October 2021

20 October 2021

STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan

DUSHANBE, 20.10.2021 (NIAT Khovar) – On October 20, Dushanbe hosted a Meeting of the special services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan.

The parties noted the complexity of the situation in Afghanistan, where terrorist acts and other violent actions continue, entailing numerous human casualties.

There is tendency to involve young people of various nationalities in international terrorist organizations, due to the complexities of the processes taking place in the country.

There is threat that international terrorist organizations might use the breakdown of law and order in Afghanistan.

The Meeting participants note the importance and necessity of forming an inclusive government, taking into account the interests of all ethnic, social and confessional groups.

In order to settle the situation in Afghanistan, to use the platforms of international organizations, whose members are the meeting participants.

The Meeting participants call on international organizations and interested states to develop a unified approach to solving the problem of Afghanistan, to support efforts aimed at establishing law and order in this country, creating an inclusive government, preventing further escalation of tension and violence, and jointly combating international terrorism.

Читать далее

ИЗҲОРОТ аз рӯи натиҷаи Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон

ДУШАНБЕ, 20.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд.

Ҷонибҳо вазъи мураккаби Афғонистонро, ки онҷо амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои хушунатомез идома доранд ва боиси қурбонии зиёди одамон мешаванд, зикр намуданд.

Дар робита ба мураккабии равандҳои дар кишвар рухдода, тамоюли ҷалби намояндагони ҷавонони миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ ба назар мерасад.

Созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон хатар эҷод мекунанд.

Иштирокдорони Ҷаласа аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва конфессионалӣ зикр мекунанд.

Бо мақсади ба эътидол даровардани вазъияти Афғонистон имконияти ташкилоти байналмилалие, ки иштирокчиёни ҷаласа узви онҳо мебошанд, истифода бурда шавад.

Иштирокдорони Ҷаласа аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват мекунанд, ки дар ҳалли мушкилоти Афғонистон равиши ягона таҳия кунанд, кӯшишҳоеро, ки баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи якҷоя бар зидди терроризми байналмилалӣ равона гардидаанд, дастгирӣ намоянд.

 

Читать далее

ЗАЯВЛЕНИЕ по результатам Совещания спецслужб Ирана, Казахстана, Китая, Пакистана, России, Таджикистана и Узбекистана

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /НИАТ «Ховар»/. 20 октября в городе Душанбе состоялось Совещание  спецслужб Ирана, Казахстана, Китая, Пакистана, России, Таджикистана и Узбекистана.

Стороны отметили сложность ситуации в Афганистане, где продолжаются террористические акты и другие насильственные действия, влекущие  за собой многочисленные человеческие жертвы.

Отмечается тенденция вовлечения представителей молодёжи различных национальностей в международные террористические организации, в связи со сложностей, происходящих в стране процессов.

Деятельность международных террористических организации представляет угрозу для существования государственности в Афганистане.

Участники Совещания отмечают важность и необходимость формирования инклюзивного правительства с учётом интересов всех этнических, социальных и конфессиональных групп.

Для урегулирования ситуации в Афганистане необходимо использовать площадки международных организаций, членами которых являются участники совещания.

Участники Совещания призывают международные организации и заинтересованные государства выработать единый подход к решению проблемы Афганистана, поддержать усилия, направленные на установление правопорядка в этой стране, создание инклюзивного правительства, недопущение дальнейшей эскалации напряжённости и насилия, совместную борьбу с международным терроризмом.

Читать далее

ЗАЯВЛЕНИЕ по результатам Совещания спецслужб Ирана, Казахстана, Китая, Пакистана, России, Таджикистана и Узбекистана

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /НИАТ «Ховар»/. 20 октября в городе Душанбе состоялось Совещание  спецслужб Ирана, Казахстана, Китая, Пакистана, России, Таджикистана и Узбекистана.

Стороны отметили сложность ситуации в Афганистане, где продолжаются террористические акты и другие насильственные действия, влекущие  за собой многочисленные человеческие жертвы.

Отмечается тенденция вовлечения представителей молодёжи различных национальностей в международные террористические организации, в связи со сложностей, происходящих в стране процессов.

Деятельность международных террористических организации представляет угрозу для существования государственности в Афганистане.

Участники Совещания отмечают важность и необходимость формирования инклюзивного правительства с учётом интересов всех этнических, социальных и конфессиональных групп.

Для урегулирования ситуации в Афганистане необходимо использовать площадки международных организаций, членами которых являются участники совещания.

Участники Совещания призывают международные организации и заинтересованные государства выработать единый подход к решению проблемы Афганистана, поддержать усилия, направленные на установление правопорядка в этой стране, создание инклюзивного правительства, недопущение дальнейшей эскалации напряжённости и насилия, совместную борьбу с международным терроризмом.

Читать далее

БАРОМАДАН АЗ ТАЪСИРИ ПАНДЕМИЯ ДАР КОРГОҲҲОИ САНОАТӢ

Дар замоне, ки тамоми ҷаҳонро пандемия фаро гирифт сарҳадҳо баста ва мардум ба таҳлука омада, фаъолияти соҳаҳои мухталиф бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ гардида буданд. Содироту воридоти маҳсулот, равуои сокинон ва дигар муаммоҳое пеш омаданд, ки барои ҳалли он чораҳои заруриро мебоист пеш гирифт. Давраи пандемия ба фаъолияти соҳибкорон, деҳқонону кишоварзон низ бетаъсир намонд.  

Дар ин раванд коргоҳҳои саноатии истеҳсолии вилоят то ҳадди имкон мекӯшиданд, роҳҳои баромадан аз таъсири пандемияро ёфта бошанд. Яке аз чунин коргоҳҳое, ки дар ин давра бо мушкилот рӯ ба рӯ омад, ин ҶДММ «Авангард - 2013» мебошад. Коргоҳи мазкур ҳанӯз соли 2013 дар шаҳри Истаравшан таъсис ёфта, бо истеҳсоли равғани муҳаррикии нақлиётӣ машғул аст.

- Баъди аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон гаштани саноатикунонии мамлакат ҶДММ «Авангард - 2013» фаъолияти худро пурра ба истеҳсолот равона намуд. Самти асосии фаъолияти коргоҳ истеҳсоли равғани муҳаррики нақлиёт ва қуттиҳои пластмасӣ барои банду басти  истеҳсолот равона шудааст, - гуфт сармуҳосиби коргоҳ Ҳайдар Раҳмонбердиев.

Тавре ӯ иттилоъ дод, новобаста аз рақобатнок будани фаъолияти коргоҳи мазкур он дар бозори дохила тавонист, мавқеи худро пайдо карда, муваффақ гардад. Сол то сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда беш гардида, барои ҷалб ва зиёд кардани шумораи харидорон навъҳои гуногуни маҳсулот истеҳсол шуд. Ҳоло коргоҳ

наздик 12 намуди равғанро истеҳсол ва онро ба қуттиҳои ҳаҷмашон гуногун аз 600 грамм то 20 литр рехта, ба харидорон пешкаш менамоянд.

Барои бевосита дастрас гаштани маҳсулоти коргоҳ  аз истеҳсолкунанда ба харидор нуқтаҳои фурӯши худро ба ғайр аз вилоят дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, шаҳри Бохтар ва ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ташкил  кардааст.     

- Вақте тамоми ҷаҳонро бемории ҳамагири COVID - 19 фаро гирифт, ба иқтисодиёти тамоми ҷаҳон, ҳамчунин ба коргоҳи мо низ таъсири манфии худро расонид. Барои нигоҳдории саломатии кормандон чанд муддат коргоҳ аз фаъолият бозмонд. Баъдтар бо риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ барои пешгирии бемории сироятии COVID - 19 тамоми чораҳо андешида шуданд ва фаъолияти худро идома кардем, зеро боз мондан аз истеҳсолот зарари зиёдеро ба бор меоварад, - гуфт Ҳайдар Раҳмонбердиев. 

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки пандемия ба истеҳсолот ва иқтисодиёти коргоҳ барои дастраскунии ашёи хом таъсири худро расонид. Хушбахтона, дар поёни соли 2020 - ум истеҳсолот дубора ба фаъолият оғоз карда, мисли пешин истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шуд.  Ҳаҷми истеҳсолот соли 2019 – 2020 беш аз ҳафт миллион сомониро ташкил кард.

Баробари баромадан аз давраи пандемия коргоҳ бо мушкилоти дигар рӯ ба рӯ омад, зеро норасоии ашёи хом ва дастраскунии он бо сабабҳои мухталиф муваққатан боздошта шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ашёи хом аз Биржаи моли пулии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас мешавад.

- Вақте ашёи хом дастрас нагардид, фаъолияти мо муваққатан боздошта шуд. Аз фаъолият мондани коргоҳ хавфи бе ҷойи кор мондани кормандон ва аз даст додани харидоронро дошт. Аз қазияи мо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр огоҳ гардида, барои ҳалли мушкилот кӯмак расониданд. Баробари ин роҳбарияти ҷамъият тамоми кӯшиши худро ба он равона карданд, ки коргоҳ боз бе мушкилот фаъолияташро оғоз кунад. Ҳоло ҳаҷми маҳсулот ба давраи то пандемия расонида шуд, - гуфт номбурда.

Боиси таъкид аст, ки давраи гузариш аз таъсири пандемия дер давом накард, зеро саноатчиён таво-нистанд, тамоми нерӯ ва қувваи худро баҳри барқарор ва идома додани фаъолияти пурмаҳсули худ идома диҳанд. Бино ба иттилои мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Шӯҳрат

Отамуродов, давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 403 миллиону 544 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 16 миллиону 479 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ё худ иҷроиш 104,3 фоиз таъмин шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол дар шаҳри Истаравшан 50 корхонаи саноатии хурду бузург фаъолият мебаранд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатии гуногуни рақобатпазирро ба роҳ мондаанд. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр 1330 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин  ҳастанд. 

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Хуҷанд – Истаравшан – Хуҷанд

Читать далее

РАФЪИ КАМБУДИҲО ВА ҶОННОК НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТ

Дар маҷлисгоҳи прокуратураи вилоят ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят баргузор гардида, дар он натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳод дар 9 моҳи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа аз ҷониби прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, полковники адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад дар хусуси корҳои анҷомдодашуда, камбудиҳои ҷойдошта маълумоти мукаммал манзур гардида, баҳри рафъи камбудиҳо ва ҷоннок намудани фаъолияти корӣ дар самтҳои алоҳида дастуру супоришҳои дахлдор доданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар давраи таҳлилӣ дар маҷмӯъ 1344  санҷиши прокурорӣ гузаронида, аз натиҷаи онҳо 23 ҳазору 711 қонунвайронкунии мухталиф ошкор, баҳри бартараф сохтани онҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон 4227 амр дода, 2785 эътирози назоратӣ, 2222 пешниҳод оварда шудааст.

Ҳамзамон, 1275 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 11 ҳазору 603 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, ҳуқуқҳои вайроншудаи 32 ҳазору 953 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 65 нафар ноболиғу ҷавон ва инчунин 205,8 миллион сомонӣ зарарҳои моддӣ барқарор гардидааст.

Аз эътирозҳои назоратии овардашуда 367 адад ба қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 312 адад ба қарорҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 245 адад ба қарор-ҳои мақомоти назоратӣ ва 442 адад ба қарору фармонҳои муассисаҳои соҳаи маориф рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ тафтишоти пешакии 745 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 914 нафар ба охир расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо фиристода шудаанд. Вобаста ба ин парвандаҳо дар давраи тафтишоти пешакӣ зарарҳои моддӣ ба миқдори 8 миллиону 243 ҳазору 541 сомонӣ

барқарор шудааст. Дар мурофиаи судии марҳилаи аввал ҳангоми баррасии 529 адад парвандаи гражданӣ, аз ҷумла 15 парванда оид ба барқарор намудан ба ҷойҳои корӣ, 45 адад оид ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ ва ҳамзамон дар суди марҳалаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии 38 адад парвандаи гражданӣ иштироки прокурор таъмин шудааст.

Ғайр аз ин, ҳангоми баррасии 1107 адад парвандаи маъмурӣ дар судҳои марҳалаи аввал ва 13 адад парвандаи маъмурӣ дар судҳои марҳалаи кассатсионӣ иштироки прокуророн ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми 9 моҳ ба судҳои граждании шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 125 адад аризаи даъвогӣ ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ оварда шудааст, ки аз ҳисоби онҳо ва аризаҳои аз соли 2020 боқимонда ҳамагӣ 106 адад аризаи даъвогӣ ба маблағи 5,4 миллион сомонӣ баррасӣ гардида, 95 адад ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ қонеъ гардонида, 11 адад бинобар ихтиёран барқарор гардидани зарар ба маблағи 741,9 ҳазор сомонӣ қатъ гардидааст.

Ба судҳои иқтисодӣ 52 аризаи даъвогӣ ба маблағи 40,3 миллион сомонӣ оварда шуда, аз ҳисоби онҳо ва аризаҳои даъвогии аз соли 2020 боқимонда 50 адад ба маблағи 63,78 миллион сомонӣ баррасӣ гардида, 49 адад ба маблағи 63,74 миллион сомонӣ қонеъ гардонида шудааст.

Дар судҳои шаҳру ноҳияҳо ва Суди вилояти Суғд ҳангоми баррасӣ шудани 2038 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба  2354 нафар ба сифати суди марҳалаи якум иштироки айбдоркунандагони давлатӣ таъмин шудааст.

Вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳамагӣ 47 эътирози кассатсионӣ ва 46 эътирози назоратӣ оварда шуда, аз онҳо мутобиқан 44 ва 45-ададӣ баррасӣ гардида, 41 ва 42-ададӣ қонеъ гардонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 2569 муроҷиати шаҳрвандон ва 101 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, мувофиқан 664 муроҷиати шаҳрвандон ва 39 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ қонеъ гардонида шудааст.

Пайрав Мириноят,

ёрдамчии калони прокурори

 вилоят оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот, мушовири адлияи дараҷаи 2, 

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

19 October 2021

СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд

19 октябри соли 2021 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят маросими кушодашавии Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" баргузор гардид.

Дар кори форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшан Юлдошев, муовини ҳокими вилояти Самарқанди ҶӮ Ҷамшед Ҳайдаров, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи ҶӮ Хуршедҷон Ахмедов, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Россия ва Ӯзбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.

Читать далее

ХАТСАЙРИ ХУҶАНД – ТОШКАНД ДУБОРА БАРҚАРОР ГАРДИД

Шурӯъ аз 19 - уми октябри соли равон хатсайри Хуҷанд - Тошканд тариқи автобусҳои мусофирбар аз нав барқарор гардид. Аввалин гурӯҳи мусофирон аз терминали филиали ҶСП «Холдинги Осиё» ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд, ки ин ташаббусро ширкати «Asian – Express» роҳандозӣ кардааст. Акнун бо даст додани имконият ширкати «Asian – Express» тасмим гирифтааст ҳамарӯза мусофиронро аз шаҳри Хуҷанд то ба автовокзали шаҳри Тошканд расонад.

Икром Зокиров, директори филиали ҶСП “Холдинги Осиё»:

- Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри Хуҷанд – Тошканд дубора барқарор гардид. Боиси қайд аст, ки моҳи марти соли 2020 - ум бинобар хурӯҷи бемории ҳамагири  COVID – 19 сарҳад баста шуд ва то ба имрӯз аксар сокинон барои равуо бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуданд.

Бино ба гуфти масъулин акнун ҳамарӯза хатсайри Хуҷанд – Тошканд бе танаффус фаъолият хоҳад кард. Ҳоло аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 автобус ҳаракат мекунад ва дар оянда ҳангоми зиёд шудани талабот ва мусофирон ширкат имконият дорад шумораи автобусро дар ин масир бештар намояд. 

- Барои сафар мусофиронро лозим аст, ки бо худ шиносномаи хориҷӣ ва сертификат оид ба иммунизатсия бар зидди бемории COVID – 19 - ро дошта бошанд. Дар ҳолати набудани сертификат онҳо имкон доранд ба маблағи 140 сомонӣ дар гузаргоҳи сарҳадӣ соҳиби сертификат шаванд, - гуфт Икром Зокиров.

Боиси қайд аст, ки ҳаракати автобусҳо аз шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза аз соати 8 - и субҳ аз терминали собиқ «Сорбон» ё худ таксопарк (воқеъ дар маҳаллаи 13 - ум) оғоз мешавад. Аз ҷониби шаҳри Тошканд нақлиёт соати 18 - и бегоҳ ба самти Хуҷанд ҳаракат мекунад. Барои як нафар мусофир нархи роҳкиро барои як тараф 100 сомонӣ муайян шудааст.

Матлуба Маҳмудова - сокини шаҳри Хуҷанд:

- Аз соли 2004- ум инҷониб бо корҳои тиҷоратӣ машғул ҳастам. Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсулотро харида, ба шаҳри Хуҷанд дастрас мекунам. Ҳамин тариқ рӯзгорамро пеш мебарам. Бо сабаби маҳкам шудани роҳҳо имконияти равуо надоштам ва аз ин лиҳоз, бо мушкилоти зиёде дучор омадам. Имрӯз хушнуд аз он ҳастам, ки роҳҳо дубора боз шуданду имконияти бемамониат идома додани корҳои тиҷоратиро дорам.  
Ҷоиз ба ёдоварист, ки соли 2018 - ум бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, алалхусус аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баҳри бо ҳам омадани ду халқу миллат сарҳадҳоро боз намуда буданд. Ин боис ба роҳ мондани тиҷорат, истироҳат ва дигар масъалаҳои гуногун гардид. Аммо моҳи марти соли 2020 – ум бемории ҳамагири COVID - 19 тамоми дунёро фаро гирифт ва то андозае рафтуомади сокинон ба шаҳри Тошканд мушкил шуд. Ҳоло бошад сокинон аз боз шудани роҳ байни Хуҷанд - Тошканд изҳори хушнудӣ намуда, онро иқдоми нек арзёбӣ мекунанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия

Нимаи дуюми рӯзи 18 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россияро, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи VII байналмилалии савдо “Суғд-2021” ба вилоят ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни  суҳбат роҳбари вилоят вобаста ба вазъи иқтисодии Суғд маълумот дода, қайд кард, ки дар ҳудуди вилоят 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, номгӯи зиёди маҳсулоти истехсолшаванда содирот карда мешавад. Гуфта шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба 1 млрд. 607,2 млн. доллари ИМА баробар шуд. Аз вилояти Суғд асосан маъдану консентрант, семент, либосҳои гуногун, маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, номгӯи зиёди маҳсулот, хусусан маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Россия ирсол шудааст.

Читать далее

Деваштич - дар арсаи пешрафт

Самараи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаву бунёдгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба марҳалаи рушду пешрафт ноил шуданд ва сатҳу сифати зиндагии сокинон батадриҷ боло мераванд.

Чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят сокинони ноҳияи Деваштич низ дар ин давра ба пешравиҳои назаррас ноил шуда, бо бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти дорои таъиноти гуногун симои он ба куллӣ дигаргун гардида, имрӯз ба яке аз ноҳияҳои зебои ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.

Бино ба иттилои раиси ноҳия Ашӯралӣ Ҷалилзода, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, толору майдончаҳои муосири варзишӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаҳои ҳусн, боғи фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳо ва марказҳои хизматрасонӣ то имрӯз бо кӯшишу заҳмати сокинону масъулини ноҳия сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар боқимонда иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамзамон, маркази ноҳия чароғон шуда, шиору овезаҳои таблиғотӣ насб гардида, инчунин, барои сайругашти сокинон мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ ободу зебо шуданд, ки шабонгоҳ хеле назаррабо ба чашм мерасанд.

Дар идомаи корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия то ин дам беш аз ҳаждаҳ сартарошхона ва толори ҳусн, сенздаҳ адад майдонча ва толори варзишӣ, як боғи истироҳатию фароғатӣ, се китобхона, панҷ дорухона, ҳафт ҳаммом, понздаҳ корхонаи истеҳсолии хурд, чилу ҳафт маркази хизматрасонӣ ва майдончаи варзишии бозии кӯдакон сохта, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифтаанд. Гуфтан бамаврид аст, ки имрӯзҳо корҳои созандагӣ дар ҳамаи Ҷамоату деҳоти ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, сокинон бо рӯҳияи баланд баҳри ободу зебо намудани диёри худ кӯшиш доранд.

Имрӯзҳо дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ дар 57 иншооти ба нақша гирифа шуда корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ва баҳри сокинон хизмат намуда истодаанд. Сохтмони бинои нави маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон, боғи истироҳатӣ - фароғатӣ, дорухона ва дигар иншооти зарурӣ дар ҷамоати номбурда аз тарафи соҳибкорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Ба истифода додани бинои Кумитаи идораи замин, Раёсати адлия, майдони Парчам, кӯдакистони замонавӣ, хиёбони марказӣ ва таъмири куллии роҳи асосии ноҳия рӯҳияи сокинони ноҳияро боло намуд.

Барно АБДУFАФФОРОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее