July 2021

22 July 2021

ХУДШИНОСИИ ҶАВОНОН – РУШДУ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти милли, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин неруи муттаҳид будани насли ҷавон маҳсуб меёбад.

Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳоди ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Ҷавонон неруи бузург дар ҳар давру замони пешрафти миллат дониста шуда, «ҷавононро ояндасози ҷомеа» меноманд. Ҷавонон дар меҳвари ҳама гуна тағйироту табаддулоти равандҳои ҷомеа, неруи маркази маҳсуб ёфта, дар таърихи ҷомеа низ нақши муассир доранд.

Аз оғоз то имрузи соҳибистиқлолии Ҷумхурии Тоҷикистон баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ, саҳмгирии ҷавонон бараъло эхсос мегардад. Таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ  зананд ва аз Ватан, миллат забон  ва фарҳанги  худ  ифтихор намоянд,»

Эълон гардидани  «Соли 2017- соли ҷавонон» имкони бештар барои рушди ҷавонони кишвар, ифодаи истеъдод ва қобилиятҳоро муҳаё намуд ва дар ин замина эҳсоси ватандустӣ, худшиносӣ ва ғурури миллӣ, то дараҷае боло гирифт. Дар «Соли 2018-соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар соли 2019 низ « соли рушди сайёхӣ ва рушди деҳот» имкони тақвиятбахшии фаъолиятҳои дар соли пешгузашта амалишуда идома ёфта,  заминаи воқеии рушди фарҳангӣ-маърифатӣ, ки рукни қавигардонии худшиносии  милли дар ҷавонон мебошад, ба вуҷуд овард.

Дар сиёсати давлати сиёсати ҷавонон  самти афзалиятнок дониста шуда,  дар қатори масъалаҳои стратегии давлати ва амнияти миллии кишвар масъалаҳои ҷавонон дар самти иҷтимои ва иқтисоди махсус аст. Насли наврас аз кабили ҷараёни демографи ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқи ва сиёси, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зуроварӣ дар байни ҷавонон мавриди таҳлилу омузиши ҷиддӣ қарор диҳем.

Қишри асосии ҷомеаро дар руҳияи ватанпарастиву худшиносӣ ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ чавонони сохибмаърифат пойдор медоранд. Ҷавонон  ҳамчун  пешбарандаи  ояндаи  миллат  ва  давлат,  ҳифз  ва  талқин   намудани  фарҳанг,  тамаддун  ва арзишҳои   миллию  анъанавӣ  дар  байни  имрузу  ояндаи  ҷомеа   саҳмгузорад  ва  дар   пешбурди  ҷомеа   иштироки  фаъол  мекунанд.

Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале ин қувваро танҳо дар ягонаги ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобарин, ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба хотири беҳбудии вазъи ҷавонони имруз, ки фардои миллат аз онҳо вобастаги дорад, тараққи бидиҳем. Таълиму тарбияти ҷавонон дар руҳияи меҳанпарвари, илму фархангдустӣ ва арзишҳои демократи бояд дар ҳукумат ва ҷомеа диққати аввалиндараҷа дошта бошад.
Пас аҳамияти ҷидди зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва  ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди  падидаи нанговари  ҷомеаи имруза-терроризм ва ифротгарои маҳсуб меёбад.
Хуллас, ҷавонон идомадиҳанда ва посдорандаи арзишҳои инсони мебошанд, ки бар ин васила рисолати ояндаи ҷомеа аз онҳо вобастагӣ дорад. Умуман, шахси ҷавон қувваи зиёди ҷисмонӣ ва маънавӣ дорад, мувофиқан захираи асосии зеҳни ва меҳнати буда ба ҳама дигаргуниҳои ҳаёт тобовар мебошад. Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти  давлату ҷомеа ва сарчашмаи ташаббусҳо ҳастанд.

Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳайёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди миллат дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат на танҳо мардумро сарҷамъ кард, балки имкон фароҳам овард,  ки ҷавонон озодона аз  пайи  илму донишандузи шаванд. Ин Вахдат аст, ки комёбиҳои  нав  ба  навро  ҷавонон  дар сиёсат, иктисод, фарҳанг ва  варзиш ба  даст  меоранд  ва  бо  ин  номи  кишвари  азизамонро дар  арсаи байналхалқи боло  мекунанд, Имруз  ҷаҳон   дар  марҳилаи ҷаҳоншави  қарор  дорад, ки  он  дар тараққиёту  пешрафти дунё нақши  бузург  дорад.

Ҷавононро зарур аст, ки бо донишу заковати хеш Ваҳдати  миллиро   аз  ҳар  гуна равандҳои номатлуб  эмин  доранд, то ки  ба  насли  оянда  Ваҳдати  пойдор  боқи монад.

Хӯҷамов Ш.Э.
ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи ДКМТ

Читать далее

ХАБАРҲОИ БЕМАЗМУНУ БЕАСОС ҶОМЕАРО НАБОЯД БА НОФАҲМИҲО ОВАРАД

Дар шароити имрўза тарғибу ташвиқ ва ба амалоии бесару сомониҳои гуногуни байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳии берунмарзӣ  ба ҳисоб меравад. Мақсади онҳо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба амал бароварда, сарнагун намудани сиёсати давлатдории ҷумҳуриҳои озодихоҳ ба ҳисоб меравад.

Ин гуна қувваҳои мухталиф аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешаванд ва шаҳрвандони ниёзманд, ки мафкура – шуурнокии маънавӣ, маданӣ ва ҳуқуқии онҳо паст ва аксарияти онҳо ҳатто намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд, бо истифода аз сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ ва ғайра шомил мешаванд. Дар натиҷаи ин гуна амал иштирокчии чунин хизбҳои террористӣ мегарданд.

Мутаассифона кишвари мо низ аз ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои  ғайриқонунӣ ва кирдорҳои он холӣ намебошад. Ба онҳое, ки таҳриргари ин ҳизбҳои террористию экстримистӣ мебошанд аз куҷо ва кӣ будани шаҳрвандони дорои маърифати пасти ҳуқуқидошта ва роҳгумзада аҳамияте надорад. Ҳадафи онҳо боз ба вартаи бесарусомонӣ ва ба ваҳшоният кашидани инсонҳои зиёди сайёра шуда истодаанд.

Ҳолати мазкур бевосита дар рафтори шахсони алоҳида, ки дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ қарор гирифтаанд, мехоҳанд ба фаъолияти мақомоти қудратӣ, идоракунии давлатӣ, судии бисёре аз  кишварҳо таъсири худро расонанд, ба амал бароварда мешавад. Гумон мекунанд, ки иғвогарии онҳоро ягон кас намефаҳманд, ё дар ин соҳа дониши кофӣ надоранд.

Имрўз мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ, шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунем, фаъолияти касбии соҳавӣ мебарем, мехоҳем давлати ҳуқуқбунёд пойдории давлатдории мо боқӣ монад, рушд кунад.

Дар ҳар кадом давру замон иғвогариҳо, низоъҳо аз паҳн намудани иттилоот, хабарҳои нодурусту беасос пайдо мегардад. Яке аз ин, падидаҳо амалҳои террористию экстремистии динӣ баҳисоб меравад. Терроризм ва экстримизм решаи хеле чуқур дошта, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии  он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти  террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рўҳ додааст. Зиёда аз ин, оиди нақши терроризм ва экстремизми динӣ дар ободонии мамлакат, кишварҳо аз таърихи инсоният маълумот вуҷуд надорад, нест.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи ба миён овардани тарсу воҳима, даҳшатафканӣ мехостанд  мақсадҳои худро ба дўши дигарон бор карда бошанд. Нисбати ин гуна падидаҳо таърихи инсоният бисёр воқеиятро шаҳодат медиҳад.

Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон новобаста аз он ки ба кадом намуди дин пайравӣ мекунанд, баробарҳуқуқ мебошанд. Тавре медонем дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар кишвар бо вуҷуди он ки аксарияти шаҳрвандони  Тоҷикистон пайрави дини ислом буда, онро муқаддас мешуморанд ва аз ҷониби давлат дини ислом ҳамчун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Баробари ҳамин, ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлат ҷудо буда, ба кори давлат дахолат намекунанд.

Ҳамин тариқ, ҷойгир намудани ҳама гуна маълумотҳои беасосу бемазмун, хабарҳои иғвоангезанда дар сомонаҳои ғайридавлатӣ ҷамъиятро ба гумроҳӣ, нофаҳмиҳо меорад. Тавре аз меъёрҳои конститутсионӣ бармеояд, хисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандустиву ватанпарастӣ ва садоқати халқ ба Ватан, сулҳу ваҳдат, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдоди гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Самадов Б. О. – дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

Читать далее

Бадхохони Ватан ба ҳеҷ мақсадњои нопоки худ намерасанд

Дар ҷаҳони сиёсат шахсиятҳо бо амалҳои зайли худ мақоми хоси худро гузоштанӣ мешаванд: яке бо иҷрои амалҳои нек яъне, муттаҳид кардани мардум дар фазои орому осудагӣ ва дигаре барои манфиати шахсӣ тавассути амалҳои ношоиста, ба мисли иғвоангезӣ, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани мардум.

Мутаассифона, душманони давлату миллати мо, нафароне, ки шараф, нангу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои инсониро ба манфиати шахсӣ, пулу мол ва иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, бо рафтори зишту касиф, беномусӣ ва пастфитратӣ радди маърака гардидаанд, то ҳол мехоҳанд бо ҳар роҳу васила аз хориҷи кишвар нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо суханҳои баду фитнаангезро тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баён намоянд.

Аз мутолиаи мақолаи Иноятулло Каримов, устоди кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо номи “Донишгоҳи бузурги терроризм ё таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад” ба хулоса омадем, ки маркази тайёркунии ифротгароён ва террористони исломӣ ин донишгоҳи калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия» мебошад.

Нигоштаи Иноятулло Каримов, устоди кафедраи улуми “Қуръон ва ҳадис”- и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит таҳти унвони “Донишгоҳи бузурги терроризм. Таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад” бори дигар андешаҳои болоии моро собит месозад.

Воқеан тайи чанд соли охир давлатҳои бузурги Аврупо ва Амрико бо Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибати тезу тунд дошта, ин кишварро аз як ҷониб таблиғгари яроқи атомӣ дониста бошанд, аз ҷониби дигар макони парваришгоҳи террористон унвон кардаанд, ки он мутлақо рост аст.
Ногуфта намонад, ки баъди аз тарафи давлати ИМА расман ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шудани «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия», толибон ва хатмкардагони он низ хатмкунандаи курсҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мавриди пайгирии қонунӣ ва ҷиноятӣ қарор мегиранд.

Ин мақола моро ҳушдор медиҳад, ки дониши сиёсиамонро баланд бардорем. Ҳар амале, ки иҷро мекунем санҷидаву дониста кунем. Фарзандҳоямонро дар руҳияи Ватандӯстӣ тарбия намоем. Агар хоҳем, ки фарзандамон муъмину мусулмон бошад, арзишҳои ватандории миллиро талқин намоем. Танҳо он вақт мо миллати босаодат маҳсуб мешавад.

Рӯз ба рӯз шеваи муборизаи ин гурӯҳҳо дар ҷаҳон тағйир ёфта, боз мардум шаҳди ин даҳшатафканиҳоро мечашанд. Гузашта аз ин шумораи зиёди ҷавонон, ки гумроҳона ба ин ҳаракат шомил мешаванд, рӯз аз рӯз зиёд мегарданд, ки миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.  Ин нафаронро бо баҳонаи нишон додани  садоқати худ ба дини мубини ислом ва гирифтани дастмузди беш ба ин ҳаракатҳо шомил месозанд, ки комилан ин амали онҳо ғалат аст.

Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию террори шахсиятҳо ва мардуми оддӣ ҳеҷ рабте ба исломи воқеӣ надорад.

Бино ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ мусалмонон дар Испания, Марокко, Лубнон, Миср, Фаронса бо тарафдорони дигар адён паҳлӯ ба паҳлӯ тақрибан 800 сол бидуни ҳеҷ муноқишае зиндагӣ намудаанд. Ин нишонаи эътиқод ва самимияти ростини мусалмонон мебошад. Дар ҳеҷ як сарчашма зикр нашуда, ки муътақидони ислом бояд даст ба куштор ва ноамниҳои ҷомеа зананд. Гуфта мешавад, ки бояд марди мусалмон ҳамеша дасту дилаш поку дар хидмати бародари мусалмонаш бошад. Вақте як нафари тундгаро бо дурӯғ фардеро мефиребад, ба сӯи торикӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат мебарад, пас ҳеҷ гоҳ ҳамсӯҳбати ӯ ва атрофиёнаш ҷомеаи солимро бунёд карда наметавонанд.

Ф.Ш. Ҳаитова,
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Созмони бесомон ва афроди бепаймон

Дар низоми навини ҷаҳонӣ яке аз ҷараёнҳои пуриқтидори сиёсӣ – ифротгароии сиёсӣ мақоми махсус пайдо намудааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ифротгароӣ яке аз проблемаҳои номатлуби ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ифротгароӣ бештар ба ишораҳо ва даъватҳои авомфиребонаю ҷоҳталабона сурат мегирад. Мехоҳанд, ки дар байни мардум нооромиҳоро ба вуҷуд оранд.

Ҳанӯз дар охирҳои садаи гузашта ва аввалҳои қарни 21 ҲНИ яке аз аҳзоби сиёсии кишвар буд, ки арзишҳои волои милливу давлатиро ба хотири манофеи гурӯҳии худ ва асосан, барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ куллан сарфи назар карда, бо тафриқаангезӣ ҷомеаи моро пароканда намуд ва хатари аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли миллиро ба миён овард. Феълан низ ин созмони бесомон бо роҳбарии афроди бепаймон бо таҳрики сарпарастони хориҷии худ саъйу талош дорад, ки ба хотири манфиатҳои гурӯҳии хеш манофеи миллиро дар хавфу хатар гузорад.

Маълум аст, ки ҳадафи тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ба даст овардани ҳокимият аст, аммо ҳизбҳои сиёсӣ ва роҳбарияту аъзои он ҳамчун ифодагар ва ҳомии манофеи қишрҳои муайяни ҷомеа дар мавриди ворид шудан ба майдони муборизаи сиёсӣ набояд ба даст овардани ҳокимиятро ҳамчун ҳадафи асосиву ниҳоӣ ва олитарини худ дониста, аз ҳадафҳову арзишҳои умумиҷамъиятӣ ва умумимиллӣ сарфи назар кунанд ва онҳоро зери хатар гузоранд. Ба арзишҳои бунёдии миллату давлат, хоса амну суботи ҷамъият, истиқлолияти сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими он бояд намояндагони тамоми табақаҳои ҷомеа ва махсусан пешвоёни аҳзоби сиёсӣ ва пайравони онҳо эҳтироми содиқона дошта бошанд. Дарки моҳияти ин масъала ба сатҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва садоқати роҳбарияти ҳизбҳои сиёсиву аъзои он нисбат ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ иртиботи мустақим ва ногусастанӣ дорад.

ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба гумроҳӣ хоҳанд кашид. Оё ҳамин аст Ватану ватандорӣ?! Оё ҳамин аст мардиву мардонагӣ?! Оё ҳамин аст хидмат ва эҳтиром ба волидайну пайванди хеш?! Намояндагони ин гурӯҳу дигар гурӯҳҳои носозгору бесару сомон бояд ба эътибор гиранд ва хуб донанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон бедор аст ва аз паи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳанд рафт. Касоне, ки имрӯз хоҳ дар дохили Ватан ва хоҳ берун аз он ба хоки поки Ватани маҳбуб - Тоҷикистон заррае бошад ҳам хиёнат мекунанд, ба чашми кӯдакони наврустаи ин миллати куҳанбунёд хок мепошанд, сабаби гиряҳои ҷонсӯзи модарон мегарданд ва дар осмони мусаффои ин диёр тирагӣ меоранд, ба чашми аҳли олам хор ва дар назди Офаридгор зор хоҳанд гашт!!!

Меҳроби Ватан

Читать далее

АЛАЙҲИ КИРДОРҲОИ НОМАТЛУБ ОШТИНОПАЗИР БОШЕМ!

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тад‐қиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Ҳаракатҳо тундрав ва иртиҷоӣ вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намудан мехоҳанд, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор рӯ намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав барои ба даст овардани аҳдофи худ ба раванди осоиштаи ташаккули кишварҳо халал ворид месозанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб бетараф намебошад. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо Ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои террористӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини Исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи Ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам ба номи худу авлод доғ меоранд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи Истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

М.МУСЛИМОВ,
ноҳияи Ҷаббор Расулов

Читать далее

ХАТАРИ ҶИДДӢ БА СУБОТИ БАШАРИЯТ

Дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат идома меёбад, яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза экстремизм мебошад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири калони манфӣ мерасонад. Дар осори илмии олимони соҳа қайд карда мешавад, ки экстремизм ин шакли инкори радикалии меъёрҳо ва қоидаҳои ҷамъиятии дар давлат мавҷудбуда аз тарафи шахсони алоҳида ё гурӯҳҳо маҳсуб мегардад. Вай бо амалҳои зиддиҳуқуқӣ зоҳир шуда, барои ҳар фарди ҷомеа хатарнок буда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро вайрон карда, ҳаёти ҷамъиятиро номӯътадил мегардонад.

Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми фаъолияти экстремистӣ‐террористӣ дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” аз 25‐уми июли соли 2002 ифодаи худро ёфтааст. Дар қонуни мазкур, аз ҷумла омадааст, ки экстремизм аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ зоҳир намудани чунин шакли амалҳои ниҳоӣ мебошад, ки ба вайронкунии тартибот, афрӯхтани оташи низоъҳои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунанд.

Воқеан ҳам экстремизм маънои побастагӣ ба афкор ва чораҳои ғайриқонунӣ дошта, майли инсонро ба роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва миллӣ бо восита ва усулҳои дар ҷамъият ғайри қобили қабулро нишон медиҳад. Дар баробари он, экстремизм ҷараёни калонро дар доираи ҷараёнҳои муосири идеологӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ‐сиёсӣ нишон медиҳад, ки онҳо кӯшиш доранд, ба раванди рушду такомули давлату ҷамъият халал ворид созанд.

Бояд гуфт, ки ба экстремизм якчанд хусусиятҳои умумӣ хос мебошад, аз қабили зӯроварӣ ва таҳдиди мусаллаҳонаи он, якпаҳлӯгӣ дар қабули муаммоҳои ҷамъиятӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли онҳо, кӯшиши нишон додани принсипҳои худ ба рақибон, бе чуну чаро иҷро кардани ҳамаи фармонҳои хоҷагони хориҷӣ такя на ба тафаккур, балки ба ҳиссиёт ва хурофот, созиш карда натавонистан ва ғайраҳо.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ қадамҳои ҷиддӣ бардошта мудом хоҳони сулҳу оромӣ ва ваҳдату дӯстӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон алайҳи ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон мебарад.

Солҳои охир таъсиру нуфузи созмонҳои фаромиллӣ, ҷунбишҳои динӣ, гурӯҳҳои ифротиву тундрав бо фарогири ҳар гуна ғояҳои иртиҷоӣ хеле зиёд ба назар мерасанд, ки ҷаҳонро ба такон овардаанд.

Воқеан ҳам ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир хатари ҷиддие барои инсоният ба бор овардааст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро фарогир мебошад.

Бояд зикр кард, ки дар раванду таҳаввулоти замони муосир қишри такомулдиҳанда ва созандаи ҷомеа ҷавонон нақши бориз доранд. Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаву бунёдкори ҷомеа маҳсуб мегарданд. Асоси пешравӣ ва рушди босуботи ҳар кишвару давлат ба ҷавонони бомаърифату фарҳангдӯст, донишманду илмомӯз ва дорои завқи баланди зеҳнӣ сахт марбут аст.

Дар ин росто мо‐ҷавононро зарур аст, бо дониши муосир, аз худ кардани техникаву технология, бо донишҳои сиёсиву динӣ фарогир шуда, дар гирди ғояи миллӣ муттаҳиду якдил гардида, бо ору номусу нанги миллӣ ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо намоем.

Меҳрбону БАЙЗОЕВА,
донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Терроризм ва экстремизм аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст.

Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гашта метавонад. Таъсири манфии амалҳои экстремистию террористӣ, аз ҷумла таъсиррасонӣ ба шуури шахс ва ҷамъият боис мешавад, ки дар натиҷа ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон аз таҳсилоти сифатнок дур гардида, донишҳои замонавиро аз худ карда наметавонанд, аз ихтирооту навгониҳо бебаҳра мемонанд, ки барои ояндаи миллат бетаъсир нест.

Қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ – маънавиро коҳиш медиҳанд, баъдан таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Аз ин лиҳоз имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори осон нест, вале имконпазир аст. Қадами аввал дар ин роҳ ҳарчи бештар босаводу маърифатнок гардидани ҷавонон мебошад. Имрӯз бояд шукргузор шуд, ки чунин давлати тинҷу осуда дорем. Ҷавононро лозим аст, қабл аз даст задан ба ҳар коре аввал ояндаи онро пурра дарк намуда, сипас роҳи худро интихоб намоянд. Баъзан хоҷагони палиди хориҷӣ ҷои заъфи ҷавононро бо ҳар гуна роҳ омӯхта, онҳоро зери фармони худ гирифтан мехоҳанд. Бояд он хоҷагони хориҷа, ки барои манфиати худ бародарони моро истифода мебаранд донанд, ки миллати тоҷик он мардуми 30 сол қаблӣ нест. Ин давлат имрӯз метавонад, ҳаргуна неруҳои касифро шикаст диҳад. Ин давлати кучаки ҷавонро дар тамоми дунё ҳамчун давлати тараннумгари сулҳу субот мешиносанд.

Дар ҳар давру замон ҳар миллат аз ҷавонони худ умед мекунад, ки ободгару созанда ва бунёдкори давлату Ватан ба камол расанд. Пас, ҳар яки мо, ҷавононро месазад, ки такя ба бузургон карда, суханони онҳоро сармашқи кори худ намуда, ватанамонро ободу осуда ва шукуфон намоем.

Хар яки мо, ҷавонон бо роҳи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳо байни ҷавонон дар пешгирӣ намудани ҳама гуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа ҳиссагузор бошем. Эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳама гуна сӯиистифода аз ҷониби неруҳои манфиатдор аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Шаҳбол НУРМАТОВ,
донишҷӯи факултети забонҳои хориҷии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Читать далее

ТТЭ ҲНИ ҲЕҶ ГОҲ БА ҲАДАФИ ХУД НАХОҲАД РАСИД!

Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, қудратхоҳ мебошанд ва ҳеҷ гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунанд, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.

ТТЭ ҲНИ низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад. Ҳар нафаре, ки ақли солим дорад, дарк мекунад, ки мушкилиҳоро бо ҷангу куштор ҳал карда намешавад. Дар тўли таърих бо роҳи ҷанг ҳеҷ гоҳ ягон мушкилӣ ҳал нагардидааст. Балки он ба хотири иваз кардани қудрати сиёсӣ аст.

Барои сарварони ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ТТЭ ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард. Зикр кардан бамаврид аст, ки ТТЭ ҲНИ пеш аз ҳама, ҳамчун омили вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафия, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.

ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмияшон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ сарони ин ҳизби мамнуи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилатфурӯшиву демогогия ва тўҳматбофӣ дар ҳаққи кишвар машғул шуда, дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд.

Мардуми кишвар он ҳадафҳои нопокеро, ки ин ҳизб дорад, кайҳо хуб дарк намудаанд. Бинобар ин ҳеҷ гоҳ онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард.

Шамил НАЗАРЗОДА,

сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ

Пўшида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта то ҳол ба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи, ки наву адоватӣ динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд.

Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ нафақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Айни замон шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд. Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти марговар, харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

Имрӯз ҳар як фардӣ ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрвандӣ бо номуси миллат мебошад.

Биёед, мардумони даврони соҳибистиқлол зиракию хушёриро аз даст надода баҳри он кушем, ки соҳиби илму маърифат, ихтисоси хуб гашта барои истиқболи 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахри ободию созандагии ватанамон саҳмгузорем.

Норбобоева Г.Б.
омӯзгори ДКМТ

Читать далее

Терроризм ва экстремизм-вабои аср

Масъалае, ки имрўз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

«Терроризм» аз калимаи лотинии «terror» сарчашма гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсади худро бо роҳи куштор, тарсу ваҳм, зўроварӣ амалӣ намоянд.

«Экстремизм»-аз калимаи франсузии «extremism» ва  лотинии  «extremus» гирифта шуда, маънои аслияш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.

Бо таъсири интернету шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гурўҳҳои манфиатҷў афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд. Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурўғ ҳаёти худро барбод медиҳанд ва падару модару хешовандони худро дар миёни ҷомеа шармсор мегардонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми санадҳо ва шартномаҳоеро, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналхалқӣ манъ месозанд, эътироф намуда, ба имзо расонидааст. Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ 16 ноябри соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул кардааст. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

Тариқи расонаҳои хабарӣ хуб дарк кардаем, ки терроризм ва экстремизм оқибати бади марговар дошта, қасдии нобудии миллатҳо ва ғулом гардонидани мардумро дорад.

Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои терроризм чунин омадааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақоми давлатист» Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур  сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошанд, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрў ва манзалати мақомоти давлатист.

Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки аввалин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва гурўҳҳои ташаккулёфтаи сиёсию мазҳабие буданд, ки мехостанд ба воситаи тарсонидану даҳшатангезӣ мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ҳамаи давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани шумораи зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Мубориза бурдан бар зидди терроризм ин яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, функсияи худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия  ва судӣ амалӣ менамояд.

Коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогохӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.

Дар оянда онҳо ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи худро равона созанд.

Раҳмонова М.Ғ. 
сармутахассиси БИМСТ-и ДДҲБСТ

Читать далее