06 September 2021

30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ИФТИХОРИ МИЛЛИИ МО! Раҷаббой АҲМАДЗОДА, Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мардуми саодатманди мамлакатамон бо ифтихори баланди миллӣ ҷашни мубораку таърихӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин рӯзҳо таҷлил менамоянд. Бузургдошти ин рӯзи таърихӣ имкон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари азизи моро бо чашми дилу сари худ бубинад ва шиносад, саҳми давлат ва миллати моро дар таърих ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ арзёбӣ намояд. Дастовардҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон дар тӯли ин солҳо ба шарофати сиёсати оқилона ва бохирадонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Ба тасвиб расидани силсилаи фармонҳои тақдирсози Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурсамар ба фаъолият шурӯъ намудани Парлумони касбӣ ва қабули қонунҳои нав, таҳия ва амалӣ гардидани Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Стратегияи миллии рушд ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ, пойдор шудани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон, сафарҳои пурсамар ва пайвастаи Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, супориш, дастур, кӯмаки ҳамаҷонибаи он кас ва сари вақт андешидани тадбирҳои судманд барои амалӣ гардидани ҳадафҳои пешбинишуда заминаи мусоид гузоштаанд.

Читать далее

ОХИРИН КИТОБИ ХОНДАИ ШУМО КАДОМ АСТ?

Беҳтарин дастуруламали ҳаёт ва дӯсти вафодори ҳар як инсон китоб аст. Тамоми умри азизи одамизод бо китоб – манбаи ҳикмат, таҷрибаи дастҷамъии наслҳо алоқаманд аст. Китоб шояд дар роҳи ояндаи саодатманд мӯъҷизаи аз ҳама беҳтарин, бузургтарин ва мураккабтарини ихтироъкардаи инсоният бошад, ки ба олитарин ситораи фазои хиради инсонӣ бахшида шудааст. Дар ҳақиқат китоб калиди илму маърифат буда, чун устод нодонро доно, доноро донотар ва барои босавод намудани инсон хизмат мекунад. Китоб дӯст, ҳамдаму ҳамқадам ва мушкилкушои ҳаёти мост.

Гузаштагони ориёнаҷоди мо аз қадимулайём китобро чун нон эҳтиром намудаанд. Аҷдодонамон китобро муқаддас дониста, ҳатто бо дасти ношуста онро ба даст нагирифтаанду нахондаанд. Пас аз хондан бошад, онро ба чашму абрӯи худ молида, ба ҷойи аз ҳама боло гузоштаанд. Волидон зери болини тифл бо умеди он, ки сохибмаърифату китобдӯст ба камол расад, китоб мегузоранд. Ҳангоми гузаронидани пурсиши афкори умум дар мавзӯи китобу китобхонӣ танҳо бо як суол ба намояндагони соҳаҳои гуногуни манотиқи кишвар муроҷиат намудем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони сершумори рӯзнома менамоем.

-Охирин китоби хондаи Шумо кадом аст ва кай?

Шуҳрат Абдуқаҳҳоров – муовини сартабиб оид ба ислоҳоти Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен:

-Гумон накунед, ки табиб будан маро аз китобхонӣ дур кардааст. Чаҳор қисми китоби «Шайтанат» и Тоҳир Маликро хонда, ба итмом расонидам. Асар хеле ҷолиб ва хонданбоб буда, тарбиявист. Алҳол китоби «Икки эшик ораси» («Миёни ду дарвоза»)–и адиби ӯзбек Ӯткир Ҳошимовро мутолиа дорам. Охир мо, табибон барои баланд бардоштани савияи дониши хеш кӯшиш накунем, кӣ мекунад? Азбаски имрӯзҳо ташвишу тараддуди мо, табибон хеле зиёд аст, имконият ва фурсати иштирок кардан дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» надорам, аммо зиндагии худро бе китоб тасаввур карда наметавонам.

 Парвиз Халифаев – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

-Адиби қирғиззабон Чингиз Айтматов бо таълифи асарҳои пурмазмунаш байни мардуми тамоми даврони шӯравӣ шуҳратёр гашта буд. Чингиз Айтматов, ки мутафаккир ва инсонпарвари бузургу тавоно ифтихори халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла равшанфикрони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, қариб кулли асарҳои ин адиби барҷаста бо забони тоҷикӣ баргардон шудаанд ва романи «Вақте кӯҳҳо суқут мекунанд» (Арӯси абадӣ) аз ҷумлаи онҳост, ки китобро нашриёти «Адиб» дар тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат нашр кардааст.

Алҳол асари ӯ «Плаха»‐ро ба забони русӣ хонда истодаам. Асар дар бораи тақдири ду нафар – Авдия Каллистратова ва Бостона Уркунчиева дар дунёи ҳайвонҳо, махсусан гургон нақл мекунад, ки соли 1986 нахустин маротиба дар маҷаллаи «Новый мир» («Дунёи нав») нашр шудааст. Тавсия медиҳам, ҳатман онро ёфта, мутолиа намоед, ки хонданбоб аст.

Сабурхон Амонуллоев – директори китобхонаи марказии шаҳри Исфара:

-Агар гӯям, ки куллиёти Хоҷа Ҳофиз китоби рӯимизии хонадони мо гаштааст, хато намекунам, зеро ҳар саҳар ин китобро варақ мезанаму аз ғазалҳои пурмазмунаш маънӣ мегирам ва субҳи худро бо насиҳатҳои ин марди хирад оғоз менамоям. Азбаски дӯстдори шеъру шоирӣ ҳастам, Лоиқу Турсунзодаву Айнӣ ҳамсафари доимии мананд. Асарҳои устод Сотим Улуғзодаро низ аз ҷон бештар дӯст медорам, зеро қаҳрамонҳои «Фирдавсӣ», «Субҳи ҷавонии мо», «Восеъ» ва «Достонҳои Шоҳнома» раҳнамуни ҳаёти мананд.

Алҳол ба тақсимоти китоби «Тоҷикон»‐и Бобоҷон Ғафуров, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи кишвар тақдим мегардад, машғулем. Албатта, бе мутолиаи ин асари пурарзиши таърихӣ наметавонам, онро ба мардуми Исфарамарз пешниҳод намоям. Бинобар он хондани «Тоҷикон»‐ро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобам.

Фирӯзхоҷа Ҳусейнов – коршиноси қарзии бонки «Матин»:

-Азбаски муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ хатм кардаам, бештар асарҳои адибонро бо ин забон мехонам. Тақрибан як моҳ пештар асари адибони ҷопонӣ Роберт Кийосаки ва Шэрон Лектер «Богатый папа, бедный папа» («Падари доро, падари нодор») – ро хонда ба итмом расонидам. Ба гуфтаи Сухомлинский, «Дар мактаб ҳама чизро меомӯзанд, аммо чизи асосӣ – ҳаётро не». Адибон ақида доранд, ки дар мактаб тамоми паҳлуҳои ҳаётро меомӯзанд, аммо ҷамъ овардани маблағ ва истифодаи босамари онро не. Ин китоб роҳҳои ба даст овардани маблағ, пасандози молиявӣ дар оиларо меомӯзад, ки барои фаъолияти меҳнатиам ба кор меравад.

Мо наметавонем, дар як мақолаи кӯчак тамоми пурсишҳоеро, ки бо мардуми шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят гузаронидем, ҷой диҳем. Ҳаминро гуфтанием: Мардуми кишвар, дар ҳақиқат, ташнаи илму дониш, маърифату сабақомӯзианд ва бо хушҳолӣ ба китобхонӣ рӯй овардаанд. Дар ин ҷода мо онҳоро дастгирӣ менамоем ва барори кор хоҳонем.

Мусоҳиб Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Дар маркази вилоят навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоишу фурӯш гузошта шуд

4 сентябр дар саҳни Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят дар доираи чорабиниҳои идона намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзон доир шуд.

Дар чорабинии мазкур, ки  ҳадаф аз баргузории он тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва мубодилаи таҷрибаи деҳқонони минтақаҳо аст, кишоварзони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Читать далее

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

3 сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид кард.

Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити хизмати афсарону сарбозон шинос гардида, фарорасии ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳомиёни Ватан табрик гуфт.

Қайд карда шуд,  ки хизматчиёни ҳарбӣ дар таъмини амнияти давлату миллат нақши калидӣ дошта,  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои адои хизмат шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Читать далее

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Бӯстон

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Ҷӯра Шокировро аёдат карда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро таманно кард.

Роҳбари вилоят фарорасии ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба собиқадорон табрик гуфта, аз саҳми онҳо дар пешрафти хоҷагии халқ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида,  зери раҳбарии Пешвои миллат ва меҳнати шабонарузии фарзандони содиқи Ватан сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар шуд.

Читать далее

Ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич 18 адад трактор тақдим шуд

Дар доираи таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» имрӯз боз 18 тракторҳои тамғаи МТЗ-82 бо борбардор ва ядакҳои тракторӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич  тақдим карда шуд.

Дар маросими супоридани техникаҳои кишоварзӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, директори лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода ва кишоварзон иштирок доштанд.

Читать далее