July 2021

16 July 2021

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Ашт

Ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бунёду азнавсозии беш аз 400 иншоот ба нақша гирифта шуда, имрӯзҳо дар ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфтааст.

Раиси вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо рафти бунёдкориҳо ба ноҳияи Ашт сафар карда, сохтмони як қатор иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар Ҷамоати деҳоти Понғоз бо сохтмони бинои нави беморхонаи рақами 5 ошно гардид. Бинои мазкур бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоати деҳоту соҳибкорону саховатмандон сохта шуда, тибқи нақша дорои 80 кат мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда, ҷойҳои иловагии корӣ таъсис дода хоҳад шуд.

Читать далее

15 July 2021

ТОЛИБОНИ АФҒОНИСТОНӢ ХАТАР НАДОРАНД, ДУШМАНИ МИЛЛАТ НАҲЗАТИҲОЯНД

Рӯзҳои охир Ҳаракати Толибон, ки қисми бештари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Баъзе ҳангомаҷӯёну фурсатталабон, махсусан наҳзатиҳои ифротӣ вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеа таҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд.

Читать далее

СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА ШОНЗДАҲ ДАВЛАТИ ҶАҲОН

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор гардид, ки дар он муовинони раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаю сохторҳои шаҳр ва зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев иштирок кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2021 маълумоти муфассал манзур намуда, гуфт, ки барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рӯзафзун андешида, нимсолаи якуми соли 2021‐ро бо дастовардҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ саноатчиёни шаҳр ҳадафи чоруми стратегии миллӣ саноатикунонии босуръати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, новобаста аз омилҳои бавуқуъпайваста чораҳои судмандро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 632,7 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 77,4 миллион сомонӣ ё 13,9 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 156 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 20,2 дарсад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 13 корхонаи нави хурду калони истеҳсолӣ пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 176 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав 156 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин, аз ҷониби 70 адад корхонаи хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 260,5 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 51,3 миллион сомонӣ ё 24,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз 125 намуд маҳсулоти асосӣ, истеҳсоли 85 намуд ё нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 100 фоиз таъмин карда шудааст. Инчунин номгӯи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлати муштаракулманофеъ содирот шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, дӯхтани либоси варзишӣ, дӯхтани либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва маҳсулоти дару тирезаҳои муосир мисол шуда метавонанд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки давраи сипаригашта дар шаҳри Хуҷанд тибқи иҷрои дастуру супоришҳо ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Субҳи заррин”, хатти нави истеҳсолӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Хуҷанд Агро” ва корхонаи коркарди маҳсулоти ордӣ ва нонии соҳибкори инфиродӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов ифтитоҳ гардид. Дар ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи муосир коркарди маҳсулоти воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудаанд. Чораҳои андешидашудаи босубот, барои зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаъҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд. Дар ин давра барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 8,5 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шудааст.

Шаҳрдор афзуд, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14‐уми июни соли 2018 иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ шудааст. Дар маҷмӯъ давоми солҳои 2018‐2021 ум 271 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 497 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин иҷроиши 97,5 фоизи иншооти ба нақша гирифташударо дар бар мегирад. Гузашта аз ин дар ин давра беш 200 иншооти иловагии берун аз нақшаи тасдиқгардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бо мақсади ба кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ миқдори зиёди лампаҳою шилшилаҳои муосир, равшанкунакҳои светодиодӣ насбу васл карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, боми биноҳо ва қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз шуданд. Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз ва гулҳои ҳархелаи ороишӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор доранд.

Дар охир рӯзноманигорон вобаста ба раванди корҳои ободонӣ, вазъи хизматрасонии об, иҷрои нақшаи буҷет, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, муҳити зист ва ғайраҳо ба раиси шаҳри Хуҷанд саволҳои хешро ироа намуда, посухҳои дақиқ дарёфтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ДАСТОВАРДҲОИ НЕК – БАЁНГАРИ РУШД ВА САТҲИ ХУБИ ЗИНДАГӢ

Санаи 13 уми июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен нишасти матбуотии раиси ноҳия баргузор гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Сараввал раиси ноҳия Темурҷон Нӯъмонзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия давоми нимсолаи якуми соли 2021 ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки ноҳияи Спитамен дар давраи ҳисоботӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои сокинон қадамҳои устувор гузошт. Бояд гуфт, ки дар ин давра мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати некӯаҳволии сокинон, ки аз ҳадафҳои муҳими Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тадбирҳои судманд амалӣ намуд. Раиси ноҳия дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, зикр дошт, ки дар ин самт корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат дорад.

Дар фарҷоми нишаст раиси ноҳия ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух дод.

Рустам ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ҶАВОНОН НАБОЯД БЕХАБАР БОШАНД!

Дар шароити имрўза рушду инкишоф ва пешрафти тамоми давлатҳо аз омилҳои зиёд ва гуногун, аз ҷумла захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, пешрафти илмию техникии ҷомеа вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон  ҳамчун қишри бонуфузи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар чунин ҳолат ҳар яки мо шаҳрвандон масъулияти азим ва рисолати  бузург дорем, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро махсусан ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Чи хеле, ки дар мақолаи омўзгори кафедраи «Қуръон ва ҳадис» -и ДИТ ба номи Имоми Аъзам, Каримов И.Р. қайд гардиааст «Мувофиқи маълумотҳои санҷидашудаи мақомоти давлатии Тоҷикистон, дар солҳои охир (аз солҳои 90-ум то имрӯз) ҳудуди 900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои берун аз кишвар, ки ба таври махфӣ мубаллиғони террористӣ омода менамояд, таҳсил кардаанд. Қисми асосии онҳоро фарзандони наҳзатиёни собиқ ташкил мекунанд, ки як қисмашон то ҳол таҳсил ва зиндагӣ доранд. Бо даъвати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз садҳо нафар аз донишгоҳҳои террористӣ баргардонида шудаанд, аммо маълумоти дақиқ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам ҳудуди 380 нафар тоҷикон дар марказҳои махсуси омоданамоии террористӣ таҳсил мекунанд.

Вобаста аз гуфтаҳои боло ва маълумотое, ки оварда шудаанд маълум мегардад, ки максади асосии донишгоҳҳои мазкур тайёр намудани террористону экстремистон бо роҳи мағзшўӣ ва тайёр намудани мубаллиғон мебошад.  Чи хеле қайд гардидааст дар ин донишгоҳҳои террористӣ ҷавонони тоҷик таҳсил намудаанд, ки бисёри аз онҳо фарзандони наҳзатиёни собиқ мебошанд ва ҳамагон гувоҳи он ҳастанд, ки наҳзатиёну фарзандони онҳо ба сулҳу субот ва оромии кишвар, ободиву фаровонии нозу неъматҳои ватани азизи мо хиёнат намудаанд ва ҳоло ҳам бархеи аз онҳо ба монанди Кабириву ҳаммаслакони ў аз давлатҳои аврупо истода, бо ҳаргуна роҳҳо оромии Тоҷикистони азизамонро халалдор намоянд.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки бо умеди гирифтани маълумоти динӣ дар хориҷи кишвар ба доми мубаллиғони террористӣ, ки дини мубини Исломро ниқоб намуда, моро ба гумроҳӣ мебаранд наафтем. Ва аз шаритҳои мавҷуда истифода намуда, агар хоҳони гирифтани маълумоти динӣ бошем дар муассисаҳои дохилӣ кишвар соҳиб гардем.

Ҷовонони бо нангу номуси ватан, ҷавонони ояндасози миллат, ҷавонони ватандўсту ватанпараст имрўз бояд аз душманони миллату давлати худ бехабар набошад ва ҳаряки онҳоро шиносанд, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша чун имрўза пайравони Пешвои миллат бошанд.

Раҳмонов М.М.
– муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети
баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

Читать далее

Одамӣ одам набинад аз куҷо одам шавад...

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,

Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

Мардуми Тоҷикистон аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ба хубӣ огаҳӣ дорад. Хусусан, пинҳону ошкоро ва фитнагароёна амал намудани Шавкати Аштӣ ҳамагонро ба ҳайрат мегузорад. Ростӣ чун аз таърихи хиёнаткориҳои наҳзатиҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон баъди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ огоҳем, ин ташкилоти террористӣ ва ҲНИТ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам фаъолият ва амал мекунанд.

Маҳз чунин андешаву омоли разилона буд, ки Шавкати беномус бори дигар хостори барангехтани кинаву адоват ва гумроҳкунии мардум гардид.

Дар мадрасаи мутавасситаи исломии ноҳияи Ашт ба ҷавононе, ки то ба ин даргоҳ омадан аз илму мазҳаб, Қуръону ҳадис хабар надоштанд, ончунон таълим медод, ки дар дилашон ифротгароӣ ҷӯш мезад, давлати исломисозиро талқин мекард, тафаккури онҳо ба равияҳои ваҳҳобия ва ҷараёни салафӣ моил карда мешуд. Толибилмони мадраса ба мазорҳои Шаҳидону Зинга ворид шуда, гулҳои сунъии қабрҳоро чида оташ заданд, ки яке аз онҳо маҳз Шавкат буд. Ин амалро дар мазори деҳааш Хиштхона такрор кард. Касе чизе нагуфт.Шерак шуд. Ҳамроҳи ҳаммаслаконаш ба мазори деҳа рафта, санги қабреро шикаста партофт. Ин амали ӯ дар деҳа, ҷамоат, ноҳия вокуниши шадиде ба вуҷуд овард. Ва ӯ муддате нодида ором гирифт…

Баъд аз шунидани ин хислатҳои палиди Шавкат ҳар як соҳибватан дар канор буда наметавонад, зеро ин гуна ашхос метавонад бо рафтору кирдорҳои разилонаи худ ҷамъиятро доғдор месозад ва шаъну шарафи исми тоҷикро паст мекунад ва ҳатто ба сазовор будани исми инсон лоиқ нест. Беҳуда нагуфтаанд:

Ҳар он касро, ки гуфтораш дурӯғ аст,

Зи рӯйи ақл рӯяш бефурӯғ аст.

Моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзатиён ва Шавкат барин ашхос зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки аз чунин тири хоҷагон ба Ватани маҳбубамон осебе расад.

Мирзо Каримбоев

Читать далее

Сенарияи навбатии Муҳиддин Кабирӣ

Дар тӯли солҳое, ки миллати тоҷик истиқлолиятро ба даст овардааст, ҳаёти мардуми тоҷик бисёр ҳам осоишта гашта, ранги дигар гирифтааст. Ҳамаи мардуми мо фахр аз сарвари хубу меҳрубон мекунанд, чунки ватан обод, сулҳу амони пойдор ва зиндагии осоишта доранд.

Вале имрӯзҳо бадхоҳони миллат, душманони давлати осоиштаи мо, хоинони миллат аз ҷумлаи Кабирӣ мехоҳад ин сарзамини биҳиштосои моро ба чанги душман бидиҳад.

Шукр аз Худованди муттаъол мекунем, ки ба мо сарвари дилсузу ғамхор, меҳрубону ватанпарвар ато фармудааст, то нагузорад бар миллату бар пояи давлати тоҷик роҳбари намояд. Кабирӣ мехоҳад давлату миллати тоҷикро сиёҳ намуда, бо дастгирии душманони хориҷӣ аз ҷумлаи хоҷагонаш, давлати соҳибистиқлол ва гулгулшукуфони моро ба хоку хун кашида, равияву мазҳабҳои дигарро барои мардуми тоҷик, ба сари мардум маҷбуран бор намоянд.

Воқеан ҳам Кабирӣ хоини лаънатии оқи миллат, оқи ватан, гумроҳу фирефтаи он душманону бадхоҳони миллати тоҷик гардида, Тоҷикистонро дубора ба ҷанг кашиданист. Вале ҳеҷ як нафаре намондааст, ки палид будани ӯро надонад.

Сарфи назар аз ин ва мавҷудияти фазои мусбати иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ҷомеа, аъмоли мухолифи фирорӣ Муҳиддин Кабирӣ ва навкаронаш аз қабили Салимпур, Садриддин Муҳаммадиқбол ва Шарофиддин Гадоев, ки мисли селаи зоғони сиёҳ фазои тарсу даҳшатафканиро шурӯъ ва мардумро ба сангарнишинӣ даъват менамоянд, маро ғамгин менамояд.

Паёми нахустини видеоии М. Кабириро, ки мушобеҳи суханронии Муссолинӣ ҷиҳати пуштибонӣ аз Гитлер мебошад, ба ёд биоваред, ки зимни он роҳбари ТТЭ ҲНИ ба сарнагун намудани ҳокимият дар Тоҷикистон даъват менамояд.

Суханони девонавори ӯро, ки ҳисси бадхоҳӣ нисбати кишвар ва халқи худ мебошанд бо диққат истимоъ намудам ва ба ҷои ибрози ҳамдардӣ ва суханҳои нек, вай хондани сафсатаи қаблан таҳиянамудаи “коршиносон” -ро, ки бо воқеияти мо ҳеҷ умумияте надоранд, шурӯъ намуд ва аз дидани ин саҳнаи худхоҳии вай фикре ба сарам омад, ки: “Ин марди бадсиришт, ки дар ошӯби мусаллаҳ ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор ва кунҷи маҳбас ӯро бесаброна интизор аст, боз бешармона ба мо дастур медиҳад, ки чӣ кунем ва чӣ тавр бояд кунем, бо кӣ дӯстӣ кунем ва бо кӣ душманӣ варзем ва бар замми ин ҳама М. Кабирӣ худро ҳамчун намоядаи касби қадимтарин ҷилва медиҳад”. Ва чунин аъмолро ӯ замоне анҷом медиҳад, ки аз рӯи мантиқ ва ақли солим бояд забондарозӣ накунад ва пояшро ба андозаи кӯрпаи худаш дароз намояд.

Ҳама ин гапу калоча на дар кадом гӯшаи касногузари Африқо, балки дар Аврупо сурат мегирад. Ва ин ҳама на ба ҷамъияте, ки ҳоло дар он зиндагӣ мекунанд, балки мустаъқиман ба кишвар ва халқи мо дахл дорад. Ман дафъатан эҳсос намудам, ки читавр касе бидуни иҷозаи мо зӯран мехоҳад дарвозаамонро бишикофад ва ба хонаамон ворид шавад. Вале ӯ инро ба назар нагирифтааст, ки чун солҳои пешин дар ин ҷо ӯ метавонад боз гардан ё шонаҳои худро бишиканад. Бештар ва бадтар аз ин фикр кардам, ки Худое нахоста ягон каси содадил дар ҷомеаи мо ба ӯ бовар кунад. Худо накунад, ки чунин бошад ва тасвири рамзии оғози ҳодисоти фалокатбори навро дар кишварам ба назар овардам. Бо ақли солим ин муҳокимаронӣ дар зеҳни ман ҳамчун рӯзи равшан, бо дарки чизе, ки мо аз сар гузаронида будем ва чӣ чизе, ки метавонад боз сари мо биояд, зуҳур намуд.

Қудрати сиёсӣ дар кишваре пирӯз шуд, ки сарвари давлат, президенти нахустини он дар он замон ба худ иҷоза намедод, ки мустақилона дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ҳайати худ иштирок намояд, зеро барои бо сӯзишворӣ пур кардани ҳавопаймо маблағи кофӣ набуд. Кӣ инро дар ёд надорад? Кӣ ҳолати хазинаи давлатиро, ки дар он рӯзҳо холӣ буд ва тамоми низоми молиявӣ то бунёди худ фалаҷ шуда буд, намедонад? Магар ҳамин тавр набуд?! Кӣ гуруснагиҳо ва сардиҳои солҳои 90-умро, марги ҳамватанони манро, ки 5-8 соат барои як буханкаи нон дар навбат меистоданд, дар ёд надорад.

Инҷо ҳар фарди солимақл, ба истиснои Кабирӣ, дарк мекунад, ки дар чунин як муддати кӯтоҳ таъсиси як давлати серу пур ғайри имкон аст, ҳол он ки Сарвари давлати мо дар ин самт кӯшиш ва аз тамоми имконоти мавҷуда истифода менамояд. Ба инфрасохтори таҷдидшудаи Тоҷикистон, иншооти обии бунёдшуда ва сохташаванда, ҳолати нақлиёт, шабакоти иртиботӣ, роҳҳо ва нақбҳо назар афканед. Шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини ободу шукуфонро бингаред. Равшан аст, ки ин ҳама хароҷоти молӣ ва сармоягузории ҳангуфтро, ки ҳисоби он ба миллиардҳо доллари ИМА мерасад, тақозо менамояд. Ва бояд комилан аблаҳ бошӣ, ки ин ҳама ва сатҳи баланди нуфузи байналмилалии кишварро инкор намоӣ.

Раҳмонова Н. Р. –
муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети 
“Инноватсия ва телекоммуниктсия”-и ДДҲБСТ

Читать далее

Хатари терроризм ва экстремизм ба ҷаҳони муосир

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зўрии канораю ғайриқонунӣ мезанад.

Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кўшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурўҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омўзиши ҳама ҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд. Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеms» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Аз ин рў дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажўишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омўзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зўроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурўҳҳои канориро ташкил менамояд.

Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад. Умуман таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти эктремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнуъ мебошад. Гурўҳи дигари чунин созмон ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд. Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зўроварӣ низ рў намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошанд, ки барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро халалдор сохта, кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд. Ба ин маънӣ дар тўли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур хусусан дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурўҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиӣ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шўравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошўравӣ роҳ ёфтанд. Омўзиш ва таҳқиқи ҳама ҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин аз тариқи омўзиши бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад.

Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Дуюм, барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рўйпўшкардашудае аст, ки бо зўран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.

Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сўйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷўй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрўза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Ғуломҳайдарова Х
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Терроризм зуҳуроти даҳшатноку нафратовар

Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб ва проблемаи байналмилалӣ зуҳур кардааст.

Имрӯзҳо терроризм бештар дар аксар мамоликҳои дунё мушоҳида гардида, онҳо амалҳои даҳшатбореро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо танҳо ва танҳо халалдор кардани оромӣ ва вайрону валангор намудани тамоми арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Тавре маълум аст, дар кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, қаҳтию гуруснагӣ, дуздиву ғоратгарӣ, бемориҳои сироятиву бесару сомонӣ ба вуҷуд оварда, ки он ҷони садҳо ва ҳазорҳо инсонҳоро мерабоянд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳои нопоки худ рӯз аз рӯз терроризм ва ифротгароӣ домани худро фарох намуда, хатари он давлатҳои зиёди ҷаҳонро таҳдид намуда истодааст.

Терроризм даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духтарон, тифлон ва аъзоёни гуногуни ҷомеа, инчунин куштори бузургтарин олиҳа, офарандаи ҳаёту зиндагӣ “Модар” анҷом медиҳанд. Бинобар ин алайҳи чунин мушкилоти ҷомеа муборизаи дастаҷамъӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан лозим аст.

Терроризм ва экстремизм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гардид. Аз ин рӯ, тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви комилҳуқуқи кишварҳои ҷаҳон нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарнок бетараф нест.

Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Парвиз Сулаймонӣ

Читать далее

Нокомии Кабирӣ дар сиёсат ва “насиҳат”-и бемаънии ӯ

Ташкилоти террористиву экстримистии ҲНИ имрӯзҳо яке аз масъалаи расонаҳои шабакаҳои интернетӣ ва ВАО гардидааст, ки аъзоёни он рӯз то рӯз ба ҳар роҳу усул мехоҳанд оромӣ, сулҳу субот ва амнияти кишварро халалдор намоянд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дурӯғу тӯҳмат ва дасисаҳо даст намекашанд ва бо ҳар роҳу васила мехоҳанд мардуми тоҷикро бар зидди давлату ҳукумат бархезонанд. Зеро чуноне, ки аз пайомадҳои онҳо бармеояд хоҷагони онҳо талаби ҳарчи зудтар бар по хезондани мардуми тоҷикро хоҳонанд. Аз ин лиҳоз созмони террористӣ ва экстримистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” аз пешбурди фаъолияти сиёсӣ берун гашта, бо нашру пахши ҳар гуна муроҷиатномаҳову баёнияҳову изҳороти худ фазои сиёсӣ ва иттилоотии кишварро ноором гардонидан мехоҳанд. Аз ин ҳама муроҷиату садобаландкуниҳои аъзоёну пайравони ҲНИ оҳанги таҳдиду таҳқир садо медиҳад.

Ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки санаи 12 июли соли равон бо суханҳои иғвоангезони худ боз хонини миллати Тоҷикистон М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мазӯи “Оё сиёсат ифлос аст?” суханроӣ намуда, иғвои худро давом дод.

Ҳангоми тамошои барномаи мазкур шахс ба хулосае меояд, ки мақсади асосии онҳо аслан доир ба мавзӯи интихобшуда сухан рондан не, балки бо баҳонаи ҳар гуна мавзӯҳо ҷамъ намудани ҷавонон барои тамошои барномаҳо ва ба вуҷуд овардани ихтилоф байни онҳо мебошад. Зеро дар барнома доир ба сиёсат фикру ақидаҳои бемаънӣ баён шуданду халос.

Хулоса барномаи мазкур ба ин хоинон танҳо ба он лозим аст, ки онҳо тавонанд ба воситаи чунин барномаҳо тамошокунандаи онҳоро бо ҳам ҷанг андозанд. Ва мардумро боз ба ду гурӯҳ ва ё майдон тақсим намоянд.

Чи тавре, худи Кабирӣ дар барномаи мазкур иброз намуд, “сиёсат ҳунаре ҳаст, ки ҳаркас карда наметавонад” ин суханҳо маҳз ба худаш дахл дорад. Агар ӯ сиёсатмадори оқил мебуд ҳаргиз нафароне, ки ба ӯ бовар мекарданд ва дар паҳлӯи ӯ буданд онҳоро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода намебурд ва намегузошт то онҳо ба ҷиноят даст зананд. Имрӯзҳо садҳо нафаре, ки фирефтаи ин хоини миллат гардида, зидди халқу миллати худ хоинӣ карданд дар ҳабсхонаҳо ва то ҳатто дар кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ қарор доранд. Мутаъсифона аксарияти онҳо дар ҷангҳои мазкур ҳалок гардида, имрӯзҳо наздикони онҳо бо ашки чашм онҳоро ёд мекунанд.

Вобаста ба ин, аъзоёни ТТЭ ҲНИ хоинони ватан буда, онҳо бо ҳар роҳу васила мехоҳанд амалҳои террористии худро рӯйпӯш намоянд. Аз таҳқиқи матлаби “Бузургтарин хатар аз уламои хоин аст” маълум мегардад, ки ҳамаи зиддиятҳои иброзгардида бофтаву хаёлианд.

Хиёнаткорону хоинони Ватан борҳо ба давлату миллат хиёнат кардаанд. Нигорандаи ҲНИ хиёнатҳои худро эътироф намуда мегӯяд: “Албатта, мухолифин ҳам бегуноҳ набуданд”, ки ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳақиқат, дар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон даст доштаанд.

Кӯмакрасону пуштибонони ҲНИ то ба имрӯз аъзоёни хиёнаткори ин ташкилотро маблағгузорӣ мекунанд, то ба ҳадафҳои нопоки худ ба ин васила расанд. Аз гуфтору навиштаҷотҳои аъзоёни хиёнаткори ҲНИ бармеояд, ки косаи хоҷагони онҳо лабрез шудааст ва бар ивази маблағҳои гирифтаашон ҷавобан мехоҳанд ҳарчи зудтар сулҳу амнияти кишварро халалдор намоянд. Ҳамаи ин танҳо ба хотири манфиати шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани ақидаҳои нопоки худ асту бас.

Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи
таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

Читать далее