“Нолаҳои бод”

Китоби нави шоир ва рӯзноманигори тоҷик Аъзам Хуҷаста бо номи «Нолаҳои бод» тариқи интишороти «Тоҷпринт» мунташир ва дастраси ҳаводорони шеъри ноб гардид.

«Нолаҳои бод» достонест, ки аз саҳнаҳои кӯчидани мардуми кӯҳистон ба дашт, мушкилоти солҳои аввали муҳоҷират, рафъ шудани мушкилот ва ба гӯшаи зебои Тоҷикистон табдил шудани дашти Дилварзин қисса мекунад. Достон бо вазну оҳанги маснавӣ навишта шудааст.

Воқеан, ба қавли рӯзноманигор Салими Аюбзод, ки дар пешгуфтори китоб мегӯяд "дар таърихи пуршебуфарози тоҷикон қабат ба қабат дардҳое хуфтаанд, ки ҳанӯз паҷӯҳида ва баён нашудаанд. Он дардҳои муштараки инсонҳо зиндаанд ва дар таҳхонаи ҳофизаи миллӣ чашм ба роҳи суханвароне нишастаанд, ки рӯзе биёяд, мӯ ба мӯ онҳоро мӯя кунад, аз раг - раги ҷонаш гузаронад ва аз сидқи дил росту рушоду фаҳмо онҳоро бигӯяд ва бо ин малҳами шифобахше ба рӯяшон бигузорад. Агар мо ҷисми зиндаем, бояд ин дардҳоро ҳис кунем ва машаққати онҳоро бикашем, вагарна тафовуте аз ҷасадҳои равон нахоҳем дошт".

Достони мазкур бозгӯйи ҳамин гуна бахше аз дардҳои мардум аст. Дарди ҷудоӣ аз зодбум, муҳоҷирати маҷбурӣ, беадолатӣ, маргумири садҳо нафар, беқадрии инсон, шикастҳо, захмҳо ва заҳрҳо. Дарде, ки нешаш то охирин ҳуҷайраи дил мерасад ва нақшаш ҷовидона мемонад.

Ёдовар мешавем, ки Аъзам Хуҷаста, то кунун маҷмӯаҳои шеърии "Соярӯшан”, “Чашмаи зулол”, "Омад баҳор бе ту", "Сапедаро салом" ва "Истгоҳи зиндагӣ" - ро дар Тоҷикистон ва Эрон мунташир намудааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh