01 September 2021

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фарорасии Рӯзи донишро ба аҳли маорифи вилоят табрик гуфт

1-уми сентябр дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба Рӯзи Дониш чорабинӣ доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок дошт.

Раиси вилоят фарорасии Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба донишҷӯён ва устодон ва дар симои онҳо ба кулли маорифчиёни вилоят табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан наву тозаро дар таърихи муассисаҳои илмиву таълимии кишвар боз намуд.

Читать далее

ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА ИНҚИЛОБИ МАЪНАВӢ

Расидан ба Истиқлоли давлатӣ, ки имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили 30 - солагии ҷашни мубораки он қарор дорем, дар поёни қарни гузашта ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани Тоҷикистон рӯйдоди нодиру бузурге ба шумор омад, ки воқеан дер боз тоҷикон интизори ин фасли ҳузури сабзи соҳибдавлатӣ бо гузашти наздик ба 1100 соли давлатдории Сомониён буданд.

Агар ба сарнавишти таърихи давлатдории тоҷикон мурур шавад, мусаллам мегардад, ки ба таъбири Пешвои миллат: “Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муқтадиру мутамарказу муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хати муштарак ва расму оини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд. Тақдири давлатдории Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон хеле шабоҳат дорад, ки рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдгузориву ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангиҳост”.

Ҳамин тавр, агар ба сайри таърихии давлатдории тоҷикон бар пояи манобеи таърихӣ руҷуъ шавад, маълум мегардад, ки ба ифодаи Пешвои миллат сароғози он ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, баъдан дар замони Сомониён бори дувум тавассути талошҳои ба таъбири Сарвари давлат: “Абармарди хирад ва сиёсат” – Амир Исмоили Сомонӣ насиби мардуми шарифи тоҷик гардид ва ҳамакнун марҳалаи нави соҳибдавлатии мо ба поёни асри гузашта ва таҳкими он дар ибтидои ҳазораи нави милодӣ марбут аст, ки бешак ба ном ва пайкорҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад. Ҳарчанд истиқлолияти Тоҷикистон дар сароғози хеш ба мушкилот ва муаммоҳои фаровони ба ҷанги шаҳрвандӣ пайванддошта мувоҷеҳ шуд, аммо такя бар хиради азалии мардуми тоҷик ва чунин таҷрибаҳои нодири таърихи давлатдории миллии мо ба сиёсатмадори тавонои асри имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки аркон ва пояҳои давлати навини Тоҷикистонро пас аз ҳазорсолаҳо бори дигар истеҳком бахшида, тавассути ташаббусҳои омӯзандаи сатҳи ҷаҳонӣ, хоса таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ, талош дар ҳаллу фасли муаммоҳои мубрами сайёра, ки ба тақдири тамоми сокинони он марбутанд, ин давлати ҷавон ва меросбари тамаддунҳои бузургу куҳанро, ки реша дар қаламрави ориёӣ доранд, дар миёни анҷумани кишварҳои олам дар сатҳи матлуб муаррифӣ намоянд. Эътирофи Тоҷикистон ба унвони давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявиву ягона аз сӯи бештар аз 200 кишвари олам, баробари ин истиқболи шоёни шумораи зиёди давлатҳои ҷаҳон аз ташаббусҳои сарнавиштсоз ва бузурги Пешвои миллати мо дар самти эълони ду даҳсолаи бузурги марбут ба ҳалли масъалаҳои оби тоза, таъмини рушди устувори кишварҳои олам, муқовимат ба вабои аср ифротгароӣ ва зӯроварӣ худ гувоҳи он аст, ки имрӯз новобаста аз маҳдудаҳои марзиву ҷуғрофӣ обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад. Пешвои миллат дар китоби “Тоҷикистон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” барҳақ фармудаанд, ки: “Тоҷикистони азизи мо дар ин харитаи кураи арз мисли донаи регест, ки базӯр менамояд ва дар дили Осиё қарор дорад. Ва воқеан дар қиёси кишварҳои паҳновару сернуфуси олам – Россия, Чин, Ҳиндустон, Амрико басо хурду назарногир менамояд. Вале аксари ин давлатҳои бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон назар ба давлатдории аҷдодии тоҷикон дертар падид омада, бо гардиши айём мақоми устувори геополитикӣ ва геостратегӣ пайдо намуданд”.

Бо таваҷҷуҳ ба ин андешаҳои созанда ва афкори судманди Пешвои миллат роҷеъ ба таърихи давлатдории миллии мо ва Тоҷикистони имрӯз метавон бо ифтихор ин ҳарфи саодат ва шарафро ба забон овард, ки агар низоми давлатдории миллии мо ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, дар даврони ҳукумати “Абармарди таърих ва сиёсат”Амир Исмоили Сомонӣ марҳалаи тозаеро бо анҷоми ташаккулёбии халқи тоҷик паси сар намуд, дар асри навин бо сипарӣ гаштани бештар аз 1100 сол тавассути талошҳои пайгиронаи меросбари асили ин шахсиятҳои барҷастаи таърихи тамаддуни ҷаҳон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора бар маснади таърихии хеш нишаста, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рисолати бузурги хешро дар марҳалаи нави ташаккули давлатдории миллии мо ба анҷом мерасонад. Истиқлол ва ҳузури мунаввари Тоҷикистон ба унвони давлати миллӣ дар хатираи сиёсии ҷаҳон ормони деринтизори мардуми азизи мо, тамоми тоҷикони ҷаҳон буд, ки маҳз ин шарафи бузург дар замони имрӯз барои мо шаҳрвандону сокинони ин кишвари меросбари тамаддуни ориёиву Оли Сомон насиб гардид. Имрӯз бо камоли ифтихор ин се шахсияти бузургКуруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони пайкараҳои таърихи давлатдории миллӣ, худогоҳии миллии мардуми тоҷик ном бубарем, ки дар мароҳили мухталиф тарҳи давлатҳои миллии моро бунёд ниҳода, ба таҳкими давлатдории миллӣ омил гардиданд. Хосатан, дар асри навини таҳаввулоти таърихӣ ва айёми ҷаҳонишавии замони муосир бо камоли садоқат ва унсу ихлос бо такя бар таҷрибаи ниёгони шарафманди хеш дубора ба хостгоҳи бузурги таърихии худ нишастани мардуми тоҷик ва эҷоди давлате бо номи Тоҷикистон, ки чун мероси беназири ҳамон давлатҳои миллии куҳан маҳсуб мешавад, ба корномаҳои қаҳрамононаи Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад. Ин ҳақиқати таърихиро ҳатто чандин тан аз сиёсатмадорону олимони сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, намояндагони форсизабонони ҷаҳон ҳам эътибор ва ба маҷмуи ибтикороти ин сиёсатмадори барҷастаи асри мо баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, Ҳумер Абрамиён, муҳаққиқи муқими Австралия дар ҷараёни баргузории ҳамоиши байналмилалии “Паҷӯҳиши тамаддуни бостон: Аз дирӯз то имрӯз” бо камоли садоқат изҳор дошт, ки имрӯз дар ҳеҷ як кишваре аз меросбарони фарҳанги Наврӯзу Меҳргон ин оинҳои миллӣ бад‐он шукуҳе, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, доир намешавад. Абрамиён пешниҳоди таъсиси Донишгоҳе ба номи Куруши бузург дар Душанбе таъкид дошт: "Ҷойе дар ҷаҳон, ки ба рӯи Донишгоҳи Куруши Бузург оғӯш боз кунад, на Амрико, на Канада, на Аврупо ва на Эрон аст. Танҳо хоки хуби Тоҷикистон метавонад мизбон ва хонаи Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Бузург бошад."

Барҳақ, имрӯз бо бунёди бузургтарин қасру кӯшкҳои ифодакунандаи шаҳомати таърихии миллати тоҷик, чун “Кохи Наврӯз”, ки пайкарае аз тахти таърихии Ҷамшед маҳсуб мешавад, боғи “Куруши Кабир”, бунёди чандин Наврӯзгоҳҳои ифодакунандаи асолати таърихии тамаддуни бостон дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Данғара ва дигар суннатҳои нодири марбут ба эҳёи аносири фарҳанги миллӣ дар партави корномаҳои Пешвои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ҳақиқати ин эътирофи ҷаҳониёнро аз Тоҷикистони азизи мо ба унвони меросбари ин мероси бузурги тамаддуни ориёӣ тафсир мекунанд.

Ба ин хотир, мо ҳама сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки барҳақ хонаи умеди ҳамаи мо тоҷикон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон, тамоми шаҳрвандони ин сарзамини муқаддас аст, дар пешорӯи таърих ва наслҳои оянда вазифадор ва қарздор ҳастем, ки пеш аз ҳама ин Ватан, ин хоку оби муқаддас ва мероси бузургро самимона дӯст, ҳифз ва барои наслҳои оянда бо ҳамон шукӯҳу шаҳомати таърихии тавассути корномаҳои Асосгузори ин давлати навини миллии мо Эмомалӣ Раҳмон барқароргардида ба мерос гузорем. Ин ҳарфу каломи Пешвои миллат дар ин шоҳроҳи бузург чароғи ҳидояти мо наслҳои имрӯзу фардо хоҳад буд, ки бояд дар пештоқи хонаи қалбҳоямон, дар раҳгузори барномаҳои ватандӯстӣ ва дар фарози осмони ин хонаи уммеди ҳамаи мо, ки номаш Тоҷикистон аст, бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шавад:

“Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёкони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо ваҳдати мардуми Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои пешқадами дунё моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад”.

Нуралӣ НУРЗОД,

доктори илмҳои филологӣ

Читать далее

РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ

 

 

 

 

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сӣ сол муқаддам муҳимтарин, яъне соли 1991 ба вуқӯъ пайваста, санаи 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад.

Даврони Истиқлол барои мардуми тоҷик имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкориву созандагӣ дар тамоми самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда‐1», «Сангтӯда‐2» ба охир расонда шуд ва онҳо алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунанд. Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе‐Хоруғ‐Мурғоб, ДушанбеРашт‐Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик хушбахтист ва танҳо бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем, истиқлоли худро ҳифз намоем ва Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ муяссар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодири таърихӣ расем, зеро Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад.

Алишер ҚУРБОНЗОДА,

ёрамчии прокурори ҳарбии гарнизони Суғд,

лейтенанти адлия

 

 

 

 

Читать далее