ОБОДӢ – РАМЗИ ҲАЁТИ ШОИСТА

Доир намудани корҳои созандагӣ - бунёди роҳҳо, иншооти соҳаи гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла, тандурустӣ ва кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва иҷрои нақшаҳои пешгузошта ва омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен низ босуръат идома дорад.

То имрӯз дар ҷамоати мазкур иншооти гуногун, амсоли гармхона, фермаҳои чорвои шохдори калон ва моли хушзот, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаву толори варзишӣ ва мағозаҳо сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, истгоҳҳо таъмир карда шуда, 400 метр роҳи деҳаи Ҷовидон мумфарш ва 800 метр роҳи зиёратгоҳи «Лангар - ота» шағалпӯш гардид. Сохтмони хонаи афсарон, ҳаммом ва бинои ёрирасон барои дидбонгоҳи сарҳадӣ дар арафаи анҷомёбист.

Зимни сафар ба деҳаи Иттифоқ мо шоҳиди азнавсозии бинои бунгоҳи тиббӣ гардидем. Имсол дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Тағояк аз тарафи Хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод - 2» - и Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Бобоев бо масоҳати 1 гектар сохтмони гармхона ба итмом расонида шуд. Дар маҷмӯъ, бунёди ин намуд гармхона аз тарафи хоҷагии деҳқонии мазкур бо масоҳати 4 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Дар деҳа пули кӯҳна корношоям гардида, ҳаракати нақлиёт ва ашхос хатарнок гашта буд. Аз ин лиҳоз, бо дастгирии аҳолии деҳа, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мардум тасмим гирифтанд, ки пули нав бунёд намоянд.

Алҳол яке аз манзараҳои ҷолиби диққат, ки дар дили инсон ҳисси қаноатмандӣ ва шукргузориро меафзояд, ин рафти корҳои бунёди пули нави деҳаи Иттифоқ мебошад.

Ҳаҷми маблағи зарурӣ барои сохтмони пул 150 ҳазор сомониро ташкил дода, ба наздикӣ сокинон соҳиби пули нав мегарданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh