August 2021

31 August 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлол ба ходимони давлатӣ мукофотҳои давлатӣ супориданд

31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ — роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки имрӯз шахсоне бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки саҳми онҳо дар тӯли сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад.

Читать далее

Маросими тантанавии супоридани Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Дар толори расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими мукофоти давлатӣ иштирокдорони чорабиниро бо фарорасии санаи таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик кард.

Таъкид гардид, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барӯманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Узбекистони дӯст ва дар симои ӯ мардуми бародари узбекро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуданд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро ба ҳузур пазируфтанд

30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд.

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати мо Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду давлат, ки ба 5 сентябри соли равон рост меояд, мубодилаи табрикот анҷом доданд.

Читать далее

БОНКДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ ТАЛАБОТИ МИЗОҶОН

Имрӯзҳо низоми бонкии вилояти Суғд бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба фаъолияти худ вусъати тоза бахшида, пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, зиёд намудани номгӯи амалиёти муосири бонкӣ, дастрасии хизматрасониҳо ба аҳолии ноҳияҳои дурдаст диққати махсус зоҳир менамояд. Доир ба самти хизматрасонии асосии низоми бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зебо Сираева суҳбат доштем.

-Зиёд гардидани шумораи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар чӣ гуна амалӣ гардид?

-Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб мерафт. Қонунҳову дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми бонкӣ фаъолияти худро дар доираи он тақвият мебахшад, вобаста ба гузаштан ба стандартҳои байналмилалӣ, талаботи институтҳои молиявии байналмилалӣ қабул, такмил ва тағйир дода шуданд. Аввалин санадҳои меъёрию ҳуқуқии такмилдодашудае, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти бонкиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти бонкӣ дар кишвар нигаронида шуданд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” дар соли 1998 ва соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” арзёбӣ мегарданд.

Таҳлили рақамҳо гувоҳи онанд, ки агар солҳои 2000 ум шумораи муасисаҳои қарзии вилоят 70 ададро ташкил намояд, пас ин нишондиҳанда то ба имрӯз ба 110 адад расидааст. Имрӯз низоми бонкии вилояти Суғд мувофиқи таҷрибаи кишварҳои тараққикардаи олам мунтазам ривоҷ ёфта истодааст. Тибқи маълумоти оморӣ, алҳол низоми бонкии вилоят аз 2 адад бонки мустақил, 4 адад ташкилоти амонати қарзии хурд ва 9 адад фонди қарзии хурд иборат буда, шумораи филиалҳо бошад, 95 ададро ташкил медиҳад. Инчунин, ба хотири дастрас будани хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни вилоят, алалхусус, дар ноҳияҳои дурдаст фаъолияти беш аз 500 адад маркази хизматрасонии ташкилоти қарзии молиявӣ ба роҳ монда шудааст.

-Ҷалби пасандоз ва ташаккули пойгоҳи захираҳои қарзӣ чӣ гуна роҳандозӣ шуд?

-Ҳанӯз аз даврони аввали ташаккулёбии низоми бонкии кишвар ҷалби бештари захираҳои озоди аҳолӣ ва бо ин васила, ташаккули пойгоҳи захираҳои қарзию таъмини даромади иловагии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии низом маҳсуб меёфт. Бояд қайд намуд, ки оғоз аз ташаккулёбии нахустин пояҳои фаъолияти бонкӣ, махсусан дар самти ҷалби пасандоз то ба имрӯз ҳаҷми маблағ, мӯҳлату меъёрҳои амонату пасандоз, навъҳои он ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои гузоштани амонату пасандозҳо тағйир ёфта, ба талаботи имрӯзаи иқтисоди бозорӣ ва пеш аз ҳама ба завқи мизоҷон мутобиқ карда шуданд. Аз маълумоти ташкилотҳои қарзии молиявии низомисози вилоят бармеояд, ки аз ҷониби онҳо дар самти амалиёти амонативу пасандозӣ якчанд маҳсулоти нав таҳия шудааст. Масалан, аз ҷониби ҶСК “Бонки Эсхата” маҳсулоти нави амонати мӯҳлатнок бо ном “30 солагии Истиқлолият”, ки мӯҳлати он то 30 солро дарбар гирифта, меъёри фоизи он бо пули миллӣ 16 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Инчунин, аз ҷониби ҶДММ ТАҚХ “Матин” маҳсулоти нав бо ном “Мустақил”, ки аз 7 то 16 фоизи солонаро ташкил намуда, мӯҳлати он аз 12 моҳ ва аз он зиёдро дарбар мегирад, рӯи кор омадааст.

-Маблағгузории қарзӣ ва имтиёз барои дастгирии соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии минтақа чӣ гуна сурат гирифт?

-Дар самти зиёд намудани дастгирии соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии минтақа, алалхусус, табақаҳои миёнаи аҳолӣ ва соҳибкорон аз ибтидо яке аз манбаъҳои рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гардида, то ба имрӯз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии низомсози вилоят як қатор чораю тадбирҳо татбиқ гардидааст ва иқдоми мазкур бе назардошти эҳтимолияти таъсири омилҳои ногаҳонӣ, метавонад минбаъд муназзам амалӣ карда шавад. Масалан, мувофиқ ба маълумоти пешниҳодгардида бармеояд, ки аз ҷониби ҶСП Бонки “Арванд” ва ҶДММ ТАҚХ “Матин” маҳсулоти нави қарзӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард шудааст.

-Ташаккулёбии низоми пардохт дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Низоми босубот ва самараноки пардохт аз аввали даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои умдатарини бонкию иқтисодӣ арзёбӣ мегардид. Дар тӯли 30 соли фаъолияти низоми бонкӣ, низоми пардохт хеле вусъат ёфта, махсусан, инфрасохтори он солҳои охир бомаром рушд меёбад. Дар маҷмӯъ, қайд менамоем, ки имрӯз аз ҷониби аксари бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд бо мақсади пурзӯр намудани рақобатнокии хеш дар бозори молиявӣ, ҳамзамон, таъмини талаботи мизоҷон бо хизматрасониҳои муосири бонкӣ, як зумра маҳсулоти инноватсионии муосир, аз қабили интернет бонкдорӣ, мизоҷ бонк, бонкдории мобилӣ мавриди амал қарор дода шудаанд. Иқдоми мазкур агар аз як ҷиҳат мизоҷони низоми бонкиро бо хизматрасонию маҳсулоти муосир таъмин намояд, аз дигар ҷиҳат барои рушду нумӯи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаи мустаҳкаме мегузорад.

-Оё дар самти бонкдорӣ ягон навоварии муосир барои мизоҷон пешниҳод шуда истодааст?

- Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби якчанд ташкилотҳои қарзии молиявии вилоят дар самти ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ якчанд чорабиниҳо, аз лиҳози низоми “Cash back” (баргардонидани фоизи муайяни пардохти мол ва ё хизматрасонӣ) васеъ паҳн шуда истодааст. Барномаи мазкур аллакай аз ҷониби аҳолии вилоят, махсусан, аҳолии шаҳру ноҳияҳои марказӣ бомаром истифода шуда истодааст. Масалан, бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бонкҳои низомсози вилояти Суғд ҶСК “Бонки Эсхата” иқдомҳои имтиёзноки худро бо ном “Пардохти бурднок” дар самти хизматрасонии кортҳои пардохтӣ роҳандозӣ намудааст, ки мувофиқи он дорандагони корти пардохтии бонк ҳангоми пардохтҳои ғайринақдӣ метавонанд соҳиби тӯҳфаҳо ва маблағҳои калони пулӣ гарданд. Инчунин, дар ин самт барои аҳолии ҷумҳурӣ аз ҷониби бонк ба арзиши корти пардохтии намуди “VISA” 50 фоиз тахфиф муқаррар шудааст.

Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа бобати такмил ва равнақ додани равандҳои гуногуни фаъолияти низоми бонкии вилоят ва бо ин васила, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои мушаххас андешида, мавриди корбарӣ қарор хоҳад дод.

Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Суҳбаторо Шаҳбону ОЛИМОВА
“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи дониш

Омӯзгорони арҷманд!

Шогирдони азиз!

Таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсилро, ки ба арафаи таҷлили яке аз санаҳои муқаддаси таърихи давлатдориамон – 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ба кулли кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон, падару модарон ва мардуми сарбаланди вилоят самимона табрик мегӯям.

Воқеан ҳам, Истиқлол ҳамчун рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ аз ҳар кадоми мо талаб менамояд, ки ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ пайваста талош намоем. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба мансаби Роҳбари давлат интихоб шуданашон дар баробари таъмини сулҳу амният, оромию осоиштагӣ ва суботи сиёсӣ ба рушду инкишофи низоми илму маърифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, роҳи наҷоти халқу миллатро дар эҳёи илму маориф маънидод намуданд.

Читать далее

30 August 2021

САҲМИ АРЗАНДА ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ СОЛИМИ ҶОМЕА

Мулоқоти Раиси вилояти Cуғд бо намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар 

Санаҳои 27-30-юми августи соли равон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон «Корвони иттилоотии журналистон» аз тамоми минтақаҳои кишвар ба вилояти Суғд ташриф оварда, аз иншоотҳои ҷашнии шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дидан намуданд. Дар доираи чорабиниҳо санаи 28-уми август мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо журналистон ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Воситаи ахбори оммаи Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ: имконият ва дурнамо» баргузор гардид.

Мулоқотро раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён ҳусни оғоз бахшид. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ташрифи меҳмонон‐журналистони ҷумҳуриро ба вилояти Суғди бостон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ хайрамақдам гуфта, ташкили «Корвони иттилоотии журналистон»‐ро амали нек баҳри боз ҳам тарғиби васеи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Читать далее

АНГИШТ САРВАТИ ТАБИӢ ВА ФАРОВОНИ МАМЛАКАТ

Истиқлолият барои миллати мо дастоварди беназир ва неъмати бебаҳост, зеро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои олии мардуми кишварамон шароити мусоиди таърихӣ фароҳам овард. Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ноил гардид.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки рушди соҳаи истихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии кишвар метавонад, дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат, таъсис ва фаъ‐олияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад. Ангиштканони шаҳраки Шӯроби (ҶСК «Ангишт») и шаҳри Исфара имрӯзҳо бо дарки масъулияти баланди касбӣ ва саъю саҳмгузорӣ дар тараққиёти мамлакат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум суботкорона меҳнат мекунанд.

Ҷомеаи меҳнатии корхонаи мазкур ният доранд, дар соли ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии худро бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол гиранд. Дар ин бора зимни суҳбат директори генералии ин муассиса Насим Каримов иттилоъ дод: Мо аз оғози сол аҳд карда будем, ки дар соли ҷашни мубораки кишвар нишондиҳандаҳои истеҳсолиамон аз будаш боз беҳтар бошад, гуфт номбурда, ин буд, ки нишондиҳандаи асосии истеҳсолӣ кандани ангиштро дар ҳафт моҳи соли равон ба 45 ҳазору 160 тонна расонидем. Аниқтараш, маҳсулот ба маблағи 13914, 2 сомонӣ истеҳсол шуд, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 10298,7 сомониро ташкил медод. Яъне, нақшаи истеҳсоли ангишт барзиёд иҷро шудааст. Ин аст, ки аз тарафи муассиса тайи ҳафт моҳи соли равон 46 ҳазору 652 тонна ангишт фурӯхта шудааст ва ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 42 ҳазору 150 тоннаро ташкил медод.

Табиист, ки болоравии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ба саривақту сифатнок пардохт шудани андозу дигар пардохтҳои ҳатмӣ мусоидат мекунад. Бино ба маълумоти шуъбаи иқтисодии коргоҳ дар ҳафт моҳи соли равон ба маблағи 4980651,0 сомонӣ андоз ва андози иҷтимоӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 1375951 сомонӣ зиёд аст. Дигар аз нишондиҳандаи истеҳсолӣ кандани нақб мебошад. Бино ба гуфти роҳбарият корҳои зеризаминии муассиса аз оғози сол то ба имрӯз ба масофаи 3192,0 метр нақб канда шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад. Ин мӯҷиби он гардидааст, ки теъдоди ангиштканону кормандони муҳандисӣ техникӣ аз 427 нафари ҳамин давраи соли гузашта ба 467 нафар расидааст.

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар машварати августии муаллимони вилоят, ки санаи 20 – уми августи соли ҷорӣ баргузор гардид, аз гармии тоқатфарсои имсол ёдовар шуда, таъкид намуд, ки «зимистони оянда низ сард омаданаш мумкин аст. Биноан ба фасли сармо омодагии ҳаматарафа дидан лозим аст». ҶСК «Ангишт» и шаҳри Исфара бошад, тибқи қарори Раиси вилоят яке аз масъулони таъмини муассисаҳои буҷетӣ ва аҳолӣ бо ангишт мебошад.

Роҷеъ ба ин масъала роҳбарияти корхона гуфт, ки тибқи шартномаҳои басташуда бо муассисаҳои буҷетии вилоят мебояд, ки 5908,1 тонна ангишт диҳем, амалан бошад 2784,8 тонна ангишт дастрас шуд, ки 47 фисади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамарӯза аз анборҳои корхона наздик 70 тонна ангишт бароварда мешавад. Омили асосии пешрафту муваффақияти кориро сарвари кулли коргоҳ Насимҷон Каримов пеш аз ҳама дар тинҷиву амонии кишвар, ки аз сиёсати хирадмандонаву сулҳофари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, донист. Дуюм омилро бошад, дар ҳамасола баланд бардоштани музди меҳнати ангиштканон арзёбӣ кард, ки музди миёнаи меҳнат дар коргоҳ ба 2372 сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат бар ҳамин давраи соли рафта зиёда аз 300 сомонӣ афзудааст.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ангиштканони Шӯроби шаҳри Исфара ба истиқболи иди касбиашон - Рӯзи ангиштканон дар соли ҷашни мубораки мамлакат - 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ, бо сари баланд ва дили пуру шукргузор аз тинҷиву амонии кишвар мераванд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛУ НУСРАТИ ВАҲДАТ

ОМИЛҲОИ ВОҚЕИИ ЗАҲМАТИ СОЗАНДА

Мардуми шарафманду иродатманди кишвари маҳбуби мо диёри ободу озоду шукуфои мо бо ғояҳои комили воқеъбинона, бо тафаккуру маънавиёти миллӣ кор мекунанд, заҳмат мекашанд, зиндагӣ ба сар бурда, бо замони муосир ҳамқадаму ҳамрадифанд, пеш мераванд ва ободониву созандагиро дар партави сиёсати хирадмандона ва ҳидоятҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияту рушд мебахшанд. Махсусан, имрӯзҳо бо шарафи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни милливу таърихӣ – 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору пайкор ва ҷаҳду суботи сокинони зафарманди кишвари биҳиштосоямон бештар падид омадааст.

Дар раванди 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи сазовори санаи таърихӣ – 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва идомаи босуръати иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати кишвар дар шаҳри Конибодом вусъат меёбад. Тайи чанд соли охир дар ҳудуди шаҳр барои муҳайё ва беҳтар намудани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ ва идомаи босуръати корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, марказҳои маишиву хизматрасонӣ, ободу чароғонкунии кӯчаҳо, азнавсозии хатҳои обгузар ба амал бароварда шуданд ва тадбирҳои созандагӣ – мактабу синфхонаҳои иловагӣ, корхонаҳои хурду миёна ва биноҳои хуштарҳи истиқоматию хизматрасонӣ, иншоот бунёд шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Сокинони меҳнатқарини шаҳр ва соҳибкорону саховатмандони маҳал дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, саъю кӯшиш доранд, ки ҷашни таърихии миллиро бо меҳнати шоиста ва дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд. Дар ин самт соҳибкорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат намуда, то имрӯз чандин иншооти замонавиро сохта, ба истифода супориданд. Айни замон сохтмони иншооти гуногун дар шаҳр идома дошта, аз 506 иншооти ба нақша гирифташуда, то ин муддат 406 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст. Алҳол дар сохтмони иншооти боқимонда корҳо ҷараён дошта, роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аҳли заҳмати он барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ заҳмат кашида истодаанд.

Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии чанде аз иншооти ҷашнӣ аён гардид, ки масъулину сохтмончиён баҳри ҳарчи саривақт ва босифат ба иҷро расонидани корҳо меҳнати шабонарӯзӣ доранд. Бояд гуфт, ки бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ум дар маркази деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов ҷойгир буда, он барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншоот шуъбаи маорифи шаҳр буда, пудратчӣ ҶДММ «Канд сохтмон» мебошад. Бинои маъмурии Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо фармоиши Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳр сохта шуда истодааст ва он дар шафати майдони Парчами давлатӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонии майдони Нишони давлатӣ низ дар маркази шаҳри Конибодом ҷараён дошта, он бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ бунёд мешавад. Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва пудратчӣ ҶДММ «РС Барқарор» аст. Ҳамчунин, корҳои таҷдиду азнавсозии Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи «30‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр бомаром идома дошта, он дар арафаи ҷашни миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Алҳол дар ин мавзеъ корҳои ҳамворсозии роҳраву гулгаштҳо, сохтмони фаввораву дарвозаҳои он ҷараён дорад.

Баҳри ободу зебо ва гулзор намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ аз ҷониби кормандони Идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Ҳангоми ба шаҳр ворид шудан бо чашми сар бидидем, ки кӯчаҳо тозаву дар канори роҳҳои шаҳр дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, рӯҳияи мардум ба меҳнати созанда ва эҳсоси шаҳрдорӣ болидаву афзун аст. Роҳбари корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр Саъдулло Абдиев зимни суҳбат изҳор дошт, ки баҳри ободониву кабудизоркунӣ ва аз нав сохтани шиору овезаҳо аз ҷониби масъулини корхона, тибқи нақшаи чорабиниҳои дахлдор, тадбирҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, дар кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, 8 уми Март, Айнӣ ва Ленин ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Қомат афрохтани иншооти замонавӣ дар маркази шаҳр ва деҳот боиси фараҳмандиву хушҳолии сокинон гардидааст, зеро ин ҳама тадбирҳои ободонӣ барои беҳтар шудани шароити кору зиндагии мардум пешбинӣ шудаанд. Сокинони шаҳр, хусусан соҳибкорону саховатмандон, ба истиқболи ҷашни Истиқлол камари ҳиммат баста, мехоҳанд, дар ободонии Ватан бештар саҳми худро гузоранд.

НАҚШАИ ТАЪМИРИ РОҲ ПУРРА БА ИҶРО РАСИДААСТ

Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷаи он ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гаштааст. Маҳз, бо шарофати ваҳдату ҳамгироии мардуми кишвар ва кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо давра ба давра ба дастовардҳо ноил гардида истодааст. Соҳаи роҳ ва роҳдорӣ чун дигар самти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи таркибии он маҳсуб ёфта, барои рушду нумӯи кишвар ва беҳтар гаштани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад.

Аз ин рӯ, дар ин самт дар қаламрави шаҳри Конибодом нишондиҳандаҳои соҳаи мазкур, аз ҷумла таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии пурраи роҳҳои хусусияти гуногундоштаи минтақаҳои он идома дошта, натиҷаҳои он низ басо назаррасанд. Мушаххасан дар ин раванд “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2021‐2025” қабул гардидаву дар ҳошияи ин нақша ва иҷрои он чорабиниҳо тарҳрезиву амалӣ гашта истодаанд. Аслан тибқи маълумоти масъулин ҳудуди шаҳри Конибодом ҳамагӣ 506 километр роҳи автомобилгард мавҷуд мебошад, ки аз он роҳи аҳамияти байналмилалидошта 56,8 километр, аҳамияти ҷумҳуриявидошта 29,9 километр ва аҳамияти маҳаллидошта 419,3 километрро ташкил медиҳад. Тибқи ҷараёни таъмини иҷрои нақшаи имсолаи таъмири роҳҳои автомобилгарди ин минтақа, дар маҷмӯъ дар дарозои зиёда аз 148 километр роҳ, аз ҷумла таъмири асосӣ 12 километр, таъмири ҷорӣ 110,7 километр ва шағалпӯш 26,1 километр гузаронида шудааст.

Дар ин марҳала ба масофаи 104 километр таъмири ҷорӣ, ба масофаи 26,1 километр шағалпӯш ва ба масофаи 4,4 километр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва аҳолӣ асфалтпӯш карда шуда, таъмири асосӣ ба масофаи 1,84 километр дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷро карда шуд. Барои иҷрои корҳо аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 227,7 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 303,5 ҳазор сомонӣ, аҳолӣ 1587,9 ҳазор сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 533,5 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 2647,6 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳамаи сарчашмаҳо 4021507 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд. Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи нақша мебоист, ки соли равон дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ наздик 2 ҳазору 100 километр роҳ корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ба иҷро расонида шавад.

Алҳол роҳсозони шаҳр дар рафти иҷрои нақшаи имсола пешсаф буда, онро 100 фоиз ба иҷро расонидаанд. Новобаста аз иҷрои пурраи нақша мо уҳдадор шудаем, ки боз 5 километр роҳ бо дастгирии сокинону соҳибкорон корҳои таъмиру мумфаршкуниро ба сомон расонем. Албатта, чунин дастгириҳову ҳидоятҳои Президенти кишвар мо масъулинро рӯҳбаланд гардонида, вазифадор месозад, ки боз ҳам барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ободкориву созандагии роҳҳои кишвар хизматҳои шоиста намоем, зикр дошт сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодом Музаффар Тоҳиров.

МАСЪАЛАИ ОБИ НӮШОКӢ РОҲИ ҲАЛЛИ ХУДРО ЁФТ?!

Ҳанӯз чанд сол қабл сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Қабул гардидани ин пешниҳод аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои дунё қарор мегиранд. Дар шаҳри Конибодом низ таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ яке аз масоили мубрам маҳсуб ёфта, ҳарчанд 30 сол қабл муаммои кашидани хати оби нӯшокӣ ба миён омада бошад ҳам, он ҳеҷ роҳи ҳалли худро намеёфту мардум дар интизории оби тозаи ошомиданӣ буданд. Чоҳҳои артезиание, ки дар қисми поёнии шаҳр ҷойгиранд, манбаи асосии оби нӯшокӣ барои аҳолии шаҳри Конибодом мебошанд.

Хатҳои обтаъминкунӣ дар тӯли солҳои 1960 то 1985 сохта шудаанд ва дар натиҷаи истифодаи тӯлонӣ 75 фоизи онҳо фарсуда гаштаанд. Алҳол оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон бо роҳи тай намудани се зинаи бардошт: аз чоҳ то ҳавзи обҷамъкунанда, баъди он бо воситаи насосҳои уфуқӣ то иншооти обкашии №3, аз он ҷо об ба истеъмолкунандагон интиқол дода мешавад. Дар маҷмӯъ, корхонаи «Обу ташноби шаҳри Конибодом» дар тавозуни худ 8 чоҳ дорад, ки иқтидори миёнаи истеҳсолиашон 1920м3 /соат мебошад. Таъминоти оби нӯшокии шаҳр бо воситаи се пойгоҳи обкашӣ ба роҳ монда шудааст. Хушбахтона, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи амалисозии лоиҳаи “Барқароркунии системаҳои обтаъминкунӣ”, ки онро Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ намуда буд, баҳри таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ мусоидат намуданд.

Алҳол бо сипарӣ шудани чанд сол, бино ба иттилои сарвари “Корхонаи фаръии обу ташноби шаҳр” Муродҷон Сатторов, тибқи лоиҳа хеле корҳо ба сомон расонида шуда, аз ҷумла дар ин росто харидории мошин, механизм ва таҷҳизоти махсус, барқарорсозии иншооти пойгоҳи насосӣ ва ҳавзи оби тозаи ғунҷоишаш 1000 метри мукааб дар ҳудуди корхона ва барқарорсозии пойгоҳи насоси «ГКНС» ва қисман иваз намудани қубури баландфишор ба маблағи 730 ҳазор доллари ИМА аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Роҳат» ба иҷро расонида шуд. Мавриди қайд аст, ки сохтмони иншооти оби тозаи «Соҳил» моҳи июни соли 2017 аз тарафи ҶДММ «Назрӣ‐И» оғоз гардида, иншооти насоси бардориши дувум ва 2 ҳавзи оби тозаи ғунҷоишаш 500 метри мукааб ва иншооти безараргардонӣ ба маблағи 560 ҳазор доллар сохта шуд. Дар биноҳои истиқоматии миёнаошёнаи қисми поёни шаҳраки “Ҷавонон"‐и маркази Конибодом пурра ҳисобкунакҳои обӣ васл шуда, лӯлаҳои берунӣ ва дохилӣ пурра аз нав шудааст. Дар ин самт корҳои сохтмонӣ боз ҳам идома доранд. Сохтмону ивази лӯлаҳои фарсуда бо қубурҳои нави баландфишор пурра сурат гирифта, хатҳои тақсимотии оби ошомиданӣ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ, Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Маданият ва чандеи дигар бо лӯлаҳои баландфишори гуногунқутр васл карда шуда, бо ин вазъияти обрасонии шаҳр басо беҳтар гардидааст.

Имрӯз мардуми ин маҳаллаҳо аз корҳои таъмиру тармими кӯчаҳои шаҳр, алалхусус васли лӯлаҳои нав, кашидани хатҳои оби ошомиданӣ басо шоду мамнунанд. Аз ҷумла, ба фикру андешаи баъзеи онҳо мароқ зоҳир намудем. Баҳри расидан ба ҳадафҳои пешистода ба кулли мардуми ободкори ин гӯшаи Ватани маҳбубамон барор мехоҳем.

Маъмурахон САМАДОВА,

Нодир ТУРСУНЗОДА,

мухбирони “Ҳақиқати Суғд”

Читать далее