Вазъи саҳро: Муҳимияти чораҳои ҳифзи ҳосил

Солҳои охир дар кишварамон ба рушди соҳаи пахтакорӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда, ин раванд пас аз ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат суръату ҷараёни тоза гирифт. Пахтакорони хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, ҳосилнокии ин зироатро сол ба сол зиёд карда истодаанд. Дар ҳақиқат рушди соҳаи пахтакорӣ хеле афзалияти зиёд дошта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти кишварамон таъсири мусбӣ мерасонад.

Рушду такомул бахшидан ба ин соҳа имконият медиҳад, ки аввалан ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, барои корхонаҳои саноатии кишвар ашёҳои хоми пурбаҳо муҳайё гардад. Аз ҳисоби фурӯши ин зироат ба кишвар маб-лағи хориҷӣ ворид ва дар роҳи таъмини амнияти озуқавории кишвар қадамҳои устувор гузошта мешавад.

Моҳи июл баҳри пахтакорон моҳи ба ҳосил - ҳосилзамкунӣ маҳсуб меёбад. Дар ин айём рӯз ба рӯз дар ниҳоли пахта пайдо шудани шона, гул ва кӯрак авҷ мегирад. Дар ин давра зироати пахта сари вақт озуқадиҳӣ ва додани оби полезиро талаб мекунад, ҳамчунин дар ин мавсим муҳим аст, ки ҳосил аз ҳашароти зараррасон, хусусан кирми ғӯза эмин нигоҳ дошта шавад.

Барои пешгирии зарари кирми ғӯза дар қитъаҳои пахтазор чӣ корҳои муҳимро бояд ба анҷом расонид?

Айни ҳол дар хоҷагиҳои пахтакорӣ дар ниҳоли пахта пайдошавии 14-16 шохи ҳосилдеҳ мушоҳида мешавад. Ин тақозо мекунад, ки обёрии полезӣ гузаронида, сипас сарчинкунии пахтакор зарур аст. Дар ин маврид истифода бурдани пешдоманҳо ва ба сари замин баровардани шохаҳои сарчиншуда ба мақсад мувофиқ мебошад.

Агар дар қитъаҳои пахтазор ҳолатҳои тухммонӣ ва пайдошавии кирми ғӯза ба қайд гирифта шавад, барои пешгирии он се грамм трихограммаро ба як гектар дар байни 15 - 17 рӯз дода, бар зидди кирми ғӯза бошад, истифода бурдани бракон ба як гектар 1000 - 2000 адад лозим аст.

Барои нобуд кардани зочаҳои кирми ғӯза бояд дар оғози шонабандӣ истифода бурдани доминакҳои феромонӣ ду адад ба як гектар натиҷаи хуб медиҳад.

Ҳамчунин, истифода бурдани сироп ба мақсад мувофиқ буда, тайёр кардани он оддӣ аст. Ба 5 литр об як килограмм шакар ва 200 грамм хамиртуруш андохта, маҳлулро як шабонарӯз нигоҳ дошта, банкаҳои полиэтиленӣ 5 - 7 сантиметр андохта, дар қитъаҳои пахтазор дар баландии 1 - 1,5 метр гузоштан лозим аст. Ба 1 гектар пахтазор то 10 адад мондан ба мақсад мувофиқ мебошад ва ҳар рӯз субҳ бояд қитъаҳоро аз назар гузаронида, аз зочаҳои афтида тоза кардан лозим аст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар даври шонабандӣ истифода бурдани сул-фури оддӣ (миқдори 20 - 30 килоро ба 1 гектар пахта чанголуд кардан) афзоиши кирми ғӯзаро пешгирӣ карда, дар ин қитъаҳои пахта миқдори ками кирми ғӯза ба қайд гирифта мешавад.

Истифода бурдани заҳрхимикатҳо бар зидди кирми ғӯза фақат дар асоси назорати пахтазор сурат гирифта, агар дар 100 ниҳол зиёда аз 8 - 10 адад кирми ғӯза ба қайд гирифта шавад, бояд коркарди кимиёвӣ гузаронида шавад.

Ба таъкиди олими соҳаи кишоварзӣ, академик А.Самадов, агар пахтазор аз алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасон тоза, замин нам ва мулоим ва бо озуқа таъмин бошад, пахта ҳосили хуб медиҳад.

Ином Қобилбеков,
номзади илмҳои кишоварзӣ,
ходими калони илмии
филиали Институти
«Зироаткорӣ» дар вилояти Суғд