July 2021

22 July 2021

Терроризм ва экстремизм-вабои аср

Масъалае, ки имрўз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

«Терроризм» аз калимаи лотинии «terror» сарчашма гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсади худро бо роҳи куштор, тарсу ваҳм, зўроварӣ амалӣ намоянд.

«Экстремизм»-аз калимаи франсузии «extremism» ва  лотинии  «extremus» гирифта шуда, маънои аслияш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.

Бо таъсири интернету шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гурўҳҳои манфиатҷў афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурўғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва падару модару хешовандони худро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми санадҳо ва шартномаҳоеро, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналхалқӣ манъ месозанд, эътироф намуда, ба имзо расонидааст. Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ 16 ноябри соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул кардааст. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

Тариқи расонаҳои хабарӣ хуб дарк кардаем, ки терроризм ва экстремизм оқибати бади марговар дошта, қасдии нобудии миллатҳо ва ғулом гардонидани мардумро дорад.

Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои терроризм чунин омадааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақоми давлатист» Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур  сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошанд, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрў ва манзалати мақомоти давлатист.

Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки аввалин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва гурўҳҳои ташаккулёфтаи сиёсию мазҳабие буданд, ки мехостанд ба воситаи тарсонидану даҳшатангезӣ мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ҳамаи давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани шумораи зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Мубориза бурдан бар зидди терроризм ин яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, функсияи худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия  ва судӣ амалӣ менамояд.

Коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.

Дар оянда онҳо ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи худро равона созанд.

Раҳмонова М.Ғ. 
сармутахассиси БИМСТ-и ДДҲБСТ

Читать далее

21 July 2021

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Қурбон табрик намуд

Субҳи рӯзи сешанбеи 20 июл сокинони вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва тинҷиву осоиштагӣ намози Иди саиди Қурбонро барпо дошта, барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд.

Дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфт.

Читать далее

ШАҲРИ ТАМАДДУНОФАР ВА РУШДЁФТА

Панҷакент аз шаҳрҳои саноативу аграрии кишвари азизамон баҳисоб рафта, яке аз калонтарин шаҳрҳои вилояти Суғд шинохта шудааст. Ин шаҳри бостонӣ бо ёдгориҳои таърихии худ, чун Саразми бостон, Панҷакенти қадим, Оромгоҳи султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, манзараҳои нотакрори Ҳафткӯлу Кӯли Калон ва дигар мавзеъҳои зебою назаррабояш мавриди таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу беруна қарор гирифтааст.

ҶАБҲАИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ПАНҶАКЕНТ

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои шаҳри бостонӣ бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна ва иншооти таъиноташон гуногун зебову назаррабо гардида, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст. Пешвои миллат ҳангоми сафарҳои кориашон ба ин минтақа аз меҳмоннавозии мардумонаш ёдоварӣ карда, таъкид намудааанд, ки: «Мардуми Панҷакент фарҳангдӯст ва тамаддунсозанд». Маҳз, бо пуштибонию дастгириашон шаҳраки бостонии Саразм мамнуъгоҳи таърихӣ бостоншиносӣ эълон шуда, соли 2010 ба Феҳрасти мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил гардид ва атрофи он панҷарабандӣ ва панҷ мавзеи ҳафриёташ болопӯш гардид. Соли 2020 низ барои сокинони шарафманди Панҷакент соли фаромӯшнашаванда ва пурифтихор ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол Тоҷикистони соҳибистиқлол қадимтарин марказҳои таърихии башарият Саразми бостониро, ки сарзамини тоҷикони тамаддунофар аст, бо ширкати беҳтарин таърихнигорон ва сиёсатмадорони дунё истиқбол намуд. Зимнан, ҳунармандӣ дар Панҷакент таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва инро бозёфтҳои нодири аз ҳафриёти шаҳраки бостонии Саразм ва шаҳристони Панҷакенти қадим ёфтшуда собит менамоянд.

Ду сол муқаддам дар ҳафриёти қалъаи Санҷаршоҳ, ки ёдгории асрҳои VVII милодӣ аст, бори нахуст намунаи либоси пашмин ёфт шуд, ки бо ҳунари воло бофта ва дӯхта шудааст. Гузаштагони мардуми ин сарзамин ҳанӯз аз қадимзамон ба ҳунармандӣ, аз ҷумла, кулолгарӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ машғул будаанд. Аз ин ҷост, ки бостоншиносон шаҳраки бостонии Саразмро яке аз марказҳои пайдоиши тамаддуни ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва шаҳрсозӣ унвон кардаанд. Сокинон ва масъулини шаҳри Панҷакент чун дигар шаҳру навоҳии кишвар азми қавӣ доранд, ки дар пайи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

Раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар дар суҳбат гуфт, ки бахшида ба ҷашни миллӣ дар ҳудуди шаҳр сохтмони 405 биною иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилотӣ, беморхона, Қасри фарҳанг, майдончаҳои варзишӣ, ҳаммом, сартарошхона, меҳмонхона, корхонаҳои саноатӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, аз соли 2018 то 2020 – ум 381 адад биною иншоот сохта, ба истифода дода шуданд. Давоми шаш моҳи соли 2021 бошад, 14 иншооти гуногун дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Айни ҳол дар дигар биною иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, масъулин азм доранд, то таҷлили ҷашни бузурги миллӣ иншооти боқимондаро сохта, мавриди истифода қарор диҳанд. Ҳамчунин, раиси шаҳр илова намуд, ки дар самти оммавигардонии варзиш дар ҳудуди шаҳр сохтмони толору майдончаҳои нави варзишӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки давоми се сол ҳаҷдаҳ адад толору майдончаи муосири варзишӣ дар ҷамоатҳои деҳот, аз ҷумла, деҳаи Сарикамари Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ва деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош, Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, деҳаи Кабудсанги Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Чимқалъаи Ҷамоати деҳоти Саразм сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, бунёди ҳамагӣ беш аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз нуздаҳтои он, яъне дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Пушти Қурғони Ҷамоати деҳоти Моғиён, деҳаи Шӯрноваи Ҷамоати деҳоти Саразм ва дар дигар деҳаҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, тибқи нақша бунёди беш аз 30 бунгоҳи тиббӣ ва аз соли 2018 то имрӯз 22 бунгоҳ ва хонаҳои саломатӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои ободонӣ ва таъмиру навсозӣ хуб ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулин бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақша навсозӣ гардида, ҳамчунин дар назди он Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ гузошта мешавад. Парчам бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 21,5 метр қомат хоҳад афрохт. Дар назар аст, ки бунёди гулгашти истироҳатӣ бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз сохта мешаванд, гуфт раиси шаҳр Холиқзода Абдухолиқ Санавбар. Сохтмони муҷассамаи «Рамзи китоб» бошад, бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент ҷараён дорад. Он аз панҷ сутунпоя ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи «панҷ» ва «кат» аз забони суғдӣ – деҳа иборат мебошад. Дар сутунпояҳо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода меёбанд. Дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд. Аз болои давраи электронӣ кураи Замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст.

Дар атрофи кураи Замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудаанд. Дар китоб мисраъҳо аз ашъори Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаккокӣ мешавад. Имрӯз мардуми шарафманди шаҳр бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии кишвари азизамон ҷашни таърихии миллиро дар сатҳи баланд истиқбол хоҳанд гирифт.

РУШДИ БЕМАЙЛОНИ САНОАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд. Дар ин раванд ташкил ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои хурду бузург дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардида, сокинони маҳаллӣ бо корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими нуфузи шаҳр ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридотӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии шаҳр ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин шудааст.

Имрӯз бо шарофати сулҳу суботи кишвар соҳаи саноат дар шаҳр ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2016 зиёда аз 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Тамоюли тағйирёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаи ҶДММ КМ “Зарафшон” вобастагии калон дорад. Давоми солҳои 2015‐2020 номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳр аз 17 то ба 31 намуд зиёд шудааст. Барои таъмини рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, дар миқёси шаҳр захираҳо ва имкониятҳои фаровон мавҷуд аст. Дар давоми солҳои 2000 2020 дар шаҳр сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дигаргун гашта, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, профилҳои пластикӣ (дару тирезаҳо), маҳсулоти қаннодӣ, дӯзандагӣ (либоси мактабӣ), нӯшокиҳои ташнашикан, маҳсулоти ширию гӯштӣ ва хушкмева ба роҳ монда шуда, имрӯз баҳри хушсифат ва бозоргир истеҳсол намудани маҳсулоти номбурда масъулин кӯшиш намуда истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки давоми шаш моҳи соли равон ҳабдаҳ корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он дар якҷоягӣ бо хизматрасонии пулакӣ ба беш аз ду миллиард сомонӣ расонида шуд. Маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қуму шағал ба маблағи 221,6 ҳазор сомонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 19 фисад зиёд аст. Аз ҷумла, маҳсулоти ширӣ 728,6 ҳазор сомонӣ ё 158,4 фисад истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 459,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Боиси хушнудист, ки давоми шаш моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр ҳафт корхонаи хурди саноатӣ бо 33 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Баҳри коркарди маҳсулоти меваю сабзавот парки аграрӣ, технологӣ ва инноватсионии ҶСК “Маърифатпарвар”, воқеъ дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолияти назаррас дорад. Муассиси ин Парки аграрӣ, технологӣ ва иноватсионӣ Ансорӣ Муаззамхон буда, бобати коркарди маҳсулоти меваву сабзавот қайд намуд, ки сехҳои коркардкунӣ дар як шабонарӯз тибқи реҷаи корӣ то чаҳор тонна маҳсулоти хушкшударо коркард менамоянд. Коргоҳи мазкур мавсимӣ буда, 70 нафар сокини маҳаллиро метавонад бо кор таъмин намояд.

Масъулин азм доранд, ки оянда номгӯи маҳсулоти хушккардашударо зиёд намуда, бозори ватаниро бо маҳсулоти худи таъмин намоянд. Корхонаҳои саноатии миқёси шаҳр асосан ба коркарди тилло, ангишт, санги мармар ва травертин, маҳсулоти хӯрокворӣ (маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти қаннодӣ, офтобпараст), маҳсулоти сохтмонӣ (дару тирезаҳои пластикӣ ва алюминӣ, қуму шағал, маҳсулоти бетонӣ, хишти пухта, хишти сементӣ), маҳсулоти сафолӣ машғуланд. Барои бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмини рушди устувори саноат ва иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр, дар доираи татбиқи барномаи мазкур, сохтмон ва ба кор андохтани ду корхонаи нави истеҳсолии бузург, тавассути сармояи ватанию хориҷӣ пешбинӣ гардидааст. Корхонаҳои навбунёд дар фаъолияти истеҳсолии хеш асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода хоҳанд намуд. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо истифодаи захираҳои маҳаллӣ имконияти таъсис додани корхонаҳои калону хурд ва миёнаи истеҳсолие, ки маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва хушсифатро истеҳсол менамоянд, мавҷуданд.

Дар назар аст, ки дар асоси татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 20212025 ташкили корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, коркарди ниҳоии металҳо ва омода намудани маҳсулот, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ (аз ҷумла қуму шағал, оҳак, хишт, гаҷ, хишти сементӣ), коркарди маҳсулоти меваю сабзавот, ангур, истеҳсоли мавиз, маҳсулоти гӯштию ширӣ, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, шарбатҳои мевагӣ, қуттиҳои пластикӣ, коркарди офтобпараст ва маҳсулоти нонӣ, истеҳсоли семент, гаҷ, шиша, оҳак ва сементи ранга, корхонаҳои логистикию нақлиётӣ, инчунин аз ҳисоби таҷдиди коргоҳҳои истеҳсолӣ дар заминаи корхонаҳои калони саноатӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

САЙЁҲӢ - МУАРРИФГАРИ ШАҲР

Аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2019 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, ки ин барои ташаккули соҳаи мазкур, аз ҷумла бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ хуб мебошад. Панҷакент табиати басо зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахш дорад, ки боиси ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ гардидааст. Соҳаи саёҳати экологӣ, кӯҳнавардӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар намуди он дар шаҳр хос буда, имрӯз аксарияти сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои нотакрори ин минтақаи рушдкарда меоянд. Панҷакенти бостонӣ дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию фароғатие мебошад, ки барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Имрӯз дар шаҳр беш аз бист ширкати сайёҳӣ, як Ташкилоти ҷамъиятии шӯрои Зарафшон оид ба туризм ва чаҳор маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд. Барои сайёҳони дохилию хориҷӣ пойгоҳҳои кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» ва «Марғузор» бо шароити зарурӣ, аз қабили ҷои хоб, майдончаҳои варзишӣ, толор ва хаймаҳои мавсимӣ барои гузаронидани семинар конфронсҳо, ҳаммоми табобатӣ ва дигар мавзеъҳо барои афрохтани гулхан ва шабнишинӣ дар хизмати сайёҳон аст. Бинобар сабаби ба саёҳати кӯҳӣ таваҷҷуҳи доштани сайёҳони хориҷӣ дар хатсайри «Ҳафткӯл» ва «Кӯли калон» пойгоҳҳои пазироии сайёҳон ташкил ва бунёди нуқтаҳои нави қабули сайёҳон дар дигар хатсайрҳои сайёҳии шаҳр идома доранд. Лозим ба ёдоварист, ки бештари сайёҳон баҳри шинос гардидан бо таърихи бою ғании миллати тоҷик ба ин шаҳри бостонӣ ташриф меоранд. Дар шаҳр чор осорхона ва пойгоҳи Бостоншиносии Саразм фаъолият менамояд. Ёдгориҳои табиии кӯҳҳои Фон, манзараҳои нотакрори табиӣ, мавзеъҳои истироҳатию сайёҳии Кӯлҳои Калон, Чуқурак, Мария, Бибиҷаннат, Миҷгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор ва Ҳазорчашма низ имрӯз диққати сайёҳони хориҷӣ ва дохилиро ба худ ҷалб намудааст, ки ҳамасола теъдоди онҳо бамаротиб меафзояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намуда, ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хубу хотирмон таҷлил менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷон НАҶМИДДИНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Хуҷанд – Панҷакент - Хуҷанд

Читать далее

НАТИҶАҲОИ ХУБИ КИШОВАРЗОН

Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар нимсолаи аввали соли 2021 дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир дар самти истеҳсоли маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 178 миллион 583,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиши он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 млн. 945 ҳазор сомонӣ ё худ ба андозаи 118 фоиз баробар гардид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Муллосоқӣ Атовуллозода муовини якуми раиси ноҳия ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки кишоварзони ноҳияи имсол дар майдони 21725 гектар кишти баҳорӣ гузаронидаанд, ки аз он 12550 гектарашро кишти пахта, 4071 гектар зироатҳои равғандор, 1610 гектар кишти ғалладонагиҳои баҳорӣ, 2300 гектар полезӣ, 250 гектар картошка, 144 гектар сабзавот ва 800 гектари дигарро зироатҳои хӯроки чорво дарбар мегиранд. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз муваффақиятҳои соҳа ин бунёди гармхонаҳо мебошад, ки сол ба сол рушд ёфта истодааст.

Дар нимсолаи якуми соли равон 12 адад гармхона дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони 1,4 га ташкил карда шуд, ки шумораи умумии он дар ноҳия ба 128 адад расид. Аз ин гармхонаҳо дар давраи ҳисоботӣ 346,6 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,6 фоизро ташкил медиҳад”, иброз дошт М.Атовуллозода. Бино ба иттилои мавсуф дар соҳаи чорводорӣ низ нишондиҳандаҳо дар ин давра хуб буда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор ба 55499 сар, аз он ҷумла модагов ба 28439 сар, гӯсфанд ва буз ба 147786 сар, парранда ба 420896 сар, асп ба 493 сар расонида шудааст.

Суръати афзоиш дар ин самт аз 100 то 145 фоизро ташкил медиҳад. Вобаста ба рушди саршумори чорво ва паранда дар 6 моҳи соли равон дар ҳаҷми 1405,7 тонна гӯшт, 10118 тонна шир, 25892,9 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки вусъати афзоиш дар истеҳсоли маҳсулотҳои чорводорӣ аз 104,0 то 148,0 фоизро дарбар мегирад. Дар ин давра маҳсулнокии чорво низ баланд гардида, наслгирӣ аз 100 сар ба 41 сар ва баррагирӣ аз 100 сар ба 100 сар расонида шудааст. Дар охир масъулин ба саволҳои додаи рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас гуфтанд.

Фитрати ҲИКМАТ,

 ноҳияи Мастчоҳ

Читать далее

САНОАТ ПЕШ МЕРАВАД

- Саҳми соҳаи саноат дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳр сол аз сол афзоиш ёфта, дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 2 миллиарду 245 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар ин давра 2 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуд. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуд ба роҳ монда шуда, вазъи қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 34,3 фисад мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон ба корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 36,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Доир ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ раиси шаҳр гуфт, ки нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сари вақт иҷро гардид.

Дар ин давра қисми даромади буҷети давлатӣ 112,1 миллион сомонӣ ё худ 105,2 фисади нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,5 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Баҳри истиқболи 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бо дарназардошти иншооти ғайринақшавӣ сохтмон, таъмиру тармим, азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди 204 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон 379 меҳмонони хориҷӣ ва 12751 истироҳаткунандаи дохилӣ ба осоишгоҳҳо ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварда, дар маҷмӯъ 13130 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нимсолаи якум аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ 13,6 миллион сомонӣ буда, ба рушди соҳаи туризм мусоидат кард.

Сипас, рӯзноманигорон оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19, бо ваксина фаро гирифтани сокинон, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таъмини маводи ниёзи мардум ва оби нӯшокӣ, таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муроҷиати шаҳрвандон, бо либоси мактабӣ фарогирии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муаммои барқ, корҳои ободонӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ба кор даровардани захираҳои иловагӣ дар соҳаи саноат, равобити тиҷоратӣ ва амсоли ин савол пешниҳод карда, посух гирифтанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

МАРДУМ ВАКСИНА ГИРИФТАНД

Вазъи эпидемиологӣ ва раванди эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии COVID – 19, вазъи экологии маҳалҳои аҳолинишин, норасогии оби нӯшокӣ дар баъзе маҳалҳои аҳолинишин, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатии кишвар, талафёбии меваи зардолу дар боғоти шаҳру навоҳӣ, фарогирии кӯдакон бо боғча ва сохтмони муассисаҳои таълимиву кӯдакистон, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, масъалаҳои минтақаи наздисарҳадӣ, махсусан дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ҷиноятсодиркунии ноболиғон, вазъи оби сойи Хоҷабоқирғон, хушкшавии дарахтони баъзе маҳал, аз ҷумла шаҳраки навбунёди Сайҳун, таъмир ва азнавсозии роҳҳои ҳудуди ноҳия, иҷрои корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номгӯи масъалаҳое буданд, ки рӯзноманигорон дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода саволу ҷавоб карданд.

Бобоҷон Ғафуров , ки яке аз ноҳияҳои калонтарини мамлакат ба шумор меравад, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешсаф буда, мардумаш дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият менамоянд. Муваффақияту камбудиҳое, ки дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию маданӣ ба назар мерасанд, маҳсули меҳнати сокинони ноҳия буда, барои бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта сари вақт чораандешӣ мешавад, иброз дошт Зафарбек Давлатзода. Бояд гуфт, ки алҳол мардуми меҳнатқарини ноҳия барои таҷлили бошукӯҳи ҷашни ҳумоюнии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона сохта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои ободкориву созандагӣ ҷидду ҷаҳд доранд. Дар ин раванд дар ноҳия таъмиру азнавсозии 785,8 километр роҳ, аз ҷумла 102,1 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 89,7 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 594 километр роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 232,6 километр, аз ҷумла 22,1 километр таъмири асосӣ, 117,5 километр таъмири ҷорӣ, 93 километр шағалпӯш шудааст. Боиси тазаккур аст, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои таълимии иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 иборат аз 19 синфхона барои 480 нафар хонанда дар як баст ба истифода дода шуд. Инчунин, тариқи ҳашар бинои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59‐уми Ҷамоати деҳоти Исмоил иборат аз 6 синфхона барои 180 хонанда дар як баст сохта, ба истифода дода шуд. Дар соҳаи тандурустии ноҳия бошад, 3307 корманд фаъолият дошта, фаъолияти худро ҷиҳати ёрӣ ба гирифторони бемории сироятии коронавирус COVID – 19 ба роҳ мондаанд.

Боиси қайд аст, ки имрӯз 97 фисади кормандони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва 37 фисади намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ваксинаи бар зидди бемории коронавирус гирифта, намояндагони дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бо он фарогир хоҳанд шуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мухбира Қобилзода дар нишасти матбуотӣ иштирок дошт.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

20 July 2021

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карданд

19 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

19.07.2021, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишвари мо расму ойин ва ҷашну идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии худро озодона истиқбол намоянд.

Читать далее

19 July 2021

САҲМ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Чорводорӣ яке аз соҳаи даромадноки хоҷагии халқи кишвар ба ҳисоб рафта, он метавонад, сокинони кишварро бо гӯшту шир ва пашм таъмин намуда, дар пешрафти сатҳи иқтисодиёти кишвар саҳм гузорад. Вусъат бахшидан ба рушди ин соҳаи муҳим пеш аз ҳама, барои таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти беандоза дорад.

Аз ин лиҳоз Ҳукумати кишвар ин масъаларо дар меҳвари сиёсии худ қарор дода, чандин барномаҳои давлатӣ, аз қабили "Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007‐2009", ки яке аз вазифаҳои он афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва таъмини ниёзи мардум, “Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008‐2015”, “Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016‐2020”, ки бо мақсади нигоҳ доштани хазинаи ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ҳайвоноти кишоварзӣ ба ин васила таъмин намудани талаботи рӯзафзуни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ бо маводи зотӣ таҳия гардидааст, қабул гардида буданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баҳри рушди ин соҳаи муҳим диққати махсус равона гардидааст. Зеро агар ба соли 1990 назар афканем, маълум мегардад, ки дар ҳудуди кишвар аз рӯи маълумоти оморӣ саршумори чорвои калони шохдори зотӣ 360,5 ҳазор сар, аз ҷумла чорвои хушзот 189,4 ҳазор сар, модагов 133,1 ҳазор сар буд. Амалишавии барномаҳои болозикр буд, ки имрӯз дар ин соҳа тағйироти куллӣ ба амал омада, миқдори саршумори чорво, инчунин марказҳои зообайторӣ бо ташкили нуқтаҳои хушзоткунии чорво дар кишвар зиёд гардид.

Барномаҳои мазкур дар вилояти Суғд низ барои зиёдшавии хоҷагиҳои чорводорӣ, афзун намудани саршумори чорво ва гирифтани насл хуб амалӣ гардид. Аз ин лиҳоз дар миқёси вилоят ҳамасола саршумори чорвои хурду калон афзуда, истеҳсоли ширу маҳсулоти гӯштӣ низ рӯ ба болоравӣ овардааст. Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят алҳол дар вилоят беш аз як саду сӣ фермаи хурду калони чорвопарварӣ ва зиёда аз дусаду ҳаштод рамаи моли майдаро чорводорон нигоҳубин намуда, ҷиҳати хушзоткунии он низ тадбирҳои мушаххас меандешанд. Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят парвариши 671 ҳазору 880 сар чорвои калон, аз он модагов 369 ҳазору 897 сар, як миллиону 609 ҳазору 649 сар гӯсфанду буз, ҳашт ҳазору 694 сар асп, панҷ миллиону 139 ҳазору 915 сар паранда ба қайд гирифта, дар ин давра афзоиши ҳамаи саршумори чорво таъмин гардидааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки аксари фермаҳои чорводорӣ имрӯз бо мақсади таъмини бозорҳо ва корхонаҳои саноатии дохилӣ бо маҳсулоти гӯштиву ширӣ фаъолият намуда, беҳтарин навъи чорворо парвариш менамоянд.

Аз ин лиҳоз, ҳамасола ҳаҷми афзоиши истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ба назар мерасад. Аз ин рӯ ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 26081 тонна гӯшт, 136946 тонна шир ва 245 миллиону 745 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта мутаносибан гӯшт 4704 тонна, шир 1808 тонна ва тухм 11,9 миллион дона зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли тухмро имсол хоҷагиҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Гулистон ва ноҳияи Спитамен нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд кардаанд. Бино ба иттилои масъулин ба ҳолати аввали моҳи июли соли равон дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар гови ҷӯшоӣ беш аз 800 килограммӣ шир ба даст омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 фоиз ё худ 3,5 килограмӣ зиёд мебошад. Тамоюли болоравии ширҷӯшӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Зафаробод ба назар мерасад. Масъалаи асосии дигаре, ки баҳри зиёд гардидани саршумори чорво боис мегардад, ин наслгирист.

Чорводорон баҳри ба даст овардани наслҳои хушзот аз бордоркунии сунъӣ низ истифода мебаранд. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулини соҳа имрӯз дар вилоят беш аз сад нуқтаи бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор мавҷуд буда, аз он 28 нуқтаи бордоркунӣ дар сектори ҷамъиятӣ ва 72 тойи он дар сектори аҳолӣ фаъолият доранд, ки 13 адади он нуқтаи сайёр аст. Давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби мутахассисони ин марказ панҷ ҳазору ду саду даҳ сар чорвои калони шохдор бо усули сунъӣ бордор карда шуд, ки аз ин ба сектори ҷамъиятӣ 1560 сар ва аҳолӣ 3650 сар рост меояд. Аз чорвоҳое, ки бо усули сунъӣ бордор шуда буданд, ба миқдори чаҳор ҳазору 368 сар гӯсолаи хушзот гирифта шуд, ки ин дар сектори ҷамъиятӣ 1490 ва дар бахши хусусӣ 2878 сарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ давоми шаш моҳи соли равон дар ҳоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии вилоят 128 ҳазору 631 сар насл гирифта шуд. Чорводорони вилоят дар ҳамин давраи соли гузашта, 122 ҳазору 613 сар насл гирифта буданд, ки имсол шаш ҳазор сар гӯсола зиёд гирифта шудааст.

Маълум мегардад, ки ноҳияҳои Деваштич ва Бобоҷон Ғафуров дар самти гирифтани насл пешсаф буда, дар ин давра чорводорони ноҳияҳои Деваштич беш аз бисту шаш ва Бобоҷон Ғафуров беш аз понздаҳ ҳазор сар насл ба даст овардаанд. Афзоиши саршумори чорвои калони шохдор бошад, дар ин давра дар хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва Панҷакент ба назар мерасанд. Бино ба гуфти мутахассиси соҳаи чорводорӣ, корманди маркази зообойторӣ дар ноҳияи Деваштич Бобоҳасан Зарифов рушди соҳаи чорводорӣ имрӯз дар миқёси вилоят баръало мушоҳида мегардад. Баҳри рушди соҳаи мазкур ва дар асоси барномаҳо чанд сол пеш дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят марказҳои зообайторӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин марказҳо дар самти хушзот намудани чорво нақши муҳим дошта, дар самти зиёд намудани зотҳои маҳаллии тоҷикӣ ба сокинон ва хоҷагиҳои чорводорӣ маслиҳатҳои муфид хоҳад дод, гуфт Б. Зарифов.

Ба андешаи мутахассисони соҳа барои гирифтани наслҳои солим пеш аз ҳама бояд чорвои наслдеҳро бо хӯроки серғизо таъмин намуд. Мутахассисон мегӯянд, ки ки барои ба даст овардани насли хуб чорводоронро лозим аст, ки ба қоидаҳои лозима аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Масалан, ба ҳар як сад килограмм вазни модаговҳо то ду килограмм хӯроки дурушт аз қабили беда, коҳ ва пахол, то чор килограмм силоси хушсифат ва то ду килограмм лаблабуи қанд додан лозим. Ба андешаи онҳо яке аз роҳҳои дигари афзоиши саршумори чорвои калонро дар хушзоткунии сунъӣ мебинанд. Ба гуфти онҳо ин амал яке аз усулҳои самараноки зотпарварӣ ва зиёд намудани саршумори чорвои хушзот маҳсуб ёфта, истифодаи он чорворо аз касалиҳои сироятии вибриоз, трихомоноз ва брутселлёз пешгирӣ менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативие, ки дар сатми парвариши чорво машғуланд, дар миқёси вилоят зиёд ба назар мерасад.

Яке аз чунин хоҷагиҳо Хоҷагии кооперативи истеҳсолии «Бобоҷон Мақсуд» ба ҳисоб меравад, ки он дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошта, баҳри рушди соҳаи муҳиму даромаднок чорвопарварӣ фаъолияти назарраси худро хуб ба роҳ мондааст. Хоҷагии мазкур соли 2009 таъсис ёфта, то имрӯз баҳри афзун гардонидани саршумори чорвои калон ва истеҳсоли зиёди шир фаъолияти хуб дорад. Саидғуфрон Акрамов, мудири фермаи хоҷагии мазкур аснои суҳбат зикр намуд, ки дар хоҷагӣ ҷиҳати рушди соҳа ва хушзоткунии чорво, истеҳсоли шир ва пашми моли майда кормандон ҷидду ҷаҳд доранд, то сокинон ва корхонаҳои саноатии вилоятро бо маҳсулоти хушсифати ширӣ таъмин намояд.

Алҳол дар ин хоҷагӣ 330 сар чорвои калони шохдор мавҷуд буда, аз он 120 сар чорвои калони ширдеҳ мебошад. Имрӯз дар назди ферма таҷҳизоти ширҷӯшӣ мавҷуд аст, ки дар як шабонарӯз иқтидори ҷӯшидани то 800 литр ширро дорад. Ба ғайр аз ин таҷҳизот ҳамчунин ҳафт нафар зан ҳамчун ҷӯшанда фаъолият доранд. Кормандони ин хоҷагӣ ҷиҳати афзун намудани чорвои зоти маҳаллии сиёҳалои тоҷикӣ тадбирҳои мушаххас андешида, давоми шаш моҳи соли равон беш аз 60 сар насл гирифтанд. Дар миқёси вилоят, бахусус дар ноҳияи баландкӯҳи Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент низ парваришӣ қутос хуб ба роҳ монда шудааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки чанд соли пеш аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди қутоспарварӣ беш аз 160 сар қутос аз ноҳияи Мурғоб харидорӣ шуда, ба дигар ноҳияҳои баландкӯҳи кишвар дастрас гардид. Боиси зикр аст, ки дар вилояти Суғд низ парвариши қутос хуб ба роҳ монда шуда, ба ҳолати якуми июли соли равон ду ҳазору панҷоҳу ҳафт сар қутос мавҷуд аст.

 Аз ҳама бештар дар ноҳияҳои Айнӣ 1085, Кӯҳистони Мастчоҳ 908 ва шаҳри Панҷакент 64 сар қутос мавҷуд аст. Саршумори қутос нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки соли 2020 дар вилоят 2048 сар буд. Имрӯз дар миқёси вилоят ба ҷуз аз парвариши чорвои калони шохдору моли майда ва қутос ҳамчунин чорводорон парвариши шутурмурғу бузҳои ангорӣ ва мешро низ ба роҳ мондаанд. Миқдори бузҳои ангорӣ давр вилоят 48,3 ҳазор сар буда, асосан дар ноҳияҳои Ашт 13,2 ҳазор ва Бобоҷон Ғафуров бошад, 30,5 ҳазор сар мебошад. Дарвоқеъ, чорводорӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқ маҳсуб ёфта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии кишвар мебошад, нақши муассир гузошта истодааст. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки имрӯз бозорҳои вилоят бо маҳсулоти маҳаллӣ таъминанд. Ҳамчунин, коргоҳҳои коргарди шириву гӯштӣ низ аз имкониятҳои дохилӣ, яъне аз гӯшту шири фермаҳои чорводорӣ фаровон истифода намуда, пас аз коркарди ниҳоии он маҳсулоти тайёрро ба мағозаву бозорҳои вилоят ба фурӯш мебароранд.

Дар ин самт танҳо роҳбарони фермаҳои чорводориро лозим аст, ки баҳри зиёд намудани саршумори чорвои наслиҳандаву барои истеҳсоли гӯшту шир нигаронидашуда кӯшиш намоянд ва баҳри истеҳсоли зиёди гӯшту шир аз имкониятҳои бадастомада самаранок истифода баранд. Зеро истеҳсоли барзиёди гӯшт метавонад дар самти паст намудани нархи он дар бозору мағозаҳо таъсири мусбат гузоранд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ БАҲРИ ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАФТ

Дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок будани кишвари офтобрӯяи тоҷикон, дар қаъри кӯҳҳои сарбафалаккашида ҷойгир шудани ин минтақа, соҳиби сарватҳои нодир ва канданиҳои фоиданок будани мардуми ин сарзамин тамоми ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ба гуфти тадқиқотчиёни солҳои охир дар қаламрави мамлакат зиёда аз 600 кони кандании фоиданок кашф шудаанд, ки дар онҳо беш аз 60 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, сурма, симоб, мис, қалъагӣ, сангҳои гаронбаҳову ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфузанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи саноати кӯҳӣ – металлургӣ яке аз соҳаҳои фоидаовари хоҷагии халқи мамлакат ба шумор рафта, омили асосии ғанӣ гардонидани буҷаи давлат мебошад. Зиёда аз ин ин соҳа барои рушди истувори иқтисодиёти кишвар заминаи мустаҳкам гузошта, шароити мусоидро дорост. Хушбахтона, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷидду ҷаҳд ва саъю талоши худро баҳри таҷдиду рушди соҳаи саноати кӯҳӣ – металлургӣ равона сохтаанд.

Ин аст, ки муассисаю корхонаҳои ин соҳа аз нав таҷдид гардида, корхонаҳои ватанию муштараки нав ба фаъолият оғоз намудаанд. Таъкиди Сарвари давлат «Бунёди корхонаҳои саноатӣ оид ба коркарди маъдан, металлҳои ранга аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани металлҳои ранга ва сангҳои қимматбаҳо яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад». Дар ин замина Ҳукумати мамлакат таҳияи «Барномаи омӯзиш ва арзёбии захираи металлҳои нодир барои солҳои 2015 – 2025» ро зарур дониста, татбиқи онро ба роҳ мондааст. Дар доираи ин Барнома дар мамлакатамон чандин корхонаҳои саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга сохта, ба истифода дода шудаанд. Мошинсозӣ маҷмӯи соҳаҳои саноати вазнин буда, барои хоҷагии халқ мошин, таҷҳизот, дастгоҳ, асбоб ва ашёи маданию маишӣ истеҳсол менамояд. То инқилоби Октябр дар ҳудуди Тоҷикистон мошинсозӣ мавҷуд набуд. Якумин заводи мошинсозӣ – артели «Афзолҳои фулузини серистеъмол» (алҳол «Мошинҳои тиҷоратӣ») соли 1925 дар шаҳри Хуҷанд сохта шуда, таҷҳизоти технологӣ ва асбоби рӯзгор истеҳсол мекард.

Ҳамчунин, мошинҳо барои корхонаҳои саноати сабуку бофандагӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли мошинҳои нефту газ, электротехника (трансформатор, ноқил ва таҷҳизот), истеҳсоли мошинҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ, маҳсулоти серистеъмол (яхдонҳои хонагӣ, ашёи армуғонӣ) истеҳсол мешуданд. Заводи «Мошинҳои хоҷагии қишлоқи Ленинобод»‐и ноҳияи Нов (имрӯза Спитамен) ва филиали он дар посёлкаи Маҳрами шаҳри Конибодом заводҳои калонтарини мошинсозии соҳаи хоҷагии халқи кишвар маҳсуб мешуданд. Дар Тоҷикистон чаҳор заводи электротехникӣ (заводҳои трансформаторсозии Қӯрғонтеппа, кабелсозии Душанбе, «Асбобҳои равшанидиҳандаи Исфара» (шаҳраки Нурафшон), «Асбобҳои пастшиддати Адрасмон») мавҷуданд, ки трансформаторҳои баландшиддат, пастшиддат, кабел, симҳои гуногуни телефону телеграф, электрӣ, фурӯзонакҳои электрии гуногун ва ғайра истеҳсол менамоянд. Аслан саноати металлургия ба ду шоха ҷудо шуда, металлургияи сиёҳ ва рангаро дар бар мегирад.

Ҳарчанд дар мамлакат корхонаҳои калонтарини металлургияи сиёҳ мавҷуд нест, аммо дар дохили корхонаҳои мошинсозӣ сехҳои металлгудозӣ амал менамоянд. Аз метали дар ин сехҳо гудохташуда қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро тайёр менамоянд. Сехҳои металлургияи сиёҳ дар заводҳои «Тоҷиктекстилмаш», «Торгмаш», ҶШСК «Ҳумо», заводи арматурии шаҳри Душанбе, «Қисмҳои эҳтиётии автомобил»‐и шаҳри Конибодом (ҶСШК «Бодом») комбинати «Абрешим»‐и шаҳри Хуҷанд мавҷуданд. Аввалин корхонаҳои металлургияи ранга дар Тоҷикистон солҳои 30‐юми асри гузашта сохта шудаанд. Дар ин корхонаҳои маъдани кӯҳӣ истихроҷи сурбу рӯҳ, мису молибден, волфраму флюорит, сурмаю симоб ба роҳ монда шуда, консентранти онҳо ба корхонаҳои Урал, Қазоқистон, Сибир, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода мешуданд. Марказҳои асосии истихроҷи металлҳои ранга дар қисмати шимолӣ ва марказии мамлакат – Адрасмон, Анзоб, Исфара, Майхура, Консой, Истиқлол, Зарнисор, Ҷилав ва Панҷакент мавҷуданд.

Баъди ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани як қатор шартномаҳои тарафайн дар соҳаи саноат низ тағйироти ҷиддӣ ба амал хоҳад омад. Зимни муҳокимаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор оид ба имкониятҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нав, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорат ва тавсеаи ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои ду кишвар нигаронида шудаанд, табодули афкор сурат гирифт.

 Дар ин замина, ҷонибҳо масъалаҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар заминаи корхонаҳои соҳавии саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва металлургияи рангаи Тоҷикистон баррасӣ карданд, ки барои ояндаи дурахшони ҳар ду мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее