11 September 2021

ДАРХОСТИ БОШАНДАГОНИ ПАНҶШЕР АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ, СММ, ИМА, СОЗМОНИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР, СОЗМОНҲОИ ИМДОДРАСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА СОЗМОНҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР БАРОБАРИ НАСЛКУШИИ ТОЛИБОН

ДАРХОСТИ БОШАНДАГОНИ ПАНҶШЕР

АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ, СММ, ИМА, СОЗМОНИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР, СОЗМОНҲОИ ИМДОДРАСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА СОЗМОНҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР БАРОБАРИ НАСЛКУШИИ ТОЛИБОН

        

Тавре ҳамаи ҷаҳон огоҳ мебошад, аз се ҳафта ба ин сӯ қаламрави Панҷшер, ки амнтарин вилояти Афғонистон маҳсуб мешуд, мавриди ҳамлаи Толибон бо пуштибонии гуруҳҳои чандмиллиятии террористии байналмилалӣ қарор дорад. Баъди шикасти пайдарпайи ҳамлаҳои ин гурўҳҳо ва дар муҳосира қарор гирифтани Толибон ва ҳамроҳонашон, мутаассифона дар рӯзи 5 сентябри соли 2021 мо – мардуми мулкӣ – сокинони Панҷшер шоҳиди ҳамлаҳои ҳавоии ҳавопаймо ва пањподњои њушманди артиши Покистон болои қарияҷоти Панҷшер шудем. Садҳо бомб ба рӯди дару хонаҳои мо рехта шуд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар сокинони ғайринизомии Панљшер шањид гашта, аҷсоди бархе аз онҳо ҳанӯз ҷамъоварӣ ва дафн нашудааст.

Ҳамлаҳои ҳавоии тайёраҳои покистонӣ, ки дар тӯли шаб идома кард,  тавозуни ҷангро ба нафъи гурўҳи Толибон тағйир дод ва фардо рӯзи дигар Толибон вориди шаҳраку қарияҷоти Панҷшер гашта, зану мард, пиру ҷавон, ҳар касеро, ки ба гирашон омад, аз дами теғ гузаронда, қатлу куштор ва  ғорати умумиро ба роҳ андохтанд.

Инак, аз он рўз то  имрўз дар Панҷшер наслкушӣ ва поксозии қавмӣ ба маънои аслии калима идома дорад. Ҳанӯз қабл аз ҳамлаи худ ба Панҷшер гурўҳи Толибон интиқоли барқ, маводи ғизоӣ ва адвия (дорувор) ба минтақаро қатъ намуда буданд. Акнун ҳам мардуми Панҷшер имкони дастрасӣ ба барқ, нон, кӯмаки аввалияи тиббӣ, мухобирот ва интернетро надоранд. Мардум аз ҳамаи ҳуқуқҳои зотӣ ва башарии худ маҳрум сохта шудаанд, ки љароими љангї мањсуб мешавад.  Дар кулл як наскушии тамоман айёр идома дорад. Ин дар њолест, ки љомеаи љањонӣ, созмонњои њуќуќи башар ва созмонњои хайрия њама дар баробари ин фољеаи башарї сукут ихтиёр намудаанд.

Толибони ҷинояткор дар Руха, Парён, Даштак, Аноба, Дархел, Обдара, Умарз даҳҳо хонаводаро ба таври дастаҷамъӣ тирборон ва қатли ом кардаанд. Аз ҳар деҳае, ки агар як садои тир баланд шавад, агар ба ҳеҷ касе ҳам осебе нарасида бошад, бидуни пурсиш ва бозҷӯӣ хурду калони он деҳа аз ҷониби Толибон тирборон мешаванд. Охирин чунин ҳодиса рӯзи 10 сентябр дар деҳаи Дархел рух дод. Бинобар ин, аксари сокинони Панҷшер аз тарси ҷон хонаву дари худро раҳо намуда, пиру ҷавон, зану марду атфол ба мағораҳои кӯҳҳо паноҳ бурдаанд. То кунун чандин тифл аз шиддати сармои шаб ва гуруснагӣ дар дохили кўҳҳои Панҷшер ҷон додааст.

Садҳо сокинони бегуноҳ ва ҷавони осоиштаи панҷшерӣ, ки дар ҳеҷ гурўҳи мусаллаҳе шомил набуданд, боздошт ва тавассути лорињо (мошинњои боркаш) ба пушти ҷабҳа фиристода шудаанд. Аз сарнавишти ин фарзандонамон хабаре надорем ва аз Салиби сурхи байналмилалӣ тақозои мо ин аст, ки ба зудтарин фурсат дар пайдо намудани ин азизонамон ба мо кӯмак кунад. Толибон ба мо имкон ва иҷозаи дастрасӣ ба ҷанозаи фарзандонамонро намедиҳанд. 

Аз ду рӯзи охир ба ин ҷониб, Толибон ҳар деҳае аз Панҷшерро, ки ишғол мекунанд, сокинони онро ба таври умумӣ, бидуни истисно аз хонаҳояшон хориҷ ва ба сурати иҷборӣ кӯч медиҳанд. Толибон ба мо муҳлат таъйин намудаанд, ки мо дар зарфи се рӯз бо зану фарзанд ва лавозимотамон аз Панҷшер хориҷ шавем. Фардо ин муҳлат ба охир мерасад.

Мо ба шиддат нигарони он ҳастем, ки бино ба баъзе аз хабарҳо гуфта мешавад, ки Толибон қасд доранд, бо берун кардани мардум алайҳи қувваҳои муқовимат ва мардуме, ки мехоҳад ба мақсади ҳимоят аз қувваҳои муқовимат боқӣ бимонанд, силоҳи куштори ҷамъӣ истифода кунад. Мо ҳақиқати инро намедонем, ки чаро бояд хонаву кошонаи худро тарк кунем. Мо ҷое барои рафтан надорем. Мо агар ҷои дигар медоштем, қабл аз оғози даргириҳо ин ҷоро тарк мекардем.

Дар хонаву манзили касоне, ки ба таври маҷбурӣ хориҷ карда шудаанд, садҳо ҷангҷӯи Толибон маскан гирифтаанд. Як ҳадафи дигари Толибон аз кўч додани мардум ҷойгузин кардани қабилаҳои кӯчӣ дар дохили Панҷшер дар хонаҳои мо мебошад, то мо ҳаргиз ба хонаҳои худ баргашта натавонем.

Мутаассифона, фарзандони Панҷшер дар берун аз вилоят ва дар Кобул низ мавриди таъқиб ва бозҷӯӣ қарор доранд. Даҳҳо ҷавони панҷшерӣ дар Кобул боздошт шуда ва сарнавишташон номаълум аст. Бинобар ин, мо  нигарони сарнавишти худ дар сурати берун шудан аз Панҷшер низ ҳастем. 

Бидуни бузургнамоии тасвири вазъияти мавҷуд, мехоҳем то шумо бовар кунед, ки бо берҳамии тамом наслкушӣ ва поксозии қавмӣ дар дохили Панҷшер дар ҷараён буда, мардум аз оддитарин маводи мавриди ниёзи зиндагӣ, ки нону обу доруворӣ аст, маҳрум сохта шудаанд. Моро бовар кунед, мо қатли ом шудем, акнун дар рӯбарӯи як фоҷеаи башарӣ қарор дорем, ки тамоми Афғонистонро фаро хоҳад гирифт.

Фарзандони мо - мардуми Панҷшер дар соли 2001 муҳимтарин шарики ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан ИМА ва Эътилофи байналмилалии зидди террористӣ дар Афғонистон буданд, ки дар бунёди  давлати нав ва истиқрори ҷомеаи байналмилалӣ саҳм асосӣ доштанд. Намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ 20 сол дар Афғонистон пушти шонаҳои фарзандони сиддиқи Панҷшер ба мақсади таъмини субот ва сохтани як ҷомеаи ҳуқуқбунёд истода буд. Акнун ИМА, СММ ва ҳамаи созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ мутаассифона хомӯширо ихтиёр намуда, дар баробари ҷинояти ҷангии Толибон ва қатли оми шудани шарикони дирӯзаи худ - фарзандони Панҷшер, бетафовут наззорагар шудаанд.

Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, СММ, ИМА ва Созмони Салиби Сурхи Байналмилалӣ тақозо дорем, ки аз идомаи наслкушии ошкор ва қатли ом дар Панҷшер, аз густариши бештари фоҷеаи инсонӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Толибон дар Панҷшер фазои ваҳшат ва даҳшат, куштору таҷовузро ҳоким намудаанд. Бовар дошта бошед, ки агар имруз ҷилави ин гурўҳро дар Панҷшер нагиред, фардо ҷинояткории он дар ҳар ҷое ҳам шумо қарор доред, сироят хоҳад кард ва шоҳид хоҳед буд.   

        

https://www.facebook.com/panjsher.marzi.nomus/posts/113272737753126

Читать далее

ОБРАЩЕНИЕ ЖИТЕЛЕЙ ПАНДЖШЕРА К МИРОВОМУ СООБЩЕСТВУ, ООН, США, ОРГАНИЗАЦИИ КРАСНОГО КРЕСТА И КРАСНОГО ПОЛУМЕСЯЦА, МЕЖДУНАРОДНЫМ И ПРАВОЗАЩИТНЫМ ОРГАНИЗАЦИЯМ В СВЯЗИ С ГЕНОЦИДОМ СО СТОРОНЫ ТАЛИБАН

ОБРАЩЕНИЕ ЖИТЕЛЕЙ ПАНДЖШЕРА К

МИРОВОМУ СООБЩЕСТВУ, ООН, США, ОРГАНИЗАЦИИ КРАСНОГО КРЕСТА И КРАСНОГО ПОЛУМЕСЯЦА, МЕЖДУНАРОДНЫМ И ПРАВОЗАЩИТНЫМ ОРГАНИЗАЦИЯМ В СВЯЗИ С ГЕНОЦИДОМ СО СТОРОНЫ ТАЛИБАН

 

Как известно всему мировому сообществу, вот уже более трех недель территория Панджера, которая считалась самой безопасной областью Афганистана, подвергается нападению Талибов при поддержке транснациональных международных террористических группировок.  После неоднократных неудачных нападений этих групп и окружения талибов в осаде, к сожалению, 5 сентября 2021 года мы – гражданские лица – жители Панджшера стали свидетелями воздушного нападения авиации и беспилотников Армии Пакистана на территорию Панджшерского ущелья. Сотни бомб были сброшены на наши дома, в результате чего погибли десятки мирных жителей Панджшера, тела некоторых из них ещё предстоит собрать и похоронить.

Авиаудары самолётов Пакистана в одночасье изменили баланс битвы в пользу Талибов, и на следующий день Талибы вошли в селения Панджшера, проткнули штыками мужчин и женщин, молодых и старых, а также всех, кто приближался к ним, совершили массовые убийства и грабежи.

Итак, с того дня и по сей день в Панджшере продолжается геноцид и этническая чистка в полном смысле этого слова.

Ещё перед нападением на Панджшер талибы отключили электричество, прекратили поставку продовольствия и медикаментов в этот регион. Теперь жители Панджшера не имеют доступа к электричеству, хлебу, первичной медицинской помощи, телекоммуникациям и Интернету.  Люди лишены всех своих неотъемлемых и человеческих прав, что является военным преступлением. По сути, продолжается подлый геноцид. И это несмотря на то, что международное сообщество, правозащитные и благотворительные организации хранят молчание перед лицом этой человеческой трагедии.

Преступные талибы коллективно расстреляли десятки семей в Рухе, Парионе, Даштаке, Анобе, Дархеле, Обдаре и Умарзе. Если из какого-либо села раздастся звук выстрела, если даже от него никто не пострадал, талибы без какого-либо расспроса или поиска обстреливают стариков и молодых.  Последнее такое событие произошло 10 сентября в селе Дархел. В связи с этим, большинство жителей Панджшера, опасаясь за свою жизнь, покинули свои дома, старые и молодые женщины, мужчины и дети укрылись в горных пещерах. До сих пор несколько детей погибли от холода и голода в горах Панджшера.

Сотни невинных и мирных молодых людей Панджшера, которые не были задействованы в какой-либо вооруженной группе, были арестованы и отправлены посредством грузовиков за линию фронта.

Мы ничего не знаем о судьбе наших детей и просим Международный Красный Крест помочь в кратчайшие сроки разыскать наших детей. Талибы не дают нам возможности похоронить наших детей.

За последние два дня Талибы в каждом захваченном селении Панджшера, выводят всех жителей без исключения и насильно выдворяют. Талибы дали срок, чтобы мы в течение трех дней были эвакуированы с нашими детьми и вещами из Панджшера. Завтра этот срок истекает.

Мы обеспокоены тем, что, по некоторым данным, Талибы этой эвакуацией намерены использовать оружие массового уничтожения   против сил сопротивления и лиц, которые ещё намерены оказать им сопротивление.

Мы не знаем, почему мы должны покидать свои дома. Нам некуда идти.  Если бы у нас было место, куда мы могли бы уйти, то мы ушли бы ещё до начала конфликта.

В домах и жилищах тех, кто был насильно эвакуирован, разместились сотни боевиков Талибан. Ещё одной целью эвакуации местных жителей является размещение кочевых племён в Панджшер в наших домах, чтобы мы никогда не смогли вернуться в свои дома.

К сожалению, выходцы из Панджшера за пределами области и в Кабуле также подвергаются преследованию и пыткам. Десятки молодых людей из Панджшера были арестованы в Кабуле, и об их судьбе ничего неизвестно. Поэтому мы тоже опасаемся за свою судьбу в случае выезда из Панджшера.

Без преувеличения реальной картины о происходящем, мы хотим, чтобы Вы поверили, что продолжается жестокий геноцид и этническая зачистка внутри Панджера, и люди просто лишены основных товаров первой необходимости, таких как вода и медикаменты.  Поверьте, мы подверглись геноциду, столкнулись с человеческой трагедией, которая охватит весь Афганистан.

Наши дети - население Панджшера в 2001 году были важнейшим союзником мирового сообщества, особенно США и международной антитеррористической коалиции в Афганистане, которые внесли свой вклад в создание нового государства и установление международного сообщества.

Представители мирового сообщества 20 лет в Афганистане стояли рядом с верными сыновьями Панджшера с целью обеспечения стабильности и построения единого правового общества. Теперь США, ООН и все международные донорские организации, к сожалению, хранят молчание, нейтрально наблюдают на преступлениями талибов и геноцидом вчерашних союзников – выходцев из Панджшера.

Мы требуем от мирового сообщества, ООН, США и Международной организации Красного Креста предотвратить открытый геноцид в Панджшере, воспрепятствовать дальнейшему наращиванию человеческой трагедии.

Талибы в Панджшере создали атмосферу террора и запугивания, убийств и агрессии. Будьте уверены, если вы сегодня не остановите эту группу в Панджшере, завтра ее преступление распространится словно инфекция и вы станете тому очевидцем.

 

https://www.facebook.com/panjsher.marzi.nomus/posts/113272601086473

Читать далее

APPEAL OF PANJSHIR RESIDENTS TO THE WORLD COMMUNITY, UN, US, RED CROSS, RED CRESCENT, INTERNATIONAL AND HUMAN RIGHTS ORGANIZATIONS, REGARDING THE GENOCIDE BY THE TALIBAN

 

APPEAL OF PANJSHIR RESIDENTS TO

THE WORLD COMMUNITY, UN, US, RED CROSS, RED CRESCENT, INTERNATIONAL AND HUMAN RIGHTS ORGANIZATIONS, REGARDING THE GENOCIDE BY THE TALIBAN

 

As the entire world community is well aware, the territory of Panjshir, which was considered to be the safest region of Afghanistan, has been under attack by the Taliban with the support of transnational, international terrorist groups for more than three weeks.        After having gone through multiple unsuccessful attacks by these groups and the encirclement by the Taliban and the blockade, on September 5, 2021, we the civiliansand residents of Panjshir came under aerial assault carried on by aircrafts and drones of Pakistan’s Army on the territory of the Panjshir gorge. Hundreds of bombs were dropped on our homes, killing dozens of Panjshir civilians, some of whose bodies remain to be collected and buried.

Airstrikes by Pakistani aircrafts changed the balance of the battle in favor of the Taliban in a matter of a mere hour, and the next day the Taliban entered the villages in Panjshir,massacring and looting,and with bayonetsstabbing men and women, young and old, as well as anyone who approached them.

Genocide and ethnic cleansing, in the full sense of these words,is continuing in Panjshir since that day.

Even prior to the attacks on Panjshir, the Taliban had cut off electricity, supply of food and medicine to the region. Panjshir residents now lack access to electricity, bread, primary health care, telecommunications, and the internet. People are deprived of all their inalienable human rights, which is a war crime. The vilegenocideiscontinuing.Despite all this, the international community, human rights, and charitable organizations remain silent in the face of this human tragedy.

The criminal Taliban have executed dozens of families en masse in Ruh, Parion, Dashtak, Anob, Darhel, Obdar and Umarz. If a gunshot is heard from any village, even if no one has been injured, the Taliban indiscriminately shoot the old and the youngwithout any questioning or search.The last such episode took place on September 10 in the village of Darhel. Consequently, fearing for their lives, most Panjshir residents, old and young women, men, and children, have left their homes taking refuge in the mountain caves. Several children have diedin Panjshir’s mountains due hunger and cold.

Hundreds of innocent and peaceful Panjshir youths who were not involved in any armed groups have been arrested and transported behind the front lines by trucks.

We do not know about the fate of our children, and we ask the International Red Cross to help find our children as soon as possible. The Taliban are not giving us the opportunity to bury our children.

Over the past two days, the Taliban have been taking out all residents, without exception, and forcibly expelling them from every captured village of Panjshir. The Taliban gave us a deadline of three days to evacuate ourselves, our children, and belongings from Panjshir. Thedeadlineistomorrow.

We are concerned by some reports that note that via this evacuation the Taliban intend to use weapons of mass destruction against the resistance forces and individuals who still intend to fight them.

We do not know why we must leave our homes. We have nowhere to go. If we had a place to go to, then we would have left prior to the start of the conflict.

Hundreds of Taliban fighters are being stationed in the homes and dwellings of those who have been forcibly evacuated. Another goal of evacuating the locals is to house the nomadic tribes in Panjshir so that we can never return to our homes.

Unfortunately, Panjshir natives who are outside of the province and in Kabul are also being persecuted and tortured. Dozens of young people from Panjshir have been arrested in Kabul, and nothing is known about their fate.Consequently, we also fear for our lives if we are to leave Panjshir.

Without hyperbolizing the real picture of what is happening, we want you to believe that the brutal genocide and ethnic cleansing is continuing inside Panjshir, and people are deprived of basic necessities such as water and medicines. Believe me, we are being subjected to genocide, we are facing a human tragedy that will eventually engulf all of Afghanistan.

Our children, the population of Panjshir in 2001 were an important ally of the world community, especially the United States and the international anti-terrorist coalition in Afghanistan, which contributed to the creation of a new government and the establishment of the international community.

For 20 years, representatives of the world community stood next to the faithful sons of Panjshir to ensure stability and build a single legal society in Afghanistan. Now the United States, the UN, and all international donor organizations, unfortunately, remain silent, and are neutrally observing the crimes of the Taliban and the genocide of their yesterday’s allies Panjshir natives.

We demand that the world community, the UN, the United States, and the International Red Cross prevent the open genocide in Panjshir and prevent the further escalation of this human tragedy.

The Taliban have created an atmosphere of terror and intimidation, slaughter, and aggression in Panjshir. Rest assured, if you do not stop this group in Panjshir today, their crimes will spread like an infection, and you will become an eyewitness to it tomorrow.

 

https://www.facebook.com/panjsher.marzi.nomus/posts/113272311086502

Читать далее