January 2023

31 January 2023

“НЕКСИГОЛ” - ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ БАРОИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр карданд: “Соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ буда, яке аз ҳадафҳои стратегии мо ‐ таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум аз дараҷаи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад”.

Дар маҷлиси ҷамъбастии Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода саҳми гурӯҳи «Нексигол»‐ро дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ хуб арзёбӣ намуд. Оид ба бурду бохти ин ҷамъият мо бо Маҳинахон Сулейманова, сарвари иҷроияи «Нексигол Мушовир» ҳамсуҳбат шудем. Номбурда зикр намуд, ки «Нексигол» гурӯҳест, ки аз се ширкат, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нексигол», Ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нексигол Навовар» иборат аст. Аввалин ширкат дар гурӯҳ ҶСК «Нексигол» буд, ки соли 2002 таъсис ёфтааст. Ш

иркати мазкур ба воридот ва фурӯши тухмиҳо ва воситаҳои ҳифзи растаниҳои сертификатсияшуда тавассути шабакаи мағозаҳои кишоварзии «МЕЪРОҶ» машғул аст. «Нексигол Мушовир» ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, аз соли 2009 инҷониб хизматрасонии машваратӣ, омӯзишӣ ва илмӣ‐тадқиқотиро пешниҳод менамояд. «Нексигол Навовар»ширкати AgTech буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва бо таҳияи хизматрасониҳои рақамӣ барои беҳтар кардани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ машғул аст. Ҳамасола «Нексигол» ба даҳҳо корхонаи хурду миёна, ки ба агробизнес машғуланд ва ҳазорон деҳқонон дар баланд бардоштани фоида аз истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар кардани сифати маҳсулот ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар истеҳсолот, коркард ва маркетинги маҳсулот ёрӣ мерасонад.

М.Сулейманова мегўяд, ки ҳадафи мо ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки агробизнесро даромаднок, самаранок ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар менамояд. Мо дар кору фаъолиятамон навоварӣ, шаффофият, эътимоднокӣ, ғамхорӣ, сифат ва шарикиро қадр мекунем.

‐Хизматрасониҳои «Нексигол» барои ҳамаи иштирокчиёни занҷири арзиши кишоварзӣ, аз таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолӣ, деҳқонон ва корхонаҳои коркарди маҳсулот то мақомоти дахлдори давлатӣ пешбинӣ шудааст, ‐иброз дошт мавсуф.

Ҳайати «Нексигол» аз 24 нафар корманди асосӣ дар саридора, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, зеридораҳо дар минтақаҳо ва зиёда аз 100 нафар корманди саҳроӣ иборат аст. Мушовирон дар соҳаи агрономӣ, ҳифзи растаниҳо аз зараррасонҳо, чорводорӣ, обёрӣ, тиҷорат, таҳлил ва муҳандис‐барномасозон мебошанд. Кормандони саҳроӣ агрономҳои саҳроӣ, гидротехникҳо, хизматрасонҳои кишоварзӣ, интервюерҳо ва фурӯшандагони мағозаҳои кишоварзӣ мебошанд.

Инчунин, «Нексигол» базаи мушовиронро дорад, ки онҳоро барои иҷроиши супоришҳои кӯтоҳмуддат ҷалб менамояд. «Нексигол Мушовир» доираи васеи хизматрасониҳои машваратӣ, омӯзишӣ ва тадқиқотиро дар соҳаи кишоварзӣ пешкаш менамояд, ки аз таҳияи маводи таълимӣ, гузаронидани омӯзишҳо барои мураббиён ва омӯзишҳо дар МСД то ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаҷӯӣ ва технологияҳои рақамиро дар бар мегиранд. Номбурда дар суҳбат зикр намуд, ки хизматрасониҳои ширкат истеҳсолот ва маркетинги маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зироаткорӣ ва чорводориро дар бар мегиранд. Мо усулҳои кишоварзии сарфаҷӯӣ, кишоварзии органикӣ ва кишоварзии ба иқлим мутобиқро пешниҳод менамоем, гуфт вай. А

гар лоиҳаҳои «Нексигол Мушовир» ба татбиқи технологияҳою усулҳои нав санҷидашуда ва ба шароити маҳаллӣ мувофиқ кунонидани он нигаронида шаванд, лоиҳаҳои «Нексигол Навовар» ба рақамикунонии хизматрасониҳои кишоварзӣ равона шудаанд. Аз афзалияти рақобатпазирии ташкилот ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки дар «Нексигол» яке аз тимҳои беҳтарини мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаи машваратдиҳии кишоварзӣ ҷамъ омадаанд. «Нексигол Мушовир» шабакаи васеи шариконро барпо намудааст, ки он сохторҳои давлатии дахлдор, ширкатҳои миллӣ ва хориҷӣ, донорҳо ва оҷонсиҳои рушдро дарбар мегирад.

АВВАЛИН ШИРКАТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Ҷоиз ба қайд аст, ки «Нексигол» аввалин ширкат дар Осиёи Марказӣ аст, ки технологияҳои рақамиро дар ҳалли масъалаҳои кишоварзӣ истифода бурдааст. Чӣ хеле, ки қайд карда шуд, то ба ҳол «Нексигол» хизматрасониҳои рақамие таҳия кардааст, ки дастрасӣ ба бозор, дастрасӣ ба дониши кишоварзӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои кишоварзиро беҳтар мекунанд ва ба деҳқонон барои паст кардани хатарҳои ба обу ҳаво ва тағйирёбии иқлим вобаста, иттилооти амалӣ пешкаш мекунанд.

Чунин хизматрасонии рақамӣ, аз қабили HOSIL.TJ онлайн хизматрасонӣ барои интиқоли маводи кишоварзӣ, низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо, e‐Agri‐Map харитаи электронии кишоварзӣ, e‐Agri‐Library китобхонаи электронии кишоварзӣ, агрокалкуляторҳо ва SMS‐agroline СМС‐хизматрасонии паҳни дониши кишоварзӣ ва низоми огоҳкунии пешакӣ ва AgroSpaceBot ёрдамчии виртуалӣ барои агробизнес дар намуди чатбот, замимаҳои мобилӣ барои агробизнес ва ғайраҳо мебошад.

То имрӯз шумораи истифодабарандагони ин хизматрасониҳои рақамӣ беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошанд. Зеро аксари хизматрасонии рақамӣ на танҳо ба тоҷикӣ, балки бо забонҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ, русӣ ва англисӣ низ дастрасанд. Ин хизматрасониҳои рақамӣ ба истифодабарандагон кӯмак мекунанд, ки қарорҳоро дар асоси иттилооти муосир қабул кунанд, то истеҳсолот ва тиҷорати кишоварзии онҳо самараноктар ва бехатар шавад камтар меҳнат талаб намояд. Масалан, HOSIL.TJ ин онлайн‐хизматрасонӣ барои интиқоли маводи кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад. Айни ҳол дар формати MVP (Minimum Viable Product) амал мекунад, ки версияи аввалини хизматрасонӣ аст ва маҷмӯи ҳадди ақали функсияҳои кофӣ барои пешниҳод ба омма ва озмоиш бо истифодабарандагони аввалинро дорад.

Деҳқонон метавонанд ба Маркази тамос занг зананд ё дар вебсайт тухмӣ, нуриҳо, воситаҳои муҳофизати растанӣ ва ғайраҳоро фармоиш диҳанд. HOSIL.TJ маводи кишоварзиро бо нархҳои дастрас пешкаш мекунад, сифати молро кафолат медиҳад ва беҳтарин хизматрасонии пас аз фурӯшро пешкаш мекунад. Сифати кафолатнок маънои онро дорад, ки воситаҳои истеҳсолии маҳсулоти кишоварзӣ дорои сертификат буда, қалбакӣ нестанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини маводи кишоварзии муосири баландсифат ва ба аз ҷиҳати экологӣ безарар дода мешавад. Беҳтарин хизматрасонии баъди фурӯш чунин маъно дорад, ки молҳои фармоишшуда то макони фармоишгарон ба таври ройгон расонида шуда, машваратчиён ё агрономҳо оид ба истифодаи онҳо тавсияҳо медиҳанд.

НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА ТАҲЛИЛИ НАРХҲО

Базаи нархҳо зиёда аз 100 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти кишоварзӣ, воситаҳои истеҳсолӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ, аз қабили сӯзишворӣ, меъёрҳои музди меҳнати мардикорон ва ғайраро дар 15 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон пешкаш менамояд. Дар соли 2015 дар доираи шарикии «Нексигол» ва АгроИнформАзия фарогирӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон васеъ карда шуд ва маълумот оид ба нархҳои 60 намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ шаҳри Қирғизистон дастрас гардид.

Дар Тоҷикистон маълумот оид ба нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ ҳар ҳафта дар бозорҳои чакана тавассути шабакаи интервюерони саҳроӣ ва барои воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ ҳар моҳ аз мағозаҳои кишоварзӣ ҷамъоварӣ мешавад. Низоми мазкур функсияҳои таҳлил ва ҳисоботдиҳиро пешкаш мекунад, ки ба истифодабарандагон имкон медиҳад, нархҳои зарурро зуд аз назар гузаронанд, байни маҳсулот, бозорҳо, давраҳои вақт муқоисаҳо намоянд, диаграммаҳо, маълумот ва омори асосӣ ба монанди нархҳои миёна, тағирёбии фоиз ва ғайраро сабт кунанд. Барои таҳлил ва паҳни маълумоти нархҳо, технологияҳои пешрафта истифода мешаванд.

Маълумот тавассути веб‐платформа, замимаи мобилӣ барои смартфонҳои Android, СМС‐паёмҳо, мессенҷерҳо ва APIпайвастҳо дастрас аст. Низом метавонад ҳисоботҳои ҳафтаина, моҳона ва семоҳаи бозорро ба таври нимавтоматӣ таҳия намояд. Маълу‐мотҳо ба забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мебошад. Низоми мониторинг ва таҳлили нархҳо соли 2010 аз ҷониби Нексигол бо дастгирии техникии БРСММ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба савдо» ва ҲЕЛВЕТАС дар доираи лоиҳаи «Рушди бозори маҳаллӣ» амалӣ карда шуда, аз соли 2016 пурра аз ҷониби Нексигол нигоҳдорӣ ва идора карда мешавад.

ХОҶАГИҲОЕ, КИ АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ «НЕКСИГОЛ» ИСТИФОДА БУРДААНД

Асатулло Ҳабибуллоев, ‐деҳқон, агроном‐мушовири саҳроӣ, соҳибкори инфиродии Хоҷагии деҳқонии “Баҳром”‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат гуфт, аз «Нексигол Мушовир» на танҳо барои пешравии кор ва ободии оилааш, балки барои баландшавии мақомаш дар деҳот миннатдор аст. Маро хурду калон, ҳурмат мекунанд, ҳатто беҳтарин агрономҳо, баъзан барои маслиҳат ба ман муроҷиат менамоянд. Ҳамаи ин натиҷаи он аст, ки банда ҳамеша донишҳои нав меомӯзам. Ва ҳамеша аввалин шуда, ба ин ташкилот муроҷиат мекунам, зеро дар онҳо на танҳо эътимоду дастгирӣ, балки садоқати воқеиро ба рисолаташон эҳсос кардам.

Абдусамад Абдувоҳидов,‐раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Боғпарвар»‐и ноҳияи Cпитамен:

‐Вақте, ки ба наздам мутахассисони «Нексигол Мушовир» омаданд ва аз лоиҳаи наву ворид кардани низоми нави обёрӣ ҳарф заданд, дар дилам нисбат ба онҳо шубҳаҳои гуногуне пайдо шуд. Агар имрӯз фикрҳои нисбати онҳо ҳамон вақт кардаамро ба ёд оварам, ҳам хандаам меояду ҳам шармам. Дар асл бошад, «Нексигол Мушовир» моро аз хоби гарон бедор кард!

Соҷидамо Асоева, ‐раиси Хоҷагии деҳқонии “Соҷидамо”‐и ноҳияи Мўъминободи вилояти Хатлон:

‐Роҳнамо ва самараи корҳои хуби деҳқонии мо занони деҳот низ аз дастгириҳои бевоситаи мутахассисони Нексигол Мушовир буданд, ки имрӯзҳо мо таҷриба, дониш ва усулҳои муосири кишти сабзавот ва зироатҳоро аз бар кардем ва таҷрибаҳои аз онҳо гирифташударо сармашқи кори худ ҳисобида, аз онҳо ҳамеша натиҷагирӣ намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштем.

Маъруф Нуруллоев, раиси Хоҷагии “Нурулло”‐и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон:

‐Баъд аз машварат бо агроном Мақсуд Отабеков агрономи «Нексигол» ман нуриҳои минералиро фармоиш додам. Онҳоро барои парвариши юнучқа, пахта ва гандум истифода бурдам. Ҳосили аз юнучқа ва пахта гирифтаам нисбат ба соли гузашта хело зиёд буд, вале ҳосили аз гандум гирифтаам чандон зиёд набуд. Фикр мекунам, ин натиҷаи шароити номусоиди обу ҳаво аст. Нархҳо дар hosil.tj бо нархҳои мағозаҳои Қумсангир якхела буда ва интиқоли ройгон ҳам дорад. Бартарии аз hosil.tj харидорӣ намудан дар он аст, ки маҳсулоти дархостшуда ҳамеша босифат буда, кафолатнокии он пешбинӣ шудааст.

Шӯҳрат Холиқов, раиси Хоҷагии деҳқонии “Шӯҳрат”и ноҳияи Ваҳдат:

‐Ман муддати тӯлонӣ ба кишоварзӣ машғулам. Дар тӯли таҷрибаи худ дар соҳаи кишоварзӣ, аксар вақт ҳангоми хариди ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо ва дигар ашёҳои кишоварзӣ аз мағозаҳои маҳаллӣ ба натиҷаҳои манфӣ дучор мешудам. Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо платформаи «Hosil.tj» ошно шуда, барои гирифтани машварат бо онҳо тамос гирифтам. Бо Мақсуд‐ака, мутахассиси ботаҷрибаи соҳаи кишоварзӣ маслиҳат карда, ба қарор омадам, ки маҳсулоти лозимаро аз ин ҷо дархост кунам. Ин дар муқоиса бо харид аз мағозаҳо осон, арзон буда, интиқол ройгон аст. Ман дар хоҷагии худ ба ниҳолҳо доруҳои зидди ҳашароти зараррасонро пошида, ҳосили хуб ба даст овардам. Аз он вақт инҷониб маҳсулоти лозимаи кишоварзиро ҳамеша аз Hosil.tj дастрас менамоям.

‐Сатҳи хизматрасоние, ки «Нексигол» тӯли фаъолияташ ба мизоҷони худ мерасонад, танҳо ба хотири пешравии соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии деҳқонон мебошад, ‐гуфт дар охир М. Сулейманова.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ОБОДИИ РОҲҲО - ОБОДОНИИ ВАТАН АСТ

Ҳамасола ироаи Паём аз ҷониби Пешвои миллат ин расидан ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад. Дар паёми навбатӣ низ аз тарафи Сарвари давлат тамоми самтҳои фаъолияти ҷумҳурӣ, аз ҷумла масъалаҳои муҳимтарин расидан ба ҳадафҳои миллии стратегии кишвар, ки худ ҷавҳар ё ки таҳкурсии ҷомеаи миллӣ аст, натиҷагирӣ ва баррасӣ гардид. Соҳаи роҳдорӣ низ чун дигар соҳоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии рушд ба ҳисоб рафта, барои пешрафту тараққиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад. Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингард яке аз ҳадафҳои афзалиятноки давлат ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, дар раванди беҳтарсозии соҳаи роҳу роҳдорӣ таи чанд соли охир дар қаламрави вилоят низ таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии пурраи роҳҳои аҳамияти гуногундошта идома дошта, натиҷаҳои он рӯҳбаландкунандаанд.

Аз ҷараёни таъмини иҷрои нақшаву барномаҳои соҳавӣ, таъмири роҳҳои автомобилгард дар шаҳру навоҳии вилоят бо Олимҷон Очилзода мудири шуъбаи нақлиёт, роҳ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят суҳбат намудем:

‐Мегуфтед, ки соли 2022‐ум чӣ қадар роҳҳои асосии мошингард таъмир, мумфарш ва ба истифода дода шуданд ва дар самти беҳдошти роҳҳои автомобилгарди вилоят боз чӣ корҳо ба сомон расонида шудаанд?

‐Боиси тазаккур аст, ки сол аз сол диққату эътибори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба бунёду азнавсозии роҳҳои автомобилгард бештару хубтар мегардад. Мушаххасан дар ин раванд дар заминаи барномаҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят низ барномаҳои мухталиф таҳияву қабул гардида, дар ҳошияи ин нақша ва иҷрои он чорабиниҳо тарҳрезӣ гашта истодаанд. Ба санаи 30 юми декабри соли сипарӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят наздик 2300 километр роҳҳо таъмир шудааст, яъне 113,7 фоизи нақша ба иҷро расидааст. Аз ҷумла, наздик 335 километр аз таъмири асосӣ, 1100 километр аз таъмири ҷорӣ ва беш аз 860 километр роҳ шағалпӯш шуда, маҳаки асоси бехатарии ҳаракати нақлиёт, равуои сокинон, савдою гардиши мол ва мустаҳкам гардидани заминаи иқтисодии вилоятамон аст. Бояд қайд кард, ки ободии роҳҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят, хоса Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад. Ин аст, ки ҳамасола то 50‐60 километр роҳ аз ҳисоби маблағгузории буҷети вилоят мумфарш мешавад.

‐Дар қаламрави вилоят чӣ қадар роҳҳо амал мекунанд ва роҳсозони вилоят ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо чӣ корҳоро ба анҷом расониданд?

‐Дар қаламрави вилоят 8184,7 километр роҳ ба қайд гирифта шуда, 456,4 дорои роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 413,8 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 2422,38 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ, аз ҷумла 3292, 7 километр роҳ дар мувозинаи муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят”, 278,9 километр дар мувозинаи намояндагии минтақаи Суғди Филиали ШС “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 594,1 километр роҳҳои дар мувозинаи хоҷагии манзилию рифоҳӣ, 4019,63 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мавҷуд мебошанд

Чуноне ҳамагон огаҳем, яке аз ҳадафҳои стратегии давлат раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ маҳсуб ёфта, ба шарофати ваҳдату ҳамгироии мардуми кишвар ва кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо марҳала ба марҳала дастовардҳо афзун гардида истодаанд.

Чуноне Пешвои миллат дар Паёми худ изҳор доштанд: “...Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст”.

Ҳамзамон бобати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи лоиҳаҳои тарҳрезишуда оғоз гардид, аз ҷумла корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом оғоз шуданд.

Дар ин замина роҳбарияти вилоят зимни сафарҳои хеш ба роҳбарону масъулини шаҳру навоҳии вилоят таъкид медоранд, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонида шавад.

‐Солҳои охир ҷавобан ба даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонҳои хайрхоҳу савобҷў бисёр шуда истодаанд, ки аз ҳисоби захираҳои худ дар ободонии роҳҳо саҳмгузор мешаванд

‐Бале, воқеан ин иқдоми нек чанд соли охир вусъати тоза гирифтаву шоистаи таҳсин аст. Аз ин рў, чун солҳои пешин дар корҳои таъмиру тармими роҳҳо ашхоси савобҷўю хайрхоҳ, хоса соҳибкорони ватанию бурунмарзии кишварамон саҳми сазовор мегиранд. Ин аст, ки бино ба маълумоти ҷамъбастии соли сипарӣ бо ин мақсад ба маблағи 26 миллиону 447 ҳазор сомонӣ маблағи онон сарф гардидааст. Аз ҷумла дар ин раванд барои ободониву созандагии маҳалу деҳот аҳолӣ низ имрӯзҳо саҳми арзанда гузошта, аз ҷониби худи сокинони маҳал ба миқдори 32 миллиону 284 ҳазор сомонӣ барои таъмиру тармими роҳҳо ҷудо шудааст. Мушаххасан гўем, мо роҳсозони вилоят бо дарки он, ки роҳи ободи Ватан, яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани иқтисодиёт ва дар ин замина беҳдошти рўзгори мардум, таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмист, қарор додаем, минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам хубтар ба роҳ монда, мекўшем, то ки роҳҳо ҳамеша ободу ба талабот ҷавобгӯ бошанд.

Воқеан, таъмиру тармими роҳҳо амали басо хайру савоб маҳсуб меёбад ва роҳҳои вилоят асосан дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рўи таъмирро дида истодаанд. Роҳ яке аз воситаҳои асосии баҳадафрасии мардум аст. Хеле рамзист, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор додаанд. Роҳбарияти вилоят низ дар пайравӣ ба ҳамин иқдоми Роҳбари олии давлат барномаҳо тартиб дода, давра ба давра амалишавии онро ба иҷро расонида истодаанд.

Тибқи маълумот, агар барои таъмиру тармими роҳҳо дар соли 2018 беш аз 70 миллион сомонӣ масраф гардида бошад, барои соли 2022‐ум беш 113 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, он ба маблағи наздик 195 миллион сомонӣ, ба иҷро расонида шуд, ки ин 170 фоизи нақша мебошад.

‐Мо, масъулини роҳдориву роҳсозии вилоят бо дарки он, ки роҳҳои обод, яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани иқтисодиёт ва дар ин замина беҳдошти рўзгори мардуму таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмист, минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам хубтар ба роҳ монда, мекўшем то ки роҳҳо ҳамеша ободу ҳамвор бошанд.

‐Дар ҳақиқат, мардум аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти кишвару вилоят басо ризову қаноатманданд. Зеро, дар баробари ба эътидол омадану беҳтар гаштани вазъи роҳҳои дохиливу асосии шаҳру навоҳии вилоят, шумораи садамаи роҳу нақлиёт, корношоямии воситаҳои нақлиёт, сарфи вақт барои ҳаракат дар роҳ кам ва ҳифзи муҳити зист беҳтар мегардад. Дар ҷодаи фаъолияти пурзаҳмат барору комёбиҳо хоҳонем.

Ташаккур.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

30 January 2023

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Иди Сада

Кулли сокинони вилояти Суғди бостониро ба муносибати фарорасии Иди Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрӯзҳо бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, самимона таҳният менамоям.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, “Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид”.

Читать далее

Аёдати собиқадорони меҳнат ва беморон дар шаҳри Конибодом

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнат ва беморонро аёдат кард.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли собиқадорони меҳнат Тӯйчибой Ҳоҷибоев ва Қумриҷон Баротова хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои модии худро расонид. Чуноне иттилоъ дода шуд, Тӯйчибой Ҳоҷибоев солҳои зиёд дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, хизмати давлатӣ, идораи барқ кор кардааст. Қумриҷон Баротова бошад дар хоҷагии ба номи Энаҷон Бойматова ба ҳайси коргар ва ҳам сармуҳосиб фаъолият дошт.

Читать далее

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Конибодом шинос гардид.

Зимни сафар ба шаҳри Конибодом роҳбари вилоят нахуст аз комендатураи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар комендатура барои зимистонгузаронӣ маводи сӯхт ва маҳсулот захира гардида, иншооти асосӣ ва ёрирасон бо гармӣ таъмин мебошад. Дар суҳбат бо масъулин роҳбари вилоят иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини қисмҳои низомӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва барои афсарону сарбозон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

Таҷлили Иди Сада дар вилояти Суғд

28 январи соли 2023 дар вилояти Суғд Иди Сада бо риояи анъанаҳои милливу қадимӣ ва бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ тамоми сокинони вилоятро ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада табрик гуфта, қайд намуд, ки ҷашни Сада яке аз ойинҳои куҳантарини мардуми тоҷик аст, ки баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.

Читать далее

МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХӢ БАРҚАРОР МЕШАВАНД

Шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд яке аз шаҳрҳои куҳан ба шумор рафта, сол то сол намои он зебо гардида истодаааст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сохтмони иншооти мухталифи муосир, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна, меҳмонхонаҳои зебову барҳаво, коргоҳҳои саноативу боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва марказҳои савдову хизматрасонӣ беш гардида, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Агар ба таърих дақиқан назар афканем пас аён мешавад, ки шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази тиҷорат машҳур буд, зеро аз он ҷо «Роҳи бузурги Абрешим» мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро ба ҳам пайваст мекард. Хуҷанд ҳамчун шаҳри таърихан куҳани Осиёи Марказӣ, аз рӯи тадқиқоти олимони бостоншинос, таърихшиносу меъморон, чанд давраи бобаракаташро аз сар гузаронидааст. Дар шаҳр мавзеъҳое мавҷуданд, ки таърихи куҳан дорад. Яке аз чунин мавзеъҳои қадима Қалъаи Хуҷанд мебошад, ки бозгӯи таърихи куҳан доштани шаҳр аст.

Қалъа аз асри VII то асри XIX вуҷуд доштааст. Даромадгоҳ ва деворҳои қалъа қисман дар охири асри XX барқарор шудаанд. Атрофи қалъаро деворҳои баланд, ки қисман хароб гаштаанд, иҳота мекунанд. Он бо арк – кремл – қасри ҳоким, қасри шоҳ дар замони давлати Каёниён – эрониёни шарқӣ бунёд гардидааст. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, ҳудуди қалъа, ки яке аз мавзеъҳои таърихиву қадимии маркази вилоят маҳсуб меёбад, эҳё гардида истодааст. Сохтмони он соли 2018 оғоз шуда, то ба имрӯз идома дорад.

Бино ба иттилои сармутахассиси идораи сохтмони асосии вилоят Даврон Ниёзов, лоиҳаи таърихи иншоот аз тарафи Институти лоиҳакашии филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашии ҷустуҷӯии (ФАНИИОСП) СИЛИОСП тарҳрезӣ шудааст.

‐Бо дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода яке аз мавзеъҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд Қалъаи Хуҷанд ба пуррагӣ аз нав барқарор гардида, таъмири Хуҷанди қадима бо истифода аз ҳунарҳои қадимии миллӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ барои сохтмон ва азнавсозии иншоот 14 ширкати сохтмонӣ, аз ҷумла ҶДММ “Суғдсобкор”, ҶДММ “ПМК Ваҳдат”, ҶДММ “КММ – 44”, ҶДММ “Сохтмони Истиқлол”, ҶДММ “Сохтмони Кабир”, ҶДММ “Устомансур” ва дигарҳо ҷалб шудаанд. Барои сохтмон масолеҳи сохтмонии маҳаллӣ истифода шудааст. Масоҳати умумии қалъа 6 гектар буда, лоиҳа аз бинои маъмурӣ, осорхона, маҳаллаи қадимаи шаҳр, чойхона, ҳаммомхона, меҳмонхона, девори қадимаи ҳокимнишин, растаҳои савдо иборат аст. Дар маҳаллаи бунёдшаванда 8 ҳавлӣ, аз ҷумла ҳавлии ҳунармандон кулолгарон, сангтарошон, заргарон, тоҷирон мавҷуд аст, ки ҳар як ҳавлӣ муаррификунандаи таърихи асрҳои XVIII – XIX мебошад. Дар бинои осорхона бошад, панҷ толор бунёд ёфтааст ва ҳар як толор тақсимбандӣ шудааст, аз ҷумла толори илмӣ адабӣ, бостоншиносӣ, 30 солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, санъати тасвирӣ, таърихи шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар ҳолати пурра ба истифода додан шояд номи толор ва ё мўҳтавои онҳо тағйир ёбанд. Баробари ин дар саҳни Қалъа ду фаввораи калон бунёд меёбад.

Даромадгоҳи асосии Қалъа аз дохили боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва се даромадгоҳи иловагӣ аз тарафи девори ҷанубӣ гузошта мешавад. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда корҳои таҷдиду навсозӣ бо назардошти пешниҳодоти олимону таърихшиносон сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ёдгории қадимӣ ҳифз карда мешаванд, ‐гуфт номбурда.

Ҳамчунин, ў таъкид кард, ки баробари бунёди бинои Қалъа боз барои намоиши чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ майдони алоҳида мавҷуд аст, ки беш аз се – чор ҳазор нафар имконияти тамошои чорабиниҳои мухталифро дорад. Баробари ин дохили бино имконияти ғунҷоиши наздик 70 – 80 нафарро дорад. Барои сайёҳону истироҳаткунандагон катҳои қадима бо нақшу нигори миллӣ гузошта мешаванд.

‐Дар кӯчаи Шӯрои шаҳри Хуҷанд ҳавлие ҳаст, ки наздик 300 сол дорад ва мутахассисон кўшиш карда истодаанд, ки лоиҳаи онро тариқи гаҷкориву кандакорӣ дар ин ҷо тасвир созанд. Ба ҷуз бинои ҷанубӣ аксар корҳо ба итмом расида истодааст. Алҳол дар бинои осорхона ҳунармандон бо истифода аз санъати гаҷкориву кандакорӣ ва наққошӣ корҳои санъати тасвириро ба иҷро расонида истодаанд. Таъмири Қалъаи Хуҷанд ба таври зарурӣ ҷараён дорад ва ҳадафи асосии таъмиргарони он эҳё намудани ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик ва муаррифӣ кардани таърихи пайдоиши шаҳри Хуҷанд аст, ‐гуфт Даврон Ниёзов.

Ҳамзамон дар мавриди истифода аз санъати воло ва ҳунармандӣ сармуҳандис Мансур Эшонов гуфт, ки дар бинои асосии Қалъа корҳои ороишӣ – санъати асили меъморӣ бо тасвири тоҷикӣ ҷараён дошта, барои боз ҳам зебову диққатҷалбкунанда гардидани намуди зоҳирии толорҳо мутахассисон ҳунармандон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, алахусус, аз вилоятҳои Самарқанду Фарғона даъват шудаанд. Аз Самарқанд панҷ нафар ҳунарманд – кошинкор даъват шудаанд ва бо роҳбарии устоди рассомони тоҷик Ғафурҷон Ҷӯраев, ҳунармандон – рассомони асили тоҷик, ки дар офаридани нақшу нигор санъат ва маҳорати беандоза доранд, аз ҷумла Абдураҳим Ҷабборов, Насибахон Эшонова, Саидоқилзод Саиднеъмат ва дигарон ҷалб шудаанд. Дар маҷмуъ, барои таъмиру эҳёи Қалъаи таърихӣ дар корҳои азнавсозӣ беш аз 300 нафар, аз ҷумла гурӯҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ҷалб шудаанд, ‐гуфт мавсуф.

Мавҷуд будани чунин мавзеъҳои таърихӣ бори дигар собит месозад, ки халқи тоҷик таърихи бойи ҳазорсола дошта, бо фарҳангу тамаддун, маърифатпарвариву илмдӯстӣ ва соҳиби ҳунарҳои баланд буданаш дар ҷаҳон шӯҳратёр гардидааст. Боиси таъкид аст, ки эҳё ва азнавбарқароркунии мавзеъҳои таърихӣ имконият медиҳад, ки шумораи сайёҳон беш гардида, наврасону ҷавонон аз таърихи куҳанбунёди худ маълумоти пурра пайдо созанд. Баробари ин метавон гуфт, ки сохтмону азнавсозӣ барои ободу зебо гардидани шаҳр ва ҳам ба мавзеи таърихӣ ва фарҳангиву фароғатӣ табдил ёфтани он боис мегардад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ГУЛДЎЗИҲОЯШ МУАРРИФГАРИ ТАБИАТИ ЗЕБОИ ДИЁРАНД

Бо ин ҳунарманди чирадаст, инсоне, ки олами ҳастиро ба нақши сузану ресмон ва сӯзаниҳои дӯхтаи худ рангин месозад, ҳамсуҳбат гардидам. Зани басо солор, самимӣ ва хеле боистеъдод аст. Ин истеъдод барои ӯ истеъдоди фитрӣ низ ҳаст. Зеро он аз авлод ба авлод гузаштаасту дар вуҷуди ӯ аз кӯдакӣ маъво гирифтааст. Ҳунармандӣ ба ӯ аз пайвандонаш, хосатан аз модари равоншодаш мерос монда, аз кӯдакӣ дар рӯи матои гулдӯзиҳои модар ба камол расидааст. Шояд дидани нақшу нигори ҷолиб, хуштарҳу қашанг дилашро ба ин намуди ҳунар гарм сохт, ки майлаш ба бофтани матоъ хеле зиёд гардид. Аз ин рӯ, аз кӯдакӣ ба корҳои модар зеҳн мемонд. Он вақтҳо баъзе нафароне, ки барои хонадор намудани фарзандонашон ба модар фармоиш медоданд, зардӯзиҳои қашанге омода мекард. Ба ҳар захми матои омодакарда як маъниро ҷой медод. Ҳамчунин, атласи шоҳӣ, ки онро атласи зангор низ меномиданд, омода мекард ва ӯ низ дастёри модар шуда, ба ҳар кори ба сомонрасонидаи он бо як кунҷковӣ нигоҳ мекард. Баъдтар чунин низ шуд, ки бо модараш якҷоя атласу алоча мебофтанд.

Мамлакат ба воя расиду оиладор шуд. Дар хона низ аз бекорӣ ҳунари худро такмил медоду ба фарзандони мардум меомӯзонд. Дар даврони шӯравӣ мардум ба ҳунарҳои миллӣ он қадар ҳам эътибори хоса намедоданд. Аз ин рӯ, 17 сол дар ин соҳа кор накард. Баъди Истиқлолияти миллӣ дар кишвар ба ҳунарҳои миллӣ, сӯзанидӯзию қуроқдӯзӣ ва атласбофӣ эътибори махсус медодагӣ шуданд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Мегӯянд, ки он чизе, ки дар дохил ҳаст, ба рӯи об мебарояд. Мамлакат, ки шефтаи ҳунарҳои миллӣ ва дӯстдори ин санъати қадимаи тоҷикӣ, муҳаббат ба ин касби аҷдодӣ дар шараёнаш ҷорӣ мегардид , аз дастури Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта, касби аҷдодии худро такмил дод.

Дар маркази истеҳсолии “Дугонаҳо”, ки бо ибтикори Раиси вилоят таъсис дода шуд, ба фаъолият оғоз кард. Лаҳзаҳои аввалини ба Марказ омадани худро ӯ чунин шарҳ дод: ‐“ Бори аввал ба маркази “Дугонаҳо” омадам. Дар он ҷо 20 намуди дастгоҳ ва 20 намуди ҳунарҳо бароям як олами дигареро боз кард. Бо шавқу завқи беандоза ба сари дастгоҳи атласбофӣ нишаста, ҳунари худро сайқал додам. Зеро дастгоҳи атласбофӣ ба назарам як бозёфти бузург буд. Ба инсоне, ки аз кӯдакӣ бо ин ҳунар ба воя расиду дар фазои ҳунармандӣ ба камол расидааст, дидани чунин манзараҳои ҷолиб басо гуворост. Ҳини суҳбат муаллима ба ҳаяҷон омада, афзуд: ‐Суҳбати имрӯза маро ба сайри олами кӯдакӣ, хонаи падару модар рӯзгори гузаштаамонро овард. Ҳар замон ки сари дастгоҳи бофандагӣ менишинам, ёди кӯдакӣ, ёди бачагӣ мекунам. Аҷаб солҳои файзбору хотирмон буданд. Ҳар боре, ки риштаи дастгоҳи бофандагиам канда мешуд, падарам саришта мекарданд, ҳар гоҳ, ки матои омодакардаам ҷилои нав мегирифт, модарам маро ситоиш менамуданд, ки он ҳар тори риштаи омодакардаамро боз ҳам рангинтару ҷаззобтар месохт.

Аввалин озмуни атласбофи беҳтарин, ки дар Кохи Суғдиён баргузор гардид, аз хотирам зудуда намегардад. Шарти асосии озмун бофтани атлас бо дастгоҳи дастӣ буд. Баробари сари дастгоҳи бофандагӣ нишастан маро чунин лаҳзае рух дод, ки якбора 3,5 метр атласро бофта, ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намудам. Зеро матои омоданамудаи ман бо як шавқу завқи беандоза аз замири дилам туғён зада, бо рангубори дилнишин аз дастгоҳи бофандагӣ берун мешуд. Маҳсулоти омодакардаам ба ҳайати ҳакамон басо писанд омад.Ҷои якум, яъне ҷои ифтихориро соҳиб гардидам. Ҳамон рӯзе, ки аз дасти Раиси вилоят Сипоснома ва мукофоти пулиро ба маблағӣ 5 ҳазор сомонӣ гирифтам, бароям басо гуворо буд. Агар, аз як тараф меҳнатамро қадр карда, мукофотӣ амаламро дар назди издиҳом бароям супорида бошанд, аз тарафи дигар он рӯзи мавлуди устоди нахустинаммодари ғамхорам буд. Ман эҳсос намудам, ки дар ҳамон маъракаи пурмӯҳтаво на танҳо меҳнати ман, балки модари равоншодам қадр гардиданд. Чунон ба ваҷд омадам, чунон хурсанд шудам ва эҳсос кардам, ки дар ин маросим руҳи модари равоншодам сайр дораду он бароям нерую илҳоми тоза бахшид ва боз маро ба сӯи дастовардҳо раҳнамун сохт. Баъди ҷамъбасти озмун бароям пайроҳаи нав оғоз гардид. Якҷоя бо маркази шуғли аҳолии вилоят дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ курсҳои махсуси бофтани атласу адрасро ба роҳ мондем.

Айни замон дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳ шогирдони зиёде ба камол расонидам, ки имрӯз ҳар яки онҳо ҳунару истеъдоди худро сайқал дода, яке аз беҳтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ гардидаанд. Бале, Мамлакат Хӯҷаева, лозим омад, ки на танҳо дар миқёси вилоят, балки ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳо рафта, ба занону бонувон ҳунари атласбофиро ёд диҳад. Ӯ ҳар як сафари худро ба хотир оварда, бо табассум мегӯяд: Соли 2015 ба шаҳри Роғун сафар карда, ба 22 нафар занону бонувон ҳунари бофандагиро омӯзонидам. Аз ҳама аҷоибии кор дар он аст, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шогирдонро тарбия намудам ва дар ҳар як шаҳру ноҳия дӯстони худро дорам. Аз ин сафарҳо солҳои зиёде сипарӣ гардиданад, аммо то ҳол робитаи мо ба онҳо давом дораду дар ҳар иду айём онҳо аз ҳоли устодашон пурсон мегарданд, аз мувваффақияту дастовардҳояшон қисса мекунанд.

‐Вақте ки ба ноҳияи Ишкошиму Дарвоз сафар намудам, аксари шогирдоне, ки барои омӯхтани ҳунар ба мо муроҷиат менамуданд, маълумоти олӣ доштанд. Онҳо новобаста аз он, ки духтур ё муаллима ҳастанд, кӯшиш менамуданд, ки аз сиру асрори бофандагӣ аз наздик ошно гарданд. Баъди тарбияи шогирдон маро лозим омад, ки худ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намоям, мегӯяд ҳунарманд. Дар озмуни “Ҳунар беҳ аз симу зар бувад”, ки дар Боғи Ирам ба вуқӯъ пайваст, дар панҷ номина маҳсулоти худро пешниҳод намуд. Номинаҳои ҳунарҳои миллӣ зиндагии шуморо мегузаронад ё не, дар бораи хариду фурӯш, сифати маҳсулот ва ҷойи холии кор гузаронида шуд, ки ҳар номина як ҷойи ифтихориро соҳиб гардид. Одами ҳунарманд дар куҷое набошад, нони худро ҳалол карда мехӯрад.

Айни замон Мамлакат Хӯҷаева дар Маркази бонувони ҳунарманди Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов фаъолият намуда, ба толибилмон, яъне хонандагон сиру асрори ҳунармандӣ, сӯзанидӯзиву атласбофиро меомӯзад. Кӯшиш менамояд, ки дар кадом вазъияте ё ҳолате набошад, занҳои бешуғлро ҳунар омӯзад, то ин ки онҳо барои гузаронидани зиндагиашон мададе гардад. Айни ҳол маҳсули дастони ин ҳунарманди чирадаст дар ҳар намоишҳои давлатию байналмилалӣ манзур мегардад. Соли сипаригардида дар тарабхонаи “Суғдиён” бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷ, аз ҷумла, Амрикою Ӯзбекистон семинар баргузор гардид. Дар он маҳфил низ маҳсули дасти ин бонуи ҳунар пешкаши иштирокчиён карда шуд. Ӯ пайваста меҳнат мекунаду маҳсулотҳои омодакардаи худро дар бозори Панҷшанбе, дар мағозае, ки дар он маҳсули дастони пурэъҷозаш ҳастанд, манзур менамояд.

Ӯ дар оила низ зани хушбахт, соҳиби 3 фарзанду 8 набера буда, фарзандон низ чун модар ҳунарманд мебошанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

29 January 2023

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

29 январи соли 2023

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Читать далее

27 January 2023

АЗ МАОРИФ МЕШАВАД РАВШАН ЧАРОҒИ ЗИНДАГӢ

Маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб ёфта, бунёди миллати мутамаддин аз ин соҳаи ҳаётан муҳим сарчашма мегирад. Таваҷҷуҳи беандозаи давлату Ҳукумат низ ба рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон нигаронида шуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Мусаллам аст, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии қавӣ дошта, мақсад аз амалӣ намудани тадбирҳо дар самти илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Хушбахтона, имрӯз соҳаи маорифи кишвар, алалхусус дар қаламрави вилоят ба пешрафту тараққиёте рӯ овардаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Иқдомоти наҷибона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди иншооти марбут ба соҳа, эътибори ҷиддӣ додан барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ бошад, заминагузори пешрафти маориф хоҳад буд.

Мусоҳибаи мо бо сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳа сурат гирифт, ки фишурдаи онро манзури хонандагони сершумори рӯзнома мегардонем.

‐Кӯдакон ояндаи мо ҳастанд. Пойдевори нахустинро низ баъд аз падару модарон тарбиятгарону таълимдиҳандагон мегузоранд. Фикри шумо дар ин хусус?

‐Дар деҳоти Сирдарёи шаҳри Гулистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои кӯдакистони № 22 барои 150 кӯдак, ба истифода додани Маркази таҳсилоти иловагӣ барои 200 хонанда, бунёди кӯдакистони хусусии “Бунёд” барои 80 кӯдак дар ноҳияи Ашт, сохта ба истифода додани кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” барои 120 кӯдак дар шаҳри Исфара ва кӯдакистони хусусии “Маърифатпарвар” барои 380 нафар дар шаҳри Панҷакент, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи томактабии № 10, “Зангӯла” барои 120 кӯдак дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом, кӯдакистонҳои хусусии «Моҳтобак»‐и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, «Нур»‐и Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон, «Зарзамин», «Дӯстрӯяк» ва «Амина» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамагӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода дода шудаанд, дар ҳақиқат барои тарбияю бакамолрасии насли ояндасози миллат – кӯдакону наврасон саҳми муносиб мегузоранд.

Кӯдакон ояндаи мо ҳастанд. Шабзинадории модарон, кӯшишу ғайрати падарон, заҳмату талоши омӯзгорону мураббиён баҳри чун вориси арзанда ба камол расидани насли наврас беҳудуд аст. Ифтитоҳи ин биноҳои хуштарҳу замонавӣ, ки алҳол макони фароғатию тарбиявии садҳо кӯдак гаштааст, дар ҳақиқат барои ташнагони илму дониш ва маърифатҷӯ дари бахту саодатро кушод. Зеро дар замони пешрафти тараққиёти илму техника ба истифода додани чунин таълимгоҳҳои замонавии дорои таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки мураббиён аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, барои тарбияи насли наврас ҳамаҷиҳата кӯшиш намоянд. Имрӯз дар 278 муассисаи таҳсилоти томактабие, ки дар ҳудуди вилоят амал менамоянд, 44 ҳазору 713 кӯдак аз таълиму тарбия ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат бархурдоранд. Дар ин замина, дар марказҳои инкишофи кӯдак 701 гурӯҳ бо фарогирии 15162 кӯдаки шашсола амал мекунанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҳудуди вилоят 14 муассисаи таълимии типи мактаб‐интернат, аз ҷумла 3 мактаб‐интернат барои кӯдакони ятим, бепарастор ва аз оилаи камбизоат, 5 мактабинтернати махсус барои кӯдакони ношунаво ва гунг, ақлан носолим бо бемории нишонаи силдошта, қувваи босираашон суст ва нобино, 5 интернати наздимактабӣ ва як Хонаи кӯдакон фаъолият дошта, тарбиятгирандагони он аз имконияту имтиёзҳои даврони соҳибистиқлолӣ бархурдоранд.

‐Ҳарчанд дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ омӯзгорон фаъолият доранду машғулиятҳо мунтазам баргузор мегарданд, аммо бархе аз муассисаҳо ба омӯзгорони соҳибтахассус эҳтиёҷ доранд. Ҳамин тавр не?

‐Алҳол шумораи нафароне, ки дар муассисаҳои таҳсилотӣ ба фаъолият машғуланд, дар вилоят ба 37 ҳазору 662 нафар мерасад. Аз шумораи умумии омӯзгорон 32183 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1397 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4102 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд. Шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мутахассисони ҷавони хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, омӯзгорони аз кор рафта ва нафақахӯрони қобили фаъолияти омӯзгориро ба рӯйхат гирифтанд. Мувофиқи ахбори шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба санаи 31‐уми декабри соли 2022 маълум гашт, ки дар соли таҳсили 20222023 барои муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 24 нафар омӯзгор намерасанд.

Мувофиқи тақсимоти мутахассисони ҷавони хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода шудаанд, аз 1138 мутахассис танҳо 800 нафар бо ҷои кор ҳозир шудаанду халос. Аз миқдори умумии мутахассисони ҷавони ба кор роҳхатгирифта 221 нафар бо сабабҳои муайян, аз ҷумла 26 нафар маблағи таҳсилро баргардониданд, 13 нафар дипломи аъло гирифтанд, 31 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, 6 нафар ба дигар мактабҳои шаҳру навоҳӣ рафтанд, 11 нафар ба дигар соҳа гузаштанд, 14 нафар ҷойи зистро иваз намуданд, 84 нафар ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуданд, 8 нафар дар магистратура таҳсилро идома доданд, 23 нафар муассисаи таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбиро хатм накарданд ва 5 нафар таҳсилро идома доданд. Ҳамчунин 117 нафар бесабаб ба ҷойи кор ҳозир нашуданд. Барои ҳавасмандкунии мутахассисони ҷавон Раёсати маорифи вилоят тадбирҳои мушаххас андешида, дар ин раванд рӯйхати 65 нафар хоҳишмандро барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки алҳол ҳамаи онҳо қарзҳои имтиёзноки худро гирифта, рӯйхати 72 нафари дигар барои оянда дар навбат аст.

‐Самараи фаъолияти пурсамари омӯзгорон аст, ки дар озмуну олимпиадаҳо мактабиёни вилоят ба муваффақиятҳо ноил мегарданд. Дар ин бора чӣ андеша доред?

‐Дар назди Раёсати маорифи вилоят Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис ёфтааст. Ҳамчунин дар назди 18 шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят чунин марказҳо фаъолият дошта, дар маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят 11 маҳфил аз фанҳои математика, химия, физика, биология амал дорад. Дар соли таҳсили 2023‐юм 132 хонандаи болаёқати шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Бӯстон ва Ҷаббор Расулов ройгон ҷалб гардидаанд. Дар умум дар назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсат ва шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо 161 маҳфили фаннӣ бо ҷалби 1954 хонандаи болаёқат фаъолият доранд. Роҳбарони маҳфилҳо аз ҳисоби омӯзгорони пешқадаму навовар ва ботаҷриба интихоб шуда, бо шогирдон машғулият мегузаронанд. Соли таҳсили 2021‐2022 бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби толибилмон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ даври муассисавӣ, минтақавӣ, шаҳрию вилоятӣ олимпиада баргузор гардид.

Тибқи фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои табиӣ – риёзӣ ва ҷамъиятӣ – гуманитарӣ баргузор гардид, ки дар он аз 13 фанни таълимӣ 296 хонандағолибони даври вилоятӣ иштирок намуда, ба гирифтани 131 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд, ки аксар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Исфара, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Мастчоҳ буданд. Ҳамзамон 19 хонанда барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфи 11, олимпиадаи даставӣ (синфҳои 9‐10), олимпиадаи фаннӣ барои наврасон (синфҳои 5‐6 ва 7‐8) 1372 хонанда иштирок дошта, 672 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд.

Ҳамчунин 4945 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавии кишварҳои Туркия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Британияи Кабир, Италия, Хитой, Олмон ва Федератсияи Русия иштирок ва 972 нафар ғолиб омаданд, ки боиси сарфарозии маорифчиён аст. Агар дар 13‐умин олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия” 34 нафар хонанда аз фанҳои математика, забони англисӣ, география, биология, таърихи ҷаҳон, физика, химия, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ иштирок ва 29 нафар ғолибият ба даст оварда бошанд, хонандаи синфи 9‐уми Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб барои хонандагони боаёқат” дар шаҳри Хуҷанд Шукрона Охунова дар чорумин олимпиадаи байналмилалии наврасон «Лаборатория подготовки талантов» дар он иштирок ва сазовори мақоми саввум гардид.

Бояд зикр дошт, ки олимпиада аз фанҳои математика, химия ва физика бо иштироки намояндагони 18 давлати ИДМ ва Балтика баргузор гардид. Хонандаи синфи 9‐уми Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хуҷанд Охунова Шукрона санаҳои 6 ‐11уми декабри соли 2021 дар 4‐умин олимпиадаи байналмилалии наврасон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Олимпиада аз фанҳои математика, химия ва физика бо иштироки намояндагони 18 давлати ИДМ ва Балтика баргузор гардид. Дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ бошад, байни 27 давлати дунё 13 хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят ҷойҳои ифтихориро ноил гардиданд.

Боиси хурсандист, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавии «HIPPO» аз фанни забони англисӣ, «KANGROO» дар Фаронса аз фанни математика, «FISO» дар Амрико аз фанҳои математика ва забони англисӣ, «AMC‐2022” дар Чин, «ISI Junior‐2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ ва «Istеm‐2022», ки Олмон баргузор гардид, иштирок ва ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Ҳамаи хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки ғолибони даври вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ мебошанд, бо мукофотпулии яквақта ҳамчунин 120 нафар хонанда бо роҳхати ройгон ба истироҳатгоҳи “20‐солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ва 108 омӯзгор бо роҳхат ба осоиштгоҳи “Зумрад” табобату истироҳат доштанд.

‐Дар мавриди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ гуфтаниҳо доред?

‐Бо мақсади амалисозии нақшаи чорабиниҳо доир ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020 ‐2040” ва дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навъоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ба тасвиб расид. Вобаста ба ин дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва омӯзгорону дигар намояндагони қишрҳои ҷомеа иштирок намуданд. Агар ба даври вилоятии озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” 578 хонанда, 29 омӯзгор ва 168 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок карда бошанд, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур 75 нафар ғолибони даври вилоятӣ, аз ҷумла 35 нафар хонанда, 35 нафар донишҷӯ, 2 нафар магистр ва 3 нафар омӯзгор роҳхатгирандагони озмун маҳсуб меёфтанд. Фарҷоми озмун барои иштирокдорони он бомуваффақият буд. Аз 73 нафар иштирокчӣ 18 нафар, аз ҷумла 3 нафар сазовори ҷойи якум, 6 нафар сазовори мақоми дуюм ва 9 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуда, 13 нафари дигар мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Ҳамчунин, хонандагони муассисаҳои таълимӣ соҳиби 9 ҷой, аз ҷумла 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бошанд, 8 нафар, аз ҷумла 1 нафар сазовори ҷойи якум, 2 нафар сазовори ҷои дуюм ва 5 нафар мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Боиси хушнудист, ки теъдоди иштирокчиён ва ғолибони озмунҳо сол то сол афзун гардида, таваҷҷуҳи ҳамагон ба омӯзишу нишон додани маҳорати худ бештар мегардад.

Дар ин замина, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвариву сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли чаҳорум аст, ки намояндагони маорифи вилоят маҳорати худро нишон доданд. Дар даври аввали озмуни мазкур 38523 нафар, дар даври дуюм 7099 нафар, даври вилоятӣ 825 нафар ва ба даври ҷумҳуриявӣ 91 довталаб ширкат варзида, дар даври ниҳоӣ 7 нафар сазовори ҷойи якум, 13 нафар сазовори ҷойи дуюм, 8 нафар сазовори ҷои сеюм шуданд. 24 нафари дигар низ мақоми ифтихориро дар озмуни ҷумҳуриявии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” ишғол карда, фахри ҳамагон гардиданд.

‐Албатта, барои баланд бардоштани савияи дониши ҳар хонанда мавҷудияти шароити таҳсил нақши муҳим дорад. Дар ин замина бунёди иншооти марбут ба соҳа ва биноҳои иловагӣ дар мадди назари шумост. Ҳамин тавр не?

‐Дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар қаламрави вилоят сохтмони биноҳои мактаб, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза касб намуда истодаанд. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49 дар Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 дар шаҳри Исфара, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатии «Мактаби байналмилалии Контакт», бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, 15, 52‐юми шаҳри Конибодом, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар шаҳри Истаравшан, бинои кўдакистони №18 ва бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар шаҳри Хуҷанд, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 дар ноҳияи Деваштич гувоҳи гуфтаҳои болоианд. Бояд қайд намуд, ки дар давоми соли 2022 дар вилоят 43 иншооти соҳаи маориф бо 12308 ҷойи нишаст, аз ҷумла дар назди 35 Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 429 синфхона бо 11098 ҷойи нишаст, 8 муассисаи томактабӣ бо 1210 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд. Айни ҳол ҷиҳати азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои муассисаҳои таълимии садамавӣ дар шаҳру навоҳии вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шуда, корҳо дар ин самт ҷараён доранд.

‐Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Шоира КАРИМЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее