July 2021

27 July 2021

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари боришот ва обхезиҳои шадид, ки харобиҳои зиёдро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба бор оварданд, боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Читать далее

БАРТАРАФКУНИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Дар нимсолаи аввали соли 2021 дар ҳудуди вилоят 331 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари он 67 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расид. Маблағи зарар 21 миллиону 950 ҳазору 82 сомонӣ аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд Анвар Қосимов.

Яке аз ҳолатҳои нигаронкунанда ин рух додани ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта мебошад, ки масъулини раёсат баҳри бартараф кардани он корҳои мушаххасро ба анҷом расондаанд.

Дар ноҳияи Деваштич дар натиҷаи ярч фурӯравии теппаи паси хонаи истиқоматӣ 5 нафар сокин зери хоку лой монда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, дар натиҷаи боришоти аз меъёр зиёд ва омадани сел дар деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровут, деҳаҳои Метк ва Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ба кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, роҳҳои маҳаллӣ, хатти оби нушокӣ ва полезӣ зарар расонида шудааст, гуфт Анвар Қосимов.

Дар умум давоми шаш моҳи соли сипарӣ чор ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд. Маблағи зарар бар асари офатҳои табиӣ 1 миллиону 8 ҳазору 787 сомонӣ мебошад. Доир ба ҳодисаҳои ғарқшавӣ иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба калон будани ҳудуди обии вилоят ҳодисаи ғарқшавӣ яке аз масъалаҳои нигароникунанда ба шумор меравад ва новобаста аз гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда дар нимсолаи аввали соли 2021 ум 20 ҳолати ғарқшавӣ бо сабабҳои гуногун дар кӯлу дарё ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шуд. 11 нафар аз тарафи наҷотдиҳандагон наҷот дода, ҷасади 9 нафар аз об бароварда шуд. Сабаби ғарқ гардидани сокинонро масъулин дар беназоратии волидон ва риоя накардани техникаи шиноварӣ медонанд.

Аксар сокинон дидаву дониста дар ҷойҳои барои шиноварӣ манъшуда оббозӣ карда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Ҳарчанд дар назди мавзеъҳои хатарнок шиорҳои “Оббозӣ кардан манъ аст!” гузошта шуда бошанд ҳам, аксар онро нодида мегиранд. Ин ҳама боиси ғарқшавӣ ва марг мегардад. Мо мекӯшем, дар чунин мавзеъҳо сафи наҷотдиҳандагонро зиёд кунем, вале, мутаассифона, ҳолати ғарқшавӣ рух медиҳад, гуфт Анвар Қосимов. Қайд гардид, ки дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят 43 амалиёти наҷотдиҳӣ, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла, кушодани дарҳои хонаҳои истиқоматӣ, бартараф намудани оқибати садамаи нақлиётӣ, тармафароӣ, гузаронидани корҳои рӯи обӣ ва зериобӣ ва дигар иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон дар бобати пешгирии ҳолати ғарқшавӣ, таъминот бо таҷҳизоти техникӣ, оқибати ҳодисаҳои табиӣ, муҳоҷирати экологӣ, кор бо ихтиёриён ва амсоли ин суолҳо пешниҳод гардид, ки масъулин ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас доданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ТОҶИКИСТОН АСТУ ИСТИҚЛОЛ АЗ МО ЁДГОР!

Субҳи 22‐юми июли соли 2021 дар таърихи сисолаи даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон воқеаи бузургу дар асл бунёдӣ ба вуқӯъ пайваст. Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар бо иштироки ҳайати шахсии Қувваҳои Вазорати мудофиа, қӯшунҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ баҳри баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмонии ин ниҳодҳо дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ таҳти унвони «Марз‐2021» машқҳои тактикӣ‐стратегӣ гузаронида шуд. Дар ин масир дар ҳудудҳои Минтақаҳои мудофиавии рақамҳои алоҳидаи кишвар қувваҳои ҷисмонии захиравӣ низ ҷалб карда шуданд.

Ҷараёни баргузории машқҳои тактикӣ, низомӣ ва иштироки техникаҳои ҳарбию ҳавоӣ, заминиву нақлиётҳои гуногуни мансубияти ҳарбӣ, сафоровию гузашти низомии ҳайатҳои шахсии афсарону аскарон, хизматчиёни ҳарбии кишвари соҳибистиқлоламон, неруи тавоно ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро ба таври равшану густурда ва воқеиву ҳақиқат намоиш доданд. Ин воқеият ва ҳақиқати асл ҳеҷ ҷои шакку шубҳа набуд, ки ман тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дидам, ба зеҳну шуурам тарҳрезӣ намудам. Ва ба хаёлам солҳои хизматам дар сафи ин ниҳоди пурқудрат боз падид омад.

Қисми аввали машқи тактикии «Марз‐2021», ки аз субҳи рӯзи саодатмандиву нишони нерумандӣ ва ҳавои дилкашу осмони ороми кишвари маҳбубамон сарчашма гирифт, он силсилабандии натиҷаи машқу садоқат ба савганди ҳарбӣ ва содиқона хизмат намудан ба Ватану халқи заҳматпешаи Тоҷикистон буд, маро ҳамчун як шаҳрванди ҳамин хоку диёр басо ифтихорманд, уҳдадор ва вазифадор сохт, ки боз ҳам бештару беҳтар хизмат намоям. Ва аз ҳама ифтихордорӣ аз он буд, ки суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар як барномаи таърихӣ, миллӣ ва раҳнамои ҳаёту рӯзгори соҳибистиқлолият ба худ маъно пазируфтам.

Хеле рӯҳбаландкунанда буданд ин суханони муҳтарам Президентамон: «Таърихи сисолаи соҳибистиқлолии Ватанамон возеҳан собит намуд, ки мо – тоҷикон мардуми таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар ҳастем, ки шарофати ҳамин хислатҳо аз гирдоби даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90‐уми асри гузашта раҳоӣ ёфтем».

Неруи тавонои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари маҳбубамон ин такягоҳу сипари Ватани ободу озоди мост, ки ҳаёту рӯзгори осудаи моро таъмин мекунад, нигоҳ медорад ва мо, мардум, ин хизмати шоистаи фарзандони шуҷову диловари худро шоиста бидонем, қадр кунем ва эҳтиром оварем. Ва мо дар ин самт боз ба хотири таъмин намудани рушду пешрафти иқтисодиёти кишвар ва ободонии сарзаминамон аҳлона заҳмат бикашем, то санаи тақдирсози таърихӣ – ҷашни миллиро сазовор истиқбол бигирем. Хуб гуфтааст шоире: «Тоҷикистон асту Истиқлол аз мо ёдгор!».

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

капитани мустаъфӣ,

 «Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

Маҳсулоти нафтии ғайристандартӣ зиёд гардидааст

Дар озмоишгоҳи нафтии Маркази “Тоҷикстандарт” 289 намуна маҳсулоти нафтӣ аз ташхис гузаронида шуда, 15 намунаи он ғайристандартӣ дониста шуд. Миқдори маҳсулоти нафтии ғайристандартӣ зиёда аз 44 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ ба миқдори 27 тонна зиёд гардидааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон муовини директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Сангин Сангинзода

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки мутахассисони шуъбаи нозироти савдо давоми шаш моҳи соли равон 742 адад назорати давлатӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, 514 адад дар нуқтаи савдо, як тарабхона, 11 адад анбор, 151 адад нуқтаи хӯроки умумӣ, 52 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 13 адад дар бозор санҷиш гузаронида, 36 адад оид ба ислоҳи камбудӣ ва 21 адад оид ба манъи фурӯш амрияҳо дода шуда, 137 адад хариди санҷишӣ вобаста ба ҳолати фиреби истеъмолкунандагон гузаронида шудааст. Аз миқдори умумии санҷишҳои гузаронидашуда 911 адад ҳуқуқвайронкунӣ дар субъектҳои хоҷагидор ошкор шуд. Маблағи ҷаримаҳои маъмурӣ аз рӯи қарорҳои марказ 123360 сомонӣ ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 45960 сомониро ташкил дод, гуфт Сангин Сангинзода.

Ҳамчунин қайд гардид, ки бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок номгӯи гуногуни молҳои саноатӣ ва маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва бе сертификат, аз ҷумла маҳсулоти қаннодӣ, гӯштӣ, тухми мурғ, равғани растанӣ, ширӣ, намак, нӯшокиҳои ташнашикан, машруботи спиртӣ, шакар, фурӯзонакҳои каммасраф, маҳсулоти нафтӣ, антифриз, тамоку, бозичаҳои кӯдакона, хуришҳо, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва амсоли ин ошкор намуда, қисми он дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонун бо иштироки комиссия несту нобуд карда шуд. Маблағи умумии маҳсулоти пастсифат, бе сертификат, мӯҳлати истеъмолашон гузашта дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 1602226 сомониро ташкил медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳо бобати фаъолияти тарозуҳои назоратӣ, лампаҳои каммасраф, назорати маҳсулоти пастсифати бачагона, муроҷиати шаҳрвандон, ҳолати кунунии озмоишгоҳҳои марказ, назорати маҳсулот дар бозору мағозаҳо ва амсоли ин пешниҳод шуд. Мутахассисони марказ ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас доданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

КОРКАРДИ ПИСТА БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

Давоми шаш моҳи аввали соли равон маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба 118,2 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 180,4 фоиз ё 52,7 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар МОИ «Суғд» ба 664,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 2,6 маротиба зиёд гардидааст.

–Ҳоло дар МОИ «Суғд» аз 30 субъекте, ки аз аввали сол ба қайд гирифта шуда буд, 15 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул шуданд. Айни ҳол аз ҷониби 7 корхона, аз ҷумла ҶДММ «Оҳанкор», ҶДММ «Азияполитекс», ҶДММ «Сомон Кейс», ҶДММ «Донаи Алмос», ҶДММ «Покзарф» ва ҶДММ «Суғдиёна Агро» корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бомаром идома доранд,–изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ роҳбари МОИ «Суғд» Илёсиддин Камолиддинзода. Молу маҳсулоти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ ба ғайр аз кишвар ба давлатҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон Қазоқистон, Олмон, Ироқ ва Туркия содирот шуда истодаанд, ки маблағи он ба 39,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки 20,2 миллион зиёд аст.

 Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» миқдори умумии ҷойҳои корӣ аз оғози фаъолият ба 716 адад расид. Аз ҷониби субъектҳои МОИ «Суғд» ба буҷети давлатӣ 2,6 миллион сомонӣ маблағи андоз пардохт шудааст. МОИ «Суғд» дар самти ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва таъсиси корхонаи нав мунтазам фаъолият мебарад. Дар маъмурият бо намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳои Украина, Ӯзбекистон, Фаронса, шарикони рушд ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ вохӯриҳо гузаронида шудаанд.

–Мо имсол асосан бо доираҳои соҳибкорон, сармоягузории ватанӣ ва доираҳои соҳибкорону сармоягузорони хориҷие, ки бо гирифтани иҷозатномаҳои махсус ба Тоҷикистон омадаанд, корбарӣ намудем. Дар натиҷа моҳи июни соли равон як субъекти нав – ҶДММ «Суғдиёна Агро», ки самти фаъолияташ ба коркард ва бастубанди писта равона шудааст, ба қайд гирифта шуд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағгузории зиёда аз 500 ҳазор доллари амрикоӣ ва таҷҳизоти замонавии коркарди писта таъсис дода шуда, дар сурати пурра ба кор шуруъ намудани он зиёда аз 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

 Ҳаҷми сармоягузории мустақим дар шаш моҳи соли равон ба 10,8 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 122,7 фоиз зиёд ва аз оғози фаъолият зиёда аз 107,9 миллион таъмин гардид. Рӯзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои амиқ гирифтанд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

26 July 2021

ТАМОМИ ЗАХИРАҲОВУ ИМКОНИЯТҲОИ МАВҶУДА БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ТАЪРИХ БА КОР БУРДА МЕШАВАД

Нишасти матбуотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Давоми шаш моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 8 миллиарду 976 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,2 фоиз таъмин гардидааст,- дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода санаи 26-уми июли  соли 2021 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Читать далее

24 July 2021

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад Июль 24

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/ 24-уми июли соли равон, тибқи мувофиқаи қаблии раисони ҷамоатҳои Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Оқсойи ноҳияи Боткен, сокинони  шаҳри Исфара ба тоза намудани мавзеи Куммазори маҳаллаи И.Файзуллоеви ҷамоати деҳоти Чоркуҳ шурӯъ намуданд.

Читать далее

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает Июль 24

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /НИАТ «Ховар»/. 24 июля текущего года, согласно двустороннему соглашению между председателями сельских джамоатов Чоркух города Исфара и Аксай Баткенского района, жители города Исфара приступили к очистительным работам местности Куммазор в махалле И.Файзуллоева сельского джамоата Чоркух.

Читать далее

23 July 2021

БАР ҲИФЗИ ВАТАН ЁР БАРОЯД АВВАЛ…

Рӯзи 22-юми июли соли равон дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон  бо мақсади санҷиши  омодабошии ҷангии  ҷузъу томҳо  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сарфармондеҳи  Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави мамлакат санҷиши омодабошии ҷангии  Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  афсарону сарбозон  гузаронида шуд.

Ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявии сиёсӣ тариқи тамоми шабакаҳои телевизиони  кишвар тамоми рӯз намоиш дода шуд. Чунонки мардуми диёрамон шоҳид гаштанд, аз соати чори субҳ  дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сарбозону афсарон бо бонги хатар ба омода кардани техникаи ҷангӣ, яроқу аслиҳа, тайёраю чархбол  бошитоб шуруъ карданд. Дар ин субҳи босафо дар як минтақаи кишвар ҳавои софу беғубор бошад, дар бархе минтақаҳо бориш ба назар мерасид. Вале ба боду ҳаво, туман ва торикӣ, вазнинии роҳҳо  нигоҳ накарда, ҷавонмардони ҳузарбу шуҷои Ватан дар даст яроқу аслиҳа баҳри ба ҷо овардани масъулият ва вазифаи хеш мешитобиданд. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони бошиддат меборид, вале сарбозон ба ин гӯё аҳамият намедоданд, ҳатто мижа назада, дар иҷрои вазифа меистоданд. Дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Исфара шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, умуман дар ҳамаи нуқтаҳои сарзамини азизамон сарбозон фаврияти баланди омодабошӣ, эҳсоси баланди ватандӯстии худро намоиш доданд. Ман ҳамчун як нафар шаҳрванди ин мамлакат  парвози тайёраҳои ҷангӣ, чархболҳо, техникаи артиллерӣ ва миномётӣ, танкҳоро дида, аз нигоҳи чашмони афсарону сарбозон ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва меҳанпарастиро эҳсос намуда, ба худ гуфтам, ки мулки  тоҷикон, барҳақ, сарзамини мардони баору номус ва сарбаланду  ҷасур аст. Дар маҷмуъ, дар ин чорабинии сиёсӣ, тавре аён гашт, беш аз 230 ҳазор нафар афсарону сарбозон ширкат намуданд.

Чунонки дар охири санҷиши омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, вазъияти ҷаҳон, бахусус вазъи имрӯзаи кишвари ҳамсояи Афғонистон моро водор мекунад, ки ҳар лаҳзаву дақиқа ҳушёриро аз даст надиҳем, ба ҳифзу ҳимояи ҳар пора хоки Ватани азизамон омода бошем.

Як нуктаи хеле ҷолиб дар баргузории ин санҷиши омодабошии ҷангӣ  он аст, ки дар ин чорабинӣ ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ низ иштирок карданд. Аз  гузашти низомӣ  мушоҳида гардид, ки  аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо ҷавонмардони далеру баор дар ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуданд.

Барҳақ, имрӯз натанҳо  онҳое, ки дар сафҳои неруҳои мусаллаҳи мамлакатанд, балки тамоми шаҳрвандони кишварро лозим аст, ки эҳтиёткорӣ, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба тарбияи фарзандон, ки оянда посбонону сипари боэътимоди Ватананд, эътибори ҷиддӣ диҳанд. Шоир барҳақ, дуруст гуфтааст:

Бар ҳифзи Ватан ёр барояд аввал,

Баҳри шарафу ор барояд аввал,

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Федератсияи Русия дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлати мо изҳори тасаллии амиқ карданд.

Читать далее