Ҳамоиши эҷоди ҳунар

Фестивали байналхалқии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони «Дастархони суғдӣ» бахшида ба 85 - солагии рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят бо иштироки сокинону меҳмонон аз давлатҳои гуногун баргузор гардид.

Толори интизории Қасри ҷавонон санаи 26 - уми сентябри соли равон тамошогаҳи ҳамагон гардида буд. Намоиши маҳсулоти нониву қаннодӣ, ороиши дастархони пурнозу неъмати тоҷикона, маҳсули дастони пурҳунари ҳунармандзанону духтарон аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуда, суруду оҳангҳои марғуб бо оҳанги дӯстию бародарии халқиятҳои гуногун ифодагари суннатҳои миллӣ ва анъанаҳои аҷдодӣ буданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Согдийская правда»-ро аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, саҳми рӯзномаро дар инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию мадании вилоят нек арзёбӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ ба муносибати 85 - солагии аз чоп баромадани нахустшумораи нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Согдийская правда» баргузор гашт. Ин рӯзномаи бонуфуз аз соли 1934 бо номҳои мухталиф нашр гардида, дар назди ҷомеа рисолати хешро бо хабарҳои таҳлиливу иттилоотӣ, инъикоси воқеъбинонаи ҳаводиси рӯзгор, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои мардум бо масъулияти баланд иҷро карда истодааст.

 Қайд гардид, ки бо иқдом ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дӯстию бародарии мардуми тоҷик бо бошандагони кишварҳои ҳамсояи дуру наздик, ки торафт густариш меёбад, Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ «Дастархони дӯстӣ» ва Фестивал - озмуни байналхалқии телевизионии «Донак» бо ибтикори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллат - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодааст.

Мақсади баргузории чорабинӣ таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи минбаъдаи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои минбаъдаи миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур, дарёфти истеъдодҳои наву овозхонҳои ҳунарманд, ҳамчунин, вусъати тарбияи хештаншиносию ватандӯстӣ, худогоҳию меҳанпарастии мардуми вилоят буда, дар фестивали байналмилалӣ намояндагони ҳафт кишвари хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд.

Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Вазири фарҳанг иштирокчиёни фестивал, ҳамчунин аҳли қалами рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» - ро табрику муборакбод гуфт.

Қайд гардид, ки дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу хотирмон шоҳиди оғози Фестивали таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони «Дастархони Суғд» шудан падидаи тоза ва идомаи сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани рушди ҳамкории эҷодӣ дар ҷодаи санъату ҳунар, таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ ва густариши робитаҳо миёни кишварҳо дар доираи сесолаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

Боиси зикр аст, ки аз азал тоҷиконро дар тамоми дунё бо дастархону меҳмоннавозии хоси миллӣ мешиносанду эътироф менамоянд. «Дастархони суғдӣ» номгузорӣ гардидани ин чорабинӣ басо рамзӣ буда, як ҷузъи фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷиконро муаррифӣ менамояд.

- Итминони комил дорем, ки ин ҷашнвора бори дигар муаррифгари муқаддасоти миллати тоҷик буда, баҳри боз ҳам ба ҷаҳониён шинос намудани урфу одатҳои ниёгони мо мусоидат хоҳад намуд,- гуфт Назариён Обид Одилзода.

Тақдими Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба аҳли қалами рӯзнома ва суруду таронаҳои марғуби намояндагони давлатҳои мухталиф ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh