December 2022

31 December 2022

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023

31.12.2022, шаҳри Душанбе 

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Читать далее

30 December 2022

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2023

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва барори кору муваффақиятҳо таманно дорам.

Ифтихору сарбаландии мост, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Читать далее

Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд дар соли 2022

29 декабри соли 2022 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд доир шуда, ба беҳтаринҳои соли 2022 ҷоизаҳо супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ аз муҳимтарин воқеаҳои марбут ба футбол дар соли 2022 ёдовар шуда, роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023-ро дар соли 30 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбии беназири футболи тоҷик арзёбӣ намуд.

Читать далее

Раиси вилоят бошандагони “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд”-ро аёдат намуд

Дирўз дар асоси ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд”-ро  аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Раиси вилоят бошандагони муассисаи иҷтимоиро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, қайд намуд, ки ашхоси яккаву танҳо, бесаробонмонда ва ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ қарор дода мешаванд.

Читать далее

29 December 2022

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», ки аз рӯйи он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии "Панҷшанбе"

Бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии "Панҷшанбе" боздид кард.

Зимни боздид мушоҳида гардид, ки дар бозори марказии шаҳри Хуҷанд маҳсулоти озуқаворӣ фаровон буда, аксари маводи ниёзи аввал истеҳсоли дохилӣ мебошад. Ба талошу заҳматҳои кишоварзону саноатчиёни вилоят дар бозор тамоми намуди маҳсулот ба қадри кофӣ мавҷуд буда, сокинон маводи зарурии худро харидорӣ мекунанд.

Читать далее

Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқадорон фарорасии Соли нави мелодии 2023-ро табрик гуфта, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд. Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти собиқадорони меҳнат арҷ гузошта шуда, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат қарор дорад.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат

28 декабр, дар арафаи Соли нави мелодии 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳант мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардидааст ва қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳост.

Читать далее

ИТТИҲОД ВА ҲАМБАСТАГӢ - ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТ

Дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гашт, ки дар кори он муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиро Қурбонҷон Мирзоева оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи шӯро ошно намуд. Баъди тасдиқи рӯзнома Шӯрои ҷамъиятӣ ба кори худ шурӯъ кард. Аз рӯи масъалаи аввали ҷаласа, ки андешаҳо дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар буд, баромади мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Султонзода Тоҷибой Султонӣ шунида шуд.

Мавсуф зимни ибрози андешаҳои хеш роҷеъ ба Паёми Сарвари давлат аз муҳимият ва арзишҳои Паёми навбатӣ ёдрас шуда, таҳлилу баррасиҳои Президенти кишварро роҷеъ ба рушду нумӯи самтҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии давлат чун номаи иршоду фардосози Ватан арзёбӣ кард. Қайд шуд, ки мардуми сарбаланди вилоят низ дар қатори тамоми сокинони кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва раҳнамоии Роҳбари давлат сарбаландонаву сидқидилона талош хоҳанд кард.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ зимни музокирот таъкид сохтанд, ки ҷиҳати ташвиқу тарғиби муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фаъолиятро тақвият бахшида, дар байни аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд. Сипас, масъалаи дувуми рӯзнома рафти иҷрои Қарори Раиси вилоят, таҳти рақами 476 “ Дар бораи татбиқи иҷрои Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019‐2024 дар вилояти Суғд баррасӣ шуд.

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни маърӯзаи хеш аз рафти иҷрои Барномаи мазкур ва натиҷаҳои кории то имрӯз бадастомада сухан карда, зикр намуд, ки баҳри амалигардонии Барнома нақшаҳои кории вилоятӣ, гуруҳҳои кории вилоятӣ тартиб дода шуда, дар сохторҳои вобаста ва муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри иҷрои он талошҳои пайваста роҳандозӣ мешаванд. Маъруф Ҳоҷибоев қайд кард, ки фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри ХХ ва аввалҳои асри ХХI инҷониб масъалаи ҳалталаби байнисоҳавии аксарияти давлатҳои кураи замин ба шумор меравад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ фарбеҳиро ҳамчун эпидемияи глобалӣ эълон намудааст.

Таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ тасдиқ шуда, ҳамчун масъалаи афзалиятноки байнисоҳавӣ муайян гардидааст. Ҳалли масъалаҳои пешгирии вазни зиёди бадан ва фарбеҳӣ дар сатҳи байни соҳавӣ ба коҳиш додани афзоиши бемориҳои ғайрисироятии фишорбаландӣ, ишемияи дил, диабети қанди навъи 2 ва ғайра мусоидат намуда, сиҳатию дарозумрӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро беҳтар менамояд. Зимни музокироти аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Абдулатиф Раҳимов ҷалб намудани аҳолиро ба тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла варзиш аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки дар робита ба ин масъала дар миқёси вилоят толор ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Темур Тӯйчизода, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят роҷеъ ба масъалаи севуми рӯзнома баромад карда, аз рафти иҷрои Барномаи давлатӣ “Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019‐2023” маълумот дод. Қайд шуд, ки баҳри пешгирии ҳодисаи номатлуб тамоми чораву тадбирҳо амалӣ шуда, яке аз роҳҳои пешгирии худкушӣ ин муайян намудани омилҳои ба худкушӣ даст задани шаҳрванд мебошад. Таҳлилу баррасии ин мавзуъро зимни музокироти масъала раиси Шӯрои занҳои вилоят Хуршеда Хоҷазода идома дода, таъкид кард, ки Шӯрои занони вилоят дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро миёни занону духтарон ва ноболиғон пурзӯр намудааст.

Сипас, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ нақшаи кории Шӯроро барои соли 2023 муҳокима ва тасдиқ намуданд. Дар охир муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро натиҷагирӣ намуда, иброз дошт, ки нақши Шӯро дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он назаррас буда, бояд фаъолиятро дар самти амалӣ намудани дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурзӯртар намуд.

Дар замина муовини Раиси вилоят Паёми Сарвари давлатро раҳнамои кор ва номаи саодатофари фардо арзёбӣ кард.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ШАҲЛО САИДАЛИЕВА: ЧӢ ГУНА БАРАНДАИ “ШОҲҶОИЗА” ГАРДИД?

Шаҳло Саидалиева зодаи деҳаи зебоманзари Хуррамзамини ноҳияи Данғара мебошад. Ӯ хонандаи синфи 10 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 – и деҳа аст. Духтарак аз хурдӣ ба хондани ҳикоя, қисса ва романҳоро шурӯъ кардааст. Шумораи китобҳои хондааш аз 200 адад зиёд мебошад. Ҳакамони озмун дар ҳайрат буданд, ки чӣ гуна духтараки навҷавон, аллакай, беш аз 150 роман мутолиа кардааст. Романи дӯстдоштаи Шаҳло “Занони сабзбаҳор” – и устод Гулрухсор мебошад. Хонандаи китобдӯст соли сеюм аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат меварзад. Маҳз дар соли 2022 барояш муяссар шуд, ки барандаи “Шоҳҷоиза” и озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардад. Мо бо Шаҳло Саидалиева перомуни тайёрӣ ба озмун, ҳаёти мактабхонӣ ва нақшаҳои бузургаш ҳамсуҳбат шудем.

Шаҳло Саидалиева ҳар рӯз қариб 5 соат машғули мутолиаи осори бадеӣ мешавад. Шуғли дигари дӯстдоштаи духтарак пухтупази хӯроку хӯришҳои гуногун, дӯхтани либосҳои миллӣ мебошад. Вай китобдӯст шудани худро ба роҳнамоии падару модари меҳрубонаш – Абдуқодир Саидалиев ва Парвина Бароталиева, ки корманди соҳаи тиб мебошанд, рабт медиҳад.

Зеро онҳо ҳамаи шароитро фароҳам оварданд, то ҷигарбандашон ба дилхоҳ китоб дастрасӣ дошта бошад. Онҳо аз он сарфарозанд, ки Шаҳло, ягона бародараш ва ду хоҳари хурдияшро дар руҳияи китобдӯстию маърифатпарварӣ тарбият карданд. Ҳамзамон, қаҳрамони мо аз муаллимони меҳрубону сахтгирашДилшод Шарипов ва Мунаввара Убайдулоева ном бурда, изҳори хушнудӣ мекунад, ки ба шогирдашон роҳи дуруст нишон доданд.

‐Ман 3 сол боз иштирокдори озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошам. Чун ман хондани қиссаву романҳои адибони муосирро дӯст медорам, ҳар бор аз рӯи номинаи адабиёти муосир иштирок мекунам. Ёд дорам, ки соли аввал то даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтам. Аммо ба даври ҷумҳурияӣ роҳ ёфта натавонистам, чун аз ман дида иштирокдорони беҳтару сермутолиа зиёд буданд. Ба даври асосӣ роҳ наёфтан боис нашуд, ки руҳафтода шавам. Баръакс, бисёртар хондам. Соли дуюм низ бо руҳияи баланд ширкат варзидам. Ҳатто, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтам. Лекин дар даври асосӣ натиҷаи хуб нишон надодам. Боз дарк кардам, кам мутолиа кардаам. Тасмим гирифтам, ки аз ин пас ҳар рӯз, аққалан, то 5 соат мутолиа мекунам. То соли оянда ҷиддан ба мутолиа машғул шудам, ‐нақл мекунад Шаҳло.

Шаҳло бо чӣ ҳадаф мутолиа кардани худро медонад. Ӯ ба ин назар аст, ки агар, ҳақиқатан, бихонад ва андеша карданро биомӯзад, инсони руҳану маънаван қавию сарватманд мешавад. Чун вай бисёр роман мехонад, ҳар бор сари рафтору кирдори қаҳрамонони асар андеша меронад ва барои худ муайян мекунад, ки кадоме дар роҳи рост аст ва дигаре гумроҳ шудаву дар кӯчаи сарбаста қарор дорад. Дар китобхонаи муассисае, ки Шаҳло Саидалиева таҳсил мекунад, дигар китобе аз адибони муосири тоҷик намонд, ки мутолиа накарда бошад. Духтарак акнун ба ганҷинаи китобхонаи ноҳияи Данғара рӯ оварда истодааст. Ҳар асаре, ки хондан мехоҳад, аз ин ҷо дастрас мекунад. Барояш беҳтарин туҳфа китоб аст, чун ҳоло дар тараддуди таъсиси китобхонаи шахсӣ аст.

‐Мехоҳам, ки дар хона китобхонаи шахсӣ дошта бошам. Айни ҳол дар хонаамон беш аз 100 китоб мавҷуд аст. Ман ҳамаи онҳоро мутолиа кардаам. Мехоҳам, ки хазинаи китобхонаи шахсиям бисёр шавад. Он асарҳое, ки надорам ва дар китобхонаҳои ноҳияву вилоят низ пайдо карда натавонистам, мехоҳам чунин китобҳоро дастрас кунам, ‐меафзояд хонандаи китобдӯст.

Тавре огоҳӣ дорем, барандаи “Шоҳҷоиза” и озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо баргузории озмуни алоҳида дар байни ғолибони ҳамаи номинаҳо интихоб мешавад. Номи пирӯз зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон эълон мегардад. Вақте дар эълом доштани барандаи “Шоҳҷоиза” номи Шаҳло Саидалиеваро ба забон гирифтанд, ӯ зери бори аҷиби ҳаяҷон монд.

‐Бале, барои ман ғайринтизор буд. Ҳатто, бовар надоштам, ки аз рӯйи номинаи адабиёти муосир дар даври ҷумҳуриявӣ ҷои аввал насибам мешавад. Барои дарёфти “Шоҳҷоиза” и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 11 нафар ғолиби ҷойҳои якум иштирок карданд. Ҳакамон донишу ҷаҳонибинии мо, довталабонро аз рӯйи номинаҳои озмун санҷиданд. Ниҳоят, эълон гардид, ки Шаҳло Сайдалиева ғолиб ва барандаи “Шоҳҷоиза” шуд. Дар ин вақт хеле хурсанд шудаму дар дил ҳисси ифтихор на аз худ, балки аз волидону муаллимон дар ҷӯш шуд. Ҳакамон дар даври “Шоҳҷоиза” саволҳое доданд, ки дар доираи асарҳои мутолиакардаам буд. Яке аз саволҳо аз номинаи адабиёти классик буд. Аз ман асарҳои машҳури Носири Хусравро пурсиданд. Савол аз номинаи дигар буд. Ман дарҳол аз “Сафарнома” – и Носири Хусрав бо чанде аз мисолҳо нуктаҳои муҳимро нақл карда, хулосаи аз мутолиаи асар ҳосилкардаамро гуфтам. Воқеан, ҷавоби дуруст додан ба саволҳое, ки аз номинаи дигар буд, мушкил набуд, ‐мегӯяд Шаҳло.

 Шаҳло сабаби дар озмун муваффақ шуданашро дар он медонад, ки осорҳои насриро боддиқат ва то охир хонда, хулосабардорӣ кардааст. Ӯ аз он хурсандӣ дорад, ки моҳе қабл аъзои Китобхонаи миллӣ низ шуд. Яъне, бо ин роҳ доираи интихобаш васеъ шуд. Шаҳло орзу дорад, ки мисли волидонаш соҳаи тибро интихоб кунад. Ман духтури ҳақиқӣ шуданиям. Падару модарам солҳо ҳамчун ёвари табиб шуда кор мекунанд. Мушоҳида кардаам, ки ҳар рӯз ба чандин одамон ёриашон мерасад. Мехоҳам, ки мисли онҳо кӯмакрасони дигарон шуда, барои солимии халқу миллатам ҳисса гузорам. Дар ин замина, фанҳои дақиқро низ хеле дӯст медорам.

Соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, аз фанни забони англисӣ ҷойи сеюмро ишғол карда будам. Яъне, бо забони англисӣ озод суҳбат карда метавонам. Мекӯшам, ки забондониям боз хубтар шавад. Барои ба орзуҳои бузург расидан ба худ ва ҳамсолонам барору комёбӣ мехоҳам, таманно мекунад Шаҳло. Ёдовар мешавем, ки Шаҳло Саидалиева пас аз Бунёд Раҳнамо ва Раъно Насриддинова, ки барандагони “Шоҳҷоиза” и озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» солҳои 2019, 2021 буданд, сеюмин довталаби озмун аст, ки барандаи “Шоҳҷоиза” и озмуни сернуфузи кишвар гардид.

Вай мегӯяд, ки бояд мо, насли ҷавон ба боварӣ ва интизориҳои волидон, устодон ва ҷомеа арзанда бошем. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз доштанд: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”. Ин нукта моро водор месозад, ки дар оянда мутахассиси хуб ба воя расем ва барои халқу Ватан хизмати софдилона намоем.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее