Муҳаммад Башоро: РОВИИ ҲАДИСИ НАБАВӢ

Шаҳри бостонии Панҷакент бо табиати зебову афсункори худ макони сайру саёҳати сайёҳони хориҷиву ватанӣ қарор гирифтааст. Дар худи шаҳр мо ба чандин гурӯҳи онҳо рӯ ба рӯ гардидем, ки аз манзараҳои дилфиреби ин диёри офтобию таърихӣ баҳраманд гардида, ба таъриху тамаддуни он аз наздик ошно мегаштанд. Дар ҳақиқат, шаҳри бостонии Панҷакент натанҳо бо иморатҳои таърихиву бостоншиносии худ маъруфият дорад, балки фарзандони шуҷову далер, оқилу орифро ба дунё овардааст, ки ҳар яке номбардори меҳани хешанд.

Қаҳрамонию ҷасорати Деваштич, шеърҳои маликуушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ғазалҳои беназири Лоиқу Гулназар ва яке аз бузургтарин ровии ҳадиси набавӣ ва каломи илоҳӣ Муҳаммад Башоро диққати мардуми минтақаҳои гуногунро ба ин макони тамаддунофар ҷалб менамояд. Аз ин рӯ, сайёҳони зиёде ба сайру саёҳати мавзеъҳои таърихии ин шаҳри биҳиштосо омада, аз таъриху тамаддуни мардуми ин минтақа дидан менамоянд.

Баъд аз зиёрати оромгоҳи устоди шоирони тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мо ба сӯи деҳаи Мазори Шариф - деҳае, ки ба олам шоири тавоно Лоиқи бузургро эҳдо намудааст, равон гардидем.

Аз нақлиёти мусофирбар фаромадему дар байни анбӯҳи дарахтон, арчазорони бемислу монанд, дар поёни кӯҳи Чилмеҳроб назарамон ба мақбараи азиме афтод, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард. Бале, он Мақбараи Балхӣ буда, дар баландие ҷойгир шудааст. Аз нақшу нигор, хаттотии қадимаю хатҳои шикастаи он маълум аст, ки мақбараи мазкур таърихи куҳан дорад. Аз зинаҳои баланд баромада, ба мақбара наздик шудем. Моро фарзанди масъули ҳамин мақбара Шамсулло Раҷабов пешвоз гирифт. Дохили мадраса гардидему сурае аз қуръони шарифро тиловат карданд.

Изҳор намуданд, ки ёдгории меъмории мақбараи Муҳаммад Башоро таърихи 1100 - сола дошта, дар ду давра сохта шудааст. Дар асрҳои Х - ХII қисми мураббаъшакли бино бо хонаҳо бунёд карда шуда, солҳои 1342 - 1343 даромадгоҳи калони пештоқдор бо сафоли сирдори ранга кандакорӣ карда шудааст. Ороиши асосии тарафҳои чап ва рости даромадгоҳи калони пештоқро кошинкории гилнок дар шакли сеқунҷае, ки он ба тарзи кандакории ҳандасӣ бофта шудааст, зебу зиннат медиҳад. Рӯи он бо нигораҳои гилин дар шакли растанӣ ва ҳурофоти арабӣ пӯшида шудааст. Ду тарафи кунҷҳои калони пештоқдорро сутунҳои аз лой сохташуда ороиш медиҳанд, ки онҳо бо кандакории махсус хаттотӣ шудаанд. Яке аз қисмҳои ҷолиби диққати даромадгоҳ ороиш бо ҳуруфоти арабӣ мебошад, ки аз тарафи рост сар шуда, бо тарафи чап поён меёбад. Дар охири навиштаҷот санаи сохтмони оромгоҳ соли 743 - ҳиҷрӣ (­­­­­­­солҳои 1342-1343) сабт гардида, бо мисраи зерин ба анҷом мерасад:

Ҳар кӣ аз мо кунад ба некӣ ёд,

Номаш андар шумори некон бод.

Оромгоҳ намуди хеле ҷолиб дорад. Баробари ба он ворид шудан кас гӯё худро дар олами таърихӣ тасаввур менамояд. Зеро, хеле тозаву қашанг оро дода шудаасту ороишоти гаҷии он ба сайри шоҳкориҳои таърихӣ мебарад. Аз даромадгоҳ сар карда, дар тамоми ҳуҷраҳо қолинҳои рангоранг густурда шудааст. Дар маркази бино толори гунбази васеъ ва аз тарафи чап ва рости он як қатор ҳуҷраҳои боҳашамат мавҷуданд. Дар толор меҳроби гилӣ бо навиштаҷоти зебои ороишӣ ва колеграфӣ ҷойгир шудааст. Мавҷудияти меҳроб (деворе дар девори масҷид, ки самти Каъба - макони муқаддаси Исломро нишон медиҳад) ҳусни ин толорро боз ҳам зебо месозад. Бояд зикр намоям, ки оромгоҳи Муҳаммад Башоро, ки 37 километр дуртар аз шаҳри Панҷакент, дар яке аз дараҳои зебоманзари кӯҳсори Зарафшон ҷойгир аст, яке аз ёдгориҳои меъмории тоҷикон дар садаҳои ХII - ХIV низ мансуб аст. Ёдгории мазкур чандин давлатдориҳоро аз сар гузаронида, имрӯз яке аз унсурҳои миллии азимест, ки мардуми зиёд ба ин ҷо барои зиёрат меоянд.

Шамсулло Раҷабов ба нигоҳубинии ҳамин бино машғул буда, тамоми умри худро барои ободу зебо намудани гирду атрофи он ва нигоҳ доштани катибаҳои дохили он масраф кардааст. Афсӯс, вақте ки мо аз ин макон дидан намудем, худи эшон дар оромгоҳи Муҳаммад Башоро ҳузур надоштанд. Бино ба гуфти фарзанди он кас, корманди осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи устод Рӯдакии шаҳри Панҷакент баъди соҳибистиқлол гардидани Ватани маҳбубамон боз ин манзил ободу зебо гардида, дар қатори ёдгориҳои таърихии қадим ба шумор меравад ва ягона гунбази Балхӣ дар Осиёи Миёна боқӣ мондааст. Гунбази мазкур бо дастони устоҳои маҳаллӣ сохта шудааст.

Бояд зикр намуд, ки оромгоҳи Муҳаммад Башоро дар ҷониби шарқии рустои Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент воқеъ буда, ривоят мекунанд, ки номи деҳа низ ба ифтихори мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро Мазори Шариф ном гирифтааст. Муҳаммад Башоро дар замони хилофати Аббосиён, ки халифаи Муҳаммади Маҳдӣ, падари Ҳорунаррашид буд, ба дунё омадааст.

Соҳиби китоби “Тазҳаб - ул - камол фи асмои - р - риҷол” овардааст, ки Хоҷа Муҳаммад Башоро аз 72 шахси мӯътабар ҳадис ривоят кардааст, аз ҷумла Иброҳим ибни Умар ибни Абивазир, Умайя ибни Холид, Ҳолид ибни Ҳорис, Абдураҳмон ибни Маҳдӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфари Fундар, Вақиъ ибни Ҷарроҳ, Язид ибни Зурайъ, Абӯҳошим - ал - Мазҳумӣ, Абӯбакри Ҳанафӣ, Яҳё ибни Қаттон ва ғайра.

Хоҷа Муҳаммад Башоро яке аз боэътимодтарин ровиёни ҳадис ба ҳисоб меравад. Аз Муҳаммад Башоро асҳоби “Сиҳоҳи ситта” Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Термизӣ, Абӯдовуд ибни Моҷа ва Насоӣ, ки дар таснифоташон танҳо ҳадисҳои саҳеҳро ҷамъ овардаанд ва назди чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат мӯътабаранд ва китобҳояшон бо номи “Сиҳоҳи ситта” нашр шудааст, аҳодис ривоят кардаанд. Муҳаммад Башоро дар синни 85 – солагӣ моҳи раҷаби 252 - и ҳиҷрӣ – баробар ба 866 мелодӣ аз дунё даргузаштааст.

Бояд зикр намуд, ки ин макон ҷои зиёрати мардуми кишварҳои гуногун буда, дар девораҳои он бисёр бузургони олам таассуроти хешро зикр намудаанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”
Хуҷанд – Панҷакент – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh