01 December 2022

Нест бод хоинони миллати тоҷик

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақте, ки аъзои собиқ Ҳизби Наҳзати ислом айнизамон ТТЭ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Муҳиддин Кабирӣмуддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад. Ҷаҳони муосир саршор аз рӯйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост.

Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан ҳаргиз раво нест.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ аз иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрӯз ӯ як инсони дарбадарва дур аз Ватан аст.Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад.

Шахси бомаърифат бояд ба суханҳои ин душмани миллат бовар накунад. Зиндагии орому осудаи худро ноором нагардонад. Ин хоини Ватан аз мамлакатҳои хориҷ ба сари миллати тоҷик санг зада истодааст. Кабирӣ мардуми бегуноҳи тоҷикро бо фиребу найрангҳояш ваҳшиёна ба қатл расонид.

Ин душмани миллат қариб буд, ки Ватани мо Тоҷикистонро пароканда кунад. Одами бад ба муроду мақсад намерасад ё ин, ки гуфтаанд “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Нест бод, Кабирӣ! Ба суханони ин душмани халқ, хоини Ватан асло бовар намекунем. Мардум ба суханонипучи ин бешараф, ватанфурӯш, хиёнаткор бовар накунанд. Аз забони шоир ба фарзандони шарафманд, ҷасуру далел гуфтаниям.

Шахобиён Ш

Читать далее

МО ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Терроризм-зуҳуроти  номатлуб, зӯриафкан, харобиовар, ҳарософар, даҳшатнокест, ки  дар ҷаҳони имрӯз таҳдиду хатарҳои он аҳли фаҳмро ба ташвиш андохтааст. Ин ҳаракати таҳлукаофар ҳоло доман густурда, дар радифи масоили глобалӣ ҷой дорад.

Терроризм-сиёсати тарсонидан ва фурӯ нишондани душманони сиёсӣ, мазҳабӣ ва ғайра бо роҳи зӯрӣ, нобудсозӣ ва дигар амалиёти даҳшатбор мебошад.

Зери ин мафҳум гурӯҳҳои террористии ҷаҳонӣ амалҳои ноодамонаи худро дар ниқоби дини мубини ислом ба зуҳур меоранд. Мақсади онҳо танҳо хунрезӣ, модаркушӣ, ватанфурӯшӣ ва ҳамчунин, ботаҳдиду зӯриву нобасомонӣ барпо намудани “хилофат-системаи идоракунӣ дар ислом”мебошад. Чуноне ки мегӯяд, терроризми хунхор модар надорад, ватан надорад, аз дину имон дар ӯ асаре нест. Ӯ балки одам нест, махлуқест хунхор, ваҳшӣ ва девест, бе мафкура. Афсӯс, ҳастанд нафароне, ки амалҳои онҳоро шоиста пиндошта, кушта шудан дар “ин ҷанги муқаддас”-ро барои худ шаҳид шудан меҳисобанд. Пас, суоле ба миён меояд. Магар куштани шахсони бегуноҳ, беобрӯ кардани занону модарон, одамшурӯши савоб аст? Ин паноҳи ислом ва ё дифои он нест, ин амалҳо таҷовуз ва  исломфурушист. Ҷомеае, ки афкори солим доранд, зидди амалу кирдорҳои террористианд. Ақидаҳои хурофатпарастонаву амалҳои ғайриинсонии онҳоро маҳкум месозанд.

Дар ҳақиқат, имрӯзҳо терроризм таҳдид ба амнияти давлатҳои ҷаҳонро дорад. Аз ин кишвари мо низ бурун аз қатор монда наметавонад. Ба фитнаю фиреби бадхоҳон фирефта нагарданд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомил нашаванд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад дар ҷаҳон 500 созмони террористии пинҳонкор амал мекунад. ИМА барои мубориза алайҳи терроризмму экстромизм ҳар сол аз 5 то 20 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мекунад. Дар Созмони милалимуттаҳид беш аз 10 конвенсияи байналхалқӣ ҷиҳати муборизабо терроризм қабул гардидааст.

Мувофиқи назарсанҷӣ коршиносон маълум мекунанд, ки аз се сабаб амалҳои террористӣ ёдрас мешаванд: аввал, адовату бадбинии гурӯҳи этникӣ, динӣ ва ё забонӣ байни ҳамдигар; дуюм, зоҳир гардидани таҳдиду зӯроварӣ аз ҷониби он давлатҳое, ки онҳоро сармоягузорӣ мекунанд; сеюм, сатҳи баланди истифода аз зуроварӣ аз қабили марг дар натиҷаҳои бархӯрди муташаккилона;

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо: экстремизм- мафкура ва андешаҳое, ки ба қонуну қавоиди ҷамъият созгор нестанд ва зидди онҳо арзёбӣ мегарданд. Он аз рӯйи мазмун- диниву дунявӣ ва аз рӯйи зуҳурот- ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ шуда метавонад. Экстремизми байналхалқӣ дар доираи ҳамаи динҳои ҷаҳон мавҷуд аст.

Аз таърихи пайдоиши ҳаракатҳои террористӣ маълум мегардад, он гуна ташкилот соли 1928 дарМиср бо номи “бародарони мусулмон” ташкил гардида буд.

Хавфноктарин созмони террористӣ бо ном “Давлати исломӣ” маҳсуб меёбад. Аз соли 2013 бо номи Давлати исломиии Ироқу Шом (ДИИШ)ваҳшонияту хунхории худро намоиш медиҳанд. Маҳз дар ҳамон соли ташкилёбии ДИИШ наздики 17 ҳазору 958 нафар аз амалиётҳои террористӣ фавтидаанд, ки 88% он дар давлатҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Нигерия ва Сурия мебошад. Дар ҳамон сол дар ин давлатҳо дар маҷмӯъ 15000 нафар аз ҳуҷумҳои ваҳшиён- террористон ҳалок гардидаанд. Дар ин давлатҳо ҷойе нест ором, обод ва осуда, ҳама табдил ба харобазор гардида.

Боз ҳам мо бояд шукри ин даврони осудаи кишвар намоем, ки дар аз чунин наҳсоният ҳастем. Ватани обод, шукуфон дорем. Зиндагии осуда моро ҳамраҳ аст. Аз ҳавои сулҳ нафас мегирему аз чашмаи ваҳдат об менӯшем ва дар сояи дарахти Истиқлолият кору фаъолият ва ҳамчунин истироҳат дорем. Агар осудагӣ ҳаст, ободиву сарсабзӣ худ меояд.

Сулҳу оромӣ дар Ватан ҳамеша пойдор бимонад!!!

Ҳакимова М.М.
– дотсенти кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

Читать далее

Амалу кирдорҳои ТТЭ ҲНИ бар зидди манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ

Имрӯзҳо аъзоёни ҲНИ ҳамчун хоини Ватан ва миллат шинохта мешаванд, ки барҳақ буда, чандин кирдорҳои ношоистаи онҳо аз тарафи мақомотҳои қудратӣ ошкор гардидааст.

Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони ин ҳизб ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарвариданд, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешуданд.Вале бо ҳушёрии мақомотҳои қудратӣдар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон баръало намоён гардид.

Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки вуҷуд доранддар дил нияти барпо сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони ғарбӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад, ки Ҳизби наҳзати исломӣ низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад.

Зимнан, худи ташкил ва таъсис додани ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон заминаи иҷтимоӣ надошт. Мардум дар оғоз намедонист, ки мақсаду ниятҳои ин ҳизб чӣ хохад буд. Гумон мекарданд, ки акнун маҳз тавассути он фаризаҳои диниашонро иҷро мекунанд ва бо ин васила дини мубини исломро интишор медиҳанд. Ин ҳизб фаъолияташро даркишвари мо оғоз намуду,дар як лаҳза ҷавонони роҳгумзадаро ба худ ҷалб намуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекард. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам (дугоник) арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҲНИ пеш аз ҳама ҳамчун дарвозаи вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафия, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.

Таҷрибаи даҳ соли охир куллан исбот кард, ки ин ҳизб на танҳо ба тафриқаандозӣ машғул шуд, балки ба онҳое мадад кард, ки мехостанд суботи мамлакати орому осударо тавассути табаддулот барҳам зананд.

Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ҳоказо. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид. Ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт.

Бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Ба қарибӣ ӯ дар яке аз сафарҳои хориҷиаш бо намояндаи ҲАМОС, ки як бахши ҳаракати эктремистии Ихвон-ул-муслимин мебошад, вохурда, зиёда аз 32 ҳазор доллар “кӯмаки башардӯстона”-и худро “таслим кард”. Ӯ 26 июли соли 2014 дар маркази “Диалог” бо таҳсилкардагони тоҷик дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Русия ва Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ тасмим гирифта шудааст, ки ин толибилмони тоҷики муассисаҳои динии кишварҳои исломӣ ба сохтори “Дастёрони наҳзат” шомил гарданд. Онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гурӯҳи аввал дар ZELLO ва гурӯҳи дуюм дар Фейсбук ҲНИ ва нақшаҳои эктремистии онро тарғиб менамоянд ва вобаста ба фаъолиятҳои мақомоти давлатӣ вокунишҳои манфӣ паҳн месозанд.

Оиди аз ҷониби ҲНИ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро ҷиҳати ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.

Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТТЭ ҲНИ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣва экстремистии “ДИИШ”, “Ҳаракати исломии Ӯбекистон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Гуруҳи- 24” ва ғайра боздошт гардиданд. Аз 1140 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳҳои ҷангии ДИИШ ба қайд гирифта шудаанд, 521 нафарашон аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд.

Ҳамаи ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, кисобиқ аъзоёнт ҲНИ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки сохти конститутсиониро вайрон сохта бар зидди манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ бароянд.

Аъзоёни ҲНИ ҳамеша то абад ҳамчун хоинони Ватан ва миллат шинохта хоҳанд шуд.

Назарӣ В.

Читать далее

Изҳорот оид ба маҳкум намудани терроризм

Терроризм ва экстремизм, на марз ва на давлату миллат, на динро эътироф мекунад, ки имрӯзҳо гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, якҷоя бо ҷомеаҳои бо ном динӣ, миллӣ ва дигар ҷиноёти ҷинсӣ, ваҳшӣ ва зӯроварӣ, мухолифи динӣ, мазҳабӣ, хунрезӣ ва муноқишаҳои қавмӣ, ҳатто фарҳангу тамаддунро ба роҳ мондаанд. Мунтазам дар шабакаи иҷтимоии ютуб наворњои Раҳбари ПМТ-ро дидан мумкин аст, ки дурўѓи беасос буда, кўшишњои бењудаи хоинони Ватан мебошад. Муҳиддин Кабирӣ бо таъкид гуфтааст: Ҳар ҳукумате, ки дар он, арзишҳои динӣ, миллӣ ва инсонӣ маҳдуд аст, мардумаш ба ифротгароӣ рӯй меоваранд”.

Ин эътироз тўњмати навбатии тоифаи нокасону ватанфурўшон буда, воситаи бадномкунии Тољикистон аст. Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар таҳдидҳои замони мо, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва ҷинояткорони интернетӣ ҳамкорони табиии тамоми давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошанд.

Њар фарди ватандӯсту ватанпарвари халқи тоҷик аз саодатмандона зиндагӣ доштан дар Ватани азаизамон шукрона менамояд. Ин озодиву ободии Ватан осон ба дасти мардум наомадааст, ҳоло ҳам дар ҳар як хонадони тоҷик хотира аз даҳшатҳои солҳои пеш сарзада боқӣ мондааст ва такрор гаштани он рӯзҳоро ягон нафари ватанпарварӣ тоҷик намехоҳад.

Мо омўзгорон боварӣ дорем, ки халқи тоҷик ба сафсатаҳои дар сомонаҳо нашргашта ҳеҷ гоҳ боварӣ намекунанд ва доимо кўшиш менамоем, ки ҷавонони мо фирефтаи чунин бадхоҳон ва хоинони Ватан нашуда, дар пешрафти ҷомеа, ояндаи дурахшон саҳмгузор бошанд.

 Азимова Н.С.
- дотсенти кафедраи фанњои риёзї-табатшиносии муосир, ДДҲБСТ

Читать далее

Муҳиддин Кабирӣ фирефташудаи маблағгузорони хориҷӣ

Роҳбарону ташкилкунандагон ва тарафдорони ҲНИ аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслакони худ, ки аз оғоз мақсади ғаразнок доштанд ва имрӯз ҳам доранд мо гуфтем ва боз ҳам мегӯем, ки намегузорем ба мақсади нопокатон расед. Ин хоинони давлату миллат ба қадри чунин ободиидавлату миллат намерасанд.

ҲНИ танҳо ном дораду халосаз аввал то ба имрӯз тамоми корҳои онҳо фиреби мардум буду, бар хилофи давлати азизу маҳбубамон буд. Ҳайф аст бар чунин афрод номи тоҷикро доштан.Афсӯс, ки ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо роҳбари хоину ватанфуоӯшаш Муҳиддин Кабирӣ аз ҳаммилатони моянд, ки барои манфиатиким кадом хоҷагонипалидашон монади саги роҳгумзада кор мекунанд...... сад афсӯс, ки тоҷик ба тоҷик раҳм надорад.

Ҳар як фарди тоҷик бояд худ хулоса барорад, ки бар зидди чунин ашхосон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Темур Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин бошаду ҳамеша барои ободии кишвар, давлату миллат камари ҳиммат баста бошад.

ҲНИ ва ба ин монанд гурӯҳҳои бадхоҳи миллат аз ҷониби душманони миллати тоҷик сарпарасти гардида, танҳо барои ноором сохтанифазои кишвар аз беруни сарҳади мамлакат фаъолият доранд. Ин гуна ашхосон ҳамеша мехоҳанд, ки Тоҷикистони оромро ноором созанд, зеро хоҷагони лӯбадбози бурунмарзии онҳо аз ин лӯхтакҳо талаб мекунанд, ки чунин иғвоҳоро байни мардуми тоҷик паҳн намоянд. Аммо тири онҳо ба сӯи худ бармегардад. Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш дар қатори ташкилотҳоитеррористии ҷаҳон номнависгардида, танҳо чӣ тавре, ки дар боло қайд шуд, мақсаду маромашон нооромии кишвар аст. Лекин мо мардуми тоҷик намегузорем, ки ин гуна хоинон, ки хизмати душмани миллати тоҷикро мекунанд ба мақсадашон бирасанд.

Сокинони Тоҷикистони биҳиштосо Ватани худро аз самими қалб дӯст медоранд ва ҳар гӯшаи онро ҳифз менамоянд. Мо барои решакан намудани зуҳуроти номатлуб ва чунин фикру андешаҳои носозу бемағзу дурӯғини ТТЭ ҲНИ қодир ҳастем.

Мо мардуми тоҷик нерӯву зеҳни хешро бар зидди ақидаҳои бегонапарастӣ равона намуда, барои ободиву оромӣ , тантани сулҳу суботва ваҳдати миллӣ дар мамлакат талош менамоем ва ин ҳадафу майсади солимро пеш мебарем.

Муҳиддин Кабирӣ мо мегӯем: намегузорем ба мақсади нопокат бирасӣ!

Назарзода Ш.

Читать далее

ХИЁНАТҲОИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ

Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст. Аз ин лиҳоз, намояндаҳои ТТЭ ҲНИ мо зиёиёни кишвар ҳамҷоя илтиҳо дорем, ки ба фаъолияти давлате, ки манфиатҳои худро бахри ободии халқ,  дар сулҳу салоҳ  зиндагӣ  доштан, равона карда истодааст халалдор нашаванд.

Авлодони гузаштаи миллати мо, борҳо шакли ташкили иҷтимоии беназирро эҷод намуда буданд, ки он шакли санҷидашударо имрўз мо меомўзем ва пайваста бо тақозои замони муосир тадбиқ менамояд. Воқеан ҳам, ҳамон расму қоидаҳо умри ҷовидон дораду нигоҳ дошта мешавад, агар рақобатпазир бошанд. Ва  ифтихор бояд кард,  ки кулли арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоиро, ки ориётаборон эҷод намуда буданд, дорои сифатҳои умумибашарӣ буда, ба мазмуни ҷомеаи дунявӣ комилан рост меояд ва заминаҳои  бунёдии он ҳам мебошад.

Воқеан таърих мурабии беназир барои имрўз аст.  Зеро, он натанҳо ба ҳодисоти замон ҳукми воқии муайян мекунад, балки сабақи он роҳи ояндаро  рўшан менамояд. Бахусус, илмҳои ҷомешиносӣ пайваста бо омўзишу пажўҳиши ҷараёни ҳаводиси иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ва воқеяти иҷтимоӣ сабабҳои решагии ҳаводиси пурталотуми ҷомеаро муайян менамояд,  то ин,  ки минбаъд барои оянда манбаи донишу сабақ бошад.

Ҳар як шахс бояд дар зиндагии худ дар Ватани худ барои осоиштагии худ тадбирҳо ҷўяд ва ин тадбирҳоро на аз дигарон ёбаду ба онҳо такя кунад. Ҳар яки мардуми шарифи Тоҷикистон мусалмон аст, ҳамаи мардум дар бораи чӣ будани дини ислом, гуноҳу савоб, неку бадро хуб медонанд. Ҳарчанд давлат сохти демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ бошад ҳам, мардуми тоҷик аз рукну одатҳое,  ки доранд ҳаргиз дур намешаванд.

Мо умедворем, ки хамаи кишварҳои ҳамсоягон аз пайдоиши дини ислом дўсту ҳамфарҳанг буданд, боз  дўстию  рафоқати худро гум накунанд ва барои  пешравӣ ҳеҷ чиз монеъа нашавад.

Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносист. Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату  иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд. Мардуми кишвари Тоҷикистон боз аз нав сохтро дигар кардан намехоҳад, чунки дар азнавбунёдкунӣ боз табаддулот мехоҳад. Дар ин ҷода боз мардуми азияткашида дар азоб мемонад. Боз ҷангу ҷидол, кашкашаю бар манфиат кор кардани  ашхосе  ба ҳеҷ кас лозим нест.

 Бобоҷонова З.Ғ.
-дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнес, ДДҲБСТ

Читать далее

АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДУРӢ ҶЎЕМ

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз яке аз масъалаҳои доғ ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифта, шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон ва дар мулки ғарибӣ овора гардидаанд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтиданд.

Ҳар як намуди терроризм зуҳуроти нохуш буда, бар зарари ҷомеа равона шудааст. Имрӯз ташкилоти ифротгароёнаи ТТЭ ҲНИ сулҳу суботи кишвари моро дида натавониста, оромии мамлакатро халалдор намуданӣ мешавад, дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд. Ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта бештар фирефта гашта, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд.

Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои террористӣ нигарон набошад. Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, террористон арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ ба ҷиноят даст мезананд.

Дар марҳалаи навини таърихи башарият рушд ёфтани фаъолияти таълимоти экстремистӣ ва террористӣ ҳамаи моро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти кишвар самарабахш амалӣ созем.

Ба тарбияи ватандӯстона, инсондӯстии ҷавонон, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми дигар халқу миллатҳо, дину мазҳаби мардумони дигар дар заминаи хиради азалии миллати фарҳангсолор, тамаддунсоз, маънавиятофарини тоҷик хубтару бештар машғул шавем.

Дилфуза ҒАЙБУЛЛОЕВА,
ассистенти кафедраи молия ва
қарзи ДПДТТ ба номи М.Осимӣ
дар шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Дар зеҳни ҷавонон андешаи солим парварем

Дар замони муосир дар ҷаҳон чунин вазъияте ба амал омадааст, ки мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо шуда мондааст. Дар мамлакати мо низ аз оғози соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амният дар минтақа ва таъмини амнияти миллӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ муборизаи оштинопазир ба роҳ монда шудааст.

Гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ аз ҳеҷ ҷиноят рӯ намегардонанд. Мутаассифона, имрӯз тоифаи хоинони Ватан, саркарда ва аъзои ТТЭ ҲНИ дар беруни кишвар, дар кишварҳои хориҷа паноҳ бурда, бо супориши хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд, вазъи сулҳу суботи мамлакати моро ноором кунанд. Ин зумра баҳри амалӣ кардани мақсадҳои худ шаҳрвандони оддии ноогоҳ, бахусус ҷавононро фирефта намуда, ба доми худ кашиданӣ мешаванд. Вале, алҳол тамоми мардуми кишвар чеҳраи аслии ин инсонҳоро шинохта, аз ҳадафҳои нопокашон огоҳ шудаанд ва ҳаргиз ба доми онон намеафтанд. Барои ин тоифаи ватанфурӯш ин оромию осоиштагии кишварашон, пешрафту шукуфоӣ, соҳибистиқлолӣ арзише надорад. Зеро онҳо чун лӯхтакҳо аз пайи иҷрои дастури хоҷагонашон мебошанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки давоми асрҳо миллати тоҷик соҳиби фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарии худ аст ва ин арзишҳоро то ҳол нигоҳ медорад. Маҳз ин тамаддуни пешрафтаи халқи мо, тафаккури зиндагисоз буд, ки мо, тоҷикон, ботаҳаммулона алайҳи мушкилиҳои айём истодагарӣ намудем.

Хоинони миллат, ки мақсаду нияташон ботил аст, ҳаргиз ба нияташон нахоҳанд расид.

Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат аст ва мо онро бояд чун гавҳараки чашми хеш аз ҳар гуна ғаразҳои бадтинатон эҳтиёт кунем. Бахусус, дар назди мо, омӯзгорону устодон масъулияти бештар меистад, зеро мо бо насли наврас, ки ояндасози давлат аст, кор мебарем. Мо пайваста дар машғулиятҳо ба хонандагон талқин менамоем, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, фирефтаи бадхоҳони миллат нашаванд, Ватанро, ин сарзамини муқаддаси аҷдодиро аз ҷон дӯст доранд.

Таҳсил кунанду соҳиби илму дониш, касбу ҳунар гарданд ва баҳри пешрафту рушди кишвари азизи худ заҳмат кашанд, саҳм гузоранд. Бештар аз сенздаҳ сол инҷониб ба муҳассилон аз фанни забони англисӣ сабақ медиҳам. Ва доимо таъкид менамоям, ки забон омӯзанд, дониши хешро мукаммал гардонанд ва дар оянда мутахассиси илмҳои замонавӣ гашта, обрӯи Тоҷикистони азизро дар сатҳи ҷаҳон баланд бардоранд.

Гулчеҳра ПӮЛОДОВА,
омӯзгори Гимназияи «Кавсар»,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее

БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ОШТИНОПАЗИР БОШЕМ

Аз он ки дар замони тинҷу осуда зиндагӣ дорем, шукр бояд кард. Чӣ давраҳои мушкилеро аз сар гузарондем. Солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар бесару сомониву ҳамдигарнофаҳмиҳо, ба авҷи аълояш расида буд. Бар иловаи ин, аз вазъи муташанниҷи кишвар истифода бурда, баъзе олимону мутахассисони варзида тарки Ватан карданд. Мамлакат гӯиё ба як варта рӯ ба рӯ гардид. Аксарият ба фардо бовар надоштанд.

Баъди баргузории Иҷлосияи таърихӣ бо мурури замон вазъи мамлакат беҳтар гардид.

Мутаассифона, то ҳол баъзе муаммоҳо боқӣ мондаанд, ки он на танҳо мардуми ҷумҳуриро, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст. Яъне масъалаи ташвишовари терроризм мебошад, ки чун вабои аср ба амнияти ҷомеа халал ворид сохта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Ҷиноятҳое, ки алҳол хусусияти экстремистӣ ва террористӣ доранд, мутаассифона баъзе ҷавононро ба гумроҳӣ бурд ва сафи созмонҳои экстремистӣ дар хориҷи мамлакат афзоиш ёфта, ба низоъҳои мусаллаҳонаи бурунмарзӣ оварда мерасонад. Ва чунин хатар моро водор месозад, ки нисбат ба ин мафҳуми номураттабсозандаи ҷомеа бештар андеша намоем ва баҳри пешгирии он чораву тадбирҳои мушаххас биандешем.

 Терроризм ва экстремизм ба чӣ оварда мерасонад? Пеш аз ҳама ба харобии мамлакат, зӯроварӣ ва ё таҳдид ба ҷомеа, бенизомӣ, дар ҷомеа боис мегардад.

Аз ин рӯ, имрӯз моро зарур аст, ки арзишҳои миллии хешро пос дорем, маърифати ҳуқуқии ҳар як сокини кишварро ҳифз намоем, дар тафаккури башар сатҳи фарҳангию сиёсиро, хосатан байни ҷавонон қавӣ гардонем.

Имрӯз моро зарур аст, ки бар муқобили терроризм муборизаи беамон барем, то ин ки он хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ пайдо накунад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн накунад, балки барои амнияти кишвари офтобрӯя, инчунин давлатҳои алоҳида аз як гиребон сар бароварда дастгири ҳам бошем.

Азиза ПӮЛОДОВА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

ЭЪТИҚОД БА ВАТАН ДОРЕМ

Ташкилкунандагону асосгузорони ТТЭ ҲНИ сохтакорона гӯё ба дини Ислом даъват менамоянду дар асл мақсад ҷуз манфиати худашон дигар беш нест. Солҳои қаблӣ амали онҳо ба он оварда расонд, ки дар қалби мардуми кишвар оташи интиқом ва ҷанги шаҳрвандӣ шуъла зад ва мутаассифона риштаи умри ҳазорҳо одамон канда гардида, кишвари мо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ рӯ ба таназзул ва буҳрон оварда, қариб аз фаъолият бозмонданд.

Дар замони муосир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардумро ба амалҳои ношоиста, бадбиниву ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, тақлидкорӣ ба либосҳои бегона роҳнамо созанд.

Ин ашхос, ки дар асл аз арконҳои дини мубини Ислом фарсахҳо дуранду теша бар решаи худ мезананд, хешро ватандӯст вонамуд месозанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум тафриқаандозӣ менамоянд.

Аъзои ТТЭ ҲНИ намунаи возеҳу равшани гуфтаҳои болоианд, зеро чун парда аз рӯйи эшон мегирӣ, амалҳои террористиву экстремистиашонро мебинӣ ва ҳадафҳои ғаразмандонаашонро пиру ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон басо хуб медонанд. Ба қавли гузаштагони миллат дӯстӣ, аҳлигӣ, дар иродаи хеш қавиву миллати сулҳдӯсти кишвар буд, ки сулҳу субот барқарор гашт.

Маълумоте, ки онҳо аз дур истода бо воситаи расонаҳо зикр доштанд, маълумоти бардурӯғ аст. Дар ин бобат гуфтанием, ки иттилоотро санҷед, обрӯи худро нарезонед, носанҷида сухан накунед. Бас аст иғвоангезӣ! Хоинони миллат, бояд донанд, ки воқеият аниқ асту худи онҳо зархарид ҳастанд ва амалҳояшон маҳз ба хотири пулу моли муфт аст.

Беш аз сӣ сол мо соҳибистиқлолем. Чунин сияҳкорон қадами номубораки хешро ба мамлакати мо гузошта наметавонанду ҳамчунин фикру андешаи манфури худро бар мо талқин карда наметавонанд. Мардуми мо аллакай фазои орому осударо шамид ва дигар ба андешаҳои ғайриқобили қабул гӯш намедиҳанд.

О.ҲАЛИМЗОДА,
шаҳри Хуҷанд

Читать далее