July 2021

29 July 2021

Ҳадафҳои нопоки хоинони миллат дастгирӣ нахоҳанд ёфт

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Бароӣ он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва баҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздак ба ватани мо низ тахдид дорад. Душманони миллати тоҷик ба монанди ТТЭ ҲНИ бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетаӣ ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале мо бояд бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохушдоранд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттањид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кўшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки мақсади мо ҳифзу химояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.

Барно Умарова

Читать далее

ТЕРРОРИСТ ҲЕҶ ВАҚТ СОҲИБВАТАН НАХОҲАД БУД

Ҷаҳони имрӯзаи моро мушкилот ва ихтилофоту зиддиятҳои зиёд фаро гирифтааст. Яке аз ин мушкилот, ки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш меорад, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб, ки ҳоло ҷаҳонӣ гаштааст, амнияти тамоми сокинони сайёраро зери суол мебарад.

Тоҷикистон зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористонро маҳкум мекунад ва яке аз давлатҳое маҳсуб мебошад, ки дар Осиёи Марказӣ дар садри мубориза бо терроризму экстремизм ҷой дорад. Шиддатгирии терроризму экстремизм тариқи яроқи оташфишон ва интернет ба роҳ монда шуда, гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз он васеъ истифода мебаранд. Танҳо нафари раҳгумзадаеро дар башарият мемонад, ки аз ҷоҳиливу нодонӣ ва бесаводӣ ба ин роҳ рафтааст. Инсоният аз ҷангу хунрезӣ, даҳшатафканиву пароканда кардани инсонҳои дигар ҳеҷ вақт нуфузу эътибор пайдо накардааст. Таърих низ гувоҳ аст, ки ҳамеша сулҳҷӯён ғалаба ба даст меоранд, на ҷангҷӯён. Агар саҳифаи таърихро варақ занем, дар ягон ҷо рӯ ба рӯ намешавем, ки террористон худро террорист муаррифӣ кардаанд. Онҳо барои ҳақ баровардани амалҳову гуфторҳои худ тамоми далелҳо, аз он ҷумла, андешаҳои сиёсию хуқуқӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоиро пешниҳод мекунанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳар амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мебошад.

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва, ҳатто, амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ин гуна ашхос, мутаассифона, байни ҷомеаи Тоҷикистон низ пайдо шуда, ҳоло дар кишварҳои хориҷа ба амалҳои ношоиста даст мезананд. Ин боиси нигаронии аҳли ҷомеаи кишвар гаштааст. Ин гуна шахсони раҳгумзада ба нуфуз ва эътибори давлату миллат латма ворид месозанд.

Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки давлати ҳамсояи мо Афғонистон аз даҳшатафканиву хунрезиҳои гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи «Толибон» нотинҷ аст. Дар ин амалҳои террористӣ беш аз пеш ба сокинони осоиштаи маҳаллӣ бештар зарар расида, сокинони бегуноҳ бераҳмона кушта шуданд. Ҳатто онҳо барои таъмини амнияти худу фарзандон ба Ватани азизи мо – Тоҷикистони тинҷу ором ва биҳишти рӯи замин паноҳ оварданд. Ин мисоли амалҳои чанд рӯзи пеш амалинамудаи террористон мебошад. Раҳму шафқат дар дили ин нафарон боқӣ намондааст, ки онҳо ҳатто мактабҳоро метарконанд. Маконе, ки кӯдакони бегуноҳ дар он қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Бо вуҷуди хатари терроризм ба кулли сайёра Ватани азизи мо тинҷу ором аст ва борҳо аз лиҳози таъмини амнияти сокинон ҳамчун кишвари боэътимод муаррифӣ гардидааст.

Амина ҚАЮМОВА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Читать далее

Паймони миллии Кабирӣ ин паймони террористон аст

Чи тавре, ки ҳар яки мо огаҳ ҳастем, чанд сол пеш дар шабакаҳои иҷтимоии интернет наворҳои як Паймони ба ном “милли” пахш гардидан, дидем, ки душманони миллат ва хоинони давлати мо  дар шаҳри Варшава як ҳамоиши хандаовар доир намуданд.

Ин хоинон ҳеҷ гоҳ ба максад намерасанд, чун дастбози фирефтаи бегонаҳо мешаванду халос. Аз гуфтаи Сатторов Айёмиддин ҳама гуноҳояшонро тарики видеоӣ фош карданд, аммо ягон посух яъне ҷовоб дода натавонистанд. Ҳамаи ин корҳои ТТЭ ҲНИ ин аз тарафи хоини миллат  Муҳидини Кабирӣ мебошад. Дар ҳақиқат байни Домуло Айёмиддин, Абдурахим Каримов ва Муҳидин Кабири баъди Масхарапаймон дар Варшава суҳбат гузашт. Аз рафтору гуфтори аблаҳонаву масхарабозии сиёсии Кабирӣ маълум гардид, ки ин ҳама найрангбозиҳои дасти хиёнаткор-Кабирӣ будааст. Ин палидаки сиёсӣ бо афкори ҳаромаш дар яке аз ҷаласаҳои САҲА дар Варшава ҳамроҳи чанд думраваконаш бар зидди Тоҷикистони озод, ки имрӯз хеле зебо ва соҳибистиқлол аст «загавор» ташкил карда будааст.

Аслан мақсади аз ҲНИ даст кашидани инҳо ва ташкили ин Паймон ин гӯё ивази сиёсати исломии худ ба демократӣ мебошад. Борҳо инҳо таъкид менамоянд, ки “мо демократҳо бо номи исломӣ ҳастем”. Вале мақсади ғарази ин хоинон, ки аз байн бурдани Истиқлолияти давлатӣ ва ташкили хиловати исломӣ дар дохили дигар давлатҳо мебошад ба ҳамаи мо маълум аст.

Ин се фарди бегонаи миллати тоҷик Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов дар ибтидо бо Кабирии гурсӯхта якҷоя будаанд. Алҳол ба гуруҳҳо ҷудо шудаанд. Имрӯз компромис бастаанд ва мехоҳанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол амалҳои терористию ифротгароиро роҳандозӣ кунанд. Имрӯз Тоҷикистониён аз амалҳои нопоки онҳо ба хуби огоҳанд. Ҳеҷ гоҳ фирефтаи душманони кишвар нахоҳанд шуд. Зиндагӣ ва таърихи инсоният исбот кардааст, ки бо террору ифрот касе ғолиб наомадааст, балки террорист ҳаром мурдааст, чун ки вай дин, мазҳаб, миллат ва Ватан надорад.

Агар ба таърихчаи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташон нахуст ҳамчун мусичаи бегуноҳ аз мағзшуии ҷавонон оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардид. Хусусан, пас аз таъсисёбии ДИИШ сиёсати террористии наҳзатиён боз ҳам фаъол гардид. Наҳзатиён аз ғалабаҳои муваққатии гуруҳи террористии “Ихвонулмуслимин” дар Миср ва ДИИШ дар Ироқу Сурия рӯҳбаланд гардида, дар Тоҷикистон амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъолтар намуд. Дар баробари як қатор ҳодисаву воқеаҳо, аз ҷумла кӯшишӣ табадулоти ҳарбӣ, воқеаҳои нангини дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб рух дода, ки наҳзатиён содир намуданд, боиси тааҷӯби мардуми кишвар гардид.

Айни замон бошад, онҳо аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон интиқол дода шудаанд, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. ТТЭ ҲНИ низ талош дорад дигарбора бо пуштибонии охундҳои худ, ки бадхоҳони аслии тамаддуни ориёнаҷодон ва душманони халқҳои Тоҷикистон  мебошанд, дигарбора мехоҳанд суботу оромии Ватани биҳиштосои моро барҳам зананд. Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динию дунявӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳи додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти тероризму экстремизмӣ динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои лозими метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намоянд.

Ман ҳамчун шаҳрванди оддии Тоҷикистони озод ин рафтори хоинони миллатро маҳкум менамоям.

Ҳасанов М.
– мутахассиси шӯъбаи корҳои тарбияи ДДҲБСТ

Читать далее

Терроризм яке аз хавфноктаррин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи муосир

Ҳар соату ҳар сонияҳо ҳатто ҳар қадаме мебардорему мегузорем, аз расонаҳои иттиллооти як ибора мехонему мебинему мешунавем. Ин ибора ҳамон иборае, ки тамоми ҷаҳонро ба таҳлука даровардааст. Ҳатто баъзе давлатҳоро ин ибораи нобарор ба коми худ кашидааст. Ин ибора чандин нафаронро бехонаву дар чандин модаронро бефарзанд ва чандин фарзандонро бемодару падар кардааст. Ин ибора ҳамон иборае, ки чандин ҷавонони хунсардро қурбони худ кардааст. Ин ибора ҳамон ибораи “терроризм ва экстромизм” аст, ки имрӯзҳо касе ин ибораро шунид, албатта ба он андеша меояд, ки ҳолиё марги чанд нафари бегуноҳ ва тифли бегуноҳро эълон хоҳад кард. Аз шунидани ин ибора ҳамагон аллакай дилмона шудаанд. Ҳатто намехоҳанд дар мавриди ин фикре кунанд. Аммо афсус. Ки метавонад ба ин фикр накунад? Ҷомеаи ҷаҳони ҳар сония фикри решакан кардани ин ибораро аз рӯи замин мекунад.

Терроризм ва экстремизм аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамолики олам, аз ҷумла кишвари мо беасар нест. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст, дар замони имрӯза бештар шудааст.

Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқиботҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии давлатҳо, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гашта метавонад. Аммо ҳар як зуҳурот заминаи пайдоиш дорад. Ба назари мо шакли ибтидоии тавлиди терроризм ин ифротгароӣ, экстремизм, радикализм мебошад. Яъне чизеро бо тундӣ хостан ва ба чизе бо тундӣ зиддият нишон додан.

Таъсири манфии амалҳои экстремисию террористӣ:

- таъсиррасонӣ ба шуури шахс ва ҷамъият, ки фаъолияти минбаъдаи шахс ва ҷамъиятро ба норавшани тела медиҳад:

- аз байн бурдани озодии сухан, ки поймол гардидани ҳуқуқи инсон ва хилофи қонунгузориҳо, санади байналмилалии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад:

- гирифтани пеши роҳи таълим ва таъсир расонидан ба сифати таҳсилот. Дар натиҷа ҷамъият, хусусан наврасону ҷавонон, аз таҳсилоти сифатнок дур гардида, донишҳоизамонавиро аз худ карда наметавонанд, аз ихтирооту навгониҳо бе баҳра мемонанд, ки барои ояндаи миллат рӯирост фаноёбӣ таҳдид мекнанд:

- таъсир расонидан ба тарбия ва масоили иҷтимоӣ . Ҷамъият аз ахлоқи инсонӣ ва фарҳанги миллӣ дур мегардад:

- гирифтани пеши роҳи рушди иқтисодиву иҷтимои давлат. Хароб гардонидани инфрасохтор ва иқтидорҳои истеҳсоли мавҷуда:

- зарари моддиву маънавӣ ба давлату миллат ва щайраҳо.

Қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ – маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори осон нест, вале имконпазир аст. Қадами аввал дар ин роҳ ҳар чи бештар босаводу маърифатнок гардидани ҷавонон мебошад. Ин хатар бошад, ҷомеаи моро ба таҳлука андохта аст. Ҳатто дар сари дастурхон мегуянд: “писари ҳамсоя фалони Русия рафту наомад. Чӣ магар террорист шудааст”. Чӣ магар фарзанди модари тоҷик одамкӯш аст? Бале, бадбахтона ҳаминтавр аст. Писари модари тоҷик ҳам террор шудааст. Ҳолиё модари тоҷик роҳи фарзанди ҷигарбандашро мепояду ба наберагонаш ваъдаҳои бардуруғ медиҳад: “Бачаҷон ҳамин, ки падарат омад, худохоҳад ба ту дучархаи нав мехарад. Духтарҷон то падарҷонат мебиёят ту алакай ҳавлируб шудаӣ”. Бо ҳамин ҳарфҳо наберагонро ба ояндаи номаълум умедвор ва бардуруғе, ки “падарат меояд” тарбият мекунад. Деворҳои зиндагии ингуна кӯдакон бо дурӯғ сохта мешавнд. Аммо...вале, лекин ин ҳама то кай бошад? Ин саволест, ки он модари ҷигарсӯхта ҳар сония ба сар дорад. Воқеян ҳам то кай метавон дурӯғ гуфт? Инро дер ё зуд он фарзандон мефаҳманд. Писарчае, ки падарро дар зиндагӣ қаҳрамони асосӣ ва ҳамчун як идеали худ медонисту ҳоло ҳам медонад. Рӯзе фаҳмид, ки падар террор шудааст, пас чигуна метавонад худро мисли қаҳрамони худ тасаввур кунад, чи гуна метавонад мисли падар бошад? Вой бар ҳоли он падаре, ки тинҷиву осоиштагии оилаву Ватанро нодида гирифта, ба сафи нохалафон истода, ҳатто бо қадом мақсад ҷангиданашро намедонад, меҷангад. Ин ба фарзанди модари тоҷик намезебад.

Як мисоли оддӣ. Масалан кӯдаке, ки саҳари аз хоб бармехезаду ба кӯча баромада машғули бозӣ мешавад. Ҳама ҷо ором дар гуш нағмаи чаҳ-чаҳи парандагонро мешунавад, магар ин осудагии миллат нест? Тасаввур кунед, кӯдаки 5-6 сола дар давлатҳои Сурияву Ироқ ба боғча не ҳатто ба кӯча баромада наметавонад. Шаб вақте, ки хоб меравад, ӯ ташнаи афсонаи модар аст, аммо ба ҷои афсонаи модар садои тиру туфангро мешунавад. Имрӯз бояд шукргузор шуд,ки чунин давлати тинҷу осуда дорем.

Чӣ хеле, ки гуфтем бадбахтона имрӯз ин ибораи нангин ба ҷамъияти осоиштаи мо омада мавқеи касифонаи худро пайдо кардааст. Акнун аз ҷавонони хунсарду нодону аз дин бехабар як фарде бо ном экстрамист ё террорист месозад. Ҷавонон бояд қабл аз даст задан ба ҳар коре аввал дурнамои онро пурра дарк намуда, сипас ҷодаи ояндаи худро интихоб намоянд. Баъзан хоҷагони палиди хориҷа нуқта заъфи ҷавононро бо ҳар гуна роҳҳо омӯхта, онҳоро зери фармони худ гирифта мехоҳанд, бародарро бо бародар шуронанд. Аммо хушбахтона ин корро карда наметавонанд, миллати тоҷик дигар курона рафтор намекунад ва намехоҳад, ки бародари худро сар бизанад. Давлату миллати тоҷик дар тӯли таърих борҳо шикаст хурд ва ҳар боре, ки шикаст хурд тавоно шуд. Бояд он хоҷагони хориҷа, ки барои манфиат ба худ бародарони моро истифода мебаранд донанд, ки миллати тоҷик миллати тоҷики 30 сол қаблӣ нест. Ҳолиё ин миллати куҳанбунёду давлати ҷавони нав 30-сол дошта тавонист дар ҷавониаш ба бисёр дастовардҳо ноил гардад. Сарҳади худ нишону парчами худ ва сарвари закиву донои худро дорад, ки ин ҳама аз Соҳибистиқлолии ӯ далолат медиҳад. Ин давлат имрӯз метавонад бо ҳаргуна касифиҳои онҳо биҷангад ва бадиро ба нестӣ барад. Ин давлати кучаки ҷавонро дар тамоми дунё ҳамчун давлати тараннумгари сулҳу субот мешиносанд.

Дар охир ба ҷавонони хунсарди нодону аз дин бехабар гуфтаниям: Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳама амалҳои номатлуб, пеш аз ҳама рӯҳу қалби модарони мо мешиканад. Мо ҷавонони бо нангу номуси миллатро месазад, ки ин нангро ба худ нагирем ва барои миллатҳои дигар дарси ибрат шавем.

Хар як ҷавон бо роҳи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳо байни ҷавонон дар пешгирӣ намудани ҳама гуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа ҳиссагузор бошад. Лозим аст, ки ҳар як зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сари вақт пешгирӣ шавад. Эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳама гуна сӯистифода аз ҷониби нерӯҳои манфиатдор ва дигар хатарҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрвандӣ аст. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, парвариши эҳсоси ифтихори ватандорӣ, таҳаммулгароиву инсондӯстӣ бо мақсади шомил нагардидани ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва ифратгароӣ, мазҳабу равияҳои бегона.

Шаҳбол Нурматов
– донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои хориҷии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Исботи бемаънӣ будани суханрониҳои Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбати онлайнӣ  бо мардум  оиди масъалаи низои марз бо Қирғисистон тезисҳои беасосу бепояи худро ба сари мадуми тоҷик оварда, дар шууру тафаккури мардуми орому осуда қарор доштаи Тоҷикистон боз моҷароҳои навбатии худро таҳмил мекунад. Вақте ки Кабирӣ оиди проблемаҳои сиёсии Тоҷикистон надидаву надониста  дар бораи қазияи Ворух ва марз дур аз Тоҷикистон ҳарф мезанад, маънои онро надорад, ки ҳар сухани ӯ ба ҳадаф мерасад. Чунки вазъияти Тоҷикистони имрӯза ба мисли 20- 25 соли пешина нест, ки Кабириӣ обро лой карда моҳидорӣ кунад.

Имрӯз шуури тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар самти нигоҳ доштани арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ба куллӣ тағйир пазируфтааст ва касе қодир нест, ки ба мисли Кабири аз ҳисоби баъзе нохалафон мағзшӯи кунад. Аз он хусус ки Кабири “мушкилиҳои” динӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро ҳаллу фасл менамояд, дар ҳеҷ ягон тарозуи мантиқи бар кашида намешавад, зеро шахсияти Кабирї ва Тоҷикистон  аз нигоҳи мантиқ мутаносибан алоқамандие надоранд ва ин ғарази сиёсиии худи Кабирӣ барои мансаб талош кардан аст, ки ҳеҷ гоҳ  ба чунин мақсадҳи нопоку разилонаи худ расида наметавонад.

Зеро Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ  як маротиба ба таърихи гузаштаи худ назар кунанд, ҷони чандин ҳазор ё миллион нафар қурбоншудагонро, ки ҳоло ҳам аз пеши назари инсоният дур нашудааст, дида мтавонанд, агар заррае аз виҷдони инсонӣ бархурдор бошанд ва ман мутмаинам,ки танҳо мақсад як чиз аст ба сари ҳокимият омадан фарқ надорад, ки ҷони чанд ҳазор нафар қурбон мешавад ё не ин ҳамон иғвогариҳое мебошад, ки собиқ  сарвари ҲНИ Кабири дар Тоҷикистон карда буд. Пас пӯшида нет, ки мақсади Кабири то ҳол иваз нашудааст, агар чанде соли 2015 маҳз барои дар амал татбиқ намудани исёни Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ба ҳайси тарроҳ ва маблағгузор худи Кабири  маҳсуб меёфт ва тири Кабири барои дар амал ҷорӣ намудани ин ниятҳои нопок хок хурд.

Албатта баъди чунин нақшбозиҳои Кабири дар саҳнаи сиёсӣ, ба ҳар як фарди Тоҷикистони аён аст, то ки ин нақшаи шикастхурдаи худро бори дигар ба сомон расонад.  Мардуми Тоҷикистон бо чи заҳмату талошҳо пояҳои давлатсозиро бунёд намуда, дар роҳи тадбиқи мақсадҳои наҷибонаи худ қадамҳои устувор мегузоранд ва зиндагии осудаву обод доранд, ки ин албатта душманони бурунмарзии Тоҷикистон маъқул намешавад ва онҳо  барои неш задан ҳамеша тайёранд. Ба ин нешзаниҳои душманони миллати тоҷик хадамотҳои махсус ва хоҷагони хориҷӣ ёрии беминнати худро расонида, кушиш бар онанд, Кабириро тариқи созмонҳои хориҷӣ  мусичаи бегуноҳ нишон диҳанд.

Амммо бе ҳеҷ ваҷҳ сурат ва симои аслии Кабири, ки ба сари мардуми тоҷик вабои асрро фуру рехт, амалиёти якҷояи ваҳобиёни солҳои 90- ум буд ки нақшаи бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ мехостанд ҳокимияти сиёсиро ба даст гиранд. Аммо ҳамаи ин барои  мардуми ҷафодидаи тоҷик сабақи таърих монд ва дар оянда низ мемонад. Имрӯз тафаккури  миллати баору номуси тоҷик тафаккури созандагӣ  буда, зидди Кабирӣ буд, ҳаст ва мемонад.

Муродбекова М.Ҳ.
-мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Читать далее

Амалҳои Муҳиддин Кабирӣ нобахшиданист

Дар ҷамъият шахсиятҳое вомехўранд, ки барои тараққиёту шукуфоии Ватани хеш хизматҳои шоёне ба анҷом мерасонанд ва ҳамешагӣ мекўшанд, ки барои нафъи мардум хизмат кунанду Ватани хешро обод созанд.

Дар таърихи навини тоҷик чунин шахсияти ободкору ватандўст Сарвари давлат ҳастанд, ки бо заҳмату талошҳои худ ҳамешагӣ мекўшанд то ба мардум зиндагии осударо фароҳам созанд.

Аммо бо вуҷуди чунин шахсиятҳои бузург, боз дар ҷамъият шахсиятҳое вомехўранд, ки нисбати онҳо чӣ қадар суханҳои қабеҳтарин гуфтан ҳам кам аст, ки яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки бо амалҳои ғаразноки худ аз берун истода бароибоз ҳам дар байни мардум иғво андохтан кўшиш мекунад. Бо кадом мақсад? Бо мақсадихалалдор сохтанимардум?

Вайаллакай худаш пай бурда истодааст, ки халқ бедор шудааст. Пешвои худро интихоб карда бо роҳи сулҳу осоишта рафта, бо кору фаъолияти худ машғул аст.

Муҳиддин Кабирӣ, ки ин пешравиҳоро дида наметавонанд, чӣ кор аз дасташ меояд, роххои гуногуни барафрохтани низое, ки бадбинии мардумро нисбати ҳокимият ба амал меорад, ҷустуҷў дорад.

Дар яке аз давлатҳои Аврупо зиста нисбати Тоҷикистон фикру ақидаи беасоси худро интишор мекунанд, ки ин магар аз рўи мардигӣ аст?

Барои ба ин дастовардҳои имрўза расидан чӣ қадар заҳматҳои шабонарўзӣ, чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда гузаштанд, магар ин кам аст? Дар ҳолате, ки шумо аз як канор истода он чӣ ки ба даҳон меояд , мегўед ва ҳокимияти Тоҷикистонро дар ҳар чиз гумонбар месозед , метавон гуфт, ки бо ин роҳи демократиро ҷустуҷу доред? Демократия ин пешравии мамлакат, сулҳу ободии Ватан, розигии мардум, рўзгори осудаву ороми халқ мебошад.

Фақат озодии демократиро ба миён гузошта ақидаҳои ғаразноки худро паҳн кардан ҷоиз нест.

Тоҷикон халқи сарбаланду қавиирода буда, баҳар гуна ақидаҳои ғаразнок бовар намекунанд. Халқи тоҷик сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами миллатро дастгирӣ мекунад ва мекўшад, ки бо меҳнати софдилонаи худ Тоҷикистони азизамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳад.

Меҳримоҳ Ватанзода

Читать далее

История трагедии афганского народа. Талибан- сырьё для войны

Практическая ценность Истории  состоит  в том, что она позволяет понять суть и перспективу многих процессов и явлений современности, предотвратить повторение трагических ошибок в судьбах наций и государств. Именно поэтому складывающуюся сегодня ситуацию в Афганистане, расширение влияния и укрепление позиций террористического интернационала в этой стране необходимо рассматривать в исторической ретроспективе, через призму сурового опыта и испытаний в жизни афганского народа.

 

История вопроса

Углубляясь в историю талибанского вопроса в Афганистане, начать, пожалуй, стоит с конкуренции России и Англии времен II половины XIX века, когда Афганистан стал ареной борьбы этих двух империй.

Имперский подход как со стороны Англии, так и со стороны России обусловливал схожесть в отношении и процессе принятия решений, в вопросах, судьбоносных для населения захваченных территорий, судьбы народов воспринимались и решались исключительно с позиций имперских интересов.

Российский генерал Л. Н. Соболев, писавший про войну Англии и Афганистана 1878−1881 гг., указывал на деление Востока на три части: правый фланг — Китай и Япония, Центр — Индия и Афганистан и левый фланг — Персия и Турция. Из этих перечисленных стран Англия владела только Индией, поэтому стратегия безопасности для индийских владений Англии включала политический контроль восточных государств. Ни Россия, ни Англия не допускали сценария войны на своей территории — ни Индия, ни Туркестан не должны были испытать на себе неприятельского вторжения, ибо оно могло повлечь за собой обрушение власти обеих империй в этих регионах. Поэтому, театром будущей схватки должен был стать Афганистан, и отнюдь не в качестве стороннего наблюдателя».

В бытность Российской империи восстания местных народов Центральной Азии всегда так или иначе были связаны с Афганистаном, так как на его территории находили прибежище организаторы восстаний и туда же они скрывались после поражения. Это демонстрируют Андижанское восстание 1898 года, восстание в Туркестанском и Степном (нынешний Казахстан) 1916 года.

В феврале 1919 года, вскоре после окончания Первой мировой войны, эмир Афганистана Хабибулла, потребовавший от Британии предоставить независимость стране, был убит на охоте. Возглавив Афганистан, его третий сын Аманулла стал инициатором третьей англо-афганской войны.

Аманулла провозгласил независимость Афганистана, установил дипломатические отношения с Советской Россией и начал реформы в духе Младотурецкой революции. В 1921 году был подписан советско-афганский договор о дружбе, и Советская Россия начала оказывать военную помощь Афганистану, вплоть до боевых самолетов, которые пилотировали советские летчики.

Тем не менее, басмачи использовали территорию Афганистана в качестве базы для действий против среднеазиатских районов Советского Союза. В 1925 году была проведена операция ОГПУ на острове Утра-Тагай на Амударье, затем в 1929 году.

Но Афганистан всегда оставался базой для противников СССР. Как известно, противостояние России и Англии в Афганистане нашло свое продолжение в период «холодной войны» в противостоянии СССР и США.

Советская история

Начиная с 1950-х годов в Афганистане работало много советских специалистов, при их помощи велась модернизация вооруженных сил, строительство гидроэлектростанций, заводов и других промышленных объектов.

27 апреля 1978 года в результате революции в Афганистане пришла к власти Народно-демократическая партия (НДПА). Была провозглашена Демократическая Республика Афганистан (ДРА) под руководством Революционного совета во главе с генсеком НДПА Нуром Мухаммедом Тараки. Тараки 5 декабря 1978 года подписал с СССР Договор о дружбе, добрососедстве и сотрудничестве. В апреле - сентябре 1979 года руководство ДРА неоднократно обращалось к руководству СССР с просьбами направить в республику крупный воинский контингент для «оказания помощи в отражении внешней агрессии».

Но в октябре 1979 года Тараки был убит заговорщиками во главе со своим заместителем Хафизуллой Амином, объявившим себя новым главой государства. В ДРА началась гражданская война. С социалистическим правительством воевали моджахеды («борцы за свободу») - боевики различных исламских оппозиционных группировок. Моджахедов снабжали оружием страны - члены НАТО, арабские монархии Персидского залива, Пакистан, Иран и Китай. На территории Пакистана и Ирана располагались тренировочные лагеря, где моджахеды проходили боевую подготовку. СССР подготовили свержение Амина, так как подозревали его в связи с ЦРУ США и видели в ситуации в Афганистане угрозу дестабилизации центрально-азиатским советским республикам.

Решение о вводе советских войск в Афганистан от 12 декабря 1979 года было принято «в целях оказания интернациональной помощи дружественному афганскому народу, а также создания благоприятных условий для воспрещения возможности антиафганских акций со стороны сопредельных государств». Обоснованием решения были статья 4 советско-афганского Договора о дружбе, добрососедстве и сотрудничестве от 5 декабря 1978 года, статья 51 Устава ООН (о праве государств на самооборону от внешней агрессии) и просьбы руководства Афганистана об оказании военной помощи. Первоначально, согласно директивы министра обороны СССР Дмитрия Устинова от 24 декабря 1979 года советские войска должны были расположиться в ДРА гарнизонами и взять под охрану важные объекты. Первоначально участие их в военных действиях с исламистской оппозицией не предусматривалось. 27 декабря спецподразделения ВС и КГБ СССР провели в Кабуле операцию "Шторм-333" по штурму дворца генсека НДПА Хафизуллы Амина, в ходе которой он был убит. Высшим государственным и партийным лидером Афганистана был провозглашен лояльный советскому руководству Бабрак Кармаль.

 Геополитические стратегические тенденции развития афганской внутренней политики доказывали очевидность стремлений таких стран как США, Пакистан, Иран, Арабских стран захватить контроль над Афганистаном как стратегически важной территорией в борьбе за евразийское пространство. В этот же период США приложили свои тайные усилия для прихода к власти исламского режима в Иране, для организации через пакистанские спецслужбы нового движения «Талибан».

Под давлением США 14 января 1980 года Генеральная Ассамблея ООН приняла резолюцию с протестом против "иностранной вооруженной интервенции в Афганистане", призвав к немедленному и полному выводу советских войск с территории ДРА. США начали открыто поставлять моджахедам различное современное оружие, в том числе безоткатные орудия и зенитные ракеты Stinger.

С начала 1980 года подразделения ОКСВ (ограниченного контингента советских войск) взяли под охрану основные афганские автодороги, аэродромы и объекты, на которых работали советские специалисты. Были организованы курсы по подготовке младших офицеров и специалистов для вооруженных сил ДРА. Несмотря на запрет вступать в боевые действия, несколько подразделений ОКСВ принимали участие в подавлении антиправительственного мятежа 4-го артиллерийского полка армии ДРА в уезде Нахрин уже в январе 1980 года.

С февраля 1980 года нападения моджахедов на механизированные колонны и гарнизоны советских войск стали расти в геометрической прогрессии. Кроме того, в конце февраля при поддержке зарубежных спецслужб в Кабуле прошли массовые антиправительственные выступления, было обстреляно советское посольство. С марта 1980 года советские войска стали проводить на территории Афганистана военные операции, единый план которых утверждался Минобороны СССР. Одновременно укреплялись афганские вооруженные силы. С апреля 1985 года ОКСВ перешел от собственного участия в боевых действиях к поддержке операций афганских правительственных войск авиацией, артиллерией и, при необходимости, саперными подразделениями. Советский спецназ продолжал громить караваны зарубежных поставок силам оппозиции.

Внутренней вооруженной исламской оппозиции не хватало сил для свержения режима НДПА, но и афганские правительственные войска даже при содействии ОКСВ также не могли полностью ликвидировать отряды моджахедов, которых поддерживали США и арабские страны.

Смена курса в СССР на горбачевскую «перестройку» и «разрядку» сразу же отразилась и на советской политике в афганском направлении. С 1986 года начался вывод советских войск из Афганистана. Вскоре после того, как с поста главы Афганистана был снят Бабрак Кармаль, его преемником стал бывший глава министерства безопасности Мохаммад Наджибулла, принявший новую конституцию, в которой ислам провозглашался государственной религией.

14 апреля 1988 года в Женеве (Швейцария) между министрами иностранных дел Пакистана и Афганистана при посредничестве ООН и участии США и СССР в качестве гарантов были подписаны соглашения по афганскому урегулированию. СССР обязался вывести из Афганистана свой контингент в девятимесячный срок, США и Пакистан должны были прекратить поддерживать моджахедов.

В октябре 1991 года советское руководство приняло решение прекратить с 1 января 1992 года военную помощь афганскому правительству. Результатом этого в апреле 1992 года режим Наджибуллы пал (сам он был убит), власть перешла к переходному совету моджахедов, провозгласившему Исламское Государство Афганистан. А в ноябре 1994 года созданное США в недрах пакистанской разведки движение "Талибан" (запрещено в РФ), уже заняло Кабул и провозгласило Исламский эмират Афганистан.

История советского присутствия показала, что СССР не был готов к ведению партизанской войны в условиях внутренней гражданской противостояний  между различными этническими группировками и искусственно созданными политическими группировками, активно поддерживаемыми зарубежными странами.

Развитие ситуации в новых условиях.

США создавали «Талибан» в недрах пакистанской разведки с 1973 года, о чем заявляют некоторые эксперты. «Талибы сыграли решающую роль в развязывании конфликта в Афганистане после выхода войск СССР из страны. США обучили более 30 тысяч боевиков в Афганистане, среди них был Усама Бен Ладен. Американцы поддерживали талибов, однако позднее их отношения с террористами стали ухудшаться»[1].

Режим талибов, когда они были у власти до 2001 года, резко сократил наркопроизводство в стране. Это было, пожалуй, единственным «плюсом» периода их правления. Но учитывая террористическую и религиозно-фанатическую направленность по отношению к мирному населению, а также нетерпимость к этнически чуждым им силам в стране, Талибан не был ориентирован на окончание гражданской войны мирными средствами.

США вырастили и выкормили змею, которая стала драконом, диктующим уже теперь Западу свои условия.

Мнения афганских экспертов по вопросу о роли США и стран Запада в непотопляемости Талибана схожи. Они считают Талибан неким универсальным инструментом в политике США, используя воинствующий ресурс которого можно направлять действия, политику, решения других субъектов азиатского и евразийского процесса в планируемом США направлении.

Если это нужно для текущей ситуации (соответственно видению США), то Талибан планировалось использовать и как «средство по дестабилизации ситуации в регионе». Так что отчасти мнения афганских экспертов о том, что Америка «создала талибов специально для своих целей» справедливы.

После событий 11 сентября 2001 года стратегия США в отношении Афганистана отстраивалась на идее непосредственного присутствия США в ИГА и регионе и контроля над официальным афганским правительством. Операция «Несокрушимая свобода» по-существу превратила Талибан в постоянный субъект внутриафганской и международной политики в отношении Афганистана. Неспособность гражданского правительства со всеми его меняющимися структурами управлять афганским процессом вновь привело США к переговорам с талибами, которые после изгнания при поддержке Пакистана и скрытой поддержке спецслужб западных стран вновь набрали силу.

Новые условия

Конец второго десятилетия XXI века ознаменован окончательным переходом к гибридным формам позитивного и негативного международного взаимодействия. Прежние виды «горячей» войны используются фрагментарно и все большее значение приобретают информационная и гибридная война. Их не сразу можно квалифицировать как собственно «войну», так как они часто замаскированы под экономические и иные формы отношений. Как войну их можно рассматривать скорее через оценку того ущерба, который в политической, экономической, гуманитарной и иных жизненно важных сферах нанесен той или иной стране (народу).

В постпандемийном мире наблюдается наложение традиционных и совершенно новых для человека управленческих, военных, экономических, ценностных и иных парадигм: с одной стороны - провозглашаемый швабо-давосский «инклюзивный капитализм» с господством якобы «социально-ответственных» транснациональных корпораций (ТНК), которые по мысли посткапиталистического авангарда должны заменить государства и государственную власть; с другой стороны – периферийная часть мира в лице развивающихся и бедных стран все более погружается в абсолютный хаос. На евразийском континенте ярким тому примером служит Афганистан.

Афганская ситуация последних лет (а скорее подхлестывание со стороны внешних сил, находящихся как на территории ИРА, так и за ее пределами, скатывания к противостоянию всех против всех, дискредитация государственной власти как института управления, искусственный перевод Талибан из силы с террористическим статусом в участника со статусом самостоятельного субъекта переговорного процесса во внутристрановом и международном масштабах) все более загоняет региональных акторов в необходимость так или иначе быть связанными с неразрешимым афганским кризисом. А кризис этот разрастается уже до необратимых размеров.

Фактически Афганистан на протяжении последних лет целенаправленно превращался в плацдарм (с созданием с соответствующей инфраструктуры) для экспансии в новых исторических условиях насилия и нестабильности в направлении основных геополитических противников Запада – Китая и России. И если убрать всю помпезную высокую риторику дипломатии и маскарадную мишуру западной пропаганды, то Талибан для Запада, по сути, является не более, чем «raw materials of war» (сырьем для войны).

Происходящие ныне процессы в Афганистане имеют достаточно простую мораль и объяснение: история прошедших столетий вновь повторяется. Безусловно, за это время в определенной степени изменились методы, тактика, конкретно-историческая реальность, средства тайных операций спецслужб, но осталась неизменной концептуальная основа стратегии геополитической борьбы держав за сферы влияния. Войну за свои интересы они ведут руками малых народов, сталкивая их друг с другом, взращивая среди них антагонистические противоречия, устанавливая подконтрольные режимы, погружая миллионы мусульман в средневековую тьму невежества и религиозного фанатизма, создавая благоприятную среду для формирования готовой армии, которую они будут использовать «в темную» для реализации собственных целей и замыслов.

 

Фашистская идеология с нарастающей геополитикой…

Отмеченное выше в полной мере относится к оценке итоговых последствий 20-летнего пребывания военного контингента США в Афганистане. Официально США пришли в ИРА для борьбы с терроризмом и «Талибан», критически высказывались о высоком уровне афганского наркопроизводства. В сухом остатке сегодня, после вывода американского контингента из страны, международное сообщество констатирует многократно возросшую мощь прекрасно вооруженного «Талибан», контролирующего большую часть территории ИРА, концентрацию вдоль границ центральноазиатских республик многочисленных формирований террористических организаций, значительная часть которых состоит из граждан стран Центральной Азии, а также возросший, по данным ООН, более чем в 40 раз объем производимых в Афганистане нарковеществ высокого качества.

Относительно последнего в СМИ отмечается, что «на борьбу с выращиванием опиума Вашингтон направил $ 8,4 млрд, а в результате производство наркотиков в Афганистане бьет все рекорды, и страна продолжает оставаться крупнейшим их экспортером. Неудивительно поэтому, что МИД России был вынужден заявить: «В связи c этим недоумение вызывает нежелание или неспособность сил США и НАТО, несмотря на их многолетнее присутствие в Афганистане, оказать эффективное содействие правительству страны в борьбе с наркопроизводством, которое, как известно, является ключевым источником финансирования терроризма. По оценкам ООН, примерно половина доходов незаконных вооруженных формирований в Афганистане, оцениваемых в $ 400 млн, приходится на «наркоэкономику»”. По информации антинаркотического ведомства, «Россия занимает первое место среди всех стран мира по потреблению героина, на ее долю приходится 21% всего производимого в мире героина и 5% всех опиумосодержащих наркотиков. Опиаты, прежде всего героин, в России употребляют до 90% всех наркозависимых, и весь он имеет исключительно афганское происхождение».

Таким образом, в ИРА после 20-летней «упорной борьбы» американцев с терроризмом, в которую были вложены миллиарды долларов, из международной террористической организации был создан субъект международной политики. Это хуже, чем ядерное оружие. Это подобно наркотической, самой тяжелой форме опьянения, когда происходит расстройство сознания, восприятия, эмоций, поведения, когнитивных или других функций и реакций индивидов и общества в целом.

Конечно, Запад может как угодно изощренно обосновывать и интерпретировать указанные объективные факты, снимая с себя ответственность и вину за произошедшее (как это было, например, в Сирии, где американцы более года сообщали, что оснащенная современным вооружением мощная западная коалиция усиленно бомбит и уничтожает ИГИЛ, которое по непонятным причинам день ото дня становилось только  сильнее и расширяло свои территории... пока в дело не вмешалась сравнительно небольшая российская авиагруппа, в течение нескольких месяцев кардинально изменившая расклад сил и способствовавшая реальному разгрому ИГИЛ). И, возможно, люди, далекие от политики даже наивно поверят в такие сказки и случайное совпадение цепочки событий. Однако те, кто знает историю и умеет критически мыслить, едва ли поддадутся очередной «промывке мозгов» по афганской проблематике со стороны пропагандистской машины Запада.

И здесь важно не только объективно оценивать происходящие в Афганистане процессы, но и вырабатывать контрмеры и адекватную стратегию борьбы. К сожалению, пока в действиях некоторых российских деятелей, относящих себя к когорте
➡ Источник: https://publizist.ru/blogs/111153/40338/-

Читать далее

Таджикистан обогнал Китай по темпам роста промышленности

Министерство индустрии и новых технологий Таджикистана сообщило об увеличении темпов промышленного производства в стране в текущем году
В Таджикистане за первые шесть месяцев 2021 года рост промышленного производства составил 21,5%, сообщил министр индустрии и новых технологий Республики Таджикистан Шерали Кабир.
Выступая на пресс-конференции в Душанбе, он отметил, что это самые высокие темпы роста промышленности на всем пространстве СНГ.
 

"Согласно официальной статистике, в Республике Таджикистан за первые шесть месяцев этого года рост промышленного производства составил 21,5%", - заявил глава Минпрома.

 
За первые шесть месяцев 2021-го объем промышленного производства в Таджикистане составил более 16,6 миллиарда сомони (1,4 миллиарда долларов), что на 23,4% больше, чем за аналогичный период прошлого года.
Рост составил более 3,5 миллиарда сомони.
Доля отраслей в объеме промышленного производства в первом полугодии текущего года составила 33,2% в горнодобывающей промышленности, 24% - в электроэнергетике, более 18% - в пищевой промышленности, 4,6% - в легкой промышленности, 9% - в строительной отрасли, 7% - в машиностроении, 0,8% - в угольной промышленности, 0,6% - в издательской отрасли и 0,4% - в нефтегазовой отрасли.
Индустриальный Таджикистан: что сделано к 2021 году
На втором месте среди стран - членов Содружества находятся Беларусь и Молдова. Рост промышленности в этих странах составляет 11%.
Далее следует Узбекистан - здесь объемы нарастили на 8,2%.
Для сравнения Кабир отметил, что темп роста промышленного производства в Китае за первые шесть месяцев текущего года составил 15,9%.
https://tj.sputniknews.ru/20210728/tajikistan-china-rost-promyshlennost-1041246398.
Читать далее

28 July 2021

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айниро ифтитоҳ карда, бо фаъолон, варзишгарон ва намояндагони касбу кори гуногуни ин ноҳияи дурдасти кӯҳистони мамлакат мулоқот анҷом доданд.

Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 16 гектар бунёд гардидааст.

Читать далее

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи чорвопарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тавре маълум гардид, фермаи мазкур ба хотири истеҳсоли гӯшти хушсифат ва таъмини фаровонии ин навъи маҳсулот дар бозорҳо ташкил шуда, асосан ба парвариши чорвои калон машғул мебошад.

Читать далее