СУБҲИ САОДАТ ДАР ОИНАИ ОФТОБ

Мазмун бидону чеҳра бубин

Барҳақ, бо ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми минтақаҳои кишвар ободкориву созандагӣ бомаром ҷараён дорад. Шаҳру деҳоти кишвар сол аз сол симои худро дигар намуда, диёрамон ба як макони ободу зебо, сарзамини биҳиштосо ва афсонавӣ мубаддал мегардад.

Маҳз, солҳои 2019 - 2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бозгӯ аз он аст, ки дар ҳар як минтақаи кишвар ташаббусҳои бунёдкориву созандагӣ сарчашмаи сабз дошта, сол аз сол симои шаҳру деҳот дигаргун мегарданд.

Бунёди роҳҳои бузург, иншооти азим, боғу токзорҳои нопайдоканор, хиёбонҳои биҳиштосо тасдиқи чунин гуфтаҳоянд.

Зимни нақшаи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят, иттифоқҳои касабаи соҳаи фарҳанг, варзиш ва иттилоот ва саноати сабук як гурӯҳ фаъолони иттифоқи касаба барои сайру саёҳати мавзеъҳои таърихии шаҳри бостонии Панҷакент озими сафар шуданд. Нақлиёти мусофирбарро ронандаи хушзавқу моҳир Умедҷон идора мекард. Кормандон гӯё болу пар кушода буданд, ки аз муқаддасоти миллати худ, дастовардҳои солҳои Истиқлолият, қадамгоҳи бузургони олам, оромгоҳҳои шеъру шоирон ва ҳамчунин мавзеъҳои таърихии ин куҳаншаҳр бештар огоҳ мешаванд. Бале, донистану арҷ гузоштани муқаддасоти миллӣ ба ҳар як сокини кишвар фоли нек аст.

Панҷакент яке аз шаҳрҳои бонуфузи Осиёи Марказӣ, Роҳи бузурги абрешим мақоми намоёнро ишғол карда, дар ривоҷи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқҳои ҳамҷавор саҳмгузорӣ намудааст.

Роҳ ба сӯи иқбол

Нақлиёти мусофирбар дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ ба пеш ҳаракат мекард. Ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич ва шаҳри Истаравшанро гузашта, ба ноҳияи Шаҳристон ворид шудем. Қад – қади роҳи мошин биноҳои гуногуни истироҳатию фароғатӣ, чойхонаю ошхонаҳо бунёд ёфтаанд. Гурӯҳи сайёҳии мо сари як пиёла чой дар қаҳвахонаи “Шаҳристон” таваққуф намуд. Аҷаб бинои зебою дилрабое буд, бо тарзи замонавӣ сохта шуда, диққати ҳар роҳгузарро ба худ ҷалб менамуд. Баъди каме таваққуф боз ба роҳ баромадем.

Манзараҳои табиати афсонавии ин диёри биҳиштосо ҳар бинандаро мафтуни худ месохт. Табиати дилфиребу кӯҳсорони сарбафалаккашидаи Шаҳристонро дида, суханони Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чандин сол пеш дар рӯзи гузоштани санги асос ба нақби “Шаҳристон” гуфта буданд, ба хотирам омад. Сарвари давлат ба арчазорони бемислу монанд ва манзараҳои дилфиреби ин мавзеъ назар карда, изҳор намуданд:

“Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Ин ҳусну латофат, ин бузургию ҳашамати кӯҳҳои диёри худро дар ягон мамлакати дигари дунё надидаам. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем.”

Бале, солҳо сипарӣ шуданду нақби “Шаҳристон” бунёд ёфт, шаҳри Хуҷандро бо маркази ҷумҳурӣ ҳалқапайванд намуд. Мо боз ба пеш ҳаракат намудем. Дар роҳ мошинҳо ба ду самт, ҳам Хуҷанд ва ҳам Душанбе ҳаракат доштанд.

Хаёлоти маро овози Каҳрамонҷон роҳбалади гурӯҳ таконе бахшид:.

- Мо ба нақби “Шаҳристон” наздик шуда истодаем, ки он 5250 метрро ташкил медиҳад,- изҳор намуд ӯ.

Бояд зикр намуд, ки пеш аз бунёди нақби “Шаҳристон” ба воситаи ағба мардуми кишвар 2 - 3 соат роҳро тай менамуданд. Ҳар сол дар ағба чандин нафар ба садама дучор шуда, ҷони худро аз даст медоданд.

Маҳз, сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат буд, ки имрӯз нақбҳои “Шаҳристон” - у “Истиқлол” бунёд шудаву орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик амалӣ гардид. Ҳар фарди ватандӯсту меҳанпараст нағз дар хотир дорад, ки паси бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим чӣ қадар меҳнат, чӣ қадар заҳмат ниҳон аст. На ҳар кӣ ба бунёди нақб эътимод дошт. Пешвои муаззами миллат изҳор намуда буданд, ки “агар лозим бошад, нақбро бо нохунҳоямон меканем.”

Бале, гуфтаҳои Сарвари давлат амалӣ гардиданду мардум ба орзуи худ расиданд.

Гули мурод шукуфт аз ҳидоят

Баъди 4 - 5 дақиқа мо аз ноҳияи Шаҳристон ба воситаи нақби қиёснопазир ба ноҳияи Айнӣ ворид шудем. Дар тарафи рост қаторкӯҳҳои сарбафалаккашидаи Ҳисор воқеъ буд. Роҳбалади мо ба суоли аҳли гурӯҳ ҷавобҳои дақиқ медод.

- Ана ин, - изҳор намуд ӯ - баландтарин қуллаи кӯҳи Ҳисор Чинтарға аст. Ба ростӣ , ҳарчанд тез – тез бо ин роҳ ба Душанбе мерафтам, дар ин бора бори аввал фаҳмидам.

Умедҷон оромона мошин меронд. Аҳли гурӯҳ гоҳ акс мегирифтанду гоҳ ба кӯҳҳои осмонбӯси ин мавзеъ ба чашми ҳайратбор менигаристанд.

- Паси ҳамин кӯҳ зодгоҳи Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, деҳаи Куруд, - изҳор намуд Қаҳрамонҷон.

Деҳаи Хишекату дарёи Зарафшонро убур намуда, огоҳ шудем, ки ин дарёи шӯхоб аз Кӯҳистони Мастчоҳ сар карда, то Панҷакенту Самарқанд ҷорист.

Соат 9:50 дақиқа. Мо дар роҳи Душанбе - Чаноқ ба самти роҳи Панҷакент тоб хӯрдем. Шаҳр дар дараи рӯди Зарафшон ва шарқтар аз шаҳри Самарқанд дар баландии 900 метр аз сатҳи дарё ҷой гирифт, ҷойҳои диданӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ дошта, зодгоҳи бузургони илму адаб Рӯдакиву Лоиқ, Ансориву Сорбон, Гулназару бузургони дигари миллат мансуб меёбад. Бори дигар дарёфтам, ки Лоиқи бузургвор хуб гуфтааст:

Тоҷикистон мазҳари ман, сарзамини камзамин,

Ту саросар кӯҳсорӣ, ту саросар сангзорӣ

Дар ҳақиқат, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Панҷакент саршори илҳоми шоир буданд. Манзараҳои табиати ин диёри зебоманзарро пушти сар карда, ба пеш ҳаракат намудем. Дар роҳҳои мумфаршу чун кафи даст ҳамвор нақлиёти мо бо шаст пеш мерафт. Бояд зикр намуд, ки соли 2015 роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент таъмири куллӣ гардида, бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, ки он 112,6 километрро ташкил медиҳад. Сайру саёҳат ба Панҷакент дар ин роҳҳои ҳамвор касро ба ваҷд меовард. Аз тарафи чап дарёи Зарафшон моро ҳамроҳӣ мекард. Баъд аз ба охир расидани қишлоқи Искодар ба деҳаи Дар - Дар ворид шудем.

- Ана ин зодгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии мо,- изҳор намуд Қаҳрамон.

Пас аз гузаштани пули нав дар тарафи чапи роҳ қишлоқи Зеробод, сипас деҳаи Навдонак буд.

Бояд хотиррасон намоям, ки дар ин шоҳроҳ 31 адад пули хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд. Гумон мекардам, ки дарёи Зарафшон аз ноҳияи Айнӣ моро роҳбаладу ҷонибдори сайру саёҳат буд.

Навишта тамаддун бо оби тилло

Дар дараи Зарафшон 60 километр шарқтар аз Панҷакент рустои Панҷрӯд ҷойгир шудааст, ки зодгоҳи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Малик - уш - шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.

- Ба ҷониби чап нигоҳ кунед, - гӯён роҳбалад якбора диққати ҳамаро ба худ кашид. Ана ҳамон деҳаи зебоманзар Панҷрӯд аст, ки шумо онро дида истодаед.

Бале, нақлиёти мусофирбар моро ба зодгоҳи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ наздик мекард. Баъди чанде нақлиёт ба сероҳае наздик шуда, фаҳмидем, ки роҳи рост моро ба шаҳри Панҷакент ва чап ба деҳаи Панҷрӯд мебарад. Торафт ба оромгоҳи Маликушшуаро наздик мешудему қалбҳои моро як ҳиссиёти гуворое фаро мегирифт.

Шукри беадад, ки ба мо муяссар шуд, ки сайри мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаву бостонӣ, шаҳри ҳунармандону косибон, олимону орифони замонро аз оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз намоем.

Оромгоҳи устод - чароғи дидаи мо!

Дар оромгоҳи устоди забардасти шеъри Аҷам моро посбон Муҳаммадӣ Бобомуродов пешвоз гирифт. Мо аз зинаи дарозу ободи ин мавзеъ, дар оғӯши арчазори сарсабз ба оромгоҳи устод ворид шудем. М.Бобомуродов порае аз Қуръони Маҷидро қироат намуда, ба рӯҳи шоири забардаст ва гузаштагони ҳамин манзилу макон бахшид. Сипас, якҷоя аксбардорӣ намуда, аз нақшу нигори бинои оромгоҳ дидан намудем. Китобхонаю осорхонаи устодро дида, аз таърихи пурғановати мардуми шаҳри бостонӣ огоҳ шудем.

Дар рӯзи якуми сафар баъд аз сайри оромгоҳи устод Рӯдакӣ ба мақбараи Муҳаммад Башоро омада, аз кандакорию нақшу нигорӣ қадимаи бинои 1100 - сола дидан кардем. Бояд зикр намоям, ки оромгоҳи Муҳаммад Башоро, ки 37 километр дуртар аз шаҳри Панҷакент, дар яке аз дараҳои зебоманзари кӯҳсори Зарафшон ҷойгир аст, яке аз ёдгориҳои меъмории тоҷикӣ дар садаҳои ХII - ХIV мебошад. Бояд қайд кард, ки ёдгории мазкур чандин давлатдориҳоро аз сар гузаронида, имрӯз он яке аз унсурҳои миллии азимест, ки мардуми зиёд ба ин ҷо барои зиёрат меоянд.

Бояд зикр намоям, ки Шамсулло Раҷабов ба нигоҳубинии ҳамин бино машғул буда, тамоми умри худро барои ободу зебо намудани гирду атрофи он ва нигоҳ доштани катибаҳои дохили бино масраф кардааст. Афсӯс, вақте ки мо аз ин макон дидан намудем, худи эшон дар оромгоҳ ҳузур надоштанд. Бино ба гуфти фарзанди он кас, корманди осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи устод Рӯдакии шаҳри Панҷакент солҳои Шӯравӣ ба муқаддасоти миллӣ, ёдгориҳои таърихӣ каме беэътиборӣ мешуд, ки боиси хароб гардидани он гаштааст. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ватани маҳбубамон боз ин манзил ободу зебо гардида, ёдгории таърихии қадим ба шумор меравад ва ягона гунбази Балхӣ дар Осиёи Миёна боқӣ мондааст. Гунбази мазкур бо дастони устоҳои маҳаллӣ сохта шудааст.

Гар оташам, гар оташин, ёд аз мани ошиқ кунед...

Баъд аз сайри мақбараи Муҳаммад Башоро сӯи Хона - музейи устод Лоиқ Шералӣ роҳ пеш гирифтем. Дар ҳамон хонае, ки Лоиқ ба дунё омадаасту ҳамон гаҳворае, ки Лоиқи кӯдаку кӯчакро хобонидаанд, дар ҳамон хонае, ки ба Лоиқи ширинсухан, шоири тавонои тоҷик модараш ҷомаи домодӣ дӯхта буд, гирди сандалӣ нишастему аз шеъру суруд ва оҳангҳои диловези бародари хурдиаш Ботур Аминов баҳравар гардидем.

Бояд зикр намуд, ки Хона - музейи устод Лоиқ дар Ҷамоати деҳоти Мазори Шариф воқеъ буда, он соли 2001 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Хона - музей аз се ҳуҷра иборат буда, ҳуҷраи аввал асбобу анҷоми рӯзгор, ҳуҷраи дуюм сурату аксҳои Лоиқ бо падару модараш, дар як хона туҳфаҳои ба Хона - музей тақдимшуда ҷойгир аст. Дар даромадгоҳи бино нимпайкараи устод гузошта шудааст. Аз он ҷо аҳли гурӯҳ бо табъи хеле хуш ва рӯҳи болида берун омадем. Бо ҳамин фараҳу фараҳмандӣ рӯзи аввали саёҳати мо ба охир расид.

Саразм: кӯи тамаддун аст ин ҷо!

 Рӯзи дуюми сафар мо бо роҳбаладии мудири шуъбаи муосири Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихии кишваршиносии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” Холиқ Шукуров аз шаҳри қадимаи Саразм дидан намудем. Бино ба гуфти роҳбалад 31 - уми июли соли 2010 ёдгории Саразм дар сессияи 34 - уми Юнеско, ки дар Бразилия баргузор гардид, ба феҳрасти мероси фарҳангии умумибашарӣ шомил шудааст.

Худи шаҳри Саразм яке аз ёдгориҳои бостонии диёрамон маҳсуб ёфта, 15 километр дуртар аз шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Маҳз, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 - ум 5500 - солагии шаҳри тамаддунасоси миллӣ - Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз дар ин шаҳри қадима омодагиҳо ба ин ҷашн бо суръати том ҷараён дорад.

Баъд аз сайри Саразм мо Муассисаи давлатии Осорхона ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Панҷакенти қадим ва шаҳри Панҷакентро тамошо намудем. Баъди сайру саёҳати фараҳбори дурӯза бо таассуроти нек ва ҳам ғанӣ ба Хуҷанд баргаштем. Эҳсоси ватанпарастию инсондӯстӣ ва ифтихори миллии мо ҷӯш мезадад. Бо чашмони сар ва дили эҳсосбор дидем, ки миллати тоҷик меҳнатдӯсту эҷодкор, тамаддунофар ва меросбари ниёгони азалии хеш буда, асолату рисолати бунёдӣ аз насл ба насл омада расидааст.

Зиҳӣ, субҳи саодат, муҳаббати меҳан ва оинаи офтоби соҳибистиқлолии манзилу макони миллати бофарҳанги тоҷик!

Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”
Хуҷанд – Панҷакент – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh