«ҶИЛВАИ РАНГҲО» БО ТОБИШИ НАВ

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 - юми декабри соли 2018 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 - юми августи соли 2019 бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Фестивали «Ҷилваи рангҳо» баргузор гардид.

Фестивали вилоятии «Ҷилваи рангҳо» барои ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои миллӣ, тарғиби либосҳои миллӣ аз матои табиӣ, арҷ гузоштан ба ҳунари волои халқи тоҷик дар дӯхти либосҳои миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллии кӯдакону наврасон ва духтарону ҷавонон, тарбияи зебоипарастӣ, рушди соҳаи саноати сабук мусоидат мекунад.

Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар вилоят даҳҳо тарроҳи эҷодкору дӯзандагони чобукдаст ва навовар рӯи кор меоянд. Ин навбат низ тарроҳону бонувон ва нафарони касбу кори гуногун аз шаҳру навоҳии вилоят маҳсули дастони худро пешкаши тамошобинон гардониданд.

Дар чорабинӣ занону духтарон аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон», «Беҳтарин либос барои персонаҷҳои афсонавӣ», «Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон», «Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон», «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси фароғатӣ» ва «Беҳтарин либос барои хона ва корхона» иштирок ва ҳунарнамоӣ намуда, намудҳои беҳтарини либосҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.

Диплом ва мукофоти пулиро ба ғолибон муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ супурда, иштирокдоронро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сипос гуфт.

Дар фарҷом маълум гардид, ки мақомҳои аввал дар бахшҳои гуногуни фестивал насиби тарроҳони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Бӯстон, Конибодом ва Бобоҷон Fафуров гаштааст. Аз ҷумла, дар бахшҳои «Беҳтарин либоси қадима ва муосири кӯдакону наврасон» тарроҳи шаҳри Хуҷанд Адиба Бобокалонова, «Беҳтарин либос барои персонаҷҳои афсонавӣ ва хоси корвони шодӣ» тарроҳ аз шаҳри Исфара Мукаммала Умарова, «Беҳтарин либосҳои рӯзмарраи духтарон ва занон» тарроҳи шаҳри Панҷакент Мавзуна Абдураҳмонова, «Беҳтарин либос барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон» тарроҳ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов Гулбаҳор Отаҷонова, «Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона» тарроҳ аз шаҳри Хуҷанд Матлуба Зиёбоева, «Беҳтарин либоси расмӣ» тарроҳи шаҳри Бӯстон Мухбира Раҳимова, «Беҳтарин либоси фароғатӣ» тарроҳи шаҳри Конибодом Заррина Раҳимҷонова ва «Беҳтарин либос барои хона ва корхона» тарроҳ аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров Мадина Каримова сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ ғолибони даври вилоятии озмуни «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» бо диплом ва мукофоти пулӣ ҳавасманд гардиданд.

Ҳунармандони вилоят бо суруду оҳангҳои марғуб ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.

Шоира САЛИМОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh