МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ ЁВА ТАМОШОБОБУ ДИДАНИСТ!

Сокинони маҳаллаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров иқдоми пешгирифтаи раиси ҷамоат Ҳасан Шералиевро дастгирӣ ва ҳамовозӣ намуданд. Зеро минбаъд мардум роҳи 2,5 километраро, ки то кунун нообод буду бо дастгирии соҳибкорон ва сокинони маҳалла мумфарш гардид, тай хоҳанд кард.

Аз мумфарш шудани роҳ бахусус, мактабиён, ки ҳамарӯза ба муассисаи таълимӣ барои донишомӯзӣ меоянду аз маҳалли зист тавассути ин роҳ мегузаранд, изҳори шодмонӣ карданд. Зиёда аз ин, бошандагони маҳаллаи Хӯҷагулистон 1 километр роҳи кӯчаҳои ба номи Т.Шарифов, А.Ортиқов ва А.Каримовро шағалпӯш карданд. Ҳамчунин, вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Ҷаҳонгир Ҷабборов иқдом пеш гирифтааст, ки ба масофаи 1500 метр кӯчаҳои мазкурро чароғон карда, дар ободии диёраш ҳисса гузорад.

Дар доираи омодагиҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳои ободонию созандагӣ ҷараён доранд. Боиси қайд аст, ки то ин муддат сокинони деҳаи Осареғ соҳиби трансформатори 400 кВт ва сокинони деҳаи Чилламазор трансформатори 180 кВт - ро соҳиб гаштанд, ки барои озодона ва бенуқсон интиқол додани нерӯи барқ ба аҳолӣ равона шудааст.

Мӯйсафедони маҳаллаи Зарбоғ бошанд, дер боз интизори таъмири чойхонаи маҳалла буданд, то даме худро сари як пиёла чой осуда эҳсос намоянд. Ин аст, ки соҳибкор А.Самадов барои хурсандии сокинони маҳал ва бузургсолон чойхонаро аз таъмири хушсифат бароварда, бо таъсиси ҷойҳои корӣ саҳми худро дар ободии диёр гузошт. Соҳибкор иброз медорад, ки дуои неки мӯйсафедон ӯро болидарӯҳ намуда, боиси ривоҷ ёфтани пешаи соҳибкориаш мегардад.

Ҳамчунин, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик», ки дар минтақаи Зарбоғ ҷойгир аст, барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Кишоварзони деҳа ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои созанда пешвоз гирифтанианд. Меҳнати шабонарӯзии соҳибкорон Тоҳир Ниёзов дар таъсиси Хоҷагии деҳқонии «Мустафо - 2017» дар минтақаи Зарбоғ ба масоҳати 5,4 гектар боғ, Маниҷа Умарова дар таъсиси Хоҷагии деҳқонии «Маниҷа» ба масоҳати 0,12 гектар боғ дар ҳамин минтақа, Умеда Умарова бо таъсиси Хоҷагии деҳқонии «Шараф» дар деҳаи Чашмаи ҳаёт ба масоҳати 4 гектар хеле назаррас буда, ҳамчунин бунёди боғ ба масоҳати 1 гектар аз тарафи Хоҷагии деҳқонии «Раҳимӣ» дар минтақаи обанбори «Фарҳод» боғдорону кишоварзонро водор месозад, ки ҳамарӯза меҳнат карда, барои пурнозу неъмат ва обод гардидани дастархони мардум камари ҳиммат банданд.

Мардуми деҳа дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррам гардонидани гирду атрофи маҳал кашидани хатти оби нӯшокиро дар маҳаллаҳои Зарбоғ, Қорибобо, кӯчаҳои ба номи И.Эрматов, Р.Муллобоев, бунёди марказҳои хизматрасонӣ, боғ, сохтмони коргоҳи коркарди санг, майдончаи варзишӣ ва бунёди сартарошхонаро ба нақша гирифта, то муҳлати муқарраргардида онро ба анҷом расонида ба истифода доданианд.

- Истиқлолият неъмати бузург буда, истиқболи сазовори ҷашни табаррук вазифаи ҳар фарди тоҷикистонӣ аст. Мо - мардуми деҳа дастуру супоришҳои Сарвари мамлакатро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем.

Ҳамчунин, дар доираи эълон шудани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» обод намудани як гӯшаи кишварро пешаи худ қарор дода, барои тамошогаҳи сайёҳону меҳмонон гардидани ин маҳалли зебоманзар бо ғайрати дучанд меҳнат менамоем. Зеро баробари мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ доштани деҳа мардумаш меҳмоннавозу меҳмондӯст ҳастанд, - иброз медорад раиси ҷамоат Ҳасан Шералиев.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh