣ гузаронида, дар ободу зебо гардонидани ин мавзеъ чораҷӯиҳо баргузор мегардиданд, аммо вазъ чандон хуб набуд.

- Иқдоми неки азнавбарқароркунии боғ пеш аз ҳама, мо - сокинони микроноҳияҳои гирду атрофро хушнуд гардонид. Ҳанӯз аз оғози фасли баҳори имсола чанд гурӯҳи сохтмончиён омада, корҳои сохтмониро оғоз кардаанд. Умед дорем, ки шукӯҳу шаҳомати пешинаи боғ барқарор ва ба макони истироҳатии мардум бадал шавад, - иброз дошт, Бобоҷонов.

Хушбахтона, бо иқдом ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи 1300 - рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол корҳои ободонию азнавбарқароркунии мавзеи боғ босуръат ҷараён дорад. Ҳамарӯза чаҳор ширкати сохтмонӣ дар ин мавзеъ барои зебову тамошобоб гаштани боз як гӯшаи шаҳри Хуҷанд кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушофар» - ро ҳангоми тасполакчаспонӣ ба роҳравҳои ҳудуди боғ дарёфтем. Агар Алишер бо чобукдастӣ тасполакҳоро ба роҳрав часпонад, Фаррухҷон сангҳои ороиширо ба гирду атрофи фаввораҳо чунон устокорона мечид, ки ба ҳунараш аҳсант мехондед. Сангчинҳо Маъруфу Шуҳрат бошанд, аллакай устои касби хеш шудаву барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ кӯшиш менамуданд. Шукрулло Ӯрунов роҳбари ширкати сохтмонии «Хушофар» иброз дошт, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2019 ба корҳои ободонии боғ оғоз бахшида буданд.

Ширкати онҳо барои саривақт омода ва ба стандартҳои мавҷуда ҷавобгӯ шудани роҳраву фаввораҳо масъул аст. Панҷ фавворае, ки дар ҳудуди боғ барқарор мешавад, барои зебову обод ва тозаю озода нигоҳ доштани ин мавзеъ хизмат мерасонад. Ҳамчунин, тамоми корҳои обтаъминкунии ҳудуди боғ ба дӯши масъулони ин ширкат буда, кӯшиши онҳо баҳри бо оби тоза таъмин намудани майдони боғ беҳудуд аст. 15 нафар сохтмончии чашмикордон ба он ақидаанд, ки меҳнати онҳо дастоварди хубест ба сокинони маҳал барои истиқболи сазовори ҷашни ҳумоюнии соҳибистиқлолӣ.

Аз қисмати дигари роҳ тавассути дарвозаи рамзӣ вориди боғ шуда, шоҳиди он гаштем, ки бинои Планетарияи ҷумҳуриявӣ дар ин ҷо ҷойгир ва номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ аз нав зинда мегардад. Алҳол ҶДММ «Манзили Ориён» корҳои сохтмониро дар дарвоза ба анҷом расонидаанду танҳо ороиши он мондааст. Роҳбари ширкат Fолибҷон Илҳомӣ иброз дошт, ки «Манзили Ориён» дарвозасозӣ ва корҳои равшанидиҳию чароғонкуниро ба зимма гирифтааст. Дарвозаи нақшини боғ шаҳодатгари ҳунарманд будани устоҳои дарвозасоз аст. Дар корҳои чароғонкунӣ бошад, Хайрулло Устоев, Азимҷон Неъматов, Юсуфҷон Гадоев ва дигарон бо ғайрати дучанд меҳнат мекунанд.

- Обод шудани боғ ҳам барои ҷомеаи омӯзгорон ва муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 - уми шаҳри Хуҷанд ва ҳам барои сокинони маҳал боиси хурсандист. Аз номи маъмурияти муассиса ваъда медиҳам, ки иқдоми неки азнавбарқарорсозии боғро дастгирӣ намуда, дар шанбегиҳо иштирок ва барои гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳмгузор хоҳем буд. Зиёда аз ин, ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ гузошта шудани номи боғи шафати муассиса моро хушнуд гардонид. Акнун ин мавзеъ низ ба макони сайругашт ва тамошогаҳи меҳмонону сайёҳон бадал хоҳад гашт, - иброз дошт директори муассиса.

Ба гуфти сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Сангинбой Қурбонов боғҳои истироҳатӣ, ки дорои дарахтони сояафкану ороишианд, хеле кам мондаанд. Боғи ин маҳал манбаи ҳавои тоза аст. Ҳарчанд дар замони муосир зиндагӣ ба сар мебарему сохтмони биноҳои бисёрқабата ва дигар иншооти ёририсон бо суръати баланд пеш мераванд, аммо набояд аз гузаштаи худ бехабар монд. Ҳифзи дарахтони боғ ва мавзеъҳои истироҳатии кишвар вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ба шумор меравад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки баробари кам шудани миқдори дарахтон шумораи бемориҳои диққи нафас, қанд, саратон дар байни аҳолӣ зиёд мегарданд. Дар кишвари мо аз рӯи меъёр бояд барои ҳар нафар дар 10 метри мураббаъ як дарахт шинонида шавад, зеро дарахт манбаи ҳавои тоза аст. Дарахтони боғ, ки бисёрсолаанд, эҳтиёҷ ба нигоҳубин доранд.

Зиёда аз ин, мардум ба наздикӣ ба тамошои Планетарияи ҷумҳуриявӣ, ки номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик, риёзидон ва ситорашиноси машҳури Шарқ Абӯмаҳмуди Хуҷандиро доросту дар боғи «Дӯстии халқҳо» - и маркази вилоят ҷой хоҳад гирифт, меоянд ва номи ин абармарди илму ирфонро ба некӣ ёд мекунанд. Ба гуфти корманди Планетария Абдусамеъ Хошоков алҳол сохтмони бино аз тарафи соҳибкор Аминҷон Ҷӯраев идома дошта, бо харидорӣ ва насби таҷҳизоти нав дар дохили бино мардум майдони ситоразорро аз наздик тамошо ва доир ба олами коинот маълумоти бештар пайдо хоҳанд кард.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh