September 2021

22 September 2021

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ АСИЛИ ФАРҲАНГӢ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8 – уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ нигаронида шуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя менамояд. Мухбири рӯзнома бо Сӯҳроб Рустамзода - мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилоят доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро манзури хонандагон месозем.

Хушбахтона, имрӯз мардуми бомаърифат ва бофарҳанги кишвар дар зиндагӣ ва маъракаҳои худ низоми муқарраргардидаро роҳандозӣ карда истодаанд. Ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонун муҳим, саривақтӣ ва ба замон мувофиқ буда, он дар доираи маъракаҳои тӯю мотамдорӣ ба низом дароварда шуд. Қабули қонуни мазкур бо мақсади гирифтани пеши роҳи афзоиши бемантиқи расму оинҳо, нигоҳ доштани анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги миллӣ, динӣ, худшиносии миллӣ ва ниҳоят ба талаботи арзишҳои башарӣ мутобиқ намудани расму оини зиндагии мардуми Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Қобили қайд аст, ки моҳи июни соли равон ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 14 сол пур шуд. Қонун барои камхарҷ ва сарфакорона намудани маъракаҳо, инчунин, баҳри аз байн бурдани тӯю маросимҳои дабдабаноки хурофотию таассубӣ нигаронида шуда бошад ҳам, мутаассифона, аз ҷониби баъзе сокинон қонуншиканӣ ба назар мерасад. Масалан, дар ҳашт моҳи соли 2021‐ум 105 ҳолати қонунвайронкунӣ дида мешавад, ки он бештар дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ба назар мерасад. Дар ин замони пешрафти босуръати техникаву технология наврасону ҷавонон аз илму донишҳои замонавӣ бархурдор буда, дар зиндагӣ роҳи дурусти хешро пеш гирифта истодаанд.

Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят тибқи нақшаи корӣ баҳри татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода фаъолиятро роҳандозӣ намуда истодааст.

Алҳол барои риояи қонуни мазкур як шуъбаи вилоятӣ, 18 бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳо, 105 сармутахассис дар Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, 134 комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва 1701 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар корхонаву ташкилот, муассисаю ширкатҳо ва хоҷагиҳо ба рафти иҷрои қонун назорат мебаранд.

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ҳамагӣ 14 ҳазору 722 маъракаву маросим баргузор гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми гузаронидани рейди муштараки аъзои комиссияи доимӣ, санҷишу назорати баргузории маърака ва маросим масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ 105 ҳолати қонуншиканиро ба қайд гирифтанд, зикр дошт Сӯҳроб Рустамзода.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

МУҲИМТАРИН БАХШИ ИҚТИСОДИЁТ

Имрӯзҳо падидаҳои зиёде ҳастанд, ки ҷомеаи моро дар масири Истиқлоли давлатии кишвар бештару беҳтар ва вусъатпазир муаррифӣ менамоянд. Яке аз ин ҷанбаҳо туризм ё сайёҳӣ мебошад, ки дар миқёси ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла дар кишвари биҳиштосои мо – Тоҷикистони маҳбубу соҳибихтиёр бештар маъруфият касб кардааст.

Сабаб чист? Омили асосӣ ин аст, ки кишварамон амнтарин мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ раддабандӣ гардида, дар осмони софу беғубори он фазои ҳамгироӣ, ваҳдат ва сулҳу оромии комил танинандоз асту бо обҳои мусаффои нӯшиданӣ ва обҳои шифобахш, диёри кӯҳҳои сарбафалаку осмонбӯс ва табиати нотакрораш машҳуру шинохта шудааст.

Дар ин росто ташаббуси бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълом доштани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба рушду пешрафти сайёҳӣ, саёҳату туризми гуногунсамт, афзудани шавқу завқу сайёҳони чи хориҷиву чи дохилӣ такони пурвусъат бахшидааст. Теъдоди сайёҳон дар қаламрави кишвар, аз ҷумла, вилоятамон бамаротиб зиёд гардида, соҳаи сердаромад маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки сайёҳӣ аз муҳимтарин бахши иқтисодиёти ҷомеаи мо ба шумор меравад. Тоҷикистон, чунонки дар сарчашмаҳо зикр шудааст, аз 3000 то 7495 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, 93 фоизи қаламрави ин кишвари зебову табиаташ нотакрор саросар кӯҳсор мебошад. Дар Ватани мо пиряхҳои азимҷуссаву бузург, дарёҳои калону сероб, кӯлҳои дорои обҳои мусаффо ва ҳайвоноти нодир мавҷуданд. Табиати афсонавию камназир ва сарватҳои табииаш сайёҳонро мафтун сохтааст. Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ мавзеъҳои беназири сайёҳӣ ҷойгиранд, ки диққати сайёҳонро ба худ мекашанд.

Дар қаламрави вилоятамон фароғатгоҳҳои табобатӣ низ хеле зиёданд, аз он ҷумла, «Зумрад», «Ҳавотоғ», «Баҳористон» ва як қатор осоишгоҳҳои бонуфуз, меҳмонхонаҳо дар хизмати сайёҳон мебошанд. Табиати диёри зебоманзари мо нотакрору иқлими басо муътадилу мувофиқ, инчунин ёдгориҳои нодиру куҳани таърихӣ дорад.

Барно АБДУҒАФФОРОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ФОРИҒБОЛӢ НАШОЯД

Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар афканем, дармеёбем, ки ниёгонамон ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ин аст, ки «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳими таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтаанд.

Тарбияи фарзанд ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Тибқи талаботи моддаи 18‐уми Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, давлатҳои аъзо саъю кӯшишро ба он равона месозанд, ки принсипҳои умумиро эътироф карда, масъулияти баробари волидайнро барои тарбия ва инкишофи кӯдак таъмин намоянд.

Бинобар ин, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила яке аз принсипҳои танзими муносибатҳои оилавӣ ба шумор меравад, ки он дар моддаи 1‐и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст. Ҳуқуқи афзалияти падару модарро дар тарбияи фарзандон нисбат ба ҳама шахс кафолат медиҳад ва ба зиммаи онҳо уҳдадории тарбия ва рушду камоли фарзандонро вогузор мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзанд, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»‐ро қабул намуд. Соли 2011 ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд: «Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати падару модарони азизи мо мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад».

Тавре мебинем, Роҳбари давлат масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд хеле муҳим арзёбӣ менамоянд, ки ин асоси воқеӣ дорад. Воқеан, раванди ҳаёти пурҷилои имрӯзаи Тоҷикистони азизи мо маҳз аз масъулияти бузурги волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон реша гирифтааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омили болоравии ахлоқи накӯ, рушди илму маориф ва пойдории ҷомеаи солим гардидааст.

Шаҳноза САЙФУЛЛОЗОДА,

корманди шуъбаи САҲШ и шаҳри Хуҷанд

Читать далее

21 September 2021

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо санаи 22-юми сентябр ҳамчун рӯзи бузургдошти поягузори шеъри тоҷику форс, устоди назми оламгир Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат сокинони вилоят ва бахусус аҳли илму маърифат, олимону адибон, донишҷӯён ва алоқамандони дигари каломи ноби тоҷикиро бо рӯзи бузургдошти ин абармарди фарзона ва пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ табрику таҳният мегӯям.

Читать далее

“СӢ БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ”

Бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода китоби «30 баҳори Истиқлол» тавассути нашриёти «Хуросон» интишор шуд.

Китоби мазкур нақши беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар рушду тавсеаи давлату давлатдории навини тоҷикон, ҷанбаъҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ва кӯшишҳои роҳбарияти ин минтақаи ободи Ватан дар роҳи баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқро инъикос кардааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар китоби тозанашр дар бобати «Ситоиш кард бояд даври Истиқлолро», «Оғози давлатсозӣ ва давлатдории навин», «Аввалин музаффариятҳо ва дастовардҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ», «Музаффариятҳо халқу миллатро ба сӯи ояндаи дурахшон мебарад» ва «Навгониҳои даврони Истиқлол ва комёбиҳои беназир» маводи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву адабии Раҷаббой Аҳмадзода, Анвар Яъқубӣ, Мақсудҷон Умаров, Озифхон Шарифзода, Фирдавс Шарифзода, Атахон Сайфуллоев, Ваҳҳоб Набиев, Усмонҷон Ғаффоров, Ҷамшед Ҷӯразода, Аҳмадҷони Раҳматзод, Зуфар Исмоилзода, Абдуҳаким Шарифов, Аминҷон Шарифзода, Озарахш, Тавҳида Ҷӯраева, Сурайё Ҳакимова ва дигарон чоп шудааст. Китоб бо теъдоди ҳазор нусха нашр шудааст.

Китоби «Сӣ баҳори Истиқлол» барои беҳтар намудани фазои маънавии ҷавонону наврасон тӯҳфаи арзишманде хоҳад буд, зеро дар саҳифаҳои он таърихи расидан ба Истиқлоли миллӣ ва марҳалаҳои ба даст овардани сулҳу ваҳдати тоҷикон инъикос ёфтааст.

Хонандагон дарк менамоянд, ки Тоҷикистон барои ба даст овардани Истиқлоли миллӣ ба душвориҳо рӯ ба рӯ омада, то 30 – солагии он ба чӣ дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид. Китоб ба тарбияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хештаншиносии ҷавонон ва наврасон мусоидат мекунад.

 Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

АЗ КИШТ ТО ИСТЕҲСОЛ ВА ЗАХИРА БО УСУЛИ АНЪАНАВӢ

Дар соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ин картошкапарварӣ маҳсуб меёбад. Зеро сокинони мамлакат онро нони дувум меҳисобанд. Аз ин лиҳоз ба ин бахши муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат диққати махсус равона гардидааст. Ҳамасола бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар дар мамлакат майдони кишти картошка афзун мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид, қайд намуданд, ки дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ истеҳсоли картошка дар мамлакат даҳ баробар зиёд гардидааст. Ин рақам бозгӯи он аст, ки имрӯз деҳқонон дар самти истифодаи самараноки замин ва гирифтани ду ва зиёда ҳосили баланд корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Ҳамчунин, далели дигари зиёдшавии истеҳсоли картошка он аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ замин ба дасти деҳқонон расид ва кишоварзон бо дасту дили гарм меҳнат намуда, аз он ҳосили дилхоҳ гирифта истодаанд.

Имрӯз ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли картошкаи хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар миқёси вилояти Суғд корҳои назаррас иҷро гардида, деҳқонон дар ин самт аз тамоми имкониятҳои лозима истифода намуда истодаанд. Дар миқёси вилоят картошкаҳои хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза бештар дар ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент парвариш меёбанд. Кишоварзони ноҳияи Деваштич картошкапарвариро яке аз бахшҳои муҳим ҳисобида, баҳри пешбурди рӯзгори худ ва таъмини бозорҳои маҳалливу ҷумҳурӣ дар саҳро машғули кор ҳастанд. Деҳқонон дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии деҳқониву инфиродии худ ба парвариши ин намуди зироат машғуланд. Аксарияти сокинони ноҳия зиндагии худро аз ҳисоби ин навъи зироат пеш мебаранд.

Кишоварзони ноҳия аз ҳисоби заминҳои дар ихтиёри худдошта тухмиҳои хушсифати маҳсулоти кишоварзиро кишт намуда, имрӯз дар саҳро аз пайи ҷамъоварии ҳосил ҳастанд. Бино ба иттилои масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия, масоҳати умумии заминҳои ноҳия 36569 гектар мебошад. Соли 2021 деҳқонон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 6061,6 гектар кишти картошкаро ба роҳ монда буданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 860,8 гектар зиёд мебошад. Имсол кишоварзон кишти картошкаро аз сабаби боришоти зиёди борон сари вақт ба роҳ монда натавонистанд. Аз ин лиҳоз, ҷамъоварии ҳосили онро баъзе аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дар охирҳои моҳи сентябр оғоз менамоянд. Миқдори истеҳсол ва майдони кишти картошка дар ноҳия сол аз сол зиёд мегардад.

Масалан, соли 2014 кишоварзони ноҳия дар майдони 2288 гектар кишти картошка гузаронида, аз ҳар гектар 276 сентнер ҳосил рӯёниданд. Соли 2015 бошад, майдони кишти картошка 150 гектар зиёд шуд. Бино ба иттилои масъулин имсол дар ноҳия истеҳсоли картошкаро аз 93 800 тоннаи соли 2015 ба 180 – 200 ҳазор тонна расониданианд. Соли равон деҳқонони ноҳия аз ҳар гектар аз 280 то 350 сентнерӣ ва аз ин ҳам зиёд ҳосил умед доранд. Абдумалик Ҳодиев дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи бой дорад. Худ сокини ноҳияи мазкур буда, дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияти назаррас намудааст. Аснои сӯҳбат зикр намуд, ки имрӯз сокинони деҳаҳое, ки дар доманакӯҳ ҷой гирифтаанд, барои истеҳсоли картошкаи аз ҷиҳати экологӣ тоза машғуланд. Зеро иқлими ин минтақаҳо мӯътадил буда, ба парвариши ин намуди зироат мусоид аст. Картошкаи истеҳсолнамудаашон асосан бозорҳои кишварро дар фасли зимистон ва аввали баҳор бо маҳсулоти хушсифат таъмин менамояд. Зеро то аввали баҳор онро дар анборҳо ва таҳхонаҳои махсус нигоҳдорӣ мекунанд.

Ба андешаи Абдумалик Ҳодиев, имрӯз бояд ниҳодҳое, ки барои захираи маҳсулоти кишварзӣ машғуланд, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома баста, маҳсулоти кишоварзиро аз дасти аввал, яъне аз худи деҳқон харидорӣ намуда, захира намоянд ва дар ҳолатҳои лозима барои таъмини бозорҳои дохила онро ба бозор бароранд. Бино ба иттилои мавсуф, кишоварзони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Муҷун, Росровут ва Ваҳдат дар самти нигоҳдории картошка таҷрибаи зиёд доранд. Онҳо, ҳатто, бо усули бобоӣ яъне дар «ӯра» низ маҳсулоти кишоварзии худро нигоҳ медоранд. Ин усул барои хуб нигоҳ доштан ва талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка мусоид аст. Барои нигоҳдории картошкаи ҷамъоварда моро лозим аст, ки онро ба навъҳо ҷудо намоем ва пасон дар таҳхона нигоҳ дорем, мегӯяд сокини деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич Амирбек Соҳибов.

 Аз гуфтаи ин нафар маълум мегардад, ки нигоҳдории картошка дар ин деҳа усули ба худ хосро дорад. Таҳхонаҳо дар фасли сармо барои осеб наёфтани картошка мувофиқанд. Зеро пас аз ворид намудани картошка ба таҳхона, то муддати муайян дари онро боз намекунем. Зеро ҳавои хунуки воридшуда метавонад, дар сардиҳои зимистон ба ин маҳсулот зарар расонад. Амирбек чандин сол аст, ки ҳамроҳи аҳли оилаи хеш ба картошкапарварӣ машғул аст. Ӯ имсол дар 1,5 гектар замини дар ихтиёрдоштаи худ картошкаи навъҳои серҳосилро кишт намуда, ният дорад, ки ҳосили хуб ба даст орад. Сокинони деҳаи Овчӣ дар самти кишту парвариши картошкаи хушсифат шуҳратёр гаштаанд. Зеро иқлим ва оби тозаи чашмасорон барои истеҳсоли картошкаи хушсифат боис мегардад. Имсол барои обёрӣ намудани заминҳои мавзеи «Дукчӣ», «Наволӣ» ва мавзеи поёнтари он бо қувваи аҳолӣ дар масофаи 3,4 километр ҷӯйбор кандаанд, ки аз он мушкили деҳқонон осон гардид. Дар ин мавзеъ оби аз ҳисоби барф омада то охири моҳи август заминҳоро шодоб менамуду халос.

Пас аз обёрӣ деҳқонон тавонистанд, замини худро то нимаи моҳи сентябр бо об таъмин намоянд. Ин амал барои зиёд намудани ҳосили картошкаи имсола мусоидат менамояд. Зеро аз лундаҳои ин навъи зироат мушоҳида кардан мумкин аст, ки назар ба соли пеш хубтару беҳтар инкишоф ёфтааст, мегӯяд Амирбек Соҳибов. Қайд кардан лозим аст, ки яке аз сабабҳои дигари истеҳсоли зиёди картошка дар ноҳия ин ба анҷом расонидани лоиҳаи сохтмони хатти обгузари Даҳкатсой – Даҳанасой мебошад. Оғози амалишавии ин лоиҳа ба моҳи октябри соли 2015 ҳангоми сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия рост меояд. Лоиҳаи мазкур барои обёрии 12 ҳазор гектар замини лалмӣ ва чарогоҳ пешбинӣ гардидааст.

 Дар баробари амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб боло меравад. Махсусан заминҳои кишти картошка зиёд ва истеҳсоли он то ба беш аз 300 ҳазор тонна баробар мегардад, мегӯяд Абдумалик Ҳодиев. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ноҳияи Деваштич се хоҷагии тухмипарвар, аз ҷумла Кооперативии истеҳсолии «Овчӣ Ғончӣ», «Ҳотам Қурбонов» ва «Ҳӯҷаҳо» фаъолият менамоянд. Аксари ноҳияҳои картошкапарвар тухмиҳои хушсифати кишоварзони ноҳияро харидорӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар самти нигоҳдории тухмии картошка барои кишт аз анборҳои алоҳида истифода менамоянд. Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон бошанд, баҳри истеҳсоли картошкаи хушсифат аз хоҷагиҳои тухмипарвари ноҳияи Деваштич тухмиҳои хушсифатро харид намуда, дар заминҳояшон кишт менамоянд. Аз ин лиҳоз, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2100 гектар кишти картошка гузаронида буданд, ки айни ҳол ҷамъоварии он оғоз гардидааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар солҳои охир, мувофиқи афзалиятҳои барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои калонҳаҷми ноҳияи Шаҳристон аз нав таҷдид гардида, дар асоси он хоҷагиҳои хурди инфиродӣ ва оилавӣ таъсис ёфта истодаанд. Алҳол дар ноҳия 2330 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Дар ин ноҳия ҷиҳати афзун намудани майдони кишти картошка ва зиёд намудани истеҳсоли он тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон, деҳқонон соли гузашта 43504 тонна картошка истеҳол намудаанд. Имсол бошад, аз рӯи нақшаи пешбинишуда истеҳсоли картошкаро ба 50 ҳазор тонна расонидаанд. Аз рӯи ҳосилғундории имсола гуфтан мумкин аст, ки ҳосилнокии картошка нисбат ба соли гузашта зиёд буда, ба ҳисоби миёна аз 250 сентнерии соли гузашта ба 290 сентнер расидааст. Айни ҳол то ба санаи 1 – уми сентябр дар ноҳия беш аз 10,5 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Тибқи таҳлилҳо ва санҷишҳои кормандони раёсати кишоварзии ноҳия, истеҳсоли барзиёди картошка аз тухмии хушсифат вобаста аст. Тухмиҳои навъҳои «Аҳлиддин», «Пикассо», «Овчӣ», «Шукрона» ва ғайраҳо, ки аз ноҳияи Деваштич ворид гардидаанд, ҳосили хуб медиҳанд. Имрӯз бештар Хоҷагиҳои деҳқонии «Юсуфбобо» ва «Толибҷон 2» дар самти кишту парвариши картошка пешсаф буда, аз ҳисоби кишт намудани тухмиҳои хушсифати номбурда саҳмдоронаш ҳосили хуб ба даст меоранд, иброз дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон Хуршед Расулбердиев.

Дар ҳақиқат, кишоварзони ноҳияҳои номбурда имрӯз дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар саҳро машғули коранд. Онҳо моҳияти мақоли мардумии «Замин зар деҳқон заргар» ро хуб дарк намудаанд. Аз ин лиҳоз, баҳри ба даст овардани зар ба замин муносибати хуб намуда, бо умеди нек дона мепошанд ва бо амалӣ намудани корҳои агротехникӣ ҳосили хубро интизоранд. Алҳол мавсими ҳосилғундории картошкаи киштшуда оғоз гардидааст ва деҳқонон аз ҳавои мусоид истифода намуда, баҳри ба даст овардани ҳосили дастранҷи худ кӯшиш доранд.

Истамҷони Наҷмиддин, «Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

 

Читать далее

ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

(Рушди забони давлатӣ аз дидгоҳи Пешвои миллат)

Қонун дар бораи забони тоҷикӣ санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида, дар муддати 20 соли амали худ дар рушду шукуфоии забон нақши муҳим гузошт. Вале бо назардошти он, ки бархе аз муқаррарот ва меъёрҳои он, ки дар замони шӯравӣ таҳия гардида, бо гузашти замон наметавонистанд, талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони истиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд, зарурат пеш омад, ки ба хотири ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад. Ҳамин тариқ, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, ин сана дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун «Рӯзи забони давлатӣ» эълон гардида, ба феҳрасти ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нав ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Интишори китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»‐и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дарбар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумат нисбати тақдири забони давлатӣ бетаваҷҷӯҳ набуда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳангоми ироаи Паёмҳои маъмулии хеш ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое пардохтаанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқею нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад.

Боиси ифтихор аст, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғагон, аз ҷумла Рӯдакиву Фирдавсӣ, Шайх Аттору Ҳаким Саноӣ, Имом Хоқониву Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар дурри макнуни сухан суфта, осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо ворисон онро бо осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем.

Дар даврони ташаккули худ забони тоҷикӣ бисёр марҳалаҳои тӯлонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай карда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намуда, имрӯз низ дар даврони истиқлол ва бунёди давлати миллӣ рисолати худро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ идома дода истодааст.

Боиси таъкид аст, ки забон дар масири рушду таҳаввули худ пайваста дар такомул буда, аз ҳисоби калимаҳои нобу сараи тоҷикӣ, ки аксаран дар забони мардум мавриди истифода мебошанд, ғанӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, яке аз сарчашмаҳои инкишофи забони модарии ҳар халқу миллатро забони шеваю лаҳҷа ташкил дода, он ҳамчун ганҷинаи бебаҳои халқ барои ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон хизмат мекунад. Зеро дар забони лаҳҷаю шева бисёр дурдонаҳои номакшуф нуҳуфтаанд, ки шинохт ва ба хидмати забони адабӣ истифода бурдани онҳо барои инкишофу такмилу вусъати имконоти забони адабӣ кӯмак мерасонад.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмоли умум берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».

Дар замони мо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияҳои навин, дар байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба забони давлатӣ низ таъсир гузошта, барои рушду инкишофи табиии он монеаҳо низ эҷод мекунад. Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи истилоҳу иқтибосот қолабҳои муайяни калимаю ибора ва истилоҳсозӣ, ки ба табиати забон мувофиқ бошанд, на ҳама вақт ба инобат гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, таъкиди ин нукта, ки бояд аз «иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосӣ ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонда шавад», дастури саривақтӣ буда, дар роҳи аз ҳисоби забонҳои дигар ва калимаю ибороти соҳавии улуми гуногун ғанӣ гардонидани забон муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат чанд пешниҳодҳои судмандро баён намуданд, ки воқеан ҳам татбиқи амалии онҳо барои ғанӣ гардонидани шабакаҳои иттилоърасонии тоҷикӣ ва гузашта аз он ҳамчун забони илм мавқеи мустаҳкам пайдо кардани забони тоҷикӣ нақши равшан хоҳад бозид. Аз ҷумла:

1. Зарурати таҳияи барномаи компютерии «санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ»;

2. Феҳристбандии электронии тамоми калимаҳо бар мабнои муҳимтарин сарчашма ва маъхазҳо;

3. Ба барномаи компутерӣ ворид намудани тамоми калимаҳои забон, бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид намудани шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс‐ул‐луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»‐и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ… ва монанди инҳо.

Дар ҳақиқат, имрӯз вақти он расидааст, ки дар воситаҳои электронии хабаррасон ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти муҳими соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мероси гаронбаҳои ниёгон, осори адабию бадеӣ, девонҳо, осори адабиётшиносӣ, донишномаҳои соҳавӣ ва ғайра ҷой дода шаванд, то ин ки хонандагон битавонанд, аз шабакаҳои иттилоърасонӣ ҳамчун сарчашмаи маърифатомӯзӣ баҳраманд гарданд.

Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки ба сатҳи саводнокии мардум ва бахусус насли наврасу ҷавон, латма ворид месозад, ҷой доштани камбудиву духӯрагиҳои ҷиддиест, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар расида, дар байни аҳли илму адаб, олимону забоншиносон ва қишрҳои дигари ҷомеа баҳсҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Чунин нуктаҳои баҳсбарангезу мутаноқиз дар фарҳангҳои соҳавии марбут ба забон, аз ҷумла «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» низ зиёд ба назар расида, ба сатҳи забондонию маърифати хонандагон таъсири манфӣ мерасонанд. Пешвои миллат дуруст ишора карданд, ки имрӯз зарурати ҳар чи зудтар таҳия ва омода намудани луғати имлои забони тоҷикӣ эҳсос мегардад, зеро «қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад».

Дар робита ба ин, санаи 30 юми июни соли 2021 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии давлату Ҳукумат эҳё ва ба танзим даровардани номҳои миллӣ ва қадимаи тоҷикӣ, истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ, номгузории мавзеъҳо ҷуғрофӣ, таърихӣ, маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ, ки бояд бо такя ба суннатҳои гузаштаи ниёгон амалӣ карда шавад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Аз нав эҳё гардидани номҳои асили миллӣ, таърихӣ ва қадимаи Суғд, Хатлон, Бохтар, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун на танҳо ба гузаштаи пурифтихори мо ишора дорад, балки ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузошт. Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим тарбияи насли ҷавоне мебошад, ки илова ба хуб донистани забони модарии худ бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир бояд ҳадди ақалл се‐чор забони хориҷиро донанд. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем». Зеро чунонки бузургон таъкид мекунанд, забони худро надониста, аз бар намудани забонҳои дигар имкон надорад. Дар ин маврид шоир хеле хуб гуфтааст:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забон осон гардад.

Дар ин бора Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва мулоқотҳои худ пайваста таъкид бар он медоранд, ки муаррифии дастоварду муваффақиятҳои кишварамон ба мутахассисони соҳибихтисос ва дар айни замон забондон вобастагии калон дорад. Дар баробари ин, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳар як шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст. Бахусус, тавассути ташкил намудани мулоқоту вохӯриҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, азбар кардани шеърҳо, байтбарак ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, барои қавӣ гардонидани ҳофизаи таърихии хонандагону донишҷӯён зарур мебошад.

Дар замони ҷаҳонишавӣ мақоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио дар ташаккул ва инкишофи забони адабӣ ниҳоят калон аст, зеро ҷомеаи имрӯзаро бидуни ин воситаҳои хабарӣ тасаввур кардан имкон надорад. Зеро мақоми телевизион дар ҳаёти имрӯзаи мо, махсусан дар ташаккулу такомули тафаккури афроди ҷомеа, ниҳоят бузург мебошад. Бар дӯши кормандони телевизион масъулияти хеле ҷиддӣ гузошта шудааст, зеро дар инкишофи забону маданият, санъату фарҳанг нуфузи телевизион бештар буда, арзишҳои фарҳангии мо тавассути он тарғибу ташвиқ мегардад. Оид ба риоя нашудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои телевизиону радио андешаҳои зиёди аҳли илму адаб баён гардида, имрӯз зарур аст, ки дар назди ҳар як муассисаи иттилоотӣ шуъбаи таҳриру таҳлили матнҳо бо ҷалби донандагони хуби забон таъсис дода шавад, ташкил намудани курсҳои доимоамалкунандаи бозомӯзии забон барои кормандони ВАО, аз нигоҳи мутахассисон гузаронидани матни суруди ҳофизон, риояи усули навишти сатрҳои равон ва монанди инҳо барои ҳифзу ҳимояи забони ноби тоҷикӣ, асолат ва покизагии он ҳамчун сарвати бебаҳо ва муқаддасоти миллӣ ба манфиати кор мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ низ дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намуданд, ки: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». Дар ҳақиқат, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад ва аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку муназзаҳ нигоҳ доштани он зарур мебошад.

Забони мо сарвати мо ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо соҳибони ин забон мебошад.

Тоҷибой СУЛТОНӢ,

доктори илмҳои филологӣ,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят

Читать далее

СИМОИ ИДОНАИ ШАҲР

Шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) соли 1938 дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ташкил ёфтааст. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, яъне соли 1993 мақоми шаҳрро гирифт. Дар рафти ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 пешниҳод намуданд, ки номи шаҳр ба Истиқлол иваз карда шавад. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми марти соли 2012 шаҳр номи Истиқлолро гирифт. Алҳол аҳолии шаҳр ба 18 ҳазору 46 нафар расидааст.

Шаҳр дар доманаи кӯҳҳои Қурама қарор дорад. Давоми сӣ соли Истиқлол масъулин ба он ҷаҳд доранд, ки шаҳр дар ҳама самтҳо ба пешравиву натиҷаҳои баланд ноил гардад. Доир ба самтҳои асосии расидан ба ҳадафи миллӣ раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода гуфт, ки Истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки баҳри рушди босуботи кишвари азизу маҳбуб қадамҳои устувор гузорем.

Маҳз бо кӯшишу талош ва эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва иродаи устувору шикастнопазири Пешвои муаззами миллат ва хиради азалии мардуми саодатманду сулҳхоҳи тоҷик Тоҷикистони мо аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо ёфта, роҳи рушди босубот ва марҳалаи амалӣ намудани нақшаву ниятҳои неку созанда мушаххас гардид. Ба хотири рушди иқтидори саноатии шаҳр ва дубора эҳё намудани шаъну эътибор ва шӯҳрати пешинаи шаҳри Истиқлол бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой ташкил шуд, ки дар он корхонаи металлургии азим фаъолияти хешро моҳи ноябри соли 2017 оғоз кард. Боиси ифтихор аст, ки дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, қайд карданд: “Шаҳри Истиқлол ояндаи дурахшон дорад” ва мо ба ин итминони комил дорем, гуфт раиси шаҳр.

 Ҳамчунин Даврон Зоҳидзода қайд кард, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат дар шаҳр ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой” ва ҶДММ “Нуқрафом” фаъолият доранд, ки дар оянда барои ҳамчун шаҳри муқтадири саноатӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардидан мусоидат менамоянд. Маҳз самараи Истиқлол аст, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ҳафт моҳи соли равон зиёда аз 18 миллиону 755 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ум 104,6 фоиз гардид. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 13 миллиону 532 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ум ба 118,8 фоиз расид. Айни замон ҳама корхонаҳои шаҳр фаъолият мебаранд. Бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр корҳои бунёдкориву ободонӣ иборат аз 130 банд нақшаи чорабиниҳо барои бунёди иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ пешбинӣ гардида буд, ки он ба пуррагӣ иҷро гардидааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки тайи чанд соли охир таъмири бинои идораҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, бунёди нуқтаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ, чароғонкунии чанде аз биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ ба субут расонида шуд. Ҳамчунин, роҳравҳои кӯчаҳои асосӣ сафолакпӯш ва биноҳои маъмуриву истиқоматӣ бо тарҳу намуди замони муосир тармиму таҷдид ва рангубор шуданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, сохтмони муассисаҳои таълимиву кӯдакистонҳо бомаром идома дорад. Дар ин самт низ сокинони шаҳр ба натиҷаҳои дилхоҳ расидаанд.

Пешвои муаззами миллат нисбат ба таълиму тарбияи насли нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва барои бо таълими зарурӣ фаро гирифта шудани наврасону ҷавонон тамоми шароитро муҳайё карда истодаанд. Боиси таъкид аст, ки бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯдакистони нав барои 240 нафар кӯдак санги асос гузоштанд, ки имрӯз бунёди он дар арафаи анҷомёбист.

Дар ҳолати ба фаъолият оғоз намудани он ҷойҳои кории нав муҳайё гардида, нақшаи ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ пурра иҷро мегардад, гуфт раиси шаҳр. Барои таъмири муассисаҳои таълимии шаҳр соли равон 174 ҳазору 155 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Баробари ин, дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири Литсейи касбии техникӣ 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳр давоми солҳои соҳибистиқлолӣ навоварӣ, бунёду сохтмони иншооти мухталиф ба роҳ монда шудааст.

Роҳбарият ва масъулини шаҳр баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаанд. Имрӯз шаҳри таърихии Истиқлол намои дигар гирифтааст. Кӯчаҳои шаҳр чароғону роҳҳо мумфарш, биноҳои истиқоматӣ таъмиру боғи фароғатӣ обод гардидааст ва сокинон бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол мекӯшанд, неъмати бузургро поянда доранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

20 September 2021