July 2021

28 July 2021

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар маркази ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова дар заминаи бинои кӯҳнаву фарсуда ва солҳои зиёд бекорхобида ба хотири истиқбол аз ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури шумораи зиёди сокинон яке аз рамзҳои давлатдорӣ-Парчами миллиро барафрохтанд.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии «Мурғи Султон»-ро ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хушекати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ корхонаи парандарварии “Мурғи Султон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Айни замон дар корхона 16 ҳазору 250 сар мурғи олмонӣ парвариш карда мешавад. Мувофиқи дурнамо. дар як моҳ истеҳсоли 480 ҳазор дона тухм ба нақша гирифта шудааст.

Читать далее

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 дар ноҳияи Айнӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайёсозии шароити беҳтари таълиму тарбия барои насли наврасу ҷавон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.

Читать далее

«БОЛШЕВИКИ ХУҶАНД» САҲФАЕ АЗ ТАЪРИХИ «ҲАҚИҚАТИ СУҒД»

Дар ёддоштҳои худ Мирзоқосим Рустамов хотироташро оид ба тағйири ном намудани рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» зикр намуда, Қарори бюрои Комитети шаҳрии Хуҷандии ПК (б) Тоҷикистон аз 28‐уми январи соли 1935 «Дар бораи газетаи «Пролетари Хуҷанд» овардааст, ки чунин аст: «Ба муносибати барҳам хӯрдани рӯзномаи политотделии «Бо роҳи ленинӣ» ва як шудани он бо газетаи «Пролетари Хуҷанд» минбаъд «Болшевики Хуҷанд» номида шавад».

Қарори бюрои Комитети шаҳрии Хуҷандии ПК (б) Тоҷикистон «Дар бораи газетаи «Пролетари Хуҷанд», ки 28 январи соли 1935 ба тасвиб расидааст, дар рӯзномаи «Рабочий Ходжента» шумораи №17 (72) аз 3 феврали 1935 ба нашр расидааст: О газете «Пролетарий Хаджента» Постанавление Бюро ГК (б) Таж. 28 янв. 1935 г.

1. Газету «Бо рохи Ленини» леквидировать, объеденив с газетой «Пролетарий Ходжента», передав редакции «Пролетарий Ходжента» весь актив и пассив, а так же необходимый штат работников редакции «Бо рохи Ленини».

2. Предложит редакции газеты введу ликвидации газеты «Бо рохи Ленини», в каждой газете выпускать спецальний вкладыш крупным шрифтом для начинающих читатилей.

3. Довести тираж газеты до 7000 экземпляров, о чем сообщать газ. бюро для обеспечения этого тиража.

4. Поручить партгруппе горсовета утвердить смету и штат редакции связи с увеличением тиража газеты.

В связи с ликвидацией политотдельской газеты «Бо рохи Ленини» и обслуживанием газетой «Пролетарий Хаджента» на равне с промышленностью и полностью селского хозяства,назвать газету «Большевик Ходжента».(«Рабочий Ходжента» №17(72), аз 3‐юми феврали 1935) Таърихнигор С.Абдуллоев муттаҳид намудани ду рӯзномаро бо вуҷуди дастовардҳои ҷиддии матбуоти нав ба нарасидани кадрҳои соҳаи нашриёт низ нисбат дода қайд мекунад, ки «сатҳи маълумоти умумӣ ва ғоявию назариявии рӯзнома, ҳамчунин, пойгоҳи матбаа хеле суст буд. Ҳамаи инро ба эътибор гирифта, бюрои Кумитаи ҳизбии шаҳри Хуҷанд дар қарори худ аз 28 январи соли 1935 муттаҳид кардани рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ» ва «Пролетарии Хуҷанд»‐ро ба мақсад мувофиқ донист». Зимнан, бояд гуфт, ки ин муаррих замони иваз шудани номи рӯзномаро ба «Болшевики Хуҷанд» 17 январи соли 1935 гуфтааст. Аммо, мо ҳангоми омӯзиши бастаҳои мавҷудаи рӯзномаи «Болшевики Хуҷанд» маълум намудем, ки 17 январи соли 1935 рӯзнома ҳанӯз бо номи «Пролетари Хуҷанд» (№8 (509)) интишор шуда, аз 1 феврали соли 1935 бо номи «Болшевики Хуҷанд» нашр шудааст. Аммо, профессор Ғ.Ҳайдаров дар пажӯҳишоти хеш иваз шудани номи «Пролетари Хуҷанд»‐ро ба «Болшевики Хуҷанд» ба соли 1931 нисбат додааст, вале маводи дар даст доштаи мо собит месозанд, ки ин иттилоъ саҳеҳ аст. Баръакс, дар ин солҳо рӯзнома номи хешро аз «Колхозчӣ» ба «Пролетари Хуҷанд» тағйир медиҳад.

Дар ин солҳо редаксияи газетаи «Болшевики Хуҷанд» ба муваффақияти калон соҳиб гардида, воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсиву партиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии райони Ленинободро инъикос мекард. Ин нуктаро муаррих С.Абдуллоев низ қайд карда, таъкид намудааст, ки рӯзнома «дар ташкили мусобиқаи сотсиалистии корхонаву колхозҳо, мубориза баҳри коллективонӣ ғайратмандона иштирок менамуд ва барои тарзи нави ҳаёт мубориза мебурд». Соли 1935 панҷсолагии рӯзномаи «Болшевики Хуҷанд» таҷлил мешавад. Дар ин бора мақолаи махсусе, ки дар журнали КМ ВКП (б) «В помощь районной газете» шумораи январи соли 1936 чоп шуда буд, шаҳодат медиҳад. Он мақолаи Н.Жариков «Газета ба кас хурсандӣ меовард»‐ро дар бораи кори редаксия, мавқеи он дар бобати аз ҷиҳати ташкилию хоҷагӣ мустаҳкам кардани колхозу совхозҳо, вусъати ҳаракати стахановӣ ва дигар муваффақиятҳои хуби редаксия чоп кардааст. Таърихнигорон Ҷ.Усмонов ва Усмонҷон Ғаффоров саҳми «Болшевики Хуҷанд»‐ро дар инъикоси воқеаву рухдоди замон ва тарбияи мухбирони ҷавон, ба вежа занони мухбир таъкид кардаанд.

Дар бойгонии вилоятӣ бастаи шумораҳои соли 1935 рӯзномаи «Болшевики Хуҷанд» маҳфуз аст. Он замон рӯзнома дар ҳаҷми 6 саҳифа бо тиражи 5 ҳазор нусха, бо роҳбарии сармуҳаррир Тоҷӣ Усмон нашр мешуд. Аз шумораҳои моҳи феврал ва марти «Болшевики Хуҷанд» маълум мешавад, ки дар ин фурсат С.Холматов ва Раҳим Ҷалил муҳаррири масъул будаанд. Рӯзнома бо рубрикаҳои «Сармақолаи правда», «Чорводорӣ», «Боғдорӣ», «Дар Иттифоқи шӯроҳо», «Ба диққати прокурор», «Хабарҳо аз корхонаҳои саноатӣ», «Конкурси ободонии шаҳр», «Маориф ва маданият», «Дар мамлакатҳои хориҷа», «Дар иттифоқи шӯроҳо», «Дар муассисаҳои саноатӣ», «Мевасупорӣ», «Дар саҳрои пахта», «Дар дақиқаҳои охирин», «Тайёрӣ ба ғунучини пахта», «Даракҳо аз маҳалҳои пахта», «Ҳаёти партиягӣ», «Дар шӯрои шаҳри Хучанд», «Суд», «Хабарҳо аз майдони ҷанг», «Ҷавобан ба нутқи доҳӣ», «Обзори матбуоти поёнӣ», «Доскаи ифтихорӣ», «Хроника», «Нимханда» мавод пешниҳод кардааст.

Дар саҳифаҳои «Болшевики Хуҷанд» навиштаҳои мухбирони коргару деҳқон зери рубрикаҳои «Мухбирони фаъоли мо», «Мухбирони деҳқони мо», «Мухбирони зарбдори мо», Мухбирони мо менависанд», «Мухбирони коргари мо» нашр мешуд. Рӯзнома ба шиорҳои «Шудгори оммавӣ ривоҷ дода шавад», «Намунавор гузаронидани шудгор вазифаи ҳамаи ташкилотҳои партиявӣ аст», «Шудгор кори асосии ҳозира», «Киштро бо тайёрии зӯр пешвоз мегирем», «Қувваҳо сафарбар шаванд», «Суръати чиниш баланд бардошта шавад», «Ба ташкил кардани чидан ва супоридани пахта пеш аз ҳама коммунистон ҷавобгаранд» деҳқононро ба меҳнати созандаву ривоҷи киштукор даъват мекард. «Болшевики Хуҷанд» дар соли 1935‐ум 327 мухбири коргару деҳқон дошт, ки аз онҳо 83 нафар зан, 118 колхозчӣ , 123 нафар коргар буданд. Рӯзнома «аз рӯзҳои аввалини фаъолияташ дар навиштани хабару мақолаҳо иштирок кардани занону духтарони маҳаллиро дуруст ташкил мекард. Хабарҳои онҳоро бо ҳарфҳои калон дар ҷои намоёни газета чоп менамуд». Майрам Бозорбоева, Махфират Ҳоҷибоева, Хайрӣ Усмонова, Барака Бобоева, Зӯҳро Шаҳмуродова, Наҷмӣ Набиева, Ҳалима Бадалова, Қамбар Қайюмова аз ҳаёти колхоз, заводу фабрикаҳо ва мактабу маориф хабару мақолаҳо дарҷ карда меистоданд. Навиштаҳои онҳо аз навсозии хоҷагии халқ, ҳаёти деҳот, фош намудани роҳбарони хиёнаткору бадғаразро фаро мегирифт ва маводи ин мухбирагони фаъоли «Болшевики Хуҷанд» таҳти рубрикаҳои «Мухбирони зарбдори мо», «Мухбирони фаъоли мо», «Мухбирони коргари мо» нашр мешуданд. Рӯзнома давоми се моҳи соли 1935 (феврал‐апрел) аз мухбирони коргару деҳқони худ 1711 адад мактуб гирифтааст. Мухбирони фаъоли «Болшевики Хуҷанд» Абдулло Раҳимов (Унҷӣ), Алибой Ҳакимов (Фабрикаи шоҳибофии шаҳри Хуҷанд), Ислом Бобохӯҷаев, М.Нурматов, А.Исозода (Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд), Рустам Исматӣ, Ҳоҷӣ Содиқ (колхози Коминтерн), Охунҷон Шамсӣ (колхози ба номи Фрунзе), И.Ҳотамқулов, Р.Азизӣ, Барака Бобоева (Исфисор), Рашод Махсум (аз Овчиқалъача), Ҷӯра Наврӯз, Саид Сабуров, Ҳ.Ҷарқинзода (Қистақӯз) мунтазам бо рӯзнома ҳамкорӣ намуда, хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ менавиштанд.

Рӯзнома ба тарбия ва омода намудани мухбирони коргару деҳқон аҳамияти вежа дода пайваста слётҳои мухбирони коргару деҳқононро баргузор мекард. Бояд гуфт, ки он солҳо рӯзнома барои пешрафтти матбуоти маҳаллӣ саҳми бориз гузошта, таҳти роҳбарии он чор варақаи колхозии бисёртеъдод нашр гашта, 180 рӯзномаи девории бригадавӣ таҳия шудааст. Саҳми босазои «Болшевики Хуҷанд»‐ро дар рушди журналистикаи маҳаллии солҳои 30‐уми асри ХХ дар саҳифаҳои худи рӯзнома ҳам ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Читать далее

ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД, АММО НАРХ ГАРОН

Сабаби гаронии нархи полезиҳои дар бозорҳои шафати роҳи Хуҷанд – Истаравшан дар чист? Чаро дар ин ҷо деҳқонон худ машғули савдо намешаванду нафарони дуюму сеюм бошанд, яке аз сабабҳои болоравии нарх мегарданд

Кишоварзони вилоят баробари кишти зироатҳои кишоварзӣ, ҳамчунин ба парвариши полезиҳо, аз қабили тарбузу харбуза низ машғуланд. Ҳамасола дар миқёси вилояти Суғд майдони кишти он зиёд ва истеҳсоли онҳо низ хуб ба роҳ монда мешавад. Бино ба маълумоти шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят соли равон дар миқёси вилоят кишоварзон, тибқи нақша дар майдони беш аз чаҳор ҳазору ҳаштсад гектар полезӣ кишт намуда буданд. Гарчанде соли равон дар умум кишти полезиҳои озуқаворӣ дар вилоят нисбат ба соли гузашта кам шуда бошанд ҳам, лекин кишоварзон тавонистанд аз ҳисоби зиёд намудани майдони тарбуз нақшаро барзиёд иҷро намоянд.

Дар аввали фасли баҳор деҳқонони заркори вилоят бештар дар заминҳои худ тарбузро кишт намуданд, ки кишти имсола нисбат ба порсола зиёд гардидааст. Аз сабаби талаботи аҳолӣ ба ин навъи полезӣ зиёд будан майдони кишти он низ афзудааст. Деҳқонон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3 ҳазору 482,6 гектар тарбуз кишт намуданд. Яъне дар ин мавсим дар шаҳру ноҳияҳо 86,6 гектар полезӣ зиёд кишт гардидааст. Кишти бештари полезиҳо дар ноҳияи Мастчоҳ ба роҳ монда шуда, мастчоҳиён дар майдони беш аз ду ҳазору ҳафтсад гектар анвои гуногуни полезиҳоро кишт намуданд. Ҳамчунин, шаҳру ноҳияҳои Конибодом‐138 гектар, Истаравшан‐483, Зафаробод‐680, Ашт беш аз 100 ва ноҳияи Деваштич дар майдони 272 гектар полезиҳо кишт намуда, айни ҳол ба ҷуз аз ноҳияи Деваштич ҷамъоварии ҳосили полезӣ дар дигар минтақаҳо дар ҳоли анҷомёбист. Кишоварзон барои гирифтани ҳосили босифат ва ба талабот ҷавобгӯ тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз қабили обмониву озуқадиҳиро хуб истифода намуданд. Тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзӣ соли равон кишоварзони вилоят тавонистанд, аз ҳар гектар замин беш аз 130‐сентнерӣ ҳосил ба даст оранд, ки дар умум аз майдони киштгардида тавонистанд ба миқдори беш аз 139 ҳазор сентнер ҳосили босифатро ҷамъоварӣ намуда, барои фурӯш ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ дастрас намоянд.

Имсол дар самти гирифтани ҳосили баланд ноҳияҳои Мастчоҳу Бобоҷон Ғафуров пешсаф буда, кишоварзони мастчоҳӣ беш аз 94 ҳазор сентнер ва деҳқонони ғафуровӣ беш аз 39 ҳазор сентнер ҳосил рӯёнидаанд. Ҳосили имсола бино ба гуфти масъулин хуб буда, имрӯз дар бозори маркази вилоят бо нархи дастрас ба фурӯш рафта истодааст. Аз рӯи мушоҳида ва таҳлилҳо маълум гардид, ки ба ҷуз аз бозорҳои марказии вилоят ҳастанд бозорҳое, ки маҳз дар он ҷо полезиҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Ин гуна бозорҳо дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Истаравшан ва Хуҷанд Конибодом қарор дошта, фурӯшандаҳо бошанд, бо нархи аз бозори марказии вилоят гаронтар фурӯхта истодаанд. Дар ин қабил бозорҳо баробари деҳқонон инчунин, ба қавле савдогарон низ машғули фурӯш ҳастанд. Чунин нафарон полезиҳоро аз деҳқон бо нархи арзон харидорӣ намуда, пасон онро бо нархи гарон ба фурӯш мегузоранд. “Афғонбозор” – чунин ном дорад бозори тарбузу харбуза, ки дар ноҳияи Спитамен, дар шафати роҳи асосии Душанбе Чаноқ қарор дорад. Д

ар ин ҷо навъҳои гуногуни харбузаро вохӯрдан мумкин аст. Аснои боздид аз ин бозор маълум гардид, ки нархи ҳама намуди полезиҳо нисбат ба бозори “Панҷшанбе” и маркази вилоят гарон аст. Масалан, як дона тарбуз дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд аз панҷ то ба понздаҳ‐бист сомонӣ арзиш дорад. Ҳамон навъи тарбузҳо дар ду минтақае, ки дар ноҳияи Спитамен, аниқтараш дар назди шоҳроҳ қарор доранд, бо нархи то бист сомонӣ ба харидор пешниҳод мешаванд. Чанд нафар харидор аз фурӯшандаҳо сабаби гаронии нархи полезиҳоро пурсон шуданд. Онҳо баръакс ҷавоб гуфтанд, ки нархи полезиҳои мо нисбат ба минтақаҳои дигар арзонтар аст. Ин дар ҳолест, ки чанд нафар аз сокинони ноҳияи Деваштич бо умеди ин бозорҳо шуда, аз марказ харид накардаанд. Ба қавле, тарбуз аз бағалашон афтид. Зеро анвои гуногуни харбуза аз 15 то 50 сомонӣ арзиш доштанд. Нархи тарбуз низ аз рӯи ҳаҷми худ то 40 сомониро дарбар мегирифт.

Қобили зикр аст, ки дар чунин бозорҳои сарироҳӣ деҳқонон бояд ба савдо машғул шаванд. Барои марди деҳқон дар ин ҷо савдо намудан нисбат ба бозор мувофиқ аст. Зеро дар ин марказҳо онҳо ҳаққи роҳкирову дигар хароҷоти изофаро намедиҳанд. Имрӯз низ марди деҳқон полезиҳоро бо нархи ба худ мувофиқ мефурӯшаду нафари дуюму сеюм бошад, бо нархи гарон онро мефурӯшад. Масъулинро мебояд дар самти назорат намудани нархи полезиҳо, ки дар қиёс ба бозори маркази вилоят гарон аст, корҳои лозимаро ҷонноктар намоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

ХАРБУЗА ВА ХУСУСИЯТҲОИ ШИФОБАХШИ ОН

Харбуза растании яксолаи полизӣ буда, навъҳои хеле зиёд дорад ва ҳамчун маводи ғизоӣ машҳур мебошад. Он 5,56 ҳазор сол пеш дар Осиёи Миёна, Осиёи Хурд ва Эрон маълум буд. Онро аз асрҳои II‐III мелодӣ инҷониб мекоранд.

Тоҷикистон макони қадимаи харбузакорӣ аст. Ба ақидаи академик Н.И.Вавилов, бисёр намудҳои харбуза маҳз дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд. Хатлону Қабодиён, Истаравшан ва Панҷакент ҳанӯз аз давраҳои пеш бо харбузаҳои хуштаъму ширини худ машҳур буданд.

Дар асрҳои ХII‐ХIV харбузаро аз Осиёи Миёна ба Арабистон ва Эрон мебурдаанд. Аз 500 намуди харбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш меёбанд, беш аз 230 навъаш номи тоҷикӣ дорад, ки ин гувоҳи ватани харбуза будани диёри тоҷикон аст. Мисол: шакарпора, оби набот, амирӣ, ширинпӯчоқ, шерозӣ, умрбоқӣ... Харбуза растании гармпарвар аст. Он пешпазак, миёнапазак ва дерпазак мешавад. Харбуза 4,5‐21 фисад қанд, 7‐9 фисад ангиштоб, 1 фисад моддаҳои нитрогендор, то 2 фоиз равған, оҳар, сафеда ва то 30 миллиграмм/ фисад витамини С дорад. Онро тару тоза мехӯранд, қоқ мекунанд ва мураббою ширинӣ мепазанд. Харбуза хусусияти давогӣ низ дорад.

Он барои муолиҷаи истисқо (бемории обхӯра), зардпарвин, дарди гурда, санги гурда, ҷароҳатҳои дарун, диққинафас шифобахш аст. Мағзи харбуза барои омос (варам) ва дарди чашм давост. Тухми харбузаро бо пунбадона (чигит) ва мағзи зардолу омехта, аз он равғани хушсифат мегиранд. Ҳар бех палаки харбуза аз 1,5 то 20 килограмм ҳосил медиҳад. Шукри замони Истиқлолият, ки имрӯзҳо ҳамаи навъҳои харбуза пухта расидаасту бозорҳо, сари роҳҳо аз он фаровонанд. Биёед, аз он дилхостамонро интихоб намуда, истеъмол кунем, то ин ки организми мо бо ғизоҳои зарурӣ ва витаминҳои лозимӣ таъмин бошад.

Таҳияи Алиҷон ОЛИМОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Читать далее

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва қутоспарварии деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ боздид намуданд

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармар” шинос шуда, дар маросими сар додани 30 сар қутоси хушзот ва 200 сар кабк ба мамнӯъгоҳи мавзеи Санги Кӯҳнаи деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот ва сердаромади чорвопарварӣ буда, дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар манбаи истеҳсоли гӯшту пӯсти аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад.

Читать далее

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид

28 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Читать далее

27 July 2021

ИФРОТГАРОӢ ЧУН КИРДОРИ НОМАТЛУБ

ИФРОТГАРОӢ ЧУН КИРДОРИ НОМАТЛУБ

 

Аз рӯзе, ки мо Истиқлолият ба даст овардем, дар ҷумҳуриамон як қатор қонунҳои соҳавие қабул гардиданд, ки ин ё он соҳаи ҷамъиятиро ба танзим медароранд. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун "Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ", санадҳои дигари қонунгузорӣ ва асноди ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳад.

Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ" қабул карда шуд, ки мақсад аз қабули он пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бо экстремизм", ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфта мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Вобаста ба чигунагии амалҳои худ, ифротгароӣ ба намудҳои гуногун ҷудо мешавад. Ифротгароии динӣ, сиёсӣ, миллию этникӣ ва идеологӣ. Имрӯзҳо ифротгароии динӣ ба худ маънии васеъ пайдо кардааст. Дар бораи ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, ки оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми асри XX рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракати "Толибон", "Ал-Қоида" ва "Ҳизб-ут-таҳрир" мушоҳида карда метавонем. Дар Ғарб бошад, ифротгароии масеҳӣ низ вомехӯрад.

Мо, миллати тоҷик, дар ҳар шакле, ки набошад, ифротгароиро қабул надорем ва онро шадидан маҳкум менамоем. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза чӣ амалҳои ифротгароӣ ва чӣ амалҳои террористӣ зуҳуроти номатлуб мебошанд. Ифротгароиву терроризм, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мегардонад. Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI амали бо номи "Терроризм" қувват гирифт.

Таърихи пайдоиши мафҳуми терроризм ба соли 1792 рост меояд. Террор ба забони муосир дар давраи инқилоби Фаронса бо кӯшиши жирондистҳо ва якобинчиён ворид шуд. Онҳо соли 1792 муттаҳид шуда, хостанд шоҳро маҷбур кунанд, то вазирони ҳукуматро бо роҳбарони гурӯҳҳои тундрави чап иваз кунад. Маҳз ҳамин вақт ходимони инқилоб эълон карданд: "Бигзор, террор масъалаи рӯз бошад".

Мутахассисон шаклҳои зуҳури терроризмро ба намудҳои гуногун ҷудо мекунанд. Терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмилалӣ ва дохилидавлатӣ. Аз рӯйи хислати иҷтимоӣ бошад, терроризмро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ ҷудо мекунанд.

Мутаассифона, рӯз то рӯз амалҳои террористӣ дар ҷаҳон зиёд гашта истодаанд. Масалан, аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфтааст ва аз соли 1980 то соли 1986 ин шумора ду баробар афзудааст. Тибқи ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА, ҳамасола дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад.

Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки даҳҳо абармардони таърих ҳангоми рух додани амалҳои террористӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар мисоли он мо гуфта метавонем, ки сарвазири Ҳиндустон - Индира Гандӣ 31 октябри соли 1984 аз дасти террористони сикх ба қатл расонида шуд. Солҳои 1990-1993 созмони террористии "Палангони озодибахши Талим Илама" дар Шри-Ланка қатли якчанд шахсияти сиёсӣ, аз ҷумла сарвазири Ҳиндустон - Раҷив Гандӣ (1991), президенти Шри-Ланка Ранасингх Премадас (1993) ва дигар ходимони баландрутбаи давлатию низомиро ба қатл расонидаанд. 9 сентябри соли 2001 фарзанди фарзонаи миллати афғон, вазири мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд зери ҳамлаи террористӣ қарор гирифта, аз тарафи ду нафар наворбардори араб, ҳангоми мусоҳиба додан ба қатл расонида шуд. Аз ҳама амалиёти террористии даҳшатнок дар рӯйи ҷаҳон 11 сентябри соли 2001 дар ИМА рух дода буд. Дар ин рӯз ҳавопаймоҳои мусофирбари "Боинг", ки аз тарафи террористон гирифта шуда буданд, ба бинои дугоники Маркази савдои ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ва бинои Вазорати мудофиаи Амрико (Пентагон) зада шуданд. Дар натиҷа, қариб 3000 нафар мардуми бегуноҳ кушта шуд. Ин амали террористӣ ба иқтисодиёти ИМА зиёда аз 120 млрд. доллар хисорот ворид сохт. Ба ин амали террористӣ созмони "Ал-Қоида" бо сарварии Усома бен Ладен гунаҳкор дониста шуд. Усома бен Ладен бошад, аз тарафи Амрико террористи рақами як эълон карда шуд. Пас аз ин амали террористӣ дар Ғарб дар бораи терроризми исломӣ суханҳои зиёде меравад, ки ин андешаҳо комилан ғалат мебошад. Ислом ба монанди дигар динҳои ҷаҳонӣ нисбат ба хушунату зӯроварӣ муносибати манфӣ дорад. Ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад.

Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1990 инҷониб чандин амалҳои террористӣ анҷом дода шудаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар беш аз 200 гурӯҳи трансмиллии террористӣ дастгир ва сарнагун карда шуданд. Ин гурӯҳҳои террористӣ дар маҷмӯъ, беш аз 3000 ҷиноят, аз он ҷумла 170 амали террористӣ содир намудаанд.

Дар ҳар давраи таърихӣ симоҳои манфие пайдо мешаванд, ки мехоҳанд ба давлату миллати хеш зарар расонанд. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза аксари ин гуна шахсиятҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бархе ҷавонҳои ҷоҳилу нодони имрӯза бо ақидаи оне, ки бар зидди ноадолатиҳои замона мубориза мебарем, силоҳ ба даст гирифта, зери шиори ба ном ҷиҳод, мардуми бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд. Онҳо ин амалҳои номатлуби худро аз номи дин ба анҷом мерасонанд. Дар ҳоле ки дар дини мубини ислом хушунату даъво қатъиян манъ аст. Имрӯзҳо бархе аз ҷавонон бо роҳи фиреб, бо ваъдаҳои хушку холӣ, ба давлатҳои ҷангзада барои амалҳои номатлуби террористӣ ҷалб мегарданд.

Террористон аҳолии осоиштаро ба ҳалокат мерасонанд, иншооти гуногуни давлатию ҷамъиятиро валангор намуда, занону кӯдаконро ба асорат мебаранд, ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро нобуд мекунанд ва даҳҳо амалҳои номатлуби дигарро ба сомон мерасонанд. Оё сохтани муассисаҳои таълимӣ беадолатӣ аст? Оё бунёд намудани иншооти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ беадолатӣ аст? Оё таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбат ба занону духтарон, ки барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст беадолатӣ аст?

Террористон, ҳатто масҷидҳову ятимхонаҳоро низ метарконанд. Дар ҳоле, ки масҷид дар дини ислом ҷои муқаддас барои парастишу ибодат аст. Дар дини мубини ислом, ғамхорӣ намудан ба ятимон кори савоб ва аҷри бузурге ба ҳисоб меравад. Ҳатто сари ятимеро сила кардан худ савоб мебошад. Пас хулосае ба миён меояд, ки инҳо на мусулмонанду на ободкунандаи дини мубини ислом. Инҳо ҷиҳодро барои мақсади нопок ва амалҳои ғаразноки хеш истифода мебаранд. Террористон танҳо як мақсад доранд, ин ҳам бошад, ба даст овардани маблағ ва боигарӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, аз он давлатҳое ба шумор меравад, ки зидди ифротгароӣ ва терроризм мубориза мебарад. Имрӯзҳо аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, абармарди таърих, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон таъкид карда мешавад, ки хонанд ва аз амалҳои террористию ифротгароӣ дур бошанд.

Хулоса, мо ҷавонон, дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза бояд дарк намоем, ки ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста баҳри омӯхтани илм талош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи зуҳуроти манфии ҷомеа намегардад.

 

Шодмонҷон НУРУЛЛОЗОДА,

донишҷӯи курси 2 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

 

Читать далее